Кулвори сафари Сайф китоб буду бас

Таърих 16.07.2012 13:34

Сайфи навҷӯ

Fayz_RahimzodМаъмурияти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳозира "Донишгоҳи миллии Тоҷикиcтон" бо дарки заковати баланд муҳаббати зиёди Сайф Раҳимзод нисбати киною телевизион ва хоҳиши бисёр зиёди ӯро ба телевизиони Тоҷикистон роҳхат доданд.

Бояд гуфт, ки минбаъд ин дастгоҳи тарғиботи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон таърих, адабиёти миллӣ минбаъд  оғози фаъолияти ин ҷавони бомаҳорат ва заковатманд гардид.

Сайф Раҳимзод баробари таҷрибаомӯзӣ дар ин даргоҳ маҳорати фавқулодда нишон дода, дар як муддати нисбатан кӯтоҳ бо дастгирии собиқадорони телевизион Шоҳин Боев, Мирзо Наимов, Искандар Мирзоев ва бисёри дигарон нозукиҳои кор кардан дар телевизионро омӯхт.

Номбурдагон ба маҳорати баланди Сайф Раҳимзод мароқ зоҳир намуда, барои дар оянда яке аз журналистони бо маҳорат ба воя расидани ӯ, эътимоди зиёд ҳосил карданд.

Аз ҷустуҷӯ ва талошҳои зиёди Сайф Раҳимзод ҳувайдо буд, ки ӯ бо нахустин дастовардҳои худ қаноатманд шуда наметавонад. Ӯ мекӯшид, ки чизи наве офарад, то ин ки қабл аз вай дар телевизион дигарон наофарида бошанд.

Бо ин мақсад Сайф Раҳимзод бо фозилтарин кормандони телевизон унс пайдо мекард ва аз онҳо меомӯхт ва пайи сайқал додани эҷодиётӣ худ мекӯшид.

Барои Сайф чил ҳунар кам буд

Сайф Раҳимзод дорои хислати наҷибе буд. Ӯ ҳамеша дар такоп?, ҷустуҷӯи маънӣ ва шинохтани қиёфаи инсонҳои наҷиб буд. Номбурда талош менамуд, ки бештар омӯзаду эҷод намояд то ин ки умри додаи офаридагорро зоеъ нагузаронад.

Аз қиёфа ва ҷустуҷӯҳои Сайф Раҳимзод аён буд, ки баробари эҷод кардан тамоми нозукиҳои телевизионро омӯзад. Ва ҳамин буд, ки ӯ бо мақсади омӯхтани касби наворбардорӣ аз касби муҳаррирӣ даст кашид. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Ӯро ёвари наворбардор гузарониданд.

Дар ин ҳолат сармуҳаррири саридораи "Ахбор"-и телевизион Илё Илёбоев аз ин нияти қавии Сайф Раҳимзод огаҳӣ пайдо карда, аз ӯ пурсиданд: "Сайф, охир Шумо қобилияти хуби эҷодӣ доред, қаламатон ҳам буро, ин танҳо фикри ман нест. Чаро мехоҳед, ки тарки эҷод карда, наворбардор шавед?"

- Муаллим,- гуфт Сайф Раҳимзод; - дар телевизион тамоми бахшҳо эҷодиянд. Ман мехоҳам он чизе дар дил дорам ва он чизе ки дар эҷодиётам меҷӯшад, бевосита худам рӯйи навор биоварам. Ба як мард чил ҳунар кам аст гуфтанд бузургон.

Илё Илёбоев дарк кард, ки Сайф Раҳимзод қарори қатъие қабул кардааст, ки аз райъи худ пас гаштан намехоҳад.

Акнун Сайф Раҳимзод баробари қалам дар даст дастгоҳи наворбардорӣ ҳам дошт.

Наворбардорони бо маҳорат Ботур Қобилов, Саъдулло Шагнамов, Камол Бузруков ба Сайф Раҳимзод нозукиҳои касби наворбардориро меомӯхтанд.

Ҷаҳду талошҳои Сайф Раҳимзод бо хоҳиши аз худ кардани тамоми жанрҳои хабар ӯро водор кард, ки то андозае маҳорати коргардониро низ омӯзад.

Ин ҳама ба фаъолияти  минбаъдаи ин ҷавони воқеъан лаёқатманд ба кор омаданд.

Моҳҳо ва солҳо мегузаштанд, мавқеъи маҳорати Сайф Раҳимзод дар телевизиони тоҷик қавитар мегардид, доираи эҷодиёти ӯ васеъ мешуд. Офаридаҳои Сайф Раҳимзод бинандагони худро пайдо мекард. Дар аксар ҷамъомадҳо кормандони телевизион ба офаридаҳои Сайф Раҳимзод таҳсин мехонданд ва дигаронро даъват мекарданд, ки аз чунин эҷодкорон ибрат гиранд.

Сайфи иҷорашин

Баробари ин қадар часпу талошҳо, давиданҳо, ҷустуҷӯю омӯхтанҳо ва офариданҳо Сайф Раҳимзод манзили зист надошт, иҷорашин буд.

Солҳои роҳбарии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистонро ба уҳда доштани шодравон Ғоиб Қаландаров барои банда, яъне муаллифи ин сатрҳо аз кӯчаи Зафар манзили зист ҷудо карданд. Дар ин манзил, ки ҳамагӣ аз шаш метри муррабаъ иборат буд, Валентина Бикова, ки ҳамкори мо буд, истиқомат менамуд.

Дар ин кулбаи хурдакак ман қариб бо фарзандонам зистам. Дар ин миён бо кормандони Раёсати манзилӣ як марди курд Манаф Нодиров ва роҳбари ин муассиса Шоҳдавлатов дӯстӣ пайдо кардем. Онҳо аз шароити  манзили ман огоҳӣ дошта ва кӯшиш мекарданд, ки дар ҳолати пайдо шудани андак фурсат барои ман манзили дигаре пайдо намоянд.

Ва ҳамин тавр ҳам онҳо барои ман манзили нисбатан беҳтарро пайдо намуданд.

Кулбае, ки қаблан ман мезистам, холӣ шуд. Аз ин рӯйдод сармуҳаррир Илё Илёбоев огаҳӣ пайдо карда, аз ман хоҳиш кард, ки ҳамин кулбаи холикардаамро ба Сайф Раҳимзод бидиҳам. Ин иқдом аз дилсӯзии ин марди наҷиб гувоҳӣ медод.

Ин таклифро ман хуш пазируфтам ва ба ном хонаамро ба Сайф Раҳимзод пешниҳод кардам. Сайфро аз ин иқдоми ман хеле табъаш болида гардид ва хост бар ивази пешниҳод кардани манзил ба ман чизе туҳфа намояд.

Ман дар навбати худ гуфтам, ки бар ивази ин кулба аз Шумо чизе талаб надорам. Лекин Сайф Раҳимзод ба ҳолам намонда, як плаше, ки низомиён мепӯшиданд, бароям туҳфа кард. То ҳол дар хотирам аст, ки он плаш 54 - сӯм арзиш дошт.

Пас аз ин баробари ҳамкор будан, дӯстии мо боз ҳам қавитар гардид.

Ошёни наздик ба Худо

Бисёриҳо вобаста ба ҳамнасаб буданамон гумон мекарданд, ки мо бародарем, лекин мо танҳо ҳамнасабу ҳамкор будем. Ҳарду оила чанд сол дар кӯчаи Зафари шаҳри Душанбе ба сар бурдем. Пас аз чанде бо талошҳои зиёде раиси Кумита руҳашон шод бод Ғойиб Қаландар барои кормандони Кумитаи давлатии телевизион ва радио аз маҳаллаи 33 - юми пойтахт манзили зист ҷудо карданд. Аз ин ҳисса ба ман ва Сайф Раҳимзод низ насиба расид. Барои ҳар дуи мо аз ошёнаи ҳафтум ду манзили се ҳуҷрагӣ ҷудо карданд,  ин таззоди тақдир  буд. Пас аз гирифтани ҳуҷҷатҳо Сайф  Раҳимзод бо табассуми ба худ хос ва шухиомез гуфт, ошёнаи ҳафтум ин ба Худованд наздиктар аст. Акнун баробари ҳамкор будан ҳамсоя низ шудем.

Аз Афғонистон аксар "Волга" меоварданд, Сайф китоб

Сипас Сайф Раҳимзодро ба ҳайси тарҷумон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон фиристоданд. Дар ёд дорам бисёр шиносҳои ман, ки рӯзноманигорон буданд пас аз бозгашт аз Афғонистон мошин харидорӣ мекарданд. Лекин Сайф Раҳимзод  ин тавр намекард. Дар ёд дорам, ки дар яке аз бозгаштҳои худ аз хоки Афғонистон Сайф Раҳимзод чанд ҷомадон ва чанд бухчаи пур аз китоб овард. Пурсидам ин қадар китоб барои чӣ лозим, ӯ суханамро бурида гуфт: "Китоб ганҷинаест, ки садсолаҳо ба кор ояд, молу чиз аз байн меравад, вале китоб то абад боқӣ мемонад.

- Дурст, дуруст,- гуфта, суханҳои Сайфро тасдиқ намудам.

Сипас боз суханро Сайф Раҳимзод идома кард. Кулвори сафари шахси фозил бояд аз китоб иборат бошад, чунки инсон аз каломи бадеъ руҳи тоза мегирад ва дар ҳар маҷлис худро фақиру нодон намедонад.

Хуб гуфтед Сайф панди шумо ба панди бузургон баробар аст.

Оё Шумо намедонед, ки дар баъзе мамлакатҳо ҳангоми роҳравӣ дар дохили автобусу ҳавопаймо ва қатор китоб мутолеъа менамоянд, ки онҳо дорои фаҳмиши баланд мебошанд. 

Бо гузашти айём шӯҳрати Сайф Раҳимзод ҳамчун нависанда, муаллифи филмномаҳо бештар гардид ва дар маҳфилҳои  адабӣ ӯро зиёд ном мегирифтанд. Ба эҷодиёти ӯ баҳои баланд медоданд. Эҷодиёти Сайф Раҳимзод тобиши нав пайдо карда, хонандаи худро пайдо менамуд.

Сайф дар замони Истиқлолу Сулҳ

Ҳаёт пеш мерафт барои инсон офаридаҳои нав ба нав зарур буданд. Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷодиётӣ Сайф Раҳимзод фарохтар гардид.

Ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъул  тайин карда, барои баланд бардоштани  соҳа дар назди Сайф Раҳимзод мегузошт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайф Раҳимзодро ба вазифаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.

Пас аз ба ин вазифа омадан баробари вуҷуд доштани мушкилиҳо дар намоишҳои телевизион ва гуфторҳои радио дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасид.

Телевизиони тоҷик дар тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наздик шудани имзои Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон нақши муҳим дорад.

Сокинони мамлакат ба талошҳои  Сарвари давлат дар бораи ҳифзи якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва ба хотима гузоштани муноқишаи ҷонибҳо бо эътимоди зиёд менигаристанд.

Бо мақсади истиқбол гирифтани гурезагон дар назди пули Хайратони шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳисоби кормандони телевизон гурӯҳи эҷодӣ ташкил карда шуд, ки ман низ ба ин ҳайат шомил будам .

Сайф Раҳимзод пеш аз ба сафар баромадан ба ҳайати эҷодӣ дастуру супоришҳо дод.

Ҳангоми ба сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон расидан намояндагони Ӯзбекистон хостанд автомобилӣ хизматии Созмони байналмилалии оид ба гурезагонро мавриди тафтиш қарор диҳанд.

Лекин намояндаи ин созмон сади роҳи онҳо шуда, нагузошт, ки автомобилро аз назар гузаронанд.

Ҳарчанд онҳо таъкид намуданд мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ мошини ин созмон мавриди тафтиш қарор нагирад.

Лекин ин суханони онҳоро намояндагону сарҳадчиёни Ӯзбекистон ба инобат нагирифтанд.

Гурӯҳи эҷодии мо маҷбур шуд, ки ба шаҳри Душанбе бозпас гардад.

Дар саҳни ҳавлии  телевизион ҷамъ омадем ва Сайф Раҳимзод аз ин хабар оташин шуда, тадбир меҷуст. Дар ин ҳолат ман пешниҳод кардам,  шояд аз тариқи минтақаи сарҳадии Айваҷи ноҳияи Шаҳритус иҷозат диҳанд?

Ин таклифро Сайф Раҳимзод ва намояндаи ин ташкилот пазируфтанд.

Дар ҳақиқат дар ин минтақаи сарҳадӣ ба гурӯҳи эҷодии мо ва намояндаи Созмони  байналмилалии оид ба гурезаҳо монеъа нашуд.

Ман ва наворбардор Саьдулло Шагнамов барои истиқболи гурезаҳо  ба ҷониби Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  роҳ пеш гирифтем,  муҳаррир  Абдуқодири Абдуқаҳҳор барои  пешвоз гирифтани гурезаҳо  дар минтақаи Айваҷи ноҳияи  Шаҳритус монд.

Пас аз гузаштан аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон  як рӯйдоде, ки  касе  интизор набуд пеши назар  омад.

Турнаҳо қатор бо садои баланд мавзеьҳои тобистонгузаронии худро тарк намуда гуё ба истиқболи идҳои тоҷик мешитофтанд. Аз Саьдулло Шакнамов хоҳиш кардам,ки ин лаҳзаро рӯи навор орад. Сипас роҳро дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон  идома додем.

Тақрибан чор панҷ километр гузаштан аз истгоҳи қаторҳои "Гулбаҳор"  қатора бо  гурезаҳои тоҷик ба сӯйи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекард.

Намояндаи Созмони байналмилалӣ ба ронанда амр кард, ки боспас гардад.

Ҳамин тариқ баробари қатора ба истгоҳи "Гулбаҳор" расидем.

Гурезаҳо ба мо аз паси тирезаҳои вагонҳо, ки ҳама симхор карда шуда буданд бо чашмони пур аз ҳасрат ва озурда менигаристанд.

Ин лаҳзаҳоро низ Саъдулло Шагнамов рӯйи навор овард. Пас аз иҷозат шудан вориди вагонҳои гурезаҳо шудем. Баъзе аз ҳамватанони мо ба боварӣ ба мо менигаристанд. Аз шодӣ дар чашмони онҳо ашк ҳалқа мезад. Чунки пас аз ғарибӣ ва мушкилиҳои зиёд кашидан онҳо ба ватан  меомаданд.

Дар дили баъзе аз онҳо то ҳол ноумедӣ ҳис карда мешуд. Дар ин лаҳзаи бисёр ҳассос яке аз гурезаҳо бо овози баланд садо кард "анна ба Тоҷикистони азизамон расидем", дар ин ҳолат аз  тамоми гӯшаи  вагонҳо садои шукрона ба гӯш мерасид.

Дар ноҳияи Шаҳритус  гурезаҳоро, ки асосан аз сокинони ин ноҳия ва ноҳияи Қубодиён иборат буданд бо хуррамию нишот истиқбол гирифтанд. Паз аз бурун омадан аз вагонхонаҳо мӯйсафеди нуроние, ки ва бо чанд нафари дигар аз хурсандӣ ба замини аҷдоди хеш бӯса мезаданд.

Хоки ин сарзамини муқаддасро ба рӯи дидаҳо мемолиданд. Сухан онҳоро гулӯгир  карда буд, онҳо ашки шодӣ мерехтанд. Банда ва Абдуқодири Абдуқаҳор "Бӯса ба хоки Ватан" намоиши телевизонӣ сохтем ва бо тавсияи Сайф Раҳимзод ҳолати ба мамлакатҳои гарм парвоз кардани турнаҳою тизераҳои симхоркашидаю истиқболи самимии гурезаҳоро чун рамзи аз зулмот ба рӯшнои барогаштани инсон дар ин намоиш ҷойи додем.

Сайф нагузошт, ки Исмоили Сомониро дар телевизион таҳқир кунанд

Чуноне, ки дар боло таъкид кардем, Сайф Раҳимзод намоишҳое, ки ғояи баланд надоштанд, чашми дидан надошт. Дар доираи таҷлили ҳазору садсолагии шоҳ Исмоили Сомонӣ аз тариқи телевизион як филми каммазмун пахш гардид, ки аз тамошои баъзе аз лаҳзаҳои ин филм табъи бисёр кормандони телевизион хира гардид. Чунки касбияти баланд дар он дида намешуд. Сайф Раҳимзод дар баробари дидани ин филм амр дод, ки  пахши он тавассути телевизион қатъ гардад. Онҳоеро, ки ба пахш кардани филм иҷозат доданд сахт сарзаниш намуд ва гуфт: "Наход чунин як шахсияти бузург сазовори чунин таҳқир бошад ….

Ӯ шитоб дошт, зеро вақт барояш қиммат буд

Бояд гуфт, ки Сайф Раҳимзод мехост ва кӯшиш  мекард, ки ҳар лаҳзаи ҳаёти худро бо самар истифода барад ва аз худ барои    халқу миллат ва ватан чизе боқӣ монад. Ёд дорам, як рӯз дар қабулгоҳ аз котиба хоҳиш кардам,  барои ба пеши Сайф Раҳизод даромадан як дақиқа иҷозат диҳад.

Котиба ҳайрон шуда гуфт: Оё дар як дақиқа ягон чиз ҳал карда мешавад? Гуфтам шумо ба ақрабаки соат нигаред, агар аз як дақиқа зиёдтар вақти раисро гирам, дигар ҳеҷ гоҳ маро ба назди он нафар даромадан намонед.

Хуб гуфт ва табассум кард котиба ва ҳисоб кард вориди утоқи корӣ раис шудам. Салому алек кардем ва як тасбеҳро, ки аз Арабистони Саъудӣ оварда будам, ба раис тақдим кардаму худоҳофизӣ намудам. Охир камтар нишинед, гуфт раис.

Ман медонам, ки вақти зиёдатӣ надоред, хуш монед гуфтаму берун омадам. Котибае, ки ба ақрабаки соат менигарист хитоб кард. Холо Шумо дар ихтиёри худ 20-сонияи дигар вақт доред .

Ин бист сонияро ягон вақти дигар истифода хоҳам бурд, гуфтаму ба котиба ташаккур баён кардаму берун рафтам. Афсӯс, ки дигар он 20 сонияро ҳаргиз натавонистам истифода кунам.

Саидмурод Раҳимов,собиқадори телевизион,

Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97