Кас надонад, ки ман куҷо рафтам

Таърих 13.07.2012 10:25

Ёди беҳтарин дӯст Имомназари Холназар

Гиряи талхи Имомназар бар марги Лоиқ

Imomnazar-2Ӯ дар бозори ғизоии шаҳри Алма-ато харид мекард. Беҳтарин анвои ғизоӣ- меваҳои пеши бозорро мехарид. Барои  меҳмони азизаш. Барои меҳмоние, ки дер боз интизораш буд. Бояд ӯ фардо меҳмонашро аз Тоҷикистони азизаш пешвоз мегирифт. Дигар вақти бозорравӣ надошт. Аз ин рӯ як рӯз пеш ба ҳузур харид мекард.

Халтаҳои пур дар даст рафиқи тоҷикистонияшро дида, аҳволпурсӣ намуд. Рафиқаш сабаби ин қадар ташвишашро пурсон шуд. Имомназар бо як хурсандӣ, аз омадани меҳмони азизаш Лоиқ Шералӣ ба хонаи худ хабар дод. Ва гуфт, ки метавонед ба дидорбинии устод ба хонаи мо биоед. Рафиқаш, ки нав аз Тоҷикистон омада буд, бо ҳайрат ба Имомназар нигарист. Лаҳзае ҳарду хомуш монданд. Имомназар гумон кард, ки рафиқаш аз омадани шоири маъруф ба хонаи ӯ дар ҳайрат мондааст. Вале он рафиқ мебинад, ки Имомназар дар ҳақиқат бехабар аст, мегӯяд, ки "Имомназар, магар ту хабар надорӣ, ки як ду рӯз пеш устод Лоиқ дар гузаштанд".

- Эъ, нейе, - халтаҳои пурбор аз дасташ ба замин меафтад. Ӯ ба шунидааш бовар намекунад. Дар бозор халтаҳои пурборашро партофта, аз ҷигар фарёди ҷонгудоз мекашад, ки тамоми бозориҳо ба ӯ менигаранд. Ӯ дигар чизеро намедиду намешунид, чанд маротиба бозорро чарх мезанад, ки худ ҳам намефаҳмад.

Ӯ бо рангу рӯи парида, бо дастони холӣ ба хона омад.

Ҳамсараш аз дидани ӯ дар чунин аҳвол тарсид. Гумон кард, ки шояд бемории қандаш хуруҷ кардаааст.

Ҳамин вақт ба хонаи онҳо ҳамдарсаш Насибҷон Амонӣ, ки ӯ ҳам муқими шаҳри Алма-ато буд, омад.  Насибҷон низ дурустии ин хабари нохушро тасдиқ кард.

Имомназар акнун ба воқеият будани ин хабар бовар карда, талх гирист. Чуноне ки ҳамсараш Зебунисо мегӯяд, "гиряи сахту ҷонгудози мардро бори аввал дидам. Онро ҳам дар симои шавҳари худ".

Лағви сафар ба Алма-ато ва сафари охирати шоир

Охирҳои моҳи апрелу аввалҳои моҳи майи соли 2001 ҳамсари Имомназари Холназар, номзади илмҳои филологӣ Зебуннисо Душанбе меояд. Ва зимни ин сафар бо устод Лоиқ Шералӣ дидор дида, ӯро барои меҳмонӣ ва истироҳат ба хонаашон ба шаҳри Алма-ато даъват мекунад.

Устод даъвати Зебуннисоро, ки он даъвати Имомназар ҳам буд, бо хушнудӣ қабул карда, ваъда медиҳад, ки аввалҳои моҳи июн меҳмони онҳо хоҳад шуд. Баъдтар худи устод ба Имомназар занг зада, аз харидани билети ҳавопаймо дар кадом рӯз хабар медиҳад. 

Баъди билет харидан, устод ба дӯсташ адабиётшинос Сафар Абдулло, ки ӯ низ муқими ин шаҳр аст, занг зада, аз нияти омадани хеш хабар медиҳад.

Сафар Абдулло аз омадани устод ба шаҳри Алма-ато хурсанд мешавад ва маслиҳат медиҳад, ки агар устод моҳи август меомаданд, боз ҳам хубтар мешуд. Зеро ӯ ҳам ин моҳ ба рухсатии меҳнатӣ баромада, метавонанд, ҳар ду ҳамроҳ истироҳат бикунанд. Пас аз шунидани ин пешниҳод, устод розӣ шуданд, ки сафарашонро ба моҳи август ба тавқиф гузоранд. Зебуннисо, ҳамсари устод Лоиқ нақл мекунад: "Хеши наздики шоир Фарҳод, ки билетро харида оварда буд, онро боз бурда супорид".

Вале аз ин маслиҳати устод Лоиқ бо Сафар Абдулло Имомназар бехабар буд. Аз ин рӯ пас аз занги устод аз шодию хурсандӣ ҷойи нишаст пайдо намекунад. Ва як рӯз пеш барои харид кардан ба бозор меравад.

Шунидани марги бемаҳалли устод Лоиқ, дӯсти наздики хонадон барои аҳли оилаи Имомназари Холназар хело гарон буд. Он ҳам, дар ҳоле ки ӯ ва хонаводааш интизори меҳмондории ин шоири номварро доштанд ва хабари маргашро беногаҳ шуниданд. 

Ҳамин буд, ки ӯ ҳангоми ба Тоҷикистон омадан, ҳамроҳи аҳли оилааш аввал ба сари манзили устод рафтанду пас аз зиёрати марқади ӯ баъд ба хона омаданд.

Хона ба меҳмон гузошт…

Рӯзе, ки мо, як гурӯҳ дӯстон ба хабаргирии Имомназар рафтем, ӯву ҳамсараш тараддуди ҷое рафтан доштанд. Маълум шуд, ки он рӯз онҳо ба маросими чили устод мерафтанд. Гуфтанд, ки узри бисёр, мо тез ба хонаи устод рафта, бармегардем. Ва барои он ки мо пас наравем, моро даруни хона сохта, дари хонаро аз берун маҳкам карда, калидро бо худ бурданд.

Ҳангоми аз дар баромаданашон, Имомназар шухиомез гуфт, ки "то омадани мо, оши бурида тайёр бошад".

Азбаски онҳо нав ба хона омада буданд, чизу чораи хона ҳанӯз ба тартиб оварда нашуда буд. Ашё ёфта дар чунин хона душвор буд. Бо вуҷуди ин, мо кофта, кофта каме орд ёфта, онро завола гирифтему аз набудани тахтаву тиргак бо як азобе заволаро тунук карда, буридему пухтем. Дар ҳақиқат Имомназару ҳамсараш зуд баргаштанд. Баробари аз дар даромадан, Имомназар бӯи хуши райҳону пудинаро дар машом ҳис карду "баҳ-баҳ" гуфта, сӯи ошхона давид.

Деги пур аз оши буридаро дида, "занак, бин охир, дар дӯстони мо гап нест. Ҳазлу шухӣ кунӣ ҳам, ҷиддӣ қабул мекунанд".

Суҳбати мо, то дергоҳи рӯз давом кард. Имомназар дар бораи зиндагии ҳаштсолаи мусофирии худ дар шаҳрҳои Маскаву Ирон ва Алма-ато нақлҳои аҷиб мекард. Мо ӯро бо шавқ гӯш мекардем.

"Банкрот" шудани Имомназари "бизнесмен"

Ҳамсари Имомназар Зебуннисо, ки дар хидмати меҳмонон буду як- як ба гапҳои шавҳараш гӯш дода, луқма мепартофт, гуфт:

- Мардак, чаро дар бораи "бизнесменият" гап намезанӣ?!

Имомназар аз шунидани ин гап табассуми латифе карда, худро ба нодонӣ зад. Баъдтар фаҳмидам, ки дар Алма-ато як муддат ба тиҷорат машғул будааст. Аз шиноси иронияш ҳар гуна молро арзонтар гирифта, ба савдогарони тоҷик барои фурухтан тақсим мекардааст. Борҳоро бо пули нақд харида, бе пул тақсим мекард. Ҳарчанд ҳамсараш таъкид мекард, ки дар ин кор ҷиддитар ва сахтгиртар бошад. Имомназар бепарво мегуфтааст, ки "охир инҳо ҳамаашон тоҷикони худамон ку? Пуламро надода, куҷо мераванд?!"

- Ҳамин хел шуд, ки Имомназар дар муддати кутоҳи тиҷорат кардан, хеле қарздор гардид, ки агар ҳавливу мошинамонро мефурухтем ҳам, қарзамонро канда намешуд, - нақл кард ҳамсари ӯ Зебуннисо ва афзуд;

 - Гуфтам, ки мардак аз ту бизнесмен намебарояд, ба гапам гуш накард, ана оқибаташ ба чӣ анҷом ёфт.  Хайрият, ки ёру дӯстонаш буданду мушкилотамонро ҳал карданд, набошад чӣ мешуд ҳоламон, намедонам.

- Ана бубин, мисли имрӯз, - бо даст моро нишон дода, қоҳ -қоҳ хандида гуфт Имомназар.

Зодрӯзи Ӯ, бидуни Ӯ

Аз он вохурӣ аллакай даҳ сол гузаштааст. Имрӯз ин марди хоксору хушсухану ҳазлгӯву дӯсти беҳтарин, рафиқи ғамхор, агар зинда мебуд, 60 солагии ӯро ҷашн мегирифтем.

Китоби охирини ӯ "Аҷаб замонаҳое..", ки аз ҳаҷву истеҳзо иборат аст, оинаи зиндагии ӯст.

Имомназари Холназар бевосита идомабахши ҳаҷвнигории устод Фазлиддин Муҳаммадиев аст ва дар ҳамин сабк  минбаъд Аҳмадшоҳи Муҳаммадшоҳ ва Наҷмиддин Шоҳинбод рӯйи майдони ҳаҷв омадаанд, - мегӯяд, Қурбон Мадалиев, журналист ва нависандаи тоҷик.

Зеро вақте ки Имомназар китоби аввалини худ "Ҳар киву ҳар чӣ"-ро назди Фазлиддин Муҳаммадиев бурд, ӯ китобро хонда, мегӯяд, ки ман нахустин маҷмӯаи ҳаҷвиеро қалам назада, то охир бо шавқ хондам.

Сатрҳои нотакрори китоби Имомназарро мехонаму байти Ҳаким Саноӣ пеши назарам меояд:

Чанд рӯзе дар ин ҷаҳон будам,

Бар сари хок бод пай намудам.

Ман надонам, ки ман куҷо рафтам,

Кас надонад, ки ман куҷо рафтам.

Тоҷинисои Азиз, узви Иттифоқи журналистони

Ҷумҳурии Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97