Ҷанги шаҳрвандӣ орзуҳоро бо худ бурд

Таърих 18.06.2012 09:29

Ёде аз шахси ростқавлу ҳалим

SatoriБо устод Пиримқул Сатторӣ бо гузашти тақдир дар маҳфили "Гулбарг" ошно шудем.

Он солҳо (соли 1989) назди рӯзномаи "Ҳақиқати Қурғонтеппа" курси мухбирони коргару деҳқон таъсис ёфта буд. Мо шунавандагони ин курс аз сиру асрори рӯзноманигорон огоҳ мешудем. Хабару мақолаҳо дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва республикавӣ дарҷ менамудем.

Ман дар назму наср хешро месанҷидам . Бо ду-се нафар аз аъзои Иттифоқи нависандагони марказ чун маслиҳат хостам, афсӯс хислати такаббур, ман-манӣ ва соҳибмартабагӣ дар вуҷуди эшон буду нахостанд роҳу равиши қаламкаширо нишон  диҳанд.

Сипас ба шӯъбаи адабии рӯзномаи "Ҳақиқати Қурғонтеппа" (ҳоло "Ҳақиқати Хатлон" ) шеъру ҳикояҳои худро бурдам. Муъдири шӯъбаро устод Пиримқул Сатторӣ сарварӣ менамуданд. Пас аз дидани чакидаҳои хоми банда лабханде намуда гуфтанд: - Бародар, маслиҳат ҳамин, ба маҳфили "Гулбарг" рӯзҳои шанбе соати даҳ биоед, албатта беманфиат нест.

Ҳамин тариқ аъзои ин маҳфил шудам, ки беманфиат набуд.

Устод аз сурати ҳоли кас нигарад аз сӯҳбату ошноӣ истиҳола менамояд. Зеро ба назар дамдузд, туршрӯ, аз ханда дар чеҳра дур ба назар метобад.

Ҳангоми сӯҳбатҳо ботини шахсеро мефаҳмед, ки дили кушод, ғамхору сахтгир, меҳрубон ва ба кори нек сахӣ аст. Бале, ин хел афрод яке устод Сатторӣ буданд. Ба ваъдаю ростқавлӣ Пиримқул Сатторӣ эътибор медоданд.

Боре аъзои Иттифоқи нависандагон барои қабули асарҳои адибони ҷавони маҳфили "Гулбарг" ба Қурғонтеппа меҳмон шуданд. Гурӯҳе аз аъзои маҳфилро барои чопи китобҳо иҷозат доданд. Камина аз ин пешниҳод барканор мондам. Малулу хотирпарешон гӯшае истода ҳамаро назар мекардам.

Шодравон Пиримқул Сатторӣ лабханди зебое намуданду дилбардорӣ намуда: - Э, Абдулғаффоров малӯлу парешонрӯ менамоед?! Ҳеч гап не. Бори дигар дастонатон маҳкамтару хомаро устокорона чун дигарон давонед  соҳиби китоб мегардед.

Устод маслиҳату камбудиҳоро беғаразона мегуфтанд. Бо он кас як мактаби ҳаёти калонро паси сар мекардем. Афсӯс ҷанги шаҳрвандӣ орзуҳоро ба худ бурд. Рӯҳашон шод бошанд. Дарёдилу суханҳои пандомез доштанд.

Абдуғаффор Абдурауф,

сокини хоҷагии "А. Дӯстов,

"деҳаи "Панҷсолаи дуюм" –и

 н. Ҷалолиддини Румӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97