Ҷанг гулчин мекунад

Таърих 12.05.2012 11:44

ё дӯсти барои абад ҷавон

ruznomanigorЭй он ки, пой монию ойӣ ба ҷӯи ман,

 Биншин ба рӯи хоки ман - ин орзуи ман!

 Армони ношикастаи ман санги гӯр шуд,

 Акнун бишамм зи сабзаи гӯрам ту бӯи ман.

                                                                   (Амонбек  Шоҳзод)

Шодравон  Раҳмон… Дӯсти наздик, рафиқи ҳамроз, ҳамсабақи зуд аз дунё рафта ва барои абад ҷавонмондаи ман Раҳмонқул Облоқулов.

Нависандаи бузурги рус Максим Горкий дар сароғози яке аз хотироташ дар бораи Есенин аз қавли як нависанда ҳикояте меорад ба ин мазмун:

Писарбачаи деҳотӣ, деҳқонбачае ба Краков меояд. Биноҳои серошёна, роҳҳои асфалтпӯш, рафту омади мошинҳо, пурҷамъиятии шаҳр ӯро гиҷ мекунад, нафастанг мешавад. Писарбачаи деҳотӣ мехоҳад зудтар  аз шаҳр берун ояд. Вале роҳгум мезанад ва ҳар қадар кӯшиш мекунад, шаҳри шулуғ намехоҳад ӯро аз оғӯшаш раҳо созад. Он гоҳ писарбача сари пули болои дарёи Висла зону мезанад, даст ба дуо мебардорад, ба парвардигор илтиҷо мекунад ва худро ба мавҷи дарё меафканад, то шояд дарё ӯро ба саҳрои пурвусъати деҳааш бирасонад. Ва ҷон медиҳад…

Шодравон  Раҳмон… Дӯсти наздик, рафиқи ҳамроз, ҳамсабақи зуд аз дунё рафта ва барои абад ҷавонмондаи ман Раҳмонқул Облоқулов.

Нависандаи бузурги рус Максим Горкий дар сароғози яке аз хотироташ дар бораи Есенин аз қавли як нависанда ҳикояте меорад ба ин мазмун:

Ҳар боре, ки дар бораи Раҳмон фикр кунам, ҳамин қисса ба ёдам меояд. Барои Раҳмон низ зиндагӣ гӯӣ ин ки тангӣ мекард, хафақонаш мекард. Ӯ як хислати хоси озоддӯстиву озодандешӣ дошт. Майдони зиндагӣ, бо қонуну муқаррароту маҳдудиятҳои хоси худ - хусусан дар он замон - барои ӯ тангӣ мекард. Мисли ҳамон писарбача ҳамеша мехост, ки дар пешорӯяш саҳрои пурвусъату ҳамвори чашмнорас қарор дошта бошад, на кӯчаҳои тангу хонаҳои қуттимонанди серошёнаи шаҳр, зеро худ деҳотӣ буд, фарзанди деҳ буд. Ошкоргӯ буд. Ҳамеша беқарор буду серҳаракат, чобуку фаъол буд, зиндадил буд, дилёбу дилсӯз буду улфатӣ, бетакаллуф буд, аммо на бе рӯ.

Шитоб дошт, то зиндагӣ кунад

Ӯ ҳамеша шитоб мекард, ӯ доимо аҷала дошт дар зиндагӣ кардан ҳам. Мехост ҳар чӣ зудтар аз зиндагӣ чизаке бигирад, то фардо шояд дер шавад, то рӯзи дигар шояд барои ӯ чизе нахоҳад расид. Чунин хислат дошт ӯ.

Аз Афғонистон ба рухсатӣ омада ва бояд ё хона, ё мошин мехарид. Пулаш ба яке мерасид. Маслиҳат пурсид. Гуфтам, ин дафъа манзил бихар ва соли оянда мошин. Гуфт: - Як сол баъд ба ман дигар мошин даркор намешавад.

Аз ин посухи ӯ  мурғак ба тан медавид. Оре, ӯ аҷала мекард, гӯӣ ин ки нафаси шуми аҷалро, ки аз пушташ дартоз буд, эҳсос мекард. Гӯё мисли ҳамон писарбачаи деҳотӣ боҷуръат худро ба партгоҳ андохта буд ва шояд тафовут фақат дар он буд, ки замони суқути писарбача аз пул то дарё андак буду замони зиндагии Раҳмон тӯлонитар.

Ниқобаш аз табассум буд

Ҳамеша табассум мекард. Ҳамеша. Ҳамон табассумаш худ баёнгари зиндадиливу самимияти ӯ буд. Вале ман, ки ба ӯ нағз шинос будаму бо ман рози дил мекард, аз рӯҳияву эҳсосу отифаи ботинии ӯ огоҳ будам, медонистам, ки ин табассум барои ӯ чи қадар гарон меуфтод.

Чун шахсе дар ҳақаш гапи нохуш мезад, ё ягон амали ноҷоро мушоҳида мекард, мегуфт: - Акнун чандин рӯз дилам сиёҳ хоҳад буд. Гӯё гургон дарунамро тала мекунанд.

Аммо ҳангоми вохӯрӣ ва мулоқот бо дигарон эҳсосоти даруниашро ошкор намекард ва мисли ҳамеша табассум бар лаб дошт. Фақат мушоҳидакори воқеъӣ метавонист дар ин лаҳазот аз чашмони маҳзунаш, ки бевафоёна эҳсоси воқеъӣ ва дарди ботинии ӯро рӯпӯш карда наметавонистанд, ба воқеияти амр пайхас равад.

Ишқи ноком

Раҳмон аз солҳои донишҷӯӣ дар зиндагӣ фаъол буд. Қиссаву ҳикоя менавишт, бо нашрияҳои даврӣ ҳамкорӣ мекард, дар гурӯҳи ҳунарии донишгоҳ ширкат мекарду суруд мехонд, ба варзиш машғул мешуд, рафиқу шиноси зиёд дошт. Муддате дар мактаби миёна муаллим буд, баъдан дар шуъбаи ахбор ва мусиқии радио кор мекард. Чандин қиссаву ҳикояҳояшро чоп карда буд.

Дар солҳои донишҷӯӣ ба духтаре ошиқ шуд. Ишқи ӯ низ пуршӯру истисноӣ ва бозтоби хислаташ буд. Вале хости тақдир набудааст, ки онҳо якҷо шаванд. Падару модари духтар розӣ нашуданд. Духтарро ба дигар кас хостгорӣ карданд. Раҳмон чандин рӯз қарору ором надошт, маҳзуну дилгир буд. Рафт дар тӯи духтари дӯстдоштааш ширкат кард, ки ин рафтори ӯ ҳам баёнгари хислати хоси ӯ буд. Шаб дар хобгоҳ бедор мешавам, ки болиштро рӯи сараш кашида гиря мекунад. Гиряи бадард. Кӯшиш мекунам тасаллояш бидиҳам: - Охир, ҳанӯз ҷавонӣ, бахтатро боз хоҳӣ ёфт.

Бо алам посух медиҳад: - Кош медонистанд, ки ман ӯро чӣ қадар дӯст медорам…

Самарқанди қандманд, бӯйи модар медод

Зимистони соли 1968. Дар айёми таътили зимистонаи донишҷӯён Раҳмон ману рафиқи дигари кӯлобиаш Донахон Нодирхоновро бурд зодгоҳаш. Самарқанд. Деҳаи Оҳалик. Пурбарф омада буд зимистони онсола. Гирду атроф сап-сафед ва мо дар як вақти пешин бо як автобуси хурд ба сӯи зодгоҳи ӯ равонем. Автобус ба пеш ҳаракат мекард ва шаҳри шулуғ ба тадриҷ қафо мемонду манзараҳои ошнои деҳот бо ранги хосу бӯи хос намудор мешаванд. Ниҳоят ба Оҳалик мерасем. Оҳалики зебою афсонавӣ. Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки дар он тарафҳо чунин деҳаи кӯҳистонии шабиҳи деҳоти Бадахшон вуҷуд дошта бошад. Зебоии Оҳалик, лаҳҷаи ширини тоҷикӣ ва самимияти сокинони ин деҳа низ истисноист.

Модари хушқалбу хайрхоҳу нармдили Раҳмон, холаи Санавбар модаре, ки 14 фарзандро калону тарбия кардааст бо мо чунон дилсӯзию меҳрубонӣ мекард, чунон лутфу шафқат мекард, чунон муносибати неку самимона ва холисона мекард, ки аз тасвири он оҷизам.

Манзараҳо ва зимистони пурбарфи Оҳалик деҳаи кӯчаку азизи қӯҳистониам Зуворакро ба ёдам меовард, муносиботи самимонаи ин хонадон ва нармдилию дилсӯзии модари Раҳмон хотироти вобаста ба фавти модарамро дубора зинда мекард ва дар ҳамин деҳаи зебои тоҷикнишини садҳо километр дур аз зодгоҳам бори дигар ва шояд бештар аз ҳар вақти дигар пай бурдам, ки меҳру муҳаббати модар, эҳсоси модарӣ чӣ гуна будааст, дилбастагии модар ба фарзандон чӣ гуна будааст.

Ин навъ меҳрубонӣ, ин навъ дили софу қалби пок, ин навъ муҳаббати модариро ман дигар дучор нашудаам.

Дар ин хонадон як муҳити самимият, як фазои озод, як муносибати худамонию бетакаллуфонаи хоси мардуми кӯҳистон ҳукмфармо буд.

Номаҳо ифшогари  рози диланд

Гуфта будам, ки Раҳмон 13 апаву хоҳару додар дошт, вале ӯ дар ин хонадон ва барои падару модараш мақоми хос дошт, ӯ ягона буд миёни онҳо…

Инак, порае аз номаи ӯ ба аҳли хонаводааш:

"Ҷону ҷигарҳоям! Ман дар Қандаҳор хидмат карда истодаам. Чор тарафамонро кӯҳҳо иҳота намудаанд. Ба назарам кӯҳҳои ин ҷо мисли кӯҳҳои Оҳалик, Оқсой ва Миронқули худамон метобанд. Лекин шароити зисту зиндагонии аҳолӣ ниҳоят душвор. Мардуми таҳҷоӣ забони тоҷикиро нағз мефаҳманд. Бо онҳо сӯҳбат кардан чӣ лаззате дорад…

Илтимос, аз ман хавотир нашавед…"

Ва як порчае аз дафтари хотироти хоҳари Раҳмонқул Ӯғулой:

"Моҳи июн буд. Ними шаб касе дари кӯчаро сахт кӯфт. Ҳамаи мо чӣ гап бошад гуфта, бо ҳаяҷон ба тарафи кӯча нигоҳ карда нишастем. Падарам ба берун баромада, ним соат бедарак шуданд. Аз ин ҳол дар ташвиш шудем. Баробари омадани падар "чӣ гап, тинҷист?"- гӯён пурсон шудем. Ӯ фақат "Раҳмонқул" гуфту аз ҳуш рафт. Падарам, ки дар муҳорибаи Сталинград аз як чашм ҷудо гардида буд, он шаб тамоман нобино гашт. Хона мотамкада шуд. Дар ин вақт ба хотири ман суханҳои акоям "Аз ман хавотир нашавед, ба ман ҳеҷ воқеа рӯй намедиҳад. Агар тобути оҳанин оваранд ҳам, бовар накунед. Ман ба ҳаёт ба хона бозмегардам", меомаданд".

Дар Кобул будам, ки хабари ваҳшатноку боварнокардании фавти Раҳмон расид. Ӯ дар Қандаҳор дар як амалиёти навбатии ҳарбӣ ҳамроҳи чанд низомии дигар ҷон бохт. Чархболи онҳо мавриди ҳадаф қарор гирифта ва сарнагун мешавад.

Ёдаш ба хайру равонаш шод бод!

Шояд ӯ ҳанӯз ҳам зинда аст!

Тафсили ин ҳодисаро ман аз ҳамкорон, ҳамяроқонаш пурсон шуда ва аз он огоҳ ёфта будам, вале сахт аст барои ман бозгӯ кардани ин тафсилот. Хеле сахт аст. Сахт асту боварнокарданист, ки чаро маҳз Раҳмонқул!? Ва чаро нокасе, ноҷавонмарде садсола мемираду ҷавонмарде чун Раҳмонқул дар ин синну сол!?

Барои ман ҳамчунон ҳоло ҳам тасаввурнопазир аст, ки хонадони Раҳмон зарбаи мудҳиши фавти азизи хона ва ин зоиаи бузургро чӣ гуна таҳаммулу пушти сар кард?! Бандаи Худо намедонад бо ҳукми сарнавишт коре бикунад. "Оқибат манзили ҳамаи мо водии хомӯшон аст", вале дар чунин лаҳзаҳо кас мехоҳад фарёд бизанад, фарёди раъшаовар, фарёди ҷонгудоз то замину замонро биларзонад ва бипурсад, ки эй чархи ситамгору ситампеша, эй бераҳм, чӣ мекунӣ?!

    Аз ағбаи Толиқон касе  тер нашуд,

    Аз хӯрдани одамӣ замин сер нашуд.

    Биё биравем пеши султони аҷал:

    Мурдан, ки ҳақ аст,чаро ҷавон пир нашуд?

Кушодани тобути Раҳмонро иҷоза надодаанд. Ва шоеа шуд, овоза шуд, ки ӯ зинда аст. Дил мехоҳад, ки ба ин шоеа бовар кунад. Зеро дар қайди ҳаёт набудани Раҳмони зиндадилу зиндагидӯст, Раҳмони беқарору улфатӣ тасаввурнопазир аст…       

Мирзошо ВАТАНШО

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97