Ӯ рафту як боғи пур аз буттаву райҳон боқӣ монд

Таърих 11.08.2012 11:56

Ё гуманизми ректори Шӯравӣ намунаи ибрат ба ректорони имрӯзи тоҷик  

musofir01Мусофир Набиев 25 апрели соли 1932 дар деҳаи Ғабируди ноҳияи Айнӣ дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Дар синни 8-солагӣ аз волидайн маҳрум монда, аз соли 1943 то соли 1950 дар Хонаи бачаҳои навоҳии Заҳматобод, Ӯротеппа ва Шаҳринав тарбия ёфтааст. Соли 1950 баъд аз хатми мактаби миёнаи ба номи Н. Островенни ноҳияи Шаҳринав ва шуъбаи забон ва адабиёти Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил мешавад.

20 декабри соли 1995 ин марди фозил дар синни 63-солагӣ баъди бемории қалб аз дунё гузашт.

17 сентябри соли 1998 Ҳукумати ноҳияи Айнӣ бо қарори худ ба хотири фарзанди деҳаи Ғарибрӯди ноҳия, журналисти варзидаи ҷумҳурӣ шодравон Мусофир Набиев мактаби деҳаро ба номи ӯ гузоштанд.

Ба хотири рафиқи ҳамкораш Мусофир Набиев, шоир Алӣ Бобоҷонов чунин сатрҳоро эҷод кардааст.

Симурғи аҷал омаду шаҳбози моро бурд,

Файрод задам, аз нафасаш хонаи ғам рехт,

Гуфтам, ки кунам марсияи қисматаш иншо,

Бар сафҳаи розам зи куҷо ашки қалам рехт.

Ӯ дар курси дувуму Роҳила дар курси якуми факултаи филологияи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозир Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил мекарданд.

Мусофир пас аз анҷоми дарсҳо боз кор мерафт. Ӯ ҳамроҳи чанд нафар шарикдарсаш, ки аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ омадаву камбизоат буданд, ба Роҳи оҳани Тоҷикистон рафта, шабона аз поездҳо бор мефароварданд. Онҳо, ки бошитоб ҳаракат карда, бор мекашонданд, оби хунук мехӯрданду боз аз паи кор мешуданд. Бо ҳарорати тафсон оби хунук нӯшидан, оқибат коргар шуду ҷавонро аз по афтонд. Мусофири ҷавон гирифтори бемории шадиди шамолкашии шуш шуд. Ӯро дар ҷараёни дарс бо ҳарорати баланди бадан ба бемористон бурданд.

Мусофир бо баҳои аъло мехонду яке аз фаъолони ҷамъияти донишгоҳ буд. Он вақт Роҳила ҷонишини аввали иттифоқи касабаи донишгоҳ буд. Худи ҳамон сол бо супориши раҳбарияти донишгоҳ ӯ аввалин ансамбли ҳунариро дар донишгоҳ ташкил карда буд. Мусофир Набиев низ узви ин ансамбл буду он ҷо ғижак менавохт.

Пас аз як рӯзи бемории Мусофир Набиев ректори вақти Университет Раҷабов Зариф Шарипович Роҳиларо ба назди худ даъват карда, ба ӯ супориш дод, ки ҳамроҳи чанд нафар донишҷӯёни фаъол ба беморхона рафта, аз ҳоли Мусофир хабар бигиранд. Ӯ инро гуфту ба дасти Роҳила барои харидани дастовезе барои бемор пул ҳам дод. Ва таъкид кард, то маълум намоянд, ки бемор чӣ ниёзе дорад ва ҳар рӯз бо навбат аз ҳоли бемор хабардор шаванд.

Роҳила бо пули додаи ректор барои бемор маводи ғизоӣ харида, ҳамроҳи чанд нафаре аз донишҷӯёни факулта ба хабаргирии ӯ рафтанд.

Аҳволи бемор хеле вазнин буд. Ба зӯр нафас мегирифту рангу рӯйи парида дошт. Хело лоғар ҳам шуда буд. Ҳангоме ки шарикдарсонаш бо табиби ӯ вохӯрданду аз аҳволи бемор пурсон шуданд, табиб гуфт, ки дар натиҷаи беаҳамиятӣ шушҳои бемор об гирифта, сахт шамол хӯрдааст. Ба ӯ табобати хубу хӯроки серғизо хӯрдан лозим аст, то шифо ёфта, аз ҷой бархезад. Табиб таъкид кард, ки бемор бояд ҳар рӯз асалу хӯрокҳои гӯштӣ, меваҳои тару тоза истеъмол кунад. Аммо барои ин маблағ лозим буд, ки донишҷӯён онро надоштанд.

Аз Мусофир суроғаи волидонашро пурсон шуданд. Маълум шуд, ки ӯ касе надорад. Ятим будаву дар хонаи кӯдакони ноҳияи Шаҳринав тарбия ёфтааст ва пас аз хатми мактаб-интернат ба донишгоҳ дохил шудааст.

Пас аз шунидани саргузашти талхи Мусофир дар чашмони ҳамдарсон ашк ҳалқа зад. Ҳарфе назада, аз беморхона берун шуданд. Ба донишгоҳ баргаштанд. Ректор боз Роҳиларо ба наздаш хонда, аз ҳолу аҳволи Мусофир пурсон шуд.

-Ҳоли бемор вазнин аст. Мувофиқи гуфтаи табибон бояд тез-тез хӯрокҳои серғизову болаззат бихӯрад, то ин ки қувват гирифта, аз ҷояш бархезад. Вале бемор касе надорад. Ӯ дар Хонаи бачаҳо тарбият ёфтааст. Донишҷуён ҳам қариб ҳама аз ноҳияҳои дурдастанд- бо як оҳанги дилсӯзона гуфт Роҳила.

Ректор Зариф Шарипович пас аз шунидани ин гап аз кисаи хеш ҳаштод рубли ҳамонвақта, ки хело пули калон буд, бароварда, ба Роҳила дод ва хоҳиш кард, ки ҳар рӯз ба бемор ҳар чӣ лозим аст, харида бубаранд. Роҳила ҳамроҳи фаъолони донишгоҳ аз рӯи гуфтаҳои ректор амалӣ карда, бо навбат аз ҳоли Мусофири ҷавон хабар мегирифтанд.

Ҳамин буд, ки Мусофир дар як муддати кӯтоҳ шифо ёфта, ба назди ҳамсабақонаш бо таъби хӯшу болида баргашт. Ӯ аз роҳбарияти донишгоҳу ҳамдарсон хело миннатдор буд.

Мусофир Набиев ҳам бо баҳои аъло мехонду яке аз фаъолони корҳои ҷамъиятии донишгоҳ буд. Донишгоҳ ба ӯ барои дониши аълояш стипендияи хуб медод. Ӯ дар баробари ширкати фаъолона дар семинару конфронсҳои илмӣ, ки аз тарафи донишгоҳ доир мешуд, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ очерку мақола менавишт.

Ҳангоми дар курси болоӣ таҳсил кардан Мусофирро барои таҷрибаомузӣ ба рӯзномаи "Тоҷикистони сурх", ки баъдтар "Тоҷикистони советӣ" ном гирифт, ба таҷрибаомӯзӣ мефиристанд. Аввал бо муҳаррирони рӯзнома Қодир Наимӣ ва баъдтар бо Ғоиб Қаландаров кор мекунад. Истеъдоди ин ҷавони бо ғайрат ба Ғоиб Қаландаров хуш меояду ӯро барои кори доимӣ дар рӯзнома мегирад.

Акнун Мусофир ҳам дар курси охирини донишгоҳ мехонду ҳам дар рӯзнома кор мекард. Пас аз хатми донишгоҳ соли 1955 пурра ба кори рӯзноманигорӣ гузашт.

Роҳила дар курси охирини донишгоҳ мехонд. Ҳангоми таътили тобистона Роҳила бо як гурӯҳ ҷавондухтарони ҳамшаҳраш аз вилояти Ленинобод, ба поезди Душанбе-Ленинобод билет гирифта, барои сафар тайёрӣ дида, ҷомадонҳои худро бо тартиб меоварданд.

Мусофиру рафиқонаш, ки донишгоҳро хатм карда буданд, ҳанӯз дар хобгоҳ зиндагӣ мекарданд. Мусофир барои хатми донишгоҳ ва хурсанд кардани наздикон зиёфат ороста ва Роҳилаву дугонаҳояшро ҳам пеш аз сафар барои як пиёла чой таклиф намуд. Вақте ки духтарон вориди ҳуҷраи Мусофир шуданд, мизи оростаеро диданд, ки пур аз нозу неъмат буд. Пас аз зиёфат Мусофиру рафиқонаш ҷомадонҳои духтаронро бардошта, онҳоро то вокзали роҳи оҳан гусел намуданд.

Ана, ҳамин вақт Мусофир аз фурсат истифода карду ба Роҳила изҳори муҳаббат намуд. Роҳила аз ин таклифи ногаҳонӣ моту ҳайрон гашт. Аз шарм рухсораҳояш арғувонӣ шуда буданд. Ба таклифи Мусофир баъди чанде хомӯшӣ "модарам медонанд" гуфт шармгинона.

Мусофир ба ҷомадони Роҳила қоғазпечаеро гузошта, хоҳиш кард, ки онро ба модараш расонад.

Роҳила ба поезд нишаст. Ӯ тамоми роҳ банди фикр буд ва аз дил мегузаронид: Охир аҳли оилаи онҳо ба ҷавони дигар маҳал духтар додан намехоҳанд. Оё модараш ба ин розӣ мешуда бошад? Агар рафту розӣ нашавад чӣ?

Бо чунин андешаҳо чӣ тавр як рӯзу як шаб гузашту ба истгоҳи охирин расиданд, ҳеч нафаҳмид.

Ҳангоми ба хона омадан, Роҳила пораи қоғазпечи Мусофир додаро кушод. Даруни он дар як дастмолчаи крепдишин мактубе ба номи модар навишта буд, ки бо чунин сатрҳо оғоз меёфт: "Салом модарҷони азиз,"

Модари Роҳила, ки зани босаводу бо фарҳанг буд, номаи пур аз сузу гудоз ва бо самимият навиштаи Мусофирро мехонду аз чашмонаш қатраҳои ашк ҷорӣ мешуд.

Ҳаёту саргузашти ятимбачаи бекас модарро ба риққат овард. Дилаш барои ӯ месӯхт, ки ашки чашмонашро дошта наметавонист.

Ба таклифи издивоҷи Мусофиру Роҳила ҳамаи хешон зид буданд, ба ғайр аз модар. Чунки Мусофир аслан аз ноҳияи кӯҳистони Айнӣ буду дар синни хурдсолӣ аз падару модар ятим монда, дар хонаи бачаҳои ноҳияи Шаҳринав тарбия ёфта буд.

Модар аз Роҳила пурсид, ки оё ӯ барои чунин шахс ҳамсари хуб шудан метавонад: "Чунки чунин одамон нозук буда, дили онҳоро ба даст овардан кори осон нест. Агар ту аз уҳдаи ин баромада тавонӣ, ман розиям, ки бо ӯ хонадор шавӣ. Пеш аз тасмим гирифтан, хуб фикр бинамо. Зиндагӣ кори мушкил аст. Якрӯзаву дурӯза нест. Ятимонро дилозурдан ҳам кори хуб нест…"

Роҳила пас аз андешаҳои зиёд, ба Душанбе омаду бо розигии модар 23 октябри соли 1955 ҳамроҳи Мусофир арӯсӣ кард.

Мусофир Набиев аллакай корманди тамомвақти рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" буд. Наварӯсон иҷора менишастанд. Пас аз шаш моҳи зиндагии муштарак Мусофирро ҳамроҳи журналисти ҳамкораш Фотеҳхон Исоӣ ба шаҳри Вольчанскии вилояти Харков ба хидмати аскарӣ бурданд.

-Муддати дар хидмат будани Мусофир, ки ман донишҷӯй будам, роҳбарияти рӯзнома, чанд маротиба ба хабаргирӣ омада, яксола пули иҷораи хонаро пешакӣ дода, дар таъмини маводи ғизоӣ ёрӣ мерасонданд - бо ҳасрат аз он рӯзҳо ёд мекунад Роҳила.

Мусофир аз хидмат баргашта, корро дар рӯзнома давом дод. Аз соли 1955 то соли 1959 дар рӯзнома сардори шуъбаи адабиёт ва санъат буд. Соли панҷоҳу нуҳум съезди занон шуду барои тезтар тайёр намудани шумораи навбатии маҷаллаи "Занони Тоҷикистон" собиқ муҳаррири ҳамон вақтаи маҷалла Сабоҳат Шарипова аз раҳбарияти рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" хоҳиш намуд, ки дар ин кор ба ӯ кумак расонад. Редаксия Мусофири ҷавону чусту чолокро, ки қалами бурро дошт ба ёрии маҷалла фиристод. Маҷалла саривақт ва хонданӣ чоп шуд.

Қалами тезу хислату рафтори Мусофир ба сармуҳаррири маҷалла хеле хуш омад, аз ин рӯ ӯ ба воситаи Кумитаи марказии ҷумҳурӣ Мусофир Набиевро пурра ба кори маҷалла гузаронданд. Аввал ҳамчун мудири шуъбаи адабиёт ва санъат баъд, ҷойнишини сармуҳаррир шуда, то охири умри худ дар он фаъолият кард.

Ҳангоми дар маҷалла кор кардан, ӯ ҳамчун мутахассису донандаи забони русию форсӣ, ба ҳайси тарҷумон аз соли 1961- то соли 1963 дар Афғонистон кор кардааст. Ахбори аввалину воқеаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ бо қалами ин қаламкаши  оташинсухан дар маҷалла нашр мешуд.

Мусофир Набиев аз ҷумлаи рӯзноманигорони хушқалам, хушкор ва соҳибтаҷрибаи мо буд. Тамоми умри пурбаракати ӯ баҳри ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷомеъа, тарбияи ватандӯстонаи насли ҷавон, дар сари дафтару қалам сарф гардид. Якдилу якҷо дидани миллати тоҷик ормони дили ин марди наҷиб буд. Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро мароми кору рӯзгори худ медонист.

Ӯ рафт, аз ӯ ҳазлу мутоиба, чанд китобу авроқи парешон, фарзандони соҳибдилу меҳрубон, як боғи пур аз ниҳолу буттаву райҳон боқӣ монд.

Ӯ дорандаи ду грамотаи Президуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва як қатор медалу раҳматномаҳост.

Ҳоло панҷ нафар фарзанди ӯ номбардори падари хешанд.Аз фарзандон танҳо Бунафша касби падарро интихоб кард. Ӯ ҳоло дар котиботи роҳи оҳани Тоҷикистон кору фаолият мекунад.

Ҳамсари Мусофир Набиев Роҳила Набиева, як умр бо тарбияи насли ҷавон машғул аст. Ӯ пас аз хатми донишгоҳ бо дархости Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ ба симмати муҳаррир тарҷумон ба кор омада, то соли 1967 дар он ҷо кор кард. Сипас дар Институти забони Академияи илмҳои Тоҷикистон, кафедраи библиографияи забони донишгоҳи ҳунарҳои зебо, мудири кафедраи забон дар донишгоҳи омӯзгории пойтахт ва мудири кафедраи Институти такмили ихтисоси муаллимон ва колеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе кор кардааст.

Муаллима Набиева ба сину соли худ нигоҳ накарда, то ҳанӯз бо коллеҷи омӯзгории пойтахт робита дорад. Ӯ номзади илмҳои филологӣ, дотсент, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Синни муаллима Роҳила Набиева аз 70 гузаштааст. То имрӯз он дастмолеро, ки бори аввал ҳамсари азизам ба ӯ тӯҳфа карда буду аз он зиёда аз 50-сол гузаштааст, ҳамчун рамзи ишқу муҳаббати пок нигоҳ медорад. Ҳар дафъа дидани ин тӯҳфаи хоксорона саҳифаҳои ҳаёти ширину рангини муаллимаро варақгардон мекунад.

Тоҷинисои Азиз, 

махсус барои «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97