Гиряи гулҳо бар марги бародари ғурамаргам

Таърих 07.08.2012 08:00

Гиряи гулҳо

polisarodariАз даргузашти бародарам, Сайидхуҷа Толибов як сол гузашт. Аммо барои ӯ  то умре, ки дорам месузам. Бар марги илоҳии вай не. Бар ёди хубиҳои ӯ, ашк мерезам. Ба ёдаш меорам, дилам гум мезанад. Боварам намеояд, ки ӯ мурдааст. Зеро ӯ марде буд, беозор ва дурандеш. Инсони комил ва  фариштахисол. Гоҳе ба андеша фурӯ меравам, ки мурдани фарзанди падар чӣ қадар сахт будааст. Ҳаргиз ғамҳояш аз дилҳо берун намеравад. Ба қавли шоир ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст. Ҳатто сунҳорам, ки тозаарус аст, дар ин муддат ҷавоҳироти худро як сӯ гузошт. Як сол пур мешавад, ки дар хонаамон бар рӯи оинаи нилгун матои сафед кашида шудааст. Бисёриҳо маслиҳатам медиҳанд, ки ин хуб нест ва бояд шукрона кард…

Аммо ягона таскини дилам ҳар саҳар ба маҳали фоҷиа соҳили Сурхоб рафтану ба он ҷо гул бурдан аст. Гулҳои зебо, ҳарранга, ки гӯё бар мотами ман ғамшариканд ва бо ман ҳамроҳ бар марги бародари ормонию ҷавонмаргам мегирянд.

Фақат, Сайидхуҷа  бародарам набуд, балки болотар аз он ҳисобаш мекардам. Марде буд паҳлавон, ботамкин ва ҳамеша бо табассумҳои ширин. Дар замоне, ки мушкилоти рӯзгор то ҷое меҳри бародариву хешу табориро дар ҷомеаи мо  костааст, аммо додарам Сайидхуҷа ҳамеша дар паҳлӯям қарор дошт ва бе маслиҳати ман кореро анҷом намедод. Ҳарчанд, ки борҳо таъкидаш мекардам, ки ту марди солор шудаӣ ва дигар  худ  мустақилона метавонӣ  дар ҳама корҳоят тасмим бигирӣ, аммо  ба гардан намегирифт ва  ҳамеша  фикри ман дар зиндагии ӯ нақши калидӣ дошт.

Андар суроғи ёр

Ӯ ҳамагӣ баҳори 44-уми умри худро пушти сар мекард. Фоҷиаи Сайидхуҷа шаби 12-июни соли 2011  ба вуқуъ пайваст. Шабе буд, ки  дар назарам то ба имрӯз дарозтар аз қарн метобад. Шабе буд, шаби наҳс, ки моҳтобу ситорагон  низ дар осмон ғуруб карда буданд ва шояд марги чунин ҷаҳонпаҳлавонеро дидан намехостанд.

Бародарам Сайидхуҷа корманди БДА дар ноҳияи Рашт буд. Чун дар тобистони соли гузашта  ҳайати кормандони ин ниҳод дар як ҳолати омодабош қарор доштанд, ӯ ҳамагӣ барои як соат рухсат гирифта, ба дидорбинии наздикон ба зодгоҳи худ шаҳраки Навобод омада буд. Дар лаби кати хонаи ман тут хурдем. Аз тути дастниҳоли  бародарам. Хеле ҳам хушҳол менамуд, ки аз ин ниҳоли хушқаду бар раҳгузарон ҳам ком ширин мекунанд ва чӣ қадар имсол ҳосили хуб бастааст.

Баъди чанде нишастан ҳамроҳи Сайидхуҷа бо ҳам худоҳофизӣ  намудем. Аммо чӣ эҳсосе фароям гирифт, ки бори дигар ба ӯ занг задам, то дигарбора диданат мехоҳам. Аз гӯшии телефон хандаи хуши ӯро шунидам, ки гуфт, "ака, боз чӣ корам дорӣ?" Ӯ ба мошине, ки баъди бозгаштам аз Русия барояш тӯҳфа карда будам, ба хонаам омад. Гуфтам, ки дар рафтанат борон тарат накард? Гуфт, ки на. Бо ҳам боз каме нишастем ва дар ин айём осмонро сиёҳӣ фаро гирифт. Садои тундару чароғак  ва боридани жолаи шадидро дар рӯи кат бо ҳам назора кардем. Дар умри 50 солаам чунин шамоли сахт ва боронро дар зодгоҳам Навобод дар ёд надорам. Аз куҷо медонам, ки  ин ҳама бало азизтарин касамро аз ман ҷудо месозад. Ҳаво оҳиста-оҳиста ором мегирифт ва дари мошинашро бо дастони худам пушонида Сайидхуҷаро гусел намуда, аз куҷо медонистам, ки ин дидори вопасинам бо бародарам ва бо ҷону ҷигарам будааст.

Сайидхуҷа ба кор  рафт. Ба дунболи жола, ба дунболи боронҳои сел ва ба пешвози марг. Аммо, мутаассифона, ӯ ба ҷойи кор нарасид. Нарасиданҳои ӯро аз ҳамсараш фаҳмидам. Баъди як соат ҳамсараш  занг зад, ки Сайидхуҷаро аз ҷойи кораш мепурсанд. Ҳарчанд  вай  гуфтааст, ки як соат шуд, ки ба кор рафтааст, аммо ҳамкорон дар ҷавоб ба занаш фаҳмонидаанд, ки ӯ ҳанӯз нарасидааст. Аз ин хабар дар дилам алов уфтод. Тақрибан соатҳои 10-и шаб буд ва ба хонаи ҳамсоя давидам. Ӯро аз мушкили худ хабар кардам. Бечора ҳамсояам Мустақим Абдуллоев гапамро ду накард, гарчанде дар хонааш бемор дошт. Аз ҷояш хест ва мошинро даргиронд. Фикр кардам, дар ин селборон шояд ба кор нарафта бошад. Аз ин рӯ, аввал тамоми хонаҳои пайвандону наздиконро дар Навобод хабар гирифтем. Ӯро наёфтем. Ба хонаи худаш рафтам, аммо дилам нашуд кӯда конашро аз хоби ноз бедор созам. Бо каме таваққуф пас гаштам. Охирин умед дар Навобод барои ёфтани додарам, ин ҳамкори ӯ Шодмон буд. Хабар доштам, ки Шодмон бо ҳамсинфонаш аз 20-солагии хатми мактабашон  таҷлил мекунанд. Бинобар ин дар он соат ба Шодмон занг задам, гуфт, ки Сайидхуҷа бо мо нест ва бояд тибқи ҷадвали навбатдорӣ дар ҷойи кор бошад. Дар суроғи бародарам ба сӯи Ғарм ба роҳ баромадем. Он шаб ҳаракат дар шоҳроҳ пас аз селхезиҳои шадид мушкил гашта буд. Дар  баъзе қитъаҳои роҳ лойю гил ба ду ваҷаб мерасид ва равуои мошинҳоро мушкилтар месохт. Дар маҳали Буни гирдоб, ки сели вазнин омада буд, аз тарафи Ғарм 30 мошин ва аз тарафи Навобод 10 мошин дар банди роҳ дармонда буданд. Бо ин ҳама мо ба Ғарм расидем. Ногаҳ дар Ғарм назди хонаи хоҳарам мошинеро дидам, ки ба мошини бародарам монанд буд. Хурсанд шудам, ки Сайидхуҷа ин ҷо будааст, аммо бо наздиктар шудан ба мошин фаҳмидам, ки иштибоҳ кардаам. Дар Ғарм ҳаросон ба ин сӯву он сӯ медавидам. Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва чанд маҳалли дигарро суроғ кардам, ки касе дар куҷо будани Сайидхуҷаро намедонист.

Гул ба дарё рафта буд

Дар бозгашт, ки субҳ медамид, ба худ суол кардам, ки чаро то ба ин дам маҳали сел ва лаби дарёро хабар нагирифтаам. Дилам гувоҳӣ дод, ки бародарамро маҳз дар ҳамон ҷо ҳодисае шудааст. Мустақим дилбардориам кард ва гуфт, ки даҳони хунукатро шамол барад, бародари туро сел нагирифтааст. Аммо истодагарӣ кардам ва  мошинро дар Буни Гирдоб, ки он ҷо сел омада буд, қарор додам. Аз болои бора дар лаби соҳил чизе наменамуд. Поён шудам, дидам, ки бародарам рӯи санге нишаста, даст зери манаҳаш рӯ ба сӯи қибла менигарад ва гӯё ба андеша фурӯ рафта, Сурхобро тамошо дорад. Садояш кардам, ҷавобе нашунидам. Ба пешаш давидам, ӯро ба оғуш гирифтам, алакай шох шуда буд. Дар он лаҳзаҳо дунё дар назарам торик шуд, қасд кардам то худро ба дарё партоям. Аммо танҳоии додари нозанинам лаби соҳил, ки рӯи санг чун ҷаҳонпаҳлавоне менамуд, пеши назарам омад ва бозгаштам, дигарбора додари ғӯрамаргамро ба оғӯш гирифтам, фарёд задам, талх гиристам.  Мустақимро гуфтам, ки ҳама хешу таборро тариқи телефон хабар соз, ки додарам мурд.

Наҷот

Пас аз як соати худоҳофизӣ дар он шом бародарам ба фоҷиа дучор шудааст. Бо расидан ба маҳали Буни Гирдоб замоне,ки мошинҳо он ҷо дармонда будаанд, шоҳидон мегӯянд, ки Сайидхуҷа  аз мошин поён шуда, дар бехатарии ҳаракати нақлиёт саҳм гирифтааст. Яке аз охирин нафароне, ки ӯро зинда дида буд, ин ронанда Шодӣ мебошад, ки мегӯяд: "Борони сахт меборид ва рӯи роҳро сангу рег пур карда буд.Ин нотарсӣ ва ҷавонмардӣ ва масъулиятшиносии Сайидхуҷа буд, ки аз мошин поён шуда, дар танзими ҳаракати нақлиёт дар он шаби зулмот саҳм гирифт. Мо гузаштем ва Сайидхуҷа, ки ба Ғарм мерафт дучори сел ва бо мошинаш ба дарё рафтааст. Фақат мо субҳ фаҳмидем, ки ӯ ба ин фоҷиа гирифтор шудааст". Мошин ба қаъри дарё рафта, аммо додарам, ки тануманд буд, бо нируи паҳлавонии худ аз дарё бо чанд ҷароҳат пирӯзмандона берун шудааст. Ба тахмини ман баъди баромадан аз об ду соат Сайидхуҷа дар талоши ҳаёт бо марг дасту панҷа нарм намуда, дар интизори он ки кай бародарам меояд ва маро аз ин ҷо  мебарорад. Аммо хок бар сарам, ки дар он нимашабӣ бехабар аз назди сел, аз маҳали фоҷиа гузаштам ва надонистам, ки  дар поён, дар лаби соҳил  ҷигарам, додарам хаставу муҳтоҷи кумак аст. То ин дам ӯ зинда будааст. Аммо хунравии зиёд ӯро бемадор ва оқибат ба марг расонидааст.Ин ҷо ҳамон байт ба ёд меояд, ки:

Бузургон ҳар куҷо овора миранд,

Батадбиранду худ бечора миранд...

Аксари ронандагон имрӯз дар минтақаи Рашт аз ӯ ба некӣ ёддоварӣ мекунанд. Аз он ифтихор дорам, ки ҳамагон дар ҳаққаш дуои хайр менамоянд. Дар ду моҳи пеш дар маҳаллаи ДОК-и Душанбе ба сӯҳбати ду нафар мусофире гуш додам, ки аз бародарам сифат мекарданд. Вақте фаҳмиданд, ки ӯ додари ман аст, яке ашк рехт ва  дигаре гуфт, ки Сайидхуҷа ба маънои томаш мард буд. Ва ронандаи хатсайри Ғарм-Навобод Муқимҷон Хоҷаев беҳтарин хислати бародарамро дар дурандеш будани ӯ арзёбӣ кард.

Ситораҳо ғуруб намекунанд

Аз ҳамин минбар истифода бурда ба ҳама ҳамкорони бародарам, махсусан, ба Ҳикмат Ибодов сардори шӯъбаи БДА дар ноҳияи Рашт арзи сипос менамоям, ки бо шунидани ба кор наомадани бародарам то як поси шаб бо ҷамъе аз ҳамкоронаш барои ёфтани ӯ талош кардаанд. Дар соати 12-1-и шаб, алорағми мушкилоти роҳ ва борони сел  ба хонаам Темур Хушов ва як нафари дигар аз ҳамкоронаш омаданд, ки аз онҳо миннатдорам.

Хубиҳои додарам дар хотироти ҳамкасбон ва мардум вирди забонҳост. Дар хотироти дӯстону ҳамкорон он чи мондааст,ки ӯ ҷавонмарде, буд, ки калимаи  «не»-ро намедонист ва бинобар ин аксари корҳои муҳимро ба ӯ бовар мекарданд. Сайидхуҷа аз худ 5 фарзанд ба мерос монд. Фарзанди охиринаш  пас аз ду моҳи марги ӯ ба дунё омад. Мегуфт, ки агар писар шавад, номи Абубакрро дӯст дорам. Васияташро  иҷро кардем ва  ба писараш  Абубакр ном гузоштем.

Хонандаи азиз, он чи ки гуфтам, як таскини қалб буд. Бузурге   дуруст гуфтааст, ки фарзанди падар меваи ноёфтанист. Бинобар ин гуфтаниам, ки ба қадри бародарону хоҳарон ва наздикон ва ба қадри инсонҳои хуб бирасед. Онҳоро дӯст доред ва  барои моли дунё шуда, муносибати худро  бад насозед. Зеро дар ин дунё ҳама чиз ёфт мешавад, ба ҷуз фарзанди падару наздикону пайвандони ба қадри одам мерасида. Бародарам  моро бо мо гузошт ва худ рафт ба олами дигар. Рӯҳаш шоду ҷояш ҷаннат бод. Гӯё ин мисраҳоро  шоир барои азизи дили мо,  Сайидхуҷа  гуфта бошад:

Чи зуд рафт, худоё, Сайидхуҷа хуб накард,

Ситорае буду дурахшид, вале ғуруб накард.

С. Толибов, сокини н. Рашт

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97