Тоҷик на танҳо адибони классик, балки сарлашкарони ғаюру зирак низ дорад

Таърих 25.09.2014 15:49

Ё сууду ғуруби Тоҳириён ва Сафариён дарси хештаншиносист. Зарурияти омӯхтани таърих

tarihk klassikТаърихро чаро меомӯзанд?

Вазифаи мактаб аст, ки толибилм майли донишомӯзӣ пайдо кунад, маҳорати дунёфаҳмӣ дошта, дар руҳияе тарбия ёбад, ки сухан ва амалаш як бошад, қобилияти дарк кардани хатогиҳо ва муваффақиятҳои худро дошта бошад. Ӯ на танҳо толибилм, инчунин шахсе бошад, ки майли донистани ҳама чизро дошта бошад. Муваффақияти бузургест, агар хонандагон ба ҳодисаҳои  гирду атроф бетафовут набошанд, роҷеъ ба ҳама ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият ақидаи худро дошта бошанд, аз дастовардҳои худ қонеъ набошанд. Бо ин гуна донишомӯзон кор кардан осон аст.

 

Таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки барои шаҳрванди содиқи Ватан будан ва аз ҷиҳати сиёсӣ пухта будан, фақат аз ёд донистани воқеаҳои таърихии рӯйдода басанда нест. Ба ҷомеа шахсиятҳое лозиманд, ки натанҳо таърихро донанд, онҳо бояд набзи таърихро ҳис кунанд, нисбат ба ҳодисаҳо фикру ақидаҳои худро дошта бошанд, худ эҷодкори таърих шаванд. Ин дониш бояд  заминаи фаъолияти минбаъдаи ҷавонон шуда тавонад ва ба ҳодисаҳои рӯйдода нуқтаи назари худро дошта бошанд, хонанда танҳо ба маводи дар саҳифаҳои китоби дарсӣ буда, қаноат накарда, бояд дониши иловагиро аз дигар сарчашмаҳо пайдо кунад. Таълимоти мактабӣ ҷавононро ёд медиҳад, ки бо одамон чи тавр муносибат кунанд ва чи тавр мустақилона дониш омӯзанд. Зарурият ва бартарии меҳнати фикриро дар мактаб меомӯзанд.

Таърих - донистани шакл, восита ва мазмуни ҳақиқати ҳодисаҳои дунёст. Ин ҳақиқат ҳам дар шакли тайёр рӯй надодааст. Ҷавонон бояд таърихро эҳсос кунанд, ба ҳодисаҳо ақидаи худро дошта бошанд ва дар омӯхтани онҳо, инкишофи онҳо саҳми худро бояд гузоранд.

Дарсҳои таърих ба хонанда бояд имкон диҳад, воқеахоро дарк кунад, ҳама он чиро ки аз гузашта мерос мондааст, аз худ кунад.

Бузургон гуфтаанд, ки одами дорои маданияти баланд, гузаштаро эҳтиром мекунад.

Доштани хотираи таърихӣ дастовардҳои бузургтарини инсониро дар хотир нигоҳ доштан ва онҳоро ҳамчун замина, таҳкурсӣ барои эҷоди музаффариятҳои нав истифода бурдан аст. Дониши таърихӣ барои он зарур аст, ки он чиро, ки дар гузаштаи халқамон нанговар буд, рад карда тавонем. Бахилӣ, хусумати байни ҳамдигарӣ, эҳтиром надоштан ба гузаштаи пурифтихори халқ, парокандагии сиёсӣ ва ғайра сабабҳое буданд, ки онҳо сабабгори  аз арсаи сиёсӣ дур афкандани тоҷикон шуданд "Таърихи гузашта чун шамъ аст. Кушиш намо то он ҳамеша фурузон бошад"- навиштааст олими шинохта Бобоҷон Ғафуров.

Вазифаи дарси таърих тарбияи ватандӯстист. Фаҳмиши дурусти идеяҳое, ки аз саргузашти таърихи халқамон бармеояд аз корнамоиҳои он манша гирифта буданд ва ба ахлоқи мардуми мо созгоранд. Он идеяҳо заминаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон шуда метавонанд. Заминаи ин идеяҳо корнамоию ватандӯстии гузаштагонамон мебошад. Ин ҳиссиёт бо ба назар гирифтани дигаргунии синну сол ва ҳолати руҳии ҷавонон ба амал бароварда мешавад.

Консепсияи тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи меҳанпарастиро вазифаи муқаддаси ҳокимият ва аҳли ҷомеъаи Тоҷикистон медонад. Дар Стандарти  давлатии таҳсилоти умумӣ қайд карда шудааст, ки "тарбияи дӯстдори Ватан -Тоҷикистон яке аз омилҳои афзалиятноки таҳсилот аст". Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ бисёр мегӯянду менависанд, зарурияти онро аз қадиммуллаём сиёсатмадорон ва дигар қишри ҷомеа ҳис мекарданд, аз ҳамин ҷост, ки барои озодии Ватан ва муҳофизати он миллионҳо ҷон бохтаанд. Талафоти зиёд, шикастхуриҳо дар давраи забткориҳои Юнону мақдуниҳо, арабҳо, муғулу турк гувоҳи онанд, ки сокинони Мовароуннаҳру Хуросон, ирониён корнамоиҳо мекарданд.

Корнамоиҳои Бесс ва Спитамен, Деваштичу Низак, Абумуслиму Темурмалик ва ҳазорони дигар нишонаи он аст, ки ҳиссиёти ватандӯстӣ дар ин сарзамин дар дараҷаи баланде будааст. Вале он ҳама қишри ҷомеаро фаро нагирифта буд.

Ватан аз куҷо сар мешавад?

Мо дар ин мақола ба як рукни васоити тарбия - тарбияи ватандӯстӣ изҳори ақида мекунем. Дар таърихи гузаштаи халқи тоҷик мардоне буданд, ки бо фаъолияти тамаддунофарину дурандешонаи худ миллати тоҷикро раҳнамун будаанд. Донистани саҳифаҳои корнамоиҳои онҳо шоистаи ҳама гуна тавсифу таъриф аст. Аз ҳама муҳиммаш он буд, ки дар таърихи халқи тоҷик сиёсатмадороне буданд, ки корнамоии онҳо шоистаи он аст, ки онҳоро ҳамчун намунаи корнамоии бузург ба хонандагон муаррифӣ кунем. Шахсиятҳое, ки ақлу заковат ва маҳорати хуби лашкаркашӣ доштанд, сиёсатмадоре буданд, ки бо шарофати дурандешии онҳо халқи тоҷик соҳиби давлат шуд, забони тоҷикиро аз офати  нестшавӣ раҳо сохтанд. Барои ин фаъолияташон халқи тоҷик бо номи онҳо ифтихор дорад. Ташкилкунандаи аввалин давлати соҳибистиқлоли тоҷикӣ Тоҳир ибни Ҳусейн ва муҳофизи далеру ғаюри давлат, забон ва урфу одатҳои тоҷикӣ Яқуб ибни Лайс метавонанд ҳамчун намунаи ибрати ҷавонмардию зиракӣ, ватандӯстӣ шуълавар бошанд. Аҳамияти омӯхтани фаъолияти ин ду абармарди таърих дар чист? 

Ошноӣ бо таърихи корнамоии онҳо ба хонандагон аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Хонандагон бояд, донанд, ки ин абармардони таърих чи тавр тавонистанд, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикро ташкил кунанд, зарурияти ҳимояи забони тоҷикиро эҳсос карданд ва дар ин бобат хидмати шоистае карданд. Вазифаи муаллими таърих он аст, ки хонандагонро на танҳо ба корнамоиҳои ин шахсиятҳо ошно созад, инчунин ба падидаҳои ҳиссиёти миллатдӯстӣ ва ҷоннисориҳои онҳо шинос кунад.

Муҳоҷират ва хештаншиносӣ

malayisan-opposition-leader-anwarЗарурияти тарбияи ватандӯстиро вазъияти имрӯзи Тоҷикистон ва ҷаҳон тақозо мекунанд. Имрӯз ба сабаби ҷои кор наёфтан як қисми ҷавонони Тоҷикистон барои пайдо кардани маблағ барои рӯзгузаронӣ ва таъмини  хонаводаи хеш ба хориҷи кишвар ба мардикорӣ мераванд. Ин иқдоми ҷавонони мо ҳодисаи муқаррарист. Аз кишвари тараққикардае мисли  Туркия ҳар сол 4-5 млн. нафар мардуми ин кишвар ба хориҷ барои кор мераванд. Вале аксарияти кулли ин шаҳрвандон алоқаро аз Ватан наканда ба Ватанашон милиардҳо доллар интиқол медиҳанд ва худ низ дар вақти холигӣ ба Ватан меоянд. Вале барои мардуми Тоҷик  нигаронкунанда он аст, ки бисёре онҳо, ки қувваи асосии меҳнатии диёрамон буданд, табаъаи Русия ва дигар мамлакатҳо шудаанд. Бисёрии онҳо шаҳрвандии он мамлакатҳо ва будубош дар он ҷоро қабул кардаанд ва аксари онҳо ба Тоҷикистон алоқа  надоранд. Аз Тоҷикистон олимони намоён ва муаллимон, коркунони босаводу лаёқатманди тиб, меҳнатдӯстони беҳамто рафтанд. ИМА, Аврупо ва Русия ба шарофати ин мардон, ки майнаи асосии қишри ҷомеаи  давлатҳои Африқо, Осиё, Амрикои Лотинӣ ва Аврупои шарқӣ буданд, рушд карданд ва ба мамлакатҳои пешқадами дунё табдил ёфтанд.

Муаллифи ин сатрҳо баъди ба нафақа баромадан дар охири солҳои асри 20 ба Русия рафт ва дар яке аз корхонаҳои саноати бинокорӣ ба кор сар кардам.     Ёфтани кори муносиб кори душворе буд. Бо вуҷуди ин ҳар рӯз ба мо шахсони маъқул аз қарордодҳои сардорони шаҳри Маскав дар бораи озод кардани  шаҳрвандони бегона ва ба ҷои онҳо қабул кардани маскавиҳо хабар медоданд. Вале роҳбарони корхонаҳо фармонҳои мири Маскав Лужковро иҷро намекарданд, зеро барои онҳо коркуни арзон ва меҳнатдӯст лозим буд. Тоҷикон корро давом медоданд. Аз он ҷавонон ҳоло аксарияташон бо аҳли байташон дар Русия зиндагӣ мекунанд. Бо Ватан ватандӯст ва шахсиятҳои оиладӯст алоқа доранд. Имрӯз ҳам тамоми воситаҳо истифода бурда мешаванд, ки болаёқаттарин мардикорон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ дар Русия, Аврупо ва Амрикои шимолӣ бимонанд. Тоҷикистон аксари ҷавонони болаёқатро аз  даст медиҳад.

Дигар вазъи ногувор ва нафратовар дар дунё паҳн шудани идеяҳои фашистист. Темурлангу Чингизхон ва боз даҳҳо калабурҳоро доҳӣ мехонанд ва ташвиқ мекунанд, ки ҷавонон бо онҳо пайравӣ кунанд. Дар чунин вазъи дунё барои мардуми мо зарур аст, ки чораҳои раҳосозӣ аз ин бумбасти маънавиро роҳандозӣ кунанд.

Таърихи Ватанро бояд донист!

Омӯхтани таърих ҳамчун хотираи ниёгони миллат аст. Барои Ватандӯст будан таърихи Ватанро бояд донист, аз он корнамоиҳо, нишонаҳои дигари ватандорию ватанпарастиро барои инсон ва шаҳрванд пайдо бояд кард. Имрӯз хархашаҳои байни давлатҳо доир ба масъалаҳои гуногун тез-тез рӯй медиҳад. Баъди хатми мактаб нисфи ҷавонони тоҷик бо ҳар баҳона аз хидмати ҳарбӣ - аз мактаби диловарию тарбияи ҳарбӣ дар каноранд. Бинобарон тарбияи ватандӯстӣ дар мисоли фаъолияти ниёгон дар мактаби миёна аҳамияти калонеро касб мекунад.

Мавзуи "Ташкилёбии давлати Тоҳириён" мавзуест, ки аҳамияти хуби тарбиявӣ дорад. Донистани танҳо чи тавр ба сари ҳокимият омадани Тоҳир ва чи тавр ӯ ҳокими мутлақи Хуросон шуд, барои таъсиррасонӣ ба шуъуру идроки хонанда басандагӣ намекунад. Бояд хонанда дақиқ бидонад, ки дигар сарлашкароне ҳам буданд, ки метавонистанд ба вориси халифа Маъмун таъсир расонанд. Вале тақдир ин комёбӣ ва шарафмандиро ба Тоҳир ибни Ҳусейн эҳдо кард.

Хонандагон дар қатори дигар буҳрону далелҳои таърих ба ҳодисаи ба сари ҳокимият омадани Тоҳириён вобаста аст, бояд донанд, ки истеъдод ва заковати Тоҳир ибни Ҳусейн имконият дод, ки ӯ дар ҳарбу зарбҳо барои эътибори Хилофати Араб ва баъдтар бар зидди муқобилони Маъмун ва Хуросон ҳамчун сарлашкар ном барорад. Ӯ соҳиби шуҳрате шуд, ки сарлашкарони араб ва амалдорони хилофат ҳам ба он қоил шуданд. Бори аввал баъди ҳукмронии 200-солаи арабҳо сарлашкари тоҷик ба қуввае соҳиб шуд, ки бо ин қувва тавонист истиқлоли Хуросонро таъмин кунад ва давлатеро ташкил диҳад, ки ба шарофати фаъолияти Тоҳир ибн Ҳусейн ва дигар намояндагони Тоҳириён ба истиқлол расиданд.

Хонандагон бояд бидонанд:

Тоҳир ибн Ҳусейн дар муддати як соли ҳукмронӣ нақше гузошт, ки назираш дар таърих кам аст. Бо истифодаи ақлу идрок ва фаросату дурандешӣ ӯ заминаи давлати бузурги соҳибистиқлоли тоҷикиро, ки арабҳо аз байн бурда буданд, бунёд кард. Кӯшиши Тоҳир барои соҳибистиқлол шудан дар хилофат яке аз аввалин кӯшишҳо дар роҳи муборизаи истиқлолхоҳӣ буд. Ӯ кореро иҷро кард, ки дигар шахсони таърихӣ як умр барои он мубориза мебурданд. Ҳашамат ва таъсиргузории ӯ буд, ки Хилофат баъди вафоти ӯ ҳам мансаби волигиро ба фарзандони ӯ лоиқ донистанд. Хуросони пуртуғёни сиёсӣ, ки бо Хилофат ҳамеша дар мубориза буд, сиёсатмадорони Хилофатро сахт тарсонида буд. Барои осудагии Хилофат писари Тоҳир Талҳаро ба мансаби волигии Хуросон пазируфтанд.

Воқеаи чи тавр ба охир расидани ҷанҷоли ворисони халифа Ҳоррун-ар-Рашид-Амин ва Маъмун дар китоби дарсӣ (барои синфи 7) нақл карда шудааст. Вале онҳо бояд донанд, ки сарлашкари Амин-Алӣ ибни Мусо бо мардуми Хуросон, ки ӯ пеш волии ин ҷо буд, хусумате дошт. Ӯ бо 60 ҳазор аскар ба сӯи Хуросон ҳуҷум кард. Вале пешоҳанг ва сарлашкари Маъмун Тоҳири Пушингӣ ба вазъият дуруст баҳо дод. Ӯ дар ин муноқиша тарафдори писари хурдии халифаи мурда Маъмун шуд. Аз хонандагон мепурсам, ки чаро Тоҳир тарафи Халифа нею тарафи Маъмунро гирифт?! Аксарият, ки мавзуъро аз худ карда буданд, ҷавоб доданд, ки Маъмун ният дошт пойтахти Хилофатро аз Бағдод ба Марв бикӯчонад. Ӯ ба мардуми Хуросон таваҷҷуҳи хос дошт. Ӯ дар вақти волии Хуросон буданаш барои ободии Хуросон  кӯшиши зиёде карда буд. Сарзамини сарватманду зебо, мардуми маданияти баланд дошта, диққати Маъмунро ба худ ҷалб карда буд. Ӯ ният дошт, пойтахти Халифатро ба Марв оварад ва мавқеи худро мустаҳкам кунад. Ҷавобҳои хонандагонро пурра мекунам: Ба харита бингаред! Хилофати Араб аз нимҷазираи Периней ва Марокаш то сарҳади Чин, аз Шимоли Қафқозу баҳри Арал то Балуҷистону Сиистон тӯл ёфта буд. Вале халифа Маъмун Хуросонро ҷои боб барои маркази Хилофат интихоб карда буд. Вале қувваҳои зидди форсизабонҳо дар мамлакатҳои араб муқобилияти шадиде карда буданд. Маъмун шахсияти доно ва зирак буд. Ӯ медонист корҳои давлатдорӣ дар Мавр бомуваффақияттар мегузаранд. Маъмун мавқеи худро мустаҳкам кардан мехост. 

Ба волигии Хуросон пазируфтани Тоҳир ибни Ҳусейн, натиҷаи комёбии ӯ дар фаъолияти ҳарбӣ буд. Лашкаркаши намоёни араб Алӣ ибни Мусо, ки таҷрибаи хуби ҷангӣ дошт, дар зери зарбаҳои сипаҳсолори тоҷик Тоҳир ибни Ҳусейн шикаст хурд. Дар ин задухурдҳо Тоҳир дар Рай, Ахвоз, Наҳрувон, Мадоин ғалабаи лашкарашро таъмин кард. Таърих гувоҳ аст, ки ин ғалабаҳо ба шарофати истифодаи моҳиронаи лашкари аз мактаби Тоҳир гузашта ба даст омаданд. Маъмун, ки баъди зарбаҳои ҷонкоҳи Тоҳир ба муқобилонаш ба тахт нишаста буд, ҳис кард, ки бе ёрии хуросониён ӯ ба муваффақият ноил шуда наметавонад. Рафти воқеаҳо нишон доданд, ки ин халқи бамаърифат ва табиатан сулҳдуст метавонад дар ҳарбу зарб ҳам комёбӣ ба даст оварад. Аз ин ҷост, ки Тоҳирро қадрдонӣ мекарданд. Маъмун инчунин медонист, ки Тоҳир волии Хуросон шуда, сарҳади шарқии Хилофатро аз чиниҳо ва туркҳо муҳофизат мекунад. Хонандагон як омилро бояд донанд. Тоҳир на танҳо сарлашкари далеру зирак буд, ӯ сиёсатмадори дурандеш низ буд. Хилофати Араб ҳамчун империяи муқтадир побарҷо буд. Қувваҳои зиёди ҷанговар ва иқтисодиёти пурқуввате дошт. Вай бо қувваи лашкари худ ва истифодаи ҳиллаю найранги солҳо омӯхта, қувваҳои озодихоҳ ва сепаратистро саркӯб мекард. Вале лашкаркаши доно ва сиёсатмадори нотакрор аз ин қувва наҳаросид, наларзид ва давлатро мустақилона идора кард ва аз ҳама муҳиммаш забони точикиро забони давлатӣ эълон кард. Ӯ дар Хилофат соҳиби обрӯй ва эҳтиром буд. Метавонист ҳамин тавр ба арабҳо хидмат кунад ва сазовори боварии онҳо бошад. Вале барои Тоҳир ҳимоя ва соҳибистиқлол будани Хуросон муҳим буд ва тақдири забони тоҷикӣ ӯро безобита карда буд. Ӯ забони тоҷикиро дар муҳите забони давлатӣ эълон кард, ки барои давлаташ мушкилӣ эҷод кард.

Ба ҳодисаи ташкилёбии давлати Тоҳириён маълумот дода, хонандагонро бояд огоҳ кард, ки ба Тоҳир ва Тоҳириён хусусияти шовинистӣ ва нигилизм бегона буд. Онҳо бидонанд, ки муборизаи Тоҳир барои истиқлол буд, то ки тоҷикзабонон ҳам имконияти ба таври озод инкишоф ёфтан дошта бошанд. Мақсади Тоҳир бо ҳам овардани халқҳои форсизабон буд.

Кӯшишҳои Тоҳир ибни Лайс рафтори нигилистона, сепаратизм набуд. Ин рафтор барои муайян кардани роҳи дурахшон барои як халқи бузургу пароканда-форсзабонон буд, то ки тақдири финҳо, барбарҳо ва дигарон, ки забонашонро гум карда буданд, такрор наёбад.

Ба хонандагон савол медиҳам: "Чаро Амин ба кӯчонидани пойтахт  ба Мавр зид буд?" Хонандагон посухи онро меёбанд: "Амин ашрофи араб буд ва манфиъати ашрофони арабро ҳимоя мекард. Ба Мавр кӯчонидани пойтахти Хилофат ин зидди анъана ва манфиъати ашрофони араб буд. Дар иҷрои ин иқдом Амин барои салтанати худ хавфи ҷиддиро ҳис мекард. Аз ин ҷост, ки ӯ ба Хуросон лашкар кашид. Ба лашкари ба муқобили Амин ташкил карда шуда, лашкаркаши тавоно Тоҳир ибни Ҳусейн роҳбарӣ кард ва ӯ бо лашкаре, ки аз лашкари Амин камтар буд, ғалабаи дурахшон ба даст овард. Баъди қатли Амин ҳам ашрофони араб ба муқобили Маъмун исён мекарданд. Соли 818 ба муқобили Маъмун шӯрише бархост. Маъмун то ҳатто яке аз ҳамсафони наздики худ Фазл бинни Саҳлро, ки тарафдори ашаддии интиқоли пойтахт ба Мавр буд, қатл кард. Ба ин восита хуруҷи зидди Маъмунро то дараҷае паст кардан хост."

Давлати ташкилкардаи Тоҳир ба шикаст дучор шуд, аммо заминаи давлатдории Саффориён, Сомониён ва дигар давлатҳои Мовароуннаҳру Хуросон шуда буд. Намунаи соҳибистиқлоли комил шудани давлати Тоҳириён ин фармон дар бораи он аст, ки номи халифаро аз 14 ноябри соли 822 аз хутба хориҷ карда буданд. Ба ҷои он номи Тоҳир ҷойгир шуда буд. Вале афсус, ки ҳамон рӯз риштаи ҳаёти ин абармарди таърих канда шуд. Ҳасудон кӯшиш ба харҷ доданд, ки Ҳусейнро аз арсаи сиёсат рабоянд.

Барои хонандагон хеле муҳим аст, ки мазмуни номаи Тоҳир ибни Ҳусейнро ба писараш Абдулло шоҳи бунёдкор ва сарлашкари шуҷоъ навишта будааст, бидонанд. Ин мактуб танҳо номаи одӣ набуд, балки усули давлатдориро ба фарзандаш ёд дода буд.

Дар ин бора дар мақолаи дигар сухан меравад.

Яқуб ибни Лайс кӣ буд?

Омӯзондани таърихи фаъолияти дигар фарзанди арҷманди халқи тоҷик Яқуб ибни Лайс аҳамияти зиёди тарбиявӣ дорад. Яқуб ибни Лайс шахсияти нотакрор аст. Мо барои дар бораи корномаҳои Яқуб ибни Лайс пурра нақл кардан имконият надорем. Тамоми зиндагии кутоҳи ӯ пур аз корнамоист. Дар дарс ва дар дарси иловагӣ ба мавзуи Саффариён бахшида шуда, дар ин бора пурра хонандагонро шинос мекунам. Дар ин ҷо месазад, ки баъзе лаҳзаҳои ҳаёти ӯро ба хотир оварем, ки онҳо аз назари хонанда дур намонад. Фаъолияти ӯ шоистаи пайравист. Яқуб ибни Лайс аз авлодони шоҳон набуд ва сарварии давлатро на ҳамчун туҳфаи сулолавӣ қабул карда буд. Бо вуҷуди он, ки авлоди ӯро аз Ардашери Бобакон мансуб медонанд. Ӯ сарвари ин давлати бузург бо шарофати ақлу заковати худ шуда буд. Ӯ мисгари одӣ буд. Бо саховатпешагии худ ном бароварда буд. Пайсаи ба даст овардаро бо ҳамсолонаш, бо рафиқонаш бо ҳам медид. Аз ин ҷост, ки дар вақти шоҳи мамлакат будан, саховатмандӣ мекард, бо халқ наздик буд. Аз ин ҷост, ки ӯ соҳиби обрӯй буд. Бо лашкар моҳирона сарварӣ мекард. Хонандагон бояд ба чунин саволҳо ҷавоб тайёр кунанд: (Хонандагони синфи 7)

1.Давраи ҷавонии Яқуб ибни Лайс чи тавр гузаштааст?

2.Яқуб сарвари айёрон, ғозиён. Ин гуруҳҳо барои чӣ таъсис ёфта буданд?

3."Айёр" кӣ буд? Ғозиён гуфта киҳоро меномиданд?

4.Чи тавр Яқуб ибни Лайс тавонист дар ҷомеаи Сиистон мавқеашро мустаҳкам кунад?

5.Чаро Халифа идоракунии вилоятҳои Хуросону Мовароннаҳрро ба Яқуб ибни Лайс супорид, дар ҳоле ки Халифа марди ҳақҷӯ - будани ӯро медонист?

6.Идоракунии давлати Саффориён аз идоракунии ин сарзамин дар давраи арабҳо аз кадом чиҳат фарқ дошт?

7.Бузургии Яқуб ибни Лайс дар чист?

Тоҷик на танҳо адибони классик, балки сарлашкарони ғаюру зирак низ дорад

Ҷавоб ба ин саволҳо тасаввуроти хонандаро нисбати Яқуб дигар мекунад. Аз ҳама муҳиммаш он далел бе баҳс аст, ки Хилофат дар шахси Яқуб ҳукмрони мустақилро эътироф кард. Яқуб корнамоии Тоҳириёнро давом дод. Барои равнақи забони тоҷикӣ шароит муҳайё кард. Ҳукми тақдир будааст, ки чунин сиёсатмадори дурандеш барои халқҳои форсизабон ба арсаи сиёсат омад.  

Хонандагон бидонанд, ки Яқуб ибни Лайс ва Амр ибни Лайс аввалин ҳукмрононе буданд, ки орзуи ташкил кардани давлати тоҷикиро дар дил мепарвариданд ва он лаҳзаҳои таърихиро бебокона истифода бурданд. Ба муқобилияти шадиди қувваҳои иртиҷоъпараст дар дохили давлаташ, сохтори хилофат, ашрофони араб нигоҳ накарда, ӯ корбариро дар сохтори давлатӣ ба забони тоҷикӣ ташкил кард.

Яқуб тавонист ҳокимонеро, ки доимо барои мустаъқилият мубориза мебурданд, аз қабили ҳокимони Кобул, Зобул, Хоразм ва дигарон шикаст диҳад ва ба давлати тоҷикии худ ҳамроҳ кунад.

Яқуб ибни Лайс, Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ (Бачаи Сақо) ва Аҳмадшоҳи Масъуд лашкаркашони нотакроре буданд ки бо ғаюрӣ, бебокӣ ва дурандешӣ дар саҳифаи таърихи мардуми тоҷик шамъафруз буданд ва нишон доданд, ки тоҷикон на танҳо шоиру нависандагони машҳури олам, олимони намоён, балки амсоли лашкаркашони дар боло номбурда сипаҳсолороне низ дошт, ки доди лашкаркашро дода буданд ва барои ватан ҷон доданд. Аз ҳама муҳиммаш онҳо ҷонфидои ҳақиқату адолат буданд.

Халқи тоҷик бо номи онҳо дарвоқеъ фахр мекунад. Нигаронкунанда аст, ки имрӯз сарварони баъзе мамлакатҳо шаҳрвандони худро дар руҳияи бартарии миллати худ тарбия кардан мехоҳанд. Чаро бо номи шахсиятҳое, ки маҳвкунандагони тамаддуни дигар халқҳо буданд, бояд фахр кард? Онҳо бо ин иқдомашон, даъват мекунанд, ки бо ин ашхос пайравӣ кунанд. Яъне бифахранд бо номи онҳое, ки аз каллаҳои одамони бегуноҳ калламанораҳо сохта буданд.

Мо ҳақ дорем, ки бо номи Анушервони Одил, Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Аҳмад ибни Исмоил ва дигарон фахр кунем, онҳо бунёдгари "Декларатсияи ҳуқуқи инсон", ҷорикунандагони адолати сиёсию иҷтимоӣ буданд.

Ошноӣ бо ҳаёт ва фаолияти ин нобиғаҳои таърихӣ мактаби хештаншиносист.

Сайидмаҳмад Гулов, омӯзгори фанни таърих,

мактаби №66, ноҳияи  Сино

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97