Дар утоқи кориамон харитаи ҷуғрофии Тоҷикистон насб шудааст, ки онро муассисаи "Харитасоз" (нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Абаӣ 4/1) омода сохтааст. Ба ин харитаи асосии кишварамон менигарем, ки дар ҳақиқат то 93 фоизи ҳудуди ориёии моро кӯҳсори хурду бузург ташкил медиҳанд. Аммо аз чӣ сабаб бошад номҳои аксари ин кӯҳу ағба ва қаторкӯҳҳо сирф туркианд. Масалан, Олоӣ, Қурама, Муғул, Туркистон, Қаратоӣ, Боботоғ, Музкол, Белеули, Танимас, Уйбулоқ, Туюнтоӣ ва ғайра.
Ба ақидаи профессори тоҷик Саидумари Султон русҳо ҳангоми харитасозӣ номҳои аслии суғдиву авастоиро сарфи назар карда, аз бодиянишинҳо номи кӯҳу теппа ё маконро пурсида, онҳоро ҳамчун ному унвони расмӣ сабт кардаанд, ки ин беҳурматӣ нисбат ба миллати тоҷик мебошад. Номи аслии қаторкӯҳҳои Туркистон - Бутам, Бутамон (Комет) будааст.
Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон соли 1999- 1100 солагии давлатии Сомониён, соли 2002-2500 солагии шаҳри Истаравшан, соли 2003-2700 солагии китоби Авасто, соли 2006-2700 солагии шаҳри Кӯлоб ва соли тамаддуни Ориёи таҷлил гардиданд, ки ин нишону далели раднопазирии таъриху фарҳанги боӣи миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад. 4 июли соли 2006 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи қуллаҳои "Коммунизм" ва "Ленин" ба қуллаҳои ба номи "Исмоили Сомонӣ" ва "Истиқлолият" иваз карда шуданд. Ҳамчунин дараи "Девдара" номи "Гулдара"-ро гирифт. Дар Соли бузургдошти забони ноби тоҷикӣ ва 1150-солагии устоди шоирони Аҷам, маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба кӯҳсори ватани азизамон- Тоҷикистон баргардонидани номҳои аслии тоҷикиву ориёӣ ба мақсади сиёсиву фарҳангӣ мувофиқ аст.
Маннон МАХСУМОВ,
Фозил БОБОЕВ,
шаҳри Истаравшан