Аз зиндагӣ сер буд, аз маънӣ не

Таърих 02.05.2012 21:54

AzimjonУмри инсон, ки роҳ паймуданро дар ҳаводиси рӯзгор мемонад, чи хушиҳову чи пастию баландиҳоеро фаро мегирад. Ва ҳамаи он ҳодисаҳо омӯзандаанд. Масъулияти Инсони комил дар ҳама нобасомониҳои рӯзгор дар он зоҳир мегардад, ки баду некро фаҳм намояд. Чун рӯзгор босуботу хуш аст, мувозинати тапиши қалб гуворо ва рӯҳу ҷисм дар тани инсон осуда аст. Саноии ориф фармуда:

Зиндагони чу набвадаш ҳосил,

Марди оқил набандад дил.

Ингуна аст ҳосили умри марди оқилу доно. Беҳтарин фазилати одамиро орифону мӯътақидони роҳи ростин хоксорӣ донистаанд. Дар ин замина муаллими ахлоқ Саъдии Шерозӣ гуфтааст, ки:

Бани одам сиришт аз хок дорад,

Агар хокӣ набошад, одамӣ нест.

Хоксориву фурӯтанӣ зиннату перояи нодири инсонанд, ки андар ин боб Хоҷа Ҳофиз некӯ мегӯяд:

Ҳофиз бар остонаи давлат ниҳода сар,

Давлат дар он сар аст, ки бо остон якест.

Чунин буд, ки баъдан Абдулмаъонӣ Бедил ин хислати волои одамиро васф карданд:

Хоксориҳост, Бедил, равнақи аҳли сафо,

Мекунад хокистар афзун обрӯ оинаро.

Ин ҳарфи муқаддимавие, ки дар оғоз баён шуд, бардоште буд аз сӯҳбату нишастҳои пур аз меҳру муҳаббати марди орифу фозил, инсони некандешу некирода, шахси оқилу адолатпеша, хоксору таҳаммулпазир ва устоди арҷуманду мушфиқ шодравон Азимҷони Юсуф.

Азимҷони Юсуф кист?

Устод Азимҷони Юсуф 15 декабри соли 1937 дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз дида ба дунё кушодааст. Айёми туфулияти эшон дар назди падари ҳунармандаш - устои оҳангар бобои Юсуф гузаштааст. Бобои Юсуф дар қаламрави водии Дарвоз чун ҳунарвар маъруф буд. Ӯ дар симои ҷигарбандаш - Азимҷон давоми умри хешро эҳсос карда буд, ки рӯй ба сӯи Яздон карду гуфт: "Худоё, ин фарзанди дилогоҳро ба мурод - ба он манзил, ки пур аз нуру сафост, бе камиву костӣ бирасон!" Ин дуои сидқии падари заҳматкеш мустаҷоб гардид ва Азимҷон дар тули умри бобаракаташ ба матлаб расид.

Агар аз ҳунари оҳангарии бобои Юсуф тамоми мардуми водии Дарвоз баҳравар шуда бошанд, боиси зикру талқин аст, ки аз сухандонию ҳикматшиносии фарзанди барӯманди ишон - Азимҷон бисёр ҳампешагону ҳамкорон минбаъд лаззати маънавӣ бардоштанд.

Чун мактаби миёнаро ба итмом расонд, шомили факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1960 онро бомуваффақият хатм кард. Ӯ чанд соле дар мактаби миёнаи ноҳияи Дарвоз ба ҳайси муаллим ва муовини директор фаъолият кард. Устод чи ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳ ва чи замони ба ҳайси муаллим кор кардан заҳмати беандоза мекашид. Мактабу шогирдон ва ҳама аҳли диёрро зиёд дӯст медошт ва онҳо низ ҷавобан эҳтирому ҳурматашонро ба ҷо меоварданд. Он рӯзгори пур аз нишотро яке аз дӯстонашон - Ҳабибуллоҳи Неъмат ёдовар шуда мегӯяд:-"Аҷиб замоне буд он солҳое, ки бо устод Азимҷони Юсуф якҷо гузарондем. Он вақт нафароне, ки Донишгоҳро хатм мекарданд, ангушт шумор буданд. Аз сӯҳбат, таҳлили масоили гуногунпаҳлуи ҳаёти ҷомеа, аз нигоҳи амиқ ба фалсафаи инсону замон ва баёни андешаҳошон дарк кардан мумкин буд, ки мутолиаи зиёд доранд. Мо устодро ҳамингуна дарёфтем. Вақте ки акаи Азимҷон сӯҳбат мекарданд, ҳар нафари огоҳманду бо ҳуш шефтаи ҳикматҳои эшон мешуданд. Дар поёни ҳар ҳикмати тафсиркардаашон аз Абулмаъони Бедил ё аз Хоҷа Ҳофиз ва дигар бузургони олами ирфон байтеро иқтибос меоваранд. Қиссаҳо дар мавриди сӯҳбатҳои судманду андарзомӯзи устод ва бародари воқеан хушбину хушназарам фаровонанд…"

Маҳз маърифати баланди устоди зиндаёд Азимҷони Юсуф боис шуд, ки эшонро ба Кумитаи вақти Марказии комсомоли Тоҷикистон (ЛКСМ) барои кор даъват карданд ва муддати 6 - сол дар ин мақомоти бонуфузи давр дар вазифаҳои гуногун - роҳнамои шӯъбаи таблиғот, мудири шуъбаи корҳои варзишиву мудофиавӣ ва умумӣ ифои вазифа намудааст.

Даврони Шӯравӣ хидматчиёни давлатӣ кам андар кам барои кор ба хориҷи мамлакати паҳновар даъват мешуданд. Дар қатори ин мутахассисони варзида, солҳои 1971-74, устод Азимҷони Юсуф бо дар назардошти донишу малакаи сиёсиаш   ҳамчун тарҷумон - сармутахассис ба Афғонистони шоҳӣ фиристода шуд. Аз ин сафари хидматӣ бозгашту чанд муддат вазифаи роҳбарии мактаби миёнаи рақами 57-и ноҳияи Марказии Душанбешаҳр (феълан Фирдавсӣ ) - ро ба уҳдаи ӯ гузоштанд. Соли 1975 ба ҳайси сармушовири шӯъбаи фарҳанги Шӯрои Вазирони Тоҷикистон ба фаъолият даъват шуда, баъдан мудирияти шӯъбаи табъу нашр ва тарҷумаи Девони Вазирони ҷумҳуриро ба зимма дошт.

Мутасаддиёни даврони шӯравии Маскав бо назардошти салиқаи кор дигарбора барои кор ба Афғонистон ӯро даъват карданд. Беш аз чаҳор сол, яъне аз соли 1978 то соли 1982 дар  Афғонистони инқилобӣ ҳамчун мушовири сардори Раёсати марастун (интернат - омӯзишгоҳи шабонарӯзӣ) ифои вазифа карданд. Сипас дар мақомоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симмати мудири шӯъбаи табъу нашр то ба нафақа баромадан, машғули кор буд. Ӯ барои меҳнати ҳалолу фидокоронааш соли 1998 бо унвони ифтихории "Корманди шоистаи Тоҷикистон" қадрдонӣ шуд.

Озодаву суханпардозу гавҳаршинос

Устоди бедордилу шикастанафс аз сафарҳои хидматии дарозмӯҳлат ҳангоми сӯҳбатҳо қариб, ки чизе намегуфт. Суҳбатҳои ширинаш бо шоҳбайтҳои классиконамон ороста буд ва аз суханпардозони давра маҳсуб меёфт. Ӯ зимни баҳс ҳамсӯҳбаташро муаддабона ислоҳ мекарду байти зерро ба забон меовард:

Ба ҳар ранге хоҳӣ, ҷома мепӯш,

Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

Кулбораи аз Афғонистон  овардааш фақат иборат аз китоб буд: Куллиёти Бедил, Ғазалиёти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Саноӣ, "Тазкиратушуаро" -и Давлатшоҳи Самарқандӣ, "Оташкада"-и Озар ва ба ин монанд асарҳои нодири замон.

Воқеан,  рӯзгору  фаъолияти  саодатманди  муаллими  азизи мо, Азимҷони Юсуф пур аз лаҳзаҳои фараҳбахш аст. Устод панду ҳикматро мепарастиданд. 

Андешаи фақир ин аст, ки Худованд муаллим Азимҷони Юсуфро барои панд додану насиҳат кардан офарида буданд. Ба гуфти худашон гавҳаршиносу фарҳангӣ буданд, устод. Муаллим мегуфтанд: -Фузун шуморидани хеш камоли беақлист. Иззати худро донистан, ин хештаншиносист. Ҳикмати мазкурро чунин тафсир доданд: Инсон бояд аввалтар аз ҳама, хештаншинос бошад ва чун худро шинохт, яқин аст, ки муҳитро арҷ мегузорад. Ингуна рафтор эътибори ӯро меафзояд. Ҳар шахсеро, ки Худованд офаридааст, ӯ мӯҳибу рафиқи худро соҳиб аст. Ин маъниро бо ин байт шарҳ медоданд:

Бар коми хушки мо бо ҳақорат назар макун,

Мо ҳам рафиқи соғару паймона будаем.

Ва матлаби фавқро бо байти Абулмаъонӣ Бедил тақвият мебахшиданд:

Бо оҷизон фурӯтанӣ осори иззат аст,

Аз ҳар ки ҳамсари ту набошад,фузун мабош.

"Мумиё аз кӯҳсори Бедил"

Ишон пайваста мегуфтанд, ки суханони ҳикматомезу саршори ҳикматро  ҳазорҳо сол пеш бузургони адабиёти ноби классикии форсу тоҷик илқо кардаанд, вале афсус, ки то ҳанӯз на ҳама вақт мо он дурдонаҳоро дар амал бо пиндору гуфтору рафтор собит месозем. Ба яқин яке ишон аз тарғибгарони ҳикмати озодагон буданд. Биноан, бо вуҷуди масруфият доштан дар корҳои хидматӣ вақт меёфтанд ва дар рӯзномаҳо матолиби ҷолиби диққатро ба мулоҳизаи андешаҳо вомегузоштанд. Ҳамин дилбастагӣ ба сухангустарӣ буд, ки шоҳбайтҳоро аз ғазалиёти Соиби ширинкалом ҷамъоварӣ намуда, дар шакли китоб соли 1991 бо номи "Калиди ганҷ" ба нашр расонданд. Ҳамзамон чанде аз чакидаҳои ганҷи бебаҳои "сару саркардаи арбоби сухан" Абулмаъонӣ Бедилро ҳам таҳия намуда, бо сарлавҳаи "Мумиё аз кӯҳсори Бедил" дар ду шумораи рӯзномаи вақти "Наврӯзи Ватан" (март-апрели соли 1997, №1(81) ва июни соли 1997, №2(82))  ба табъ расонданд.

Дастхатҳои фаровоне дар китобхонаи шахсии муаллим маҳфузанд, ки дар онҳо фикру андешаҳо роҷеъ ба мавзӯҳои мухталифи ҳаёти ҷомеъа; тафсиру тавзеҳи шеъри шуарои классик, шарҳу аҳволи зиндагии шахсиятҳои маъруфи илмию фарҳангӣ ва дигар маводҳои дархӯри масоили мубрами вақт зикр ёфтаанд. Мо интихобан аз як нусхаи дастхаташ як порчаеро ба хонандаи хушзеҳн пешкаш менамоем:

"Олим ва мутафаккири ирфони - Мирзо Абдулқодири Бедил дар осори манзуми хеш - ғазалиёташ оламиёнро ба роҳу равиши дурусти ҳаёт ҳидоят мекунад. Нобиғаи замон ба роҳу усули кушоиш ва ҳалли нуқсони сарбастаю мураккаби зиндагӣ равшанӣ меандозад. Ҷомеа агар аз ҳар лиҳоз мураффаҳ бошад, мардумаш саодатманд, хушу хуррам ба сар мебарад ва чун акси ин падида ҳукмрон гардад бесаранҷомӣ, низоъ, нифоқу нооромӣ ба вуҷуд меояд. Биноан Бедил дарк кардааст, ки:

Ҳуҷуми шикваи ҳар кас зи дарди муфлисӣ бошад,

Нахезад нола аз най, то бувад мағз устухонашро.

Бо зулму ситам, тиру туфанг ва ханҷару шамшер манбаъю сарчашмаи бадию бадкеширо несту нобуд кардан амрест номумкин:

Ба саъйи зулм кай рафъи мазолим мешавад, Бедил,

Ба обу ханҷару шамшер натвон кушт оташро.

Сабаби оҳи ман дили реш - реши ман аст ва ҳиҷоби субҳи нав гарди нафасҳои бедори зиндагист:

Ниқоб аз оҳи ман бардору чоки дил тамошо кун,

Ҳиҷобе нест ҷуз гарди нафасҳо субҳи урёнро.

Бедил дар ҳаллу фасли мушкилтарин муаммоҳои зиндагӣ аз тадбир ҳидоят гирифтанро таъкид намудааст. Ба ақидаи мутафаккир чун такя ба тадбир кард, торикиҳо равшану талхиҳои зиндагӣ ширин мешаванд: 

Риштаи тадбир аз занҷир бошад сахттар,

Марди бо тадбир дар банд оваронад шерро.

Ҳасудони молу чоҳи дунё бенасиб аз ақл ва заковату донишанд. Сабаби дунёпарастӣ бедонишӣ ва доштани феъли атфол аст. Оқибат чунин афрод дар оташи ҳирс хоҳанд сӯхт:

Аҳли дунё ошиқи ҷоҳанд бедонишӣ,

Оташи сӯзон ба чашми кӯдаки нодон зар аст".

Чунинанд андешаҳои латифу зубдае, ки мо порчаеро аз он дастхатҳои устод зикр кардем.

Муаллифи "Чор дарвозаи Душанбе"

Муаллими мӯҳтарам ҳамчун як фарди ватандӯст хеле зиёд оид ба  ободиву зебогии шаҳри Душанбе - пойтахти мамлакат фикр мекарданд. Таъкид мекарданд, ки миллати мо таърихи кӯҳанбунёд ва соҳиби фарҳанги волост, аз ин дидгоҳ, ҳар яки моро фарз он бувад, ки ҷиҳати ободонии пойтахти кишвар пешниҳоде дошта бошем ва дар ин кор пешдастӣ намуда, соли 1989 дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" (аз 31 октябр) мақолаи "Шаҳри мо бо чӣ фарқ мекунад"-ро дарҷ карданд. Дар ин мақола роҷеъ ба масъалаҳои шаҳру шаҳрсозӣ, шаҳрдорӣ ва номгузории кӯчаву хиёбонҳо дахл намуда, нуктасанҷона андешаронӣ мекунанд. Азбаски муттасил фикри ободиву зебоии Душанбешаҳрро дар хаёлашон мепарвариданд, бо такя бар пешинаи таърихии пойтахтдории ниёгон дархостҳояшонро таҳти унвони "Чор дарвозаи Душанбе" дар рӯзномаи "Cадои мардум" (соли 1991 аз 16 март) интишор дода, доштани дарвозаҳоро барои пойтахт таъкид доштаанд.

Одина Ҳошим: "Гурусна аз ғазал мемирам"

Устод Азимҷони Юсуф бо олимону ҳунармандони машҳури кишвар пайваста нишасти сӯҳбатҳои хотирмон анҷом медоданд. Маврид ба зикр аст, ки мӯҳтавои яке аз  навиштаҳои устодро бо номи " Ӯ нобиғаи санъат буд" дар рӯзномаи "Садои мардум" соли 1998 (аз 6 ноябр ) хайрёде аз Одинаи Ҳошим инҷо хеле мухтасар гуфта бошем.

Бо амри тақдир соли 1992 муаллим Азимҷони Юсуф бо ҳамроҳии устод Одинаи Ҳошим дар бемористони Шаҳраки тиббии Душанбе муолиҷа мегирифтанд. Чун устод Азимҷони Юсуф бо ин шахсияти маъруф дӯстӣ доштанд, баъди реҳлати устоди шодравон як лаҳзаи сӯҳбаташонро дар як мақола ба хотири эҳтироми нобиғаи давр арз карда буданд, ки он мухтасар чунин аст:

 "…Акои Одина маро ин ҳама вакт ҳамроҳӣ намекардаасту барои китоби дар дастам буда, аз пушти ман мегаштааст ва ин хулосаро барояш гуфтам ва ӯ низ дар ҷавоб гуфт: "Бародари дунёву қиёматӣ, росташро гӯям ман аз дунё серам, лекин ба гумонам аз китоби ғазал ва дидори сӯҳбати одами китоб дар бағал гушна мемирам. Ва дар ҳақиқат ӯ чунин инсон буд… боре як ғазали Бедилро барояш қироат кардам, ки яъне аз шоҳбайтҳояш чунин буд:

Ба дил гуфтам:" Кадом ин шева душвор аст дар олам?"

Нафас дар хун тапида гуфт: "Поси ошноиҳо".

Ҳамин ки калимаи охирини ин байтро шунид, бо ҳарду дасташ ба ҳарду зонуяш заду "паҳ" гуфта, ба таввало даромад, ки ин ғазалро пурра аз девон рӯйнавис карда, ба ман деҳ, ки ман онро ба оҳанг дароварда, бихонам". Ин ғазали Бедил дар он мақола ба таври комил оварда шудааст. Ва чунон ки устод Азимҷони Юсуф дар мақолааш бо таъкид гуфтаанд, умр ба ин хуршеди ҳунари тоҷик вафогӣ накард, то ки эшон ба ин ғазали ноб оҳанг эҷод кунанд. Бинобар ин муаллим ба самъи шогирдони сазовору иззатмандашон - Абдулхайру Раҳматуллоҳ Ҳошимовҳо расондааст, ки онҳо орзуи дар қалб парвардаи ҳунарманди машҳуру нотакрорро ҷомаи амал пӯшонанд.

Устоди фархундарой, Инсони комил ва меҳрпарвари мо Азимҷони Юсуф рӯзи 24 апрели соли 2006 ин олами фониро падруд гуфт. Ӯ аз дида ба дилҳо рафт. Дар воқеъ ашхоси бо маърифату соҳибикром, фазилатпешаву некандеш "дар синаҳои мардуми ориф" мазор мегиранд.

Ингуна ки фармудаи Хоҷа Ҳофизи бузургвор аст:

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,

Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

Пайвандон, ҷигаргӯшаҳои эшон - наберагон ва ёру дӯстон ҳамеша зикри хайрашонро ба ҷо меоранд. Барои устоди зиндаёд фарзандон - Гулчеҳра, Аъзамҷон ва Азамат мояи ифтихоранд, зеро ҳар кадомашон дар зиндаги мақоми хешро дарёфтанд. Завҷаи меҳрубон ва дилсӯзи устод Азимҷони Юсуф, модари ғамхор -  Сайёраи Олим - шахсияти шинохтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи собиқ Шӯравӣ ва ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон хушбахтона ҳоло қудрат бар тавоноӣ рисолаташонро ҳамчун раҳнамо барои фарзандону наберагон ва хешу ақрон ба ҷо оварда истодаанд, ки пайвандону азизон шукронаи ин неъматро доранд.

 Шарҳи пураи рӯзгору фаъолияти устоди гиромиқадрро мо дар китоби "Рӯзгори ибратомӯзи як оила" ба дӯстону пайвандон тақдим хоҳем кард.

Дар фарҷом гуфтанием, ки мазори муаллими муътабар  Азимҷони Юсуф Иллоҳо пурнуру чароғистон бошад.  Омин!

Меҳридини Ғиёсӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97