Ба таваҷҷуҳи шаҳрдори Кӯлоб,
Раиси Хатлон ва Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
ва ё чӣ гуна авоқиби ҷанги шаҳрвандӣ пуртаҷрибатарин рӯзноманигори Кӯлобро тадриҷан аз байн бурд?
Ҷанг даҳшат аст. Ҷанг хатм мешавад, аммо даҳшати он ба ҷост.
Бо чашмони сар шоҳиди он шудам, ки ин даҳшат чӣ гуна одамонро таъқиб мекунад. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон баъди солҳо яке аз рӯзноманигори пуртаҷриба, ҳалиму хоксор, маданӣ ва дурандеши Кӯлоб - Мисралӣ Сониевро оҳиста- оҳиста аз байн бурд. Мардеро аз байн бурд, ки баъди талаф додани фарзанди азизи худ зимни ҷанги шаҳрвандӣ ҳеч натавонист шаҳодати ӯро таҳаммул кунад, ба сактаи мағзи сар (инсулт) мубтало гашт, дар ғаму ғуссаи ӯ ахиран ҷаҳони фониро падруд гуфт.
Бо муҳаббат зист
Пештоз бояд арз намоям, ки то Ӯ ва баъди Ӯ ман нафари дигари обрӯмандеро надида будам ва надидаам, ки ба ин андоза ба хурду бузург, пиру барно ва орифу оқил эҳтиром ва эътибори баробар қоил шавад. Ӯ шахсияти наҷибе буд, ки кӯдаки ҳафтсоларо низ баробар бо пири ҳафтодсола мавриди эҳтирому эътибор ва иззату икром қарор медод. Ман на танҳо рӯзноманигор, балки нафари дигареро ҳам дар ёд надорам, ки баъди мубтало шудан ба сактаи мағзи сар, битавонад чанд соли дигар пушти мизи корӣ дар дафтари рӯзнома ҳозир шавад ва боз ҳам хидматгузори мардум бошад. Устодро надидаам, ки бо тамаъ ва ё бидуни таҳлилу таҳқиқ матлаберо ба дасти чоп дода бошад. Нафари дигареро надидаам, ки ба як нафари барояш бегона, ки ба мисли банда ҳеч иртиботе бо авлоду аҷдодаш надошта бошад, аммо фарзандвор дӯст дошта тавонад ва дар лаҳазоти зарурӣ дастгиру пуштибонаш ҳам шуда бошад. Кина, ғараз, тамаллуқ, тамаъ, ҳирсу ҳасодат, нафрат, ғазаб, қасду қассос барин хислатҳои ноҷавонмардонаро хеле бадбин буд. Нафаре буд, ки ба зиндагӣ ва ояндаи миллату ватан хеле хушбин буд. Қаблан боре надида будам, ки Ӯ ғамгин бошад, доимо чеҳраи гарму нигоҳҳои пурмуҳаббате дошт.
Ашки бари рухсор, хун аз ҷигар меояд
Аслан, далелҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, ки аксаран афроде, ки ҳеҷ гоҳ гиря сар надодаанд, ба сактаи қалб ва сактаи мағзи сар мубтало мегарданд. Яъне як навъ ашкҳои бари рухсораҳо, ки мегӯянд "қатраҳои хуни ҷигару қалбанд", мағзи сар ва қалби инсониятро поктар менамоянд ва ба умри инсон солиёни дигаре замм менамоянд. Мунтаҳо, устод Мисралӣ Сониев солҳо қабл аз нафароне буд, ки ҳеч ғаму ғуссаро ба худ наздик шудан намемонд. Хабари нохуши марг ва ҳалокати фарзанд Устодро то он дараҷа солҳои ахир азияту машаққат дод, ки Ӯ дигар тамомии ашкҳои дар умри бобаракати худ нарезондаро қариб ҳар рӯз бари рухсораҳои сафед шашқатор менамуд ва гӯё ин ашкҳо як навъ эътирози ботинии Устод нисбати омилини ҷанги Тоҷиккуш буд. Вале, аллакай дигар дер шуда буд ва гумонам дигар дар умқи қалбу ҷигари Ӯ тобу тавоне намонда буд ва тадриҷан дил аз тапидан низ монд.
Вақте мардҳо мегирянд…
Камина, ба сифати яке аз ихлосмандону ҳаводорони Устод, ки дар синни соли хеле ҷавониам дастгириҳои маънавии зиёдам намуда буд (дар баробари устод Ҳақназар Ғойиб низ), ӯро чанд дафъа дар беморхонаи Кӯлоб ба аёдат мерафтам, ҳар дафъа маро дидан замон боз гирён мешуд, мардона мегирист - бесадо, бо ашкҳои шашқатор. Охирин маротибае, ки ба аёдат рафтам, гуфтам: "Устод, ман барои он наомадаам, ки Шуморо гирён бинам! Барои он меоям, ки қуввати дилатон бошам, барои он меоям, ки ҷои холии писари аз дастрафтаатонро пур кунам!" Мегуфт: "Чун туро мебинам, чӣ кунам, ки бори дигар писарам ба ёдам меояд!" Ман ҳам дигар ба хотири он, ки шояд дар танҳоӣ Устодро бо фикру андеша ва хайёлоташ танҳо гузоштан ба мақсад мувофиқтар бошад, дар лаҳазоти охир бо Ӯ набудам. Чун дидам, ки Ӯ бо қазою қадар, бо сарнавишту тақдир оштӣ карда наметавонад, бо марги писараш - яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ оштӣ карданӣ набуд, ҳеч барояш боварнакарданӣ буд, ки рӯзе сияҳкорони беруна, ки таърихан ғарази нобудии миллати тоҷикро дар дил мепарваранд, метавонанд тоҷиконро бо ҳам ҷанг андозанд ва аз дуриҳои дур тамошо карда, лаззат бубаранд ва ин ҷанги таҳмилӣ ҳамчунин дар баробари фарзандони дигари миллат нифоқу мухолифатҳо ангехта, беҳтаринҳоро ба марги муфоҷоъ тела медиҳад. Ҳамон гуна, ки фарзанди Устод низ яке аз қурбониёни ин мунозиъаи мусаллаҳона гардид ва падари паҳлавонҷуссааш қоматхамида, ранҷур, маъюсу маҳзун ва мубтало ба бемории мутадовими ноилоҷ мегардад ва фикру хаёлот Устодро ростӣ, ки намедонам ба куҷо, вале яқинан ба дуриҳои дур мебурд. Устод шахсе буд, ки агар мӯреро сари роҳ медид, онро аз сари роҳ дуртар мегузошт, то нафаре Худое накарда, онро озор надиҳад! Аммо тақдир ба ҷигараш теғ зад ва ҷигарбандашро аз Ӯ гирифт.
Барои ҳукумат фарзандашро қурбонӣ дод, ҳукумат чӣ?!
Чун аз сӯзу гудозҳои Устод ва шебу фарозҳои рӯзу рӯзгор ва тақдиру сарнавишти ӯ камтар аз дигарон воқифтар будам, тасмим гирифтам, беҳтар аст биравам ва аз фарзандони мутабоқиаш муфассалан мутталеъ шавам. Зеро ки дар як гуфтӯгуи сарироҳӣ аз яке аз фарзандонаш огоҳӣ ёфтам, ки дасти аксари хурду бузургон, пиру барноёни қаламкаши кӯлобиро гирифта буд, вале баъди сари ӯ нафаре на аз мақомоти масъул ва на аз ёру рафиқону ҳамкорон дигар пайдо нашуд, ки аз ҳолу аҳволи наздиконаш пурсон шуда, дуъои хайри фотеҳаеро барояш дареғ надоранд. Наход Иттифоқи рӯзноманигорон низ сирф барои қабули узвияту ба худию бегона ҷудо намудани қаламкашон бошад?! Чаро мақомоти давлатию ҳукуматӣ низ боре аз чунин ашхоси наҷибу фидоӣ, ки умри худро сарфи хидмати давлату ҳукумат карданд, ёд намекунанд?! Охир Устод шахси масъули рӯзномаҳои сирф давлатию ҳукуматӣ буд! Охир Ӯ ҷузъу унсуре аз дастгоҳи пурқудрати таблиғотии ҳамин ҳукумату давлат буд, ки дар талоши идоракунии мағзу тафаккуроти ҷомеа ҳастанд ва даст ба васфи дастовардҳо мезаданду мезананд! Дастгоҳи маънавию маънавиёти мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб ва вилояти Хатлонро лоақал чӣ шуда, ки ёде дигар аз Ӯ накарданду намекунанд?! Писари бо сад ормону орзу парвардаашро дар даргириҳои минтақаи Ғарму Тавилдара аз даст дод, дар роҳи ба истилоҳ тақвият бахшидани сохтори конститутсионӣ… ва худ низ қурбонии тадриҷии ин ҷанги тоҷиккуш гардид!
Аксарияти соҳибандешаҳоро "дигарандешон", "зиёии равшанфикр" ва ғайраю ҳоказо номида буданд, мавриди таҳқиру тавҳинҳо ҳам қарор доданд, вале Устодро чаро мавриди мувозибату ғамхорӣ, иззату икром ва баъдан ёдкарду ёдбудҳо қарор надоданд, охир Ӯ аз «дигарандешон» набуд, андешаи Ӯ андешаи ҳукуматӣ буд, аммо ҷурми мо «дигарандешон» фақат он буд, ки бепардатар мегуфтему ҷомеаро шаффофтар мехостем ва адолати иҷтимоиро талаб мекардем!
Аз Ӯ ёд намекардам, агар ҳар рӯз фирқа иваз мекард
Ман Устодро сирф ба хотири он ёд кардам, ки дар ақидаю андеша ва мавқеи шаҳрвандиаш устувор монд ва то охири умр хиёнат ба андеша ва мавқеи шаҳрвандиаш накард! Ҳатто азизтарин фарзандашро ба қатл расониданд, Ӯ нисбати ҷанг бадбинӣ ва нафраташро борҳо ба тариқи расмӣ ва ғайрирасмӣ изҳор ва эътироф карда буд, вале боре нашунидам ва ҳам надидам, ки нисбати гуруҳи дигари даргир, қотилони фарзандаш мутанаффир буда бошад! Ӯ ҷангро бад медид, нисбати созандагию халлоқият ва эҷодкорона рафтору муносибат кардан хушбин буд. Камина ҳам, Устоди шодравон Мисралӣ Сониевро ёд намекардам, агар аввал коммунист мебуд, баъд демократ мешуд ва баъди соли 1993 - юм боз коммунист мешуду ва боз халқӣ-демократ! Устод дар мавқеаш устувор боқӣ монд. Чун сухан аз сиёсат ва сиёсатмадорону сиёсатбозон ва як рӯза коммунистону дигаррӯза демократу халқиҳою фардо номаълум, ки кӣ будаҳо мерафт, Ӯ ҳатман табассуме карда, риштаи суханро ба сӯрохии сӯзани боғдорию токпарварӣ тоб медод. Афсус, ки дарахтону растаниҳоеро, ки бо дастони худ обу тоб дода буд, насибу қисмат набуда, ки ба мо нишон бидиҳад. Ҳарчанд ваъда карда буд, ки рӯзе онҳоро ҳамроҳ тамошо хоҳем кард.
Ҷанозахонӣ ё худнамоишдиҳӣ?!
Дар ҷанозаи Устод нафаронеро вохӯрдам, ки нахустин маротиба онҳоро медидаму дигар ҳам онҳоро надидам! Во аҷабо! Чаро мо чунинем??? Дар зиндагӣ ба қадри ҳамдигар намерасем, баъди ҷаҳони фониро падруд гуфтан боре ҳам ба айёдати аҳли байт намеоем, аммо рӯзи ҷаноза "ҳозирем"?! Шояд аз шарми ҳамдигар ва ё шояд дар генофонди мо ин амру фармонро хурофотпарастон ҷой кардаанд, ё барои он ки худро дар маърази ом боре нишон бидиҳем?! Ва ё шояд барои он ки фардо дар ҷанозаи мо ҳам нафароне ҳузур дошта бошанд???!!! Ку мусалмонӣ?!
Самимият ҳам аз байн рафт
Дар ҳар сурат ман табассуме хоса ба мисли табассумҳое дар лабони Устод, ҳазлу шӯхӣ ва базлагӯиҳое аз забони Ӯ дар забони дигарон, замиру ниҳоду табиате пок чун замиру ниҳоду табиати ӯ дигар надидам ва шояд набинам ҳам!!! Ҳоло ҳам ҳамон утоқи корӣ ва дафтари рӯзномаи Устод дар Кӯлоб фаъол аст, вале ман ба он утоқ ва он дафтари корӣ тамоман дигар ҷуръати даромадан накардам, чаро ки нахуст дарро, ки мезадам, Устод ба истиқболам меомад ва ҳатман пиёлаи чойи тоҷикиаш бароям муҳайё буд ва ҳатман ягон шухие мекард, ки табъи ман болида гардад. Дигар он самимият нест, ки нест...
"Бачам, бънавис, ки…"
Зимни таснифу таълифи ин ёднома ҳам ҷуръати хонааш рафтан накардам. На, ман умуман шахси камҷуръат нестам! Фақат нахостам дигарбора ҳамсари Устод (бонуи Фариштамоҳ) - ро озор бидиҳам, чун яқин медонистам, ки бо даромадани ман ӯ соатҳои дароз даст ба гиряю фиғон мезанаду ман бори дигар боиси озораш мешудам! Намедонам, аз куҷое фаҳмида, ки худи ӯ шабонгоҳ телефонӣ бо ман дар тамос шуд ва зуд домони гиряро сар дод. Ман худро як навъ хиҷил, гунаҳкор ва шарманда эҳсос кардам. Медонистам, ки дар Кӯлоб мисли Устоду ёри бовафои Ӯ дигар Лайлию Маҷнуне, дигар дилбару дилбохтае, дигар ёрони бовафое, ки дар ҳаққи якдигар чунин бисӯзанд, пайдо нест. Фариштамоҳи шайдои Устод фақат гуфт, ки: "Бачам, бънавис, ки дар чилу ҳафт соли оиладориамон боре маро "тъ" нагуфта буд, бънавис, ки боре маро сарзанише накарда буд, боре якдигарнофаҳмие дар байни мо нагузашта буд. Бънавис, ки ман ӯро ёд кардам, гумонам Ӯ низ маро пазмон шудааст!!! Бачам, ту ҳамонӣ, ки рӯзи ид хонаамон фотеҳахонию дуъокунӣ омада будӣ???... Ҳар чӣ ҳам бошад, бънавис, ки имрӯзҳо моро касе ёд намекунад, бънавис, ки ин гапҳо ҳамааш сафсата будааст! Афсона будааст!!! Бънавис, ки бачаамро дар Тавилдараю Ғарм куштанду бачам аташона кушт!!! Ду бор муаллим баъди марги писарам дар роҳ афтоду дигар тобу тавони пешинааш намонда буд! Ман ҳам дигар тобу тавони пешинаро надорам…Бачам, бачам, бачам…!!!"
Осуда бихоб, Устод!
Аҷиб аст, Устод, вале ман бовар дорам, ки то рӯзи Қиёмат, то рӯзи Маҳшар, Рӯзи Ҳисобу Китоб рӯҳҳо бо ҳамдигар дар тамос шуда метавонанд! Фақат ҷисмҳо зери хок мераванд! Пас ором ва осуда бихобед, чаро ки то ҷое ман медонистам ва дарку фаҳм мекардам, Шумо ҳаққи касеро нахӯрдаед, бо тамаллуқу тамаъ касеро мадҳу васф накардаед, касеро тӯҳмату носазо нагуфтаед, нони ҳалол хӯрдаеду хӯрондаед, фарзандони баору номус тарбият карда, ба воя расонидаед, ки имрӯз дар хидмати халқу ватананд, боғе ҳам бунёд кардаед, ки имрӯзҳо аз он инсонҳою паррандаҳо баҳра мебаранд! Нафаре истеъмол мекунад, нафаре дар сояаашон дам мегирад, нафаре дар ҳаққи бунёдгари ин боғу тарбиятгари ин гуна фарзандон дуъои нек мекунад.
Ӯ кист?
Устод Мисралӣ Сониев 25 - уми июни соли 1937 - ум дар деҳаи хушманзари мавзеъи Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод ба дунё омада буд. Соли 1962 баъди хатми Институти омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко (факултаи забон, адабиёт ва таърих) дар мактаби мутавасситаи деҳаи Калинини ноҳияи Фархор ба ҳайси омӯзгор ба кору фаъолият мепардозад. Соли 1967 Мисралӣ Сониевро директори мактаби мутавасситаи ба номи Некрасови деҳаи Ҷайралии ҳамин ноҳия таъйин карданд. Сипас ӯро ба сифати мудири қисми таълимии мактаби мутавасситаи ба номи С. Айнӣ вазифа доданд. Соли 1977 - Мактаби Олии Ҳизбии ш. Тошканди ИҶШС - ро хатм кард. Чанд муддат ёрдамчии ҷонишини аввали раиси Комиҷроияи шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб буданд. Минбаъд дар рӯзномаҳои вилоятии "Роҳи Ленинӣ" (Кӯлоб), "Кулябская Правда" Кӯлоб), "Хатлон" (Қурғонтеппа) дар вазифаҳои мухталиф ифои вазифа карда буданд.
… 3 - юми июни соли 1996 афсари Горди президентӣ, писари Мисралӣ Сониев - Қурбоналӣ Сониев зимни интиқол ёфтан аз минтақаи Ғарм ба минтақаи Тавилдара ба шаҳодат расонида шуд ва аз ин рӯз ба баъд Устод дигар натавонист пурра ба худ биояд. Сараввал мубталои фалаҷ ва пойдард гашт ва ғами писари фарзандятимкардааш ӯро тадриҷан мубталои сактаи мағзи сар намуд…
Устод он кадар нуфузу эътибори хоса дошт, ки Одина Ҳошиму Ашӯр Сафар, Миралӣ Маҳмадалиеву Толиб Ройибов, Иззатулло Шарифову Худоёр Раҷабов, Фазлиддин Муҳаммадиеву Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Сайидҷон Ҳакимзода, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Тӯрахон Тошев, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Сайид Раҳмон, Раҳматалӣ Назрӣ, Рустами Одина, Турко Дикаев ва чанде дигарон зуд - зуд Ӯро пазмон шуда, муносиботи хубе бо Устод барқарор карда буданд. Фарзандонаш Абдуалиму Раҳмон ва Толиб, Фотимаю Заҳро, Шаҳлою Таҳмина, Рухшонаю Мижгона ҳар кадом соҳибмаълумоту соҳибмаърифат гашта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт - дар мақомоти қудратӣ ва муассисаҳои тиббӣ фаъолият доранд.
Аҷибу шигифтангез аст, ки Устод аз соли 1991 то соли 1993 - юм Кӯлобшаҳр ва рӯзноманигориро тарк карда, ба зодгоҳаш - деҳаи Рӯйкаши мавзеъи Даштиҷум рӯй оварду боғ бунёд кард ва дигаронро низ ба ободкориҳо даъват мекард. На! Гумонам Ӯ, ки назму низомро мепарастид ва нисбати ҷангу номураттабиҳо нафрати хоса дошт, хост муваққатан ба кӯҳистон равад ва хабарҳои нохушро дигар нашунавад ва тоҷиккушиҳоро дида натавонад. Соли 1993 - юм баъди барқароршавии ҳукумати нав Ӯ ба шаҳри Кӯлоб баргашт ва ба кори рӯзноманигории худ идома дод. Аммо магар имкон дорад, ки аз тақдиру сарнавишт инсон фирор кунад, марги писари азизаш Ӯро ба тариқи ғайричашмдошт соли 1996 ғофилгир кард ва марди паҳлавонҷуссаеро, ки тамомии ниёконаш аз инсонҳои солимтарину дарозумртарин маҳсуб буданд, қалбан маҷрӯҳу маъюб ва маъюсу маҳзун гардонид. Дигар намедонист куҷо нишинад, ба наберагони ятиммондааш дар бораи чӣ қисса кунад…
Ӯ тӯли 14 соли минбаъда дигар чӣ азияту машаққатҳои ботиние кашид, фақат Худованд медонаду худи Ӯ. Ҳар ҳангом ба ёдаш суханони қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ шодравон Турахон Тошев меомад, ки гуфта буд: Ҳар замоне, ки баррачаеро ба хотири пӯсту пашми маҳинаш зудтар мекушанд, дар ҷигари модараш ҳатман як сӯрох пайдо мешавад. Чанд баррачаи гӯсфандро, ки бикушанд, ҳамин қадар сӯрохию шикофҳо дар ҷигари модараш пайдо шудан мегиранд!". Пас инсон чӣ гуна метавонад тобу тоқати марги фарзанди ҷавони авлоддору хонадорашро кунад?!
Зиндагӣ кардани мо кандани ботадриҷи ҷон,
Ҳарчи ҷон канд танам, умр ҳисобаш кардам!
"Бачам, бънависӣ, ки моро ёд намекунанд…"
…Рӯзе, ки барои пайдо кардани баъзе маълумоту аксҳо аз Устод онро сипарӣ намуда будам ва бисёр мехостам, ки бо бонуи Устод холаи Фариштамоҳ дигар рӯ ба рӯ нагардам, чун тобу тоқати гиряҳояшро надоштам, "Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам!". Ду маротиба боз шабонгоҳ тавассути телефони дастӣ маро пайдо карда, худро муаррифӣ намуд ва хост бори дигар дар тамос шавад. Ду маротиба ҳам ман бо ироаи узру маъзаратҳои зиёде гуфтам, ки садоятонро намешунавам, телефонам хароб аст!
Дурӯғ гуфта будам, ман гиряҳои бонуеро чунин дар ҳаққи писару шавҳари меҳрубон надида будам! Чанде баъд боз бо ман дар тамос шуд ва боз ҳам ба такрор гуфт, ки "Бачам, бънавис! Бънавис бачам! Лекин бънавис, ки ду бор дар сари роҳ Ӯ ғалтида монда буд! Дар ним асри ҳаёти якҷоя маро "тъ" нагуфта буд! Бънавис бачам, ки имрӯз касе аз Ӯ ёд намекунад! Касе аз пешинаҳо моро хабар намегирад…??? Гуфтам, ки менависам, оча! Менависам ва аз Ҳукумати шаҳри Кӯлоб (мӯҳтарам Абдуғаффор Раҳмонов) ва ҳам аз Ҳукумати вилояти Хатлон (мӯҳтарам Ғайбулло Афзалов), Итифоқи журналистони ҷумҳурӣ, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва аз ҳама ёру дӯстонаш талаб ва тақозо мекунам, ки он қадар харҷу сарфи зиёде надорад, Устод 25 - уми июни соли 2012 агар зинда мебуд, ба синни мубораки 75 медаромад, биёед, чунин мардони некномро ба худию бегона ҷудо накунем, "Шоми ёдкарду ёдбуди Устод Мисралӣ Сониев" - ро шоми ҳамон рӯз ташкил намуда, рӯҳу равонашро боре шод намоем! Он қадар сарфу харҷи зиёде барои ҷамъоварию интишори китобе таҳти унвони "Маҷмӯаи мақолаҳои Устод Мисралӣ Сониев" зарур набояд бошад, ки шумо тавонашро надошта бошед! Шояд буҷаи шаҳру вилоят чунин сарфу харҷро таҳаммул карда тавонад!
Ёд кунед мардум рафтаҳоро, то Шуморо ҳам ёд кунанд!!!
Ҷумъахон АЛИМӢ, махсус барои «Миллат»