Руҳи Аттори ошиқи Хуросон ҳамеша он ҷо монд

Таърих 15.06.2012 12:34

Ё бозмондагон дар назди рафтагон қарздоранд

ruznomАттори АБДУЛҚОДИР. Ҳамкори ҷавони мо дар Идораи барномаҳои хориҷии радиои Тоҷикистон масъули таҳияи барномаҳои варзишӣ ва ҷавонон буд…

Аттор зодаи Дарвози Бадахшон аст. Дарвози дарвозаи Бадахшон. Намедонам забоншиносҳо ва этимологҳо чӣ ақида доранд, аммо ба гумонам маҳз ба ҳамин хотир номашро Дарвоз мондаанд. Сокинини Бадахшони Шарқӣ чун ба пойтахти кишварамон мераванд ва ё ба зодгоҳ бозмегарданд, аз ҳамин ҷо убур мекунанд, ҳамчунон меҳмонон аз роҳи заминӣ аз ҳамин минтақа ба Бадахшон ворид мешаванд. Ва сокинони ин минтақа бо рӯи кушод, бо дили соф, бо мизбониву меҳмоннавозии тоҷикона, бо рӯи хуш, бо дили гарм аз ҳамагон истиқбол мегиранд, меҳмондорӣ мекунанд, ҷой медиҳанд.

Аз ин нигоҳ мардуми ин минтақа бештар дунёдида, бисёртар оламдида ва зиёдтар одамдида ҳастанд. Инҳо назар ба мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва таърихии хеш гӯё як пул, як миёнарав ҳастанд дар ин минтақа ва ин рисолати таърихиву азалии хешро хеле арзанда ва ба шоистагӣ анҷом медиҳанд.

Ҳанӯз дар соли 1898 олим ва сайёҳи рус Н.В. Богоявленский дар бораи мардуми Дарвоз навишта буд: "Мардуми ин минтақаи кӯҳистон пайрави фирқаи суннии дини Муҳаммадӣ ҳастанд. Аммо ҳеҷ гуна нотаҳаммулии мазҳабӣ надоранд. Масҷиди онҳо ғолибан  меҳмонхона барои мусофирин аст…"…

Ва Аттори Абдулқодир як намояндаи ҳамин як порча сарзамини муқаддаси кишварамон аст.

Аттор мисли ҳамаи мо ба умеду орзу мехост Афғонистон биравад. Аз мо, ки аз ӯ калонсолтар будему Афғонистонро дида, суол мекард:

- Чӣ гуна аст  он ҷо?

Ва орзу дошт:

- Ку як рафта бинем он ҷоҳоро…

Ва ё аз тарзи кору шеваи тарҷумонӣ дар Афғонистон пурсон мешуд.

Як навъ софдилона, самимӣ, муаддабона ва боназокат суол медод. Ва кас водор мешуд, ки ба суоли ӯ низ посухи муносиб биҷӯяд.

Бо умед рафт, бо орзу рафт, бо ормон рафт, вале ормонношикаста бозгашт. Тақдир боз ҳукми ноодилонаи худро содир кард, сарнавишт боз даст ба бозии талху ноҷавонмардона зад. Аттори  ҷавон низ мисли ҳар бандаи рӯи замин ноогоҳ аз амри сарнавишт ва ҳукми қазо ба сафари охирин рахт баст. Деви аҳриманӣ, ки дар Афғонистон ҳукмфармоӣ дошт, ҳанӯз қурбонӣ мехост.

Тадбир кунад бандаю тақдир надонад,

Тадбир ба тақдири худованд намонад.

Авали моҳи май буд, вақте ӯро аз Афғонистон  оварданд. Дар маросими дафни ӯ дар назари аввал чунин менамуд, ки табиату деҳааш нисбат ба вай бевафою аҳдшикананд. Бо зебоии баҳоронаи хеш. Марду зан мегиристу табиат худнамо буд, табиат зебо буду бетафовут нисбати сӯги одамон менамуд. Аммо ин назари сатҳӣ буд. Дар асл бошад ин чиз рамзӣ менамуд. Зеро Аттор, ки худ шахси беозор буд, бадбин набуд, самимӣ буд, боадабу боназокат буд, ҳатман мебояд дар як чунин фаслу вақт бо фарзандону наздикону ёру дӯстонаш видои абадӣ мекард. Ниҳодаш чунин буд, ки ҳатто дар як чунин рӯз намебояд касе аз ӯ эҳсоси нороҳатӣ мекард.

Аз сӯи дигар, гӯӣ худи Мавлавӣ - нобиғаи Сухан бо ашъори хеш дар сӯгвории ӯ саҳим буд, зеро коргардони хушсалиқаи Идораи мо раҳматӣ Олим Заррабеков дастгоҳи сабту баландгӯякро ба он ҷо оварда буду найи кӯҳистонӣ бо нолаи дардолуди худ, рубоби бадахшонӣ бо оҳанги ҳазини хеш ва ашъори Мавлавӣ бо маънои амиқи худ ҳамроҳи хешу табору наздикону дӯстону ҳамкорону ҳамдиёрони ҷигархуни Аттори ҷавон ӯро ба роҳи охират гусел мекарданд:

Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад,

Гумон мабар, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад…

Ҷанозаам чу бубинӣ магӯ фироқ-фироқ,

Маро висоли мулоқот он замон бошад.

Маро ба гӯр супор, магӯ видоъ-видоъ,

Ки гӯр пардаи ҷамъияти ҷаҳон бошад…

Сарбозон эҳтироми низомиро адо карда ва шаллики ҳавоӣ карданд. Тифлаконе аз назди мо давида мегузаранд. Ба яке аз онҳо ишора карда мегӯянд:

- Ин фарзанди Аттор аст.

Боз ҳам дар назари аввал чунин менамуд, ки ин кӯдаки маъсум ҳанӯз ба бозии талхи тақдир сарфаҳм нарафта ва ё дар баробари он бетафовут аст. Аммо чунин нест. Аниқ чунин нест. Инро ман, ки дар синни сесолагӣ Модарамро аз даст додам, хуб медонам. Хуб медонам, ки чунин ҷароҳати аз даст рафтани азиз бетаъсир нахоҳад монд ва якумрӣ боқӣ хоҳад  монд…

Ва имрӯз он кӯдаки дар он замон, намедонам се сола буд ё чор сола ва фарзандони дигари Аттор ба камол расидаанд. ҳар кадоме дар зиндагӣ ва дар ҷомеа бояд мақому манзалати хешро касб карда бошанд. Шунидам, ки дар зодгоҳи Аттор мактабро ба номи ӯ гузоштаанд. Агар чунин аст, нек коре шудааст. Зеро поси хотираи гузаштагон вазифаву қарзи мо аст. Зеро тавре ки гуфтаанд: "Бозмондагон дар назди рафтагон қарздоранд…"

Мирзошоҳ ВАТАНШОҲ

P.S. Хеле боз ҳар ҳафта чеҳраи хандони шаҳидони ҳамқалами мо аз сафҳаи ҳафтанома ба мо паём медиҳанд; "моро фаромӯш накунед!". Аз кам касоне азизони қаламбадаст ёд карданд, шояд ба он хотир, ки мо аҳди дӯстӣ намешиносем, мо аҳди бародарӣ намедонем, мо фаромӯшхотирем, миллат, таърих, дунё, дӯст, бародар, хоҳар ва азизи худро ҳамеша аз ёд бурдаем. Аз ин рӯ ба мо мегӯянд, ки "Мо миллат нестем".

Боиси таассуф аст, ки аксарият имрӯз ба хотири грант, ҷоиза ва пул қалам ба даст мегирем, ва сиёҳӣ рӯйи авроқи сапед мерезем.

Аммо Мирзошоҳ Ватаншоҳ ҳар ҳафта аз дӯсту бародаре, ки шаҳди шаҳиди нӯш кардааст ва боре ҳамроҳаш як пиёла чой нӯши ҷон кардааст ва ё боре номашро ба некӣ шунидааст, ёд мекунад. Бидуни дархости мо. Бидуни тамаъ. Бидуни ҳеч гонорару бурсу ҷоизае. Танҳо ба хотири шарафи инсонӣ. Аммо онҳое, ки замоне ба хотири грант шояд думболи мавзӯъи рӯзноманигорони шаҳид мегаштанд, ба даҳан "об" гирифтаанд. Охир ин тарҳ ҳеч пулу пайсае надорад, ки думболи "мурдаҳо" бигарданд. Ин чеҳраҳо барои ҳамагӣ ошно ҳастанд. Ҷумъаи Мирзо дар шуруъи ин тарҳ матлаберо, ки бахшида ба Сайидмуроди Ёриён буд ва дар "Нури зиндагӣ" чоп шуда буд, ба идораи мо овард, аммо мо фикр кардем, ки Ёриёни ҷавонмарду ҷавонмарг ёрони андаке дар миёни қаламкашон надошт, аз ӯ шояд яке дигар аз онҳо ёд хоҳанд кард. Аммо дареғо…

Сад дареғо, ки онҳое лофи ҷавонмардиву бародархондагӣ замони барҳаётии хеле аз ин шермардони шаҳид мезананд, хотира кунду заъиф асту ёрон чӣ зуд фаромӯш кардаанд. Ё шояд аз худ фаромӯш кардаанд?!

Дӯсте маслиҳат дод, ки фалонии шоирро хоҳиш кунед, то дар бораи Искандари Хатлонӣ матлабе бинависад. Гуфтем: Ҳаргиз ин корро намекунем. Зеро ранҷонидани хотираи ин шаҳиди озодмард ҳадафи мо нест. Ӯ бе тамаъ, озода зист. Ва вазифаи мо ҳам ҳаст, ки аз ин озодмардон озодона ёд кунем. На бо дархосту зораву илтиҷову пулу пайса.

Аз ин рӯ аз ҳамаи он азизоне, ки довталабона дар ин тарҳ ширкат карданд, изҳори ташаккур мекунем ва ба ҳамаи онҳое ҳам, ки нахостанд чанд дақиқаеро аз вақти хеш дареғи рӯҳи ин шаҳидон бикунанд ва вазифаи инсониву рафиқии худро адо бикунанд, аз даргоҳи илоҳӣ инсофу шарофат мехоҳем.

Бо дархости паёпайи дӯсти гиромӣ Мирзошоҳ ин рубрикаро ба хотири тамоми шаҳидони қаламкаш, ки аз "Бухорои шариф" то имрӯз дар роҳи расидан ба Ҳақ шаҳид шудаанд, мебахшем. Фурсати фотеҳа кардану ёд кардани ин шаҳидони Ватанро дар сафҳаи нашрияи "Миллат" ба Шумо вомегузорем.    

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97