Рӯдакиро зодгоҳ низ ПАНҶРӮД аст!

Таърих 24.07.2008 18:32

Хулосаи навиштаи муҳаққиқ Қиёмиддин Сатторӣ "Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем" ("Миллат" № 27, 3 июли соли 2008), ки нуҳ сол пеш дар маҷаллаи "Гули мурод" низ ба табъ расида буд, ҳарфи тоза нест ва ин навишта кашфиёт низ надорад. Сатторӣ ҳам мисли А. Истад, Б. Тилавов, Б. Шакурӣ ва А. Мухторов муддаъӣ аст, ки зодгоҳи устод Рӯдакӣ рустои Панҷрӯди дараи Киштуд нест. Дар ин ҳол, агар А. Истад Одамушшуъароро аз Насаф дониста ва Б. Шакурӣ дар Панҷрӯд мадфун шудани ӯро рад карда бошанд, Сатторӣ ба дунболи академик А. Мухторов бар тибқи масали "ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад" амал кард, Рӯдаки Шингро зодгоҳ ва Панҷрӯдро мадфангоҳи устод Рӯдакӣ донистаанд. Дар ин амр, ба эҳтимоли қавӣ, эътибори устод Айнӣ, ки кашшофи гӯри Рӯдакӣ аст, муассир будааст.

Зоҳиран, ҳамаи ин муҳаққиқонро пиндорашон бар ин ки Рӯдак рустое будааст, бар роҳи хато бурдааст. Онон асли навиштаи Самъониро, ки иттилоъ дар мавриди зодгоҳ ва оромгоҳи шоир танҳо дар китоби ӯ маҳфуз мондааст (бо истинод ба китоби мафқуди Идрисии Ҳофиз) дарк накардаанд ва ё онро нодида гирифтаанд (масалан, ошнои донишгоҳии мо Сатторӣ). Инак барои он ки ҳадаф ва мақсад барои хонандагон равшантар бошад, бори дигар навиштаи Самъониро, ки аз касрати иқтибос карданҳои дурусту нодурусти Рӯдакишиносон забонзад шудааст, меоварам.

"Бануҷӣ - бо фатҳи "бо"-и якнуқта ва замми "нун" ва дар охир "ҷим" нисбатест ба қарияе аз Рӯдак аз навоҳии Самарқанд (бештар муҳаққиқон "дар навоҳии Самарқанд" тарҷума кардаанд, ки саҳеҳ нест - Қ.Р.), ки онро Бануҷи Рӯдак гӯянд ва он қутби Рӯдак аст ва аз он қария бувад шоири маъруф Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва зикри ӯ дар ҳарфи "ро" хоҳад омад, зеро ба он машҳуртар бувад, вале аз "Бануҷ" бувад. Абусаъд Идрисии Ҳофиз гӯяд: қабри Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар он машҳур аст ва дар ақиби бӯстони Бануҷи Рӯдак аст ва онро зиёрат мекунанд ва ман ҳам зиёрат кардам".

Дар мавриди Бануҷи Рӯдак дар ин навишта муҳаққиқон ибрози назар кардаанд ва онро Панҷрӯдак донистаанд. Устод Саъиди Нафисӣ овардааст: "Пайдост, ки Самъонӣ калимаи "Панҷ"-и форсиро, ки Идрисӣ ба имлои қадим "Банҷ" навишта аст, дуруст нахондааст" (Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ" . Теҳрон, "Аҳуро", саҳ. 310). Устод Айнӣ дар ин маврид муфассалтар эзоҳ додааст: "маълум аст, ки дар алифбои араб ҳарфи "п" нест. Бинобар ин дар матни арабӣ калимаҳои "Панҷ" ва "Панҷрӯдак" ба шакли "Банҷ" ва "Банҷрӯдак" навишта шудааст. Шакли Панҷрӯд гирифтани Панҷи Рӯдак аҷаб нест, ки ба ин тариқ шуда бошад.

Аз рӯи қоидаи умумии забони тоҷикӣ ҳар гоҳ ҷумлаи изофадор номи хос шавад, қатъи изофат мекунанд. Чунончи, "духтари хона" як таркиби изофадор аст, ки аз вай ҳар духтареро, ки дар хона бошад, фаҳмидан мумкин аст. Аммо ҳар гоҳ ин таркибро дар ҳаққи ходимаи хона кор фармудан хоҳанд, бо қатъи изофа "духтархона" мегӯянд ва аз ин калимаи мураккаба танҳо духтаре, ки ходимаи хона аст, фаҳмида мешавад. Ба ҳамин қиёс аст, он чи ки мо дар бораи калимаи "Панҷрӯдак" ҳарф мезанем.

Калимаи "Панҷи Рӯдак" номи деҳаи муъайан аст, ки мардум бо қатъи изофа "Панҷрӯдак" гуфтаанд. Ва рафта-рафта дар талаффуз кӯтоҳӣ пайдо шуда, "Панҷрӯдак" "Панҷрӯд" шудааст" (С. Айнӣ. Ҷои таваллуд, вафот ва тарбияти устод Рӯдакӣ. Садои Шарқ, 1975, № 4).

Ва аммо агар навиштаи Самъонӣ ва шаҳодати Идрисиро бо тааммуқ бихонем ба чанд нукта мерасем. Якум, Рӯдак на деҳ, балки ноҳияе аз навоҳии Самарқанд будааст. Дувум, Банҷи Рӯдак, яъне Панҷрӯдак маркази ноҳияи Рӯдак будааст. Севум, Рӯдакӣ дар Панҷрӯдак, ки маркази Рӯдак будааст, зода ва низ дар паси бӯстони ҳамин деҳ ба хок супурда шудааст.

Сатторӣ таъкид кардааст ва дуруст таъкид кардааст, ки "сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат намедиҳанд, ки дар давраи Сомониён дар дараи Киштуди Панҷакенти вилояти Самарқанд деҳа, ҷамоъат ва ноҳияе бо номи Рӯдак мавҷуд бошад". Ва низ худ иқрор кардааст, ки "дар ягон маъхазҳои қабл аз инқилоб қайд нагардидааст,… ки дараи Шинг ҷамоъа ё амлокдории Рӯдак номида мешудааст". Ва аммо дар дили Сатторӣ ҳанӯз шамъаки умеде равшан аст ва ӯ дар ҷумлаи охир, дар он ҷой, ки ман се нуқта гузоштам, овардааст "шояд зикр шуда бошаду то ҳол дастраси мо нест". Пас айни ин ҳарфро чаро дар мавриди дараи Киштуд ҳам нагӯем!

Ва ин ҷо бояд гуфт, ки иқрорҳои Сатторӣ худ мақулаи аҷиб аст ва гоҳе муғойир бо андешаҳои аслии худи ӯст. Вай гӯиё фаромӯш мекунад, ки ҳадафи мақолааш исбот намудани Рӯдаки Шинг будани зодгоҳи Рӯдакист ва менависад: "Агар фаразан мо Рӯдаки Шингро зодгоҳи Рӯдакӣ ҳисобем, дар ин маврид ҳам каме (хеле, хеле !!! - Қ.Р. ) ноқисӣ ба назар мерасад, зеро дар маълумоти Самъонӣ (на танҳо Самъонӣ - Қ.Р.) Рӯдак чун номи воҳиди маъмурӣ, ба мисли ноҳия, ҷамоъа, амлокдорӣ ё ба ибораи имрӯза деҳшӯро ишора шудааст, на ҳамчун деҳа. Ҳол он ки Рӯдак дар дараи Шинг номи деҳаи матруку беодам аст". Муҳаққиқ аз хиштҳои гумону хиёли худ хонаи фарзия месозад, ки шояд дараи Шингро дар замони Сомониён Рӯдак мегуфтанд ва дар ҷустуҷӯи маркази он, яъне Банҷи Рӯдаки он мешавад ва онро дар сурати рустои Падрӯд пайдо мекунад ва далел меорад, ки ин ном аввал ба сурати "Пазрӯд" ва баъдан "Падрӯд" тахфиф шудааст, вале ё фаромӯш карда ва ё намедонад, ки дар забони форсӣ қоидаи ба "з" табдил шудани "нҷ" вуҷуд надорад. Ва аммо қабл аз ки мо ин фарзияро рад кунем, Сатторӣ худ онҳоро канор меафканад, зеро гуфтаҳояш, чунонки худ фармуда "фарзия ва тахмине беш нестанд, … асоси таърихӣ ва илмӣ надоранд".

Ин ҷумлаи муҳаққиқ, зоҳиран, бояст хонандагонро мутақоид созад, ки мақолаи Сатторӣ илмӣ аст ва асоси таърихӣ дорад. Вале афсус!!! Мақола, ба хусус бахше, ки дар талоши исботи Рӯдаки Шинг будани зодгоҳи Рӯдакӣ нигошта шудааст, бар мабнои ривоятҳои ҷаълӣ ва афсонаҳои дуруғин ва бофтаву сафсата навишта шудааст. Аз ҷумла, мо ривояти мавҷуд будани девони Рӯдакӣ дар дасти сокини деҳаи Шингро, агарчи маншаъи ин ривоят пирмарди навадсола будааст, ҳамин гуна сафсатта медонем, ки Сатторӣ шояд аз соддагӣ онро бовар карда ва ба унвони "бурҳони илмӣ" нақл кардааст. Бояд гуфт, 18 сол қабл рӯзноманигори марҳум Б. Шакурӣ низ ин ривоятро нақл карда буд. Аммо бино ба навиштаи ӯ, ин девон дар дасти сокинони деҳаҳои "Сор" ва "Ғезани боло" будааст ва азбаски нусхаи худи Рӯдакӣ будааст, бо амри худи устод онро на танҳо ба бегонагон нишон намедодаанд, балки ҳатто дар ҳузури онҳо намехондаанд, зеро ҳафт пушташон песу махов мешудааст! Роқими ин сутур дар ҳамон сол ин "афсонаи даҳшатбор"-ро шадидан интиқод карда будам ва шояд натиҷаи ҳамон интиқод аст, ки Бобораҷаб Ёрови навадсола ба Қ. Сатторӣ, ривояти ҷадиди "девон"- и Рӯдакиро нақл кардааст. Акнун касе аз хондани девон ва ба касони бегона додани он "песу махов" намешавад, ин аст, ки сокине аз сокинони Шинг девонро аз дасти чаберагони шоир барои хондан мегирад ва ин амонати зиқиматро бо баҳонаи он ки шахсе аз деҳаи Фароб барои хондан гирифтаасту барнагардонда аст, бозпас намедиҳад. Ва Сатторӣ ба хулоса мерасад, ки "шояд ин ривоят асос дошта бошад ва дар оянда девони Рӯдакӣ ёфт шавад.

Ва мо низ пешниҳод мекунем, ҳукумати Тоҷикистон ба он сокини Шинг, ки сарвати миллиро эҳтиёт накардааст ва ақаллан як нусхае аз он набардоштааст "выговор" эълон кунад ва барои он ки ин ёдгори миллӣ то таҷлили ҷашни устод ёфт шавад, бояд барои анҷоми амалиёти вежаи махфӣ артиши миллиро таҳти фармони худи вазири дифоъ ба ҷамоъаҳои Шингу Фароби Панҷакат бифиристад ва афсарону сарбозон хона ба хона гашта, ин девонро пайдо кунанд.

Сатторӣ он қадар ба ривоятҳо бовар мекунад, ки онҳоро мабнои "мақолаи илмӣ" қарор медиҳад! Гӯйӣ итминон дорад Бобораҷаб Ёров ҳамсоя ва Райҳонгул духтархола ва ё маъшуқи Рӯдакӣ бошанд. Гузашта аз ин, он қадар саргарми нақли ривоятҳо мешавад, ки худ дар ҷангали анбуҳи андешаи худ раҳгум мезанад ва асли ҳадафи худ - дар Рӯдакӣ Шинг зода шудан ва дар Панҷрӯд мадфун шудани ӯро инкор мекунад. Меоварад: "Дар деҳаи Рӯдак мавзеъеро бо номи мазори Рӯдакӣ ба ман нишон доданд. Роҳбалади ман Раҳматуллоҳи Карим ёдовар шуд, ки бибиаш Гулмалик Хоҷаева, ки соли 1978 дар синни навадсолагӣ вафот кард, борҳо нақл кардааст, ки гӯё пеш аз Инқилоби Бухоро дар ин мазор тахтасанги на он қадар калоне будааст, ки дар рӯйи он ба хати зебои форсӣ чунин байт сабт ёфта будааст:

Рӯдакӣ аз шеъри рӯҳафзои ту,

Бе такаллуф бӯйи ҷон ояд ҳаме.

Солҳои бистум ё сиюми қарни бист, ба қавли ӯ, гӯё он тахтасанги катибадор зери хоку лойи сел мондааст".

Сатторӣ ин ривоятро на танҳо рад намекунад, балки муҳимтарин "ҳарфи тоза ва далели илмӣ"-и ӯ дар амри навиштани мақола барои исботи зодгоҳи Рӯдакӣ будани Рӯдаки Шинг, зоҳиран, ҳамин ривоят аст! Вале муаллифи мақола пас аз нақли он ба хулосаи аҷиб мерасад: "устод Рӯдакӣ дар деҳаи Рӯдаки Шинг зода шуда, дар деҳаи Панҷрӯди Киштуди Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мадфун шудааст".

Аз ин зидду нақиз мегузарем ва суолеро, ки дар нӯги забон мечархад, иброз медорем: Чаро Рӯдакӣ пас аз бозгашт аз Бухоро, на ба зодгоҳи худ, балки ба Панҷрӯд омадааст ва дар ин ҷо хок шудааст, ончунон ки Сатторӣ мепиндорад ва қабл аз ӯ академики фақид А. Мухторов мепиндошт?! Шояд аз тарси одамони амири сомонӣ?

Вале, пас аз он ки ӯро кӯр карданду аз дарбор ронданд, боз чи ҷазое мехостанд ӯро бидиҳанд! Ва шоири фақиру кӯршударо боз чӣ дилбастагие ба зиндагӣ мемонад, ки аз тарси ҷон пинҳон шавад? Ва агар ривояти мил кашидан ба чашми шоирро напазирем (ки ривояте асту бас) ва тасаввур кунем, ки ӯ аз Бухоро фирор кардааст ва намехоҳад ӯро пайдо кунанд бояд аслан ба сӯйи куҳистони Зарафшон, ки ҳама ӯро мешинохт ва модарбахатое метавонист барои пулу мол ва ё танҳо ба хотири тамаллуқ бифурӯшадаш, намеомад.

Ва акнун бозмегардем ба ривояти тахтасанги мазори Рӯдакӣ. Ин ривоят сохта ва ҷаълӣ аст ва барои "исботи" аз дараи Шинг будани Рӯдакӣ бофта шудааст. Барои ин чанд далел дорем: дар ривоятҳое, ки марҳум Лутфулло Бузургзода дар соли 1940 (яъне пас 5-15 соли зери сел мондани "тахтасанги мазори Рӯдакӣ") аз забони мардуми дараи Шинг навиштааст, дар мавриди ин мазор ва тахтасанги он ҳарфе нест.

Дар суҳбати сокини панҷоҳсолаи деҳаи матруки Рӯдак бо устод Айнӣ (дар тирамоҳи соли 1940) низ ки дар соли "зери хоку лойи сел мондани тахтасанги катибадор" яқинан, 30 то 45 сола будааст, дар ин бора ишорае ҳам нарафтааст. Баръакс вай мегӯяд "мо чорсад шутур доштани он касро ва машшоқ буданашонро аз бобоҳои худ шунида будем, ба наздикӣ шоири калон будани он касро шунидем".

Дар "Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ" омадааст: "дар байни аҳолии Рӯдак чунин ақидае ҳаст, ки Рӯдакӣ дар Рӯдак таваллуд ёфта, дар деҳаи Панҷрӯд вафот ёфтааст". (Ду иқтибоси охир аз мақолаи Сатторӣ ахз шуд).

Инак, мебинем, ки ривояти зодгоҳи Рӯдакӣ низ мисли девони Рӯдакӣ ба майли созандагонашон ва вобаста ба "шароити замон" таҳрир ва ба гунае дигартаре пешниҳод мешавад.

Дар мавриди байти боло низ бояд гуфт, ки "буйи ҷон" таркиби шеъри Рӯдакӣ ва замони ӯ нест ва ҳеч як маънии "такаллуф" низ дар ин байт муносибате надорад.

Ва аммо санад ва далоили мавҷуд муаййиди он аст, ки зодгоҳ ва ҳам маҳалли фавти падари шеъри форсӣ Панҷрӯд аст.

Танҳо санади мавҷуд дар ин бора ҳамон навиштаи Самъонӣ аст, ки таъкид кардааст, Рӯдакӣ дар Панҷрӯдак зода шуда ва дар паси бӯстони ин деҳа, ки маркази Рӯдак будааст, мадфун шудааст.

Дар мавриди он ки дараи Киштудро Рӯдак низ мегуфтаанд, воқеъан ҳеч санади мактуб надорем. Аммо бояд донист, ки муҳимтарин дарёи Киштудро, ки шохобе аз Зарафшон аст, мардуми Кулолӣ - мирнишини Киштуд дар садаҳои охир "Рӯд" ва сокинони рустоҳои дигари Киштуд "Рӯз" меноманд. Азбаски табдили "зол" ба "дол" дар форсӣ қонуни роиҷ аст, дар ин маврид "Рӯз" ва "Рӯд" ҳарду якест. Ва ин нуктаро ҳам таъкид мекунем, ки исми Рӯдак ва Рӯдакиро дар кутуби қадим бо "зол" менавиштанд. Хулоса, мавҷуд будани дарёи "Рӯз" ё "Рӯд" дар Киштуд дол бар он метавонад бошад, ки замоне ин ном ба шакли "Рӯдак" ("Рӯзак" бо "зол") буда, баъдан тахфиф шудааст ва дарё низ исми худро аз исми ноҳия гирифтааст ва ё баръакс ноҳия бо исми дарёи асосии он номгузорӣ шудааст.

"Қалъаи кӯҳна" ном доштани маҳалле аз Панҷрӯд (аз ин қалъа имрӯз нишоне ҳам боқӣ намонда) ва ривоятҳои мардумӣ мерасонад, ки дар замони Рӯдакӣ Панҷрӯд маркази Рӯдак (Киштуд) буда ва баъдан маркази ноҳия (мирнишин) ба хотири мавқеъияти беҳтари ҷуғрофиёӣ ба Кулолӣ мунтақил шудааст.

Касе касеро аз навиштани мақола дар бораи маҳалли валодат ва фавти устод манъ накардааст ва ба ин амр ҳақ ҳам надорад. Вале чунонки дар посухи 18 соли қабли худ навишта будам, "то даме, ки далоили муътамади илмӣ дар даст нест, танҳо дар асоси гумону фарзияҳо даст задан ба ин масъала ҷоиз нест". Ва имрӯз низ бар ҳамин ақида ҳастам.



Қодири РУСТАМ
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97