Ҷони ширин фидои истиқлоли Ватан кард

Таърих 25.04.2012 14:51

ЁДЕ АЗ ҶАВОНМАРД ВА РӮЗНОМАНИГОРИ АСИЛ Аюбҷони НЕЪМАТ

Aybjojon_NematovРоҷеъ ба рӯзу рӯзгор ва кору пайкори нафарони маъмулӣ навиштан хеле  саҳлу осонтар аст. Вале чун дар байни рафиқону дӯстон интихоби ёдкарди Аюбҷонро  ба риштаи тасвир кашидан ба души камина афтод, ман камтарин ҷуръатеро пайдо кардам, то битавонам ёди шодравон Аюбҷон Неъматовро оҷилан ба тариқи воқеӣ  ва бекаму кост оварам. Чаро ки Аюбҷон воқеан ҳам ҷавонмарди асил буд ва бояд роҷеъ ба рӯзу рӯзгор ва пайкорҳои ӯ ҷиҳати ба даст овардани истиқлоли миллӣ ва ташаккулу таҳаввули демократия дар ҷумҳурӣ чавонмарде ҷавонмардона бинависад. Дар ҳар сурат дар тамос шудам бо наздиктарин дӯстону рафиқони ӯ - Ибодуллоҳи Оқилпур, Ҷумъахон Насимов, Раҳмоналӣ Сироҷов, Ислом Ғуломов ва чанде дигарон то битавонам мунсифона ва воқеъбинона хаёлотеро оиди ӯ рӯи сафҳаҳо биорам.

30 сол пештар аз имрӯзиён

Нахустин чизе, ки ба хотирам омад ҷонфидоиҳои ӯ зимни сафарҳои хидмати ҳарбиаш дар Афғонистон ва дарки воқеии ҳолату вазъи миллати тоҷик ва ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз солҳои бозсозӣ ва баъд аз он буд. Имрӯз нафарони зиёде қариб ҳамарӯза аз ориёӣ будан, мустақилияту истиқлоли миллию давлатӣ, ташаккул ва таҳаввули ҷомеаи маданӣ, таҳким ва тақвияти пояҳои давлату ҷомеаи демократии мо ҳарф мезананд ва ин амал як одати маъмулӣ ва боиси ифтихор ҳам шудааст. Вале хонандаи гиромӣ итминон дошта бошед, ки Аюбҷон ҳанӯз бист - сӣ сол қабл роҷеъ ба ин масоил бе тарсу ҳарос ва як ҷавонмардии хосае ҳарф мезад. Яъне нисбати аксари мо воқеиятро хеле барвақттар дарку фаҳм карда буд. Аҷибтарину наҷибтарин хулқу хислати ӯ, ки ин шабу рӯз кам касоне мисли Аюбҷон онҳоро соҳибанд - ин нотарсию ростқавлӣ, бепарда сухан гуфтан, ҷуръату ҷасорат ва мустақиман ба чашми раисону саисони замон нигариста сӯҳбат кардан ва ҳарфи ростинро гуфтан буд. 

Ӯ рӯзноманигоре буд воқеъбин ва  бетамаллуқ. Тамаъ, дурӯғ, лофу газоф ва тавсифу мадҳияро намеписандид ва гумонам ҳамин гуна бе тағйир додани ин авсофаш ҷаҳони фониро падруд гуфт.

Ӯ дар ёди хотира ва аксҳо

Аз байн солиёни зиёде сипарӣ шуданд, вале чанд нуктаи хотирмонеро камина ба гӯшаи фаромӯшӣ насупурдаам. Фикр кардам, ки чӣ чизе маро бо Ӯ пайванд медод. Зуд ёдам омад тӯи арусӣ ва чун силсилааксҳои қаблиро варақ мезадам, дидам, ки Ӯ чун дӯсти наздикам бари тахт ва ҳам зимни бастани ақди никоҳ дар барам рост истода, ҳоло ҳам ба чашмонам дида медӯзад. Пас яқин кардам, ки Ӯ дӯсти наздикам буд, чаро ки мо мардуми маҳаллӣ одате дорем, ки бари тахти домодӣ дӯсту рафиқони наздик рост меистанд…

Банда аз Афғонистон дар баробари чанд китобе соли 1984 зимни бозгашт 33 адад фита (косет) - ҳои шодравон Аҳмад Зоҳирро низ оварда будам. Хеле аз онҳоро солҳои 1990 - 1992, ки  рӯзноманигорон аз нигоҳ доштани диктофон ва дигар таҷҳизоти техникӣ мушкилӣ доштанд, Аюбҷон мавриди истифода қарор дода буд, то битавонад оҷилан маводу матолиби таъҷилию фавриашро сабт намояд. Вале чун охирин маротиба баҳори соли 1992 - юм ба камина муроҷиат кард, ки боз дар хона фитае дорӣ, гуфтам; "Акаи Аюбҷон, охир чор фитаи  ниҳоӣ мондааст, ман бидуни Аҳмад Зоҳир чӣ мекунам?" Гуфт, имрӯз вақти шунидани Аҳмад Зоҳир нест, имрӯз вақти сабту пахши маводу матолибе оид ба вазъи воқеан муташанниҷи ҷумҳурӣ ва то ҳадди имкон ба сулҳу созиш, мусолиҳа ва осоиштагӣ овардани мардум аст! Биёр фитаҳои дигарро!". Ман ҳам ночор охирин фитаҳоро барои дуввумбора сабт кардан, ба ӯ бахшидам. Аюбҷон агар тасмиме мегирифт оқилона, кам касоне пайдо мешуданд, ки ӯро аз нияту раъйаш битавонанд пас гардонанд…

Худо ҳофиз, шаҳиди муҳоҷир!

Ман, ки ростӣ, дар чашмони Ӯ ахиран як навъ андуҳу фалокатеро эҳсос мекардам ва аз нафароне будам, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ охирин маротиба бо ман мулоқоте сарироҳӣ дошт ва худоҳофизӣ карда, мехост Маскав биравад. Хеле бо риояи одоб ва як навъ шарму хиҷолат дар пешаш аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҳамааш хуб хоҳад шуд, шояд сафари Шумо дар ин шабу рӯзҳо ба Маскав натиҷае ба бор нахоҳад овард! Ӯ сӯям нигоҳе мармуз ва пурасрор дӯхту ғарқи хаёлот шуд. Гумонам меандешид, ки то ҳол маро касе аз нияту раъйам пас нагардонидааст, ту ҳам наметавонӣ! Дӯсти дигарамон Раҳмоналӣ Сироҷов низ он ҷо ҳузур дошт. Бо ӯ дигар имкон ва қудрати сӯҳбат кардан надоштем, чаро ки аз ҳардуи мо ҳам як навъ маъюс гашт ва худоҳофизӣ кардем. Ӯ худи ҳамон рӯз озими сафари Маскав шуд (моҳи июни соли 1993, дар назди собиқ Бонки Миллӣ вохӯрда будем). Вале, мутаассифона, ин сафари охирини ӯ гашт, чаро ки ӯро зимни бозгашт дар ҳудуди Қазоқистон ноҷавонмардона дар дохили қатори хатсайри Маскав - Душанбе ба шаҳодат расониданд… 

Ӯ дар китоби шаҳидон

Дар китоби Олег Панфилов  таҳти унвони "Тоҷикистон; рӯзноманигорон дар ҷанги шаҳрвандӣ (Таджикистан: журналисты на гражданской войне (1992-1997). - М.: 203. "Права") роҷеъ ба Аюбҷон Неъматов фақат дар се маврид ёд шудааст, ки гумонам, хеле нокифоят аст. "Дар ҳудуди Қазоқистон Аюбҷон Неъматов - сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷоми Ҷам" ба шаҳодат расидааст" (саҳ. 74).  Ҳамчунин дар саҳифаи 152 -юми ҳамин китоб вобаста ба соли 1993 - юм дар баробари дигар рӯзноманигорони шаҳиру шаҳид (Ҷобир АЗИЗМУРОДОВ, Тоҳири АЗИМ, Саидмуроди ЁРИЁН, Мақсудшо ИММАТШОЕВ, Ҷӯраҷон ҚАЛАНДАРОВ, Искандари КАРИМ, Шарофиддин ҚОСИМОВ, Мӯсо МАВЛАВИЕВ, Тоҳири МАЛИК, Шакарбек МИРЗОШОЕВ, Пиримқул САТТОРӢ, Табаралӣ САЪДУЛЛОЕВ, Зуҳуруддин СУЯРӢ, Саидҷалоли ФАХРИДДИН, Ҷунайдуллоҳи ХАЛИФА, Маҳмудҷон ШАҲОБИДДИНОВ, Сафар ШОЕВ, Амонбек ШОҲЗОДА (саҳ. 152) - Аюбҷон НЕЪМАТОВ  низ хотиррасон шудааст.  Дар саҳифаи 209 - уми ҳамин китоб роҷеъ ба ӯ чунин маълумот пешниҳод гаштааст: "Аюбҷон Неъматов, моҳи феврали соли 1955 - ум дар деҳаи Лангари ноҳияи Мӯъминободи вилояти Кӯлоб мутаваллид гашта, ба ҳайси сохтмончӣ фаъолият доштааст, солҳои  1973 - 1978  муҳассили шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон буд. Сипас мухбири махсуси рӯзномаи вилоятии "Роҳи Ленинӣ" шуда кор мекард.  Баъди аз нашр бозмондани ин рӯзнома, шурӯъ аз 1 - уми январи соли 1989 чанде бекор монда, баъдан сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷоми Ҷам" мегардад. Соли 1993 дар ҳудуди Қазоқистон ба шаҳодат расидааст. Тибқи фарзияи бародари ӯ -  полковники умури дохила Раҳматулло Неъматов, ӯро 13 - уми июни соли 1993 - юм дар қатори хатсайри Маскав - Душанбе (нуқтаи гузариши шаҳри Оқтеппа (Актюбинск) ба тариқи мармуз ва пурасрор ба шаҳодат расонидаанд. Ҷасади ӯро баъдан ба зери қатор ҳавола кардаанд. Фақат баъди як моҳи ҷустуҷӯ бародарони ӯ ҷасадашро дар Оқтеппа (ш. Актюбинск) пайдо кардаанд. Рӯзномаи  "Посух" (Душанбе), 1997: 11 март; Китоби  "The Freedom Forum Journalists Memorial". New York, 1996 (саҳ. 209)".

Озодамард

Ростӣ, ки наҷибтарин хислатҳои инсонӣ дар шароит ва авзоъи фавқулодда ва ҳолатҳои ҷангӣ зуҳур мекунанд. Тариқе, ки Раҳмоналӣ Сироҷов, яке аз дӯстони наздики Аюбҷон, ки бо ӯ дар шароити вазнини солҳои 1986 - 1988 дар Афғонистон борҳо во хӯрдааст, нақл мекунад: "Бори нахуст чун Аюбҷон аз музофоти Ғазнӣ ба Кобул омад, мо ҳуҷраҳои зисти худро дар ихтиёри ӯ гузоштем, то саргардон нашавад ва чанд рӯзе ҳам бошад, ин ҷо роҳат кунад. Чун рӯзи дигар аз кору хидмат баргаштем, то он дараҷа ҳуҷраҳои зистамон тозаю озода буд, ки кас фикр намекард, ки як нафар мард битавонад, то ин қадар покизакору хушбини тартибу назму низом бошад. Аюбҷон худ чун ботинан тозаю пок ва беолоиш буд, ҳар гуна зоҳирро низ мехост поку беиллат бинад". Раҳмоналӣ Сироҷов меафзояд: "Аюбҷон, ки худ як нафар адабиётдӯст буд, чун медид, ки идеологияи шӯравӣ моро аз тоҷиктаборони афғон чандин даҳсолаҳо ҷудо ва дар инзиво қарор дода буд, дар ҳама гуна лаҳазоти зарурӣ, ки имкон даст медод, дар саҳафоти рӯзномаҳои Ҳироту Ғазнӣ ва Кобул гулчину шоҳбайтҳоеро аз ашъори шоирони муосири Тоҷикистон интишор медод, то афкори ғалату пуриштибоҳе, ки ба тафаккури афғонҳо роҷеъ ба "тоҷикони шӯравӣ" рахна карда буд, аз байн бираванд. Боре, чун ӯро ба ҳайси тарҷумони низомӣ ба музофоти Ҳирот гузаронида буданд, Аюбҷонро, ки ба Кобул ба аёдати мо дӯстони тоҷикистонии худ омада буд, хеле пурғазаб, асабонӣ ва ошуфтахотир дидем. Чун пурсидем, ки Худое нокарда, чӣ иттифоқе уфтодааст, ки боиси нороҳатиат гаштааст? Аюбҷон гуфт: "Афсару асокири шӯравӣ, ки худро мутамаддин ва афғонҳоро ҷоҳил меҳисобанд, оромгоҳи бузургвор  Абдураҳмони Ҷомиро ба тороҷ бурда, хароб кардаанд ва аз сангу таҷҳизоти мармарини оромгоҳи ин мутафаккири бузург барои худ дар дохили қисми ҳарбии шӯравие дар Ҳирот ҳаммоме ҷур кардаанд!". Шодравон Аюбҷон ин лаҳазотро ҳикоят мекард ва дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад. Дар вазнинтарин шароити Ғазнию Ҳирот ва Кобул ӯ имкон пайдо карда, худ мутолиа менамуд ва дигаронро низ мутталеъ месохт".

Шефтаи миллат

Яке аз дӯстони даврони донишҷӯию ҷавонии шодравон Аюбҷон - рӯзноманигор, мутарҷим ва мусташриқи варзида - Ибодуллоҳи Оқилпур ёддоштҳои худро бо хоҳиши муаллифи ин ёднома чунин нигошта: "Дар як рӯзи баҳории соли 1978 писари амуям Сайидаҳмад ҳамроҳ бо ҷавоне хонаи мо омад. Ман тоза аз аскарӣ омада будам ва доштам барои дохил шудан ба Донишгоҳ омодагӣ мегирифтам. Шабу рӯз мутолиа мекардаму барномаи таълимиро такрор менамудам. Сайдаҳмад ҷавонро ба ман муаррифӣ кард ва аз он рӯз бо Аюби Неъматзода ошно шудам. Вақте Аюби Неъматзода донист, ки мехоҳам ба факултаи шарқшиносӣ дохил шавам, аввалин кореро, ки бо ман анҷом дод, бо суолҳои хеш сатҳи донишу ҷаҳонбиниамро хост бифаҳмад. Аз адабиёту таърих зиёд суолҳо дод. Банда, ки дар ду соли хидматам пайваста мехондам, ба тамом суолҳояшро ҷавоб гуфтам. Баъдан ӯ китоберо, ки бо хати настаълиқ навишта шуда буд, пешам гузошту гуфт: - Бихон, бубинам, ки сатҳи форсихониат чи гуна аст? Бисёр бо осонӣ чанд саҳифаро хондам, ки гуфт, кофист. Дастамро гирифту гуфт:- Ҳошо, хуш ба ҳолат, ту ҳатман дохил мешавӣ!

Дар давраи донишҷӯӣ чаҳор сол бо Аюби Неъматзода будем ва ӯро таи солҳои донишҷӯӣ ва кор инсони комил ва донишманду жарфандеш дарёфтам. Шефтаи миллату забон буд ва Тоҷикистонро бо тамоми каму костҳояш дӯст медошт ва мегуфт: -Тоҷикистон беҳтарин сарзамини рӯи олам, биҳишти дунёст. Ва агар банохост касе мегуфт, Тоҷикистон чунин асту чунон ва камтараш медонист, аз гуфтааш пушаймон мешуду ба халосгар зор. Боре дар троллейбус мерафтем. Аюбҷон  чун одат дар мавзӯъи шеъру вазну қофия сӯҳбат мекард. Ӯ зиёд шеър медонист ва нисбат ба шуаро эҳтироми хосе дошт. Дар ин ҳангом зани солхӯрдаи русе бо як хушунату бадбинӣ ба мо рӯ оварда гуфт: - Хватить ругаться! Аюби Неъматзода мисли ин ки оташ гирифт, яку якбора мисли шери жаён ба ӯ дарафтода, ин занро, ки ҳисси бадбиниаш нисбат ба дигар халқҳо зиёд будааст, бо калому далоили шайъӣ дар як лаҳза шарманда кард ва гуфт:  - Ифтихори ту, танҳо ҳамон шишаи арақат аст, ки ҳар рӯз мехӯриву мисли хук рафтор мекунӣ! Ҳоло ҳам аз бӯи бадат троллейбус мурдор шуда имкони нафасгирӣ намондааст. Кор ба ҷое расид, ки русҳои дигаре, ки дар ин троллейбус мерафтанд, ба ин даъво мудохила карда, он занро гунаҳкор гуфтанд ва аз мо узру маъзарати зиёде хостанд. Ӯ мехост ҳама чизро дар шакли воқеиаш бубинад. Дар базлагӯиву ширинсуханӣ ҳамто надошт ва ҳар гоҳ шӯхие мекард, ҳама аз зиндагӣ буду воқеӣ.

Кунҷков

Як рӯзи истироҳатӣ ҳамроҳ ба тамошои шаҳр баромадем ва дар боғи он вақтаи Ленин (холо Рӯдакӣ) сайругашт мекардем. Аюбҷон, ки марди кунҷков буд, ба ҳар духтаре, ки мегузашт, назар меафканду гоҳ-гоҳе "уф" -  гуфта, худро месӯзонду мепазонд. Билохира гуфтем, ки чӣ ин қадар месӯзиву месозӣ, аз ин сӯхтанҳову сохтанҳо чӣ фоида? Гуфт: - Дилам ба ҳоли ҷавонон месӯзад.  Гуфтем, кадом ҷавонон?

Гуфт: - Онҳое, ки ҳамин духтарҳоро ба занӣ мегиранд. Гуфтем: -Матлабатро нафаҳмидем. Гуфт: - Агар зан гирифтанӣ бошед, субҳи барвақт рафта дар ҷойгаҳи хоб чеҳраи ҳақиқии ин духтарҳоро, ки ҳоло бо рангу бор худро орову торо додаанд, бубинед, ба пишаке, ки тоза аз об баромадааст, шабоҳат доранд. Худатон мефаҳмед, ки зебоии воқеӣ дар куҷост. Ҳама хандидем.

Тадбирҷӯ

Дар давраи донишҷӯӣ гоҳо мешуд, ки бепул мемондем. Барои ғизо ҳатто пули майдае ҳам набуд. Аюбҷон бисёр кунҷковона ба мо менигаристу баъдан пешниҳод мекард, ки биёед ба чойхонаи Роҳат меравем, шикамҳоямонро сер мекунему бармегардем. Ба ҷуз розӣ шудан илоҷи дигаре надоштем.  Пешхидмат омаду фармоиши моро қабул кард. Барои чаҳор нафар як порсӣ лағмон, ду донагӣ самбӯса ва нону ҳалвову чой овард. Шикамсерӣ хӯрдем ва вақти ҳисобу китоб сар шуд. Аюбҷон даст ба кисаҳояш мебурду гӯё пул мекофт, вале пули набударо илоҷи пайдо кардан набуд. Билохира, ба пешхидмат гуфт: - Ҳамин рафиқи мо, (ба Темуршоҳ ишора карда) то овардани пул пеши шумо гарав меистад, ҷои зистамон дар наздикист, зуд омада, бо шумо ҳисобро баробар мекунем. Пешхидмат ҳам розӣ шуд ва Аюбҷон дигар фаромӯш кард, ки рафиқамон назди пешхидмат гаравгон аст. Гуфтем, коре бояд кард ва Темуршоҳро аз гарав озод бояд намуд.  Гуфт: - Мутмаин бошед, ҳамин, ки вақти корӣ тамом шуд, пешхидмат ӯро худаш аз чойхона пеш мекунад. Ҳамин тавр ҳам мешавад. Темуршоҳ бегоҳ ба хонаи иҷора меояд. Пешхидмат мефаҳмад, ки ҳама донишҷӯянд, боз як бори дигар шиками Темуршоҳро сер мекунаду раҳояш мекунад.

Дарси тарҷумонӣ

Соли 1985 бо Неъматзода дар Кобул, дар хонаи зисти ман вохӯрдем. Ӯ дар фирқаи 18 -уми Вазорати дифоъи миллии Афғонистон, ки дар   Ғазнӣ мустақар буд,  ба сифати  тарҷумон ифои вазифа менамуд. Аз чеҳрааш фаҳмидам, ки коре аз сар гузаронидааст. Гуфт,  як моҳ аст дар фирқа тарҷумонам, истилоҳоти ҳарбиро пурра намедонам. Чанд рӯз пеш дар як амалиёте тӯпчиҳоро тарҷума кардам. Афғонҳо пас аз тарҷумаи ман мили тӯпҳоро ба дигар тараф гардонида, дубора аз ман пурсиданд, ки тарҷумон - соҳиб ҳамин ҷурӣ дуруст аст? Гуфтам, ки "Бехи саҳеҳ аст" ва дубора амри қумандонро ба онҳо гуфтам. Як вақт дидам, ки аз даҳ тӯпи дурзан беист гулӯлаҳо шилик мекарданд ва ин кор беш аз панҷ дақиқа давом кард. Тахминан соатҳои нӯҳи бегоҳӣ хабар расид, ки тамоми гулӯлаҳо ба ҳадаф расида, мавқеи ашрор комилан мунҳадим гаштааст ва дар ҷои амалиёт беш аз 15 тан аз мухолифони инқилоб кушта шудаанд ва ба ману мушовири рус сипоснома доданд. Гуфтам, ин бисёр хуб аст, ки дар нахустин рӯзи кориат сипоснома гирифтӣ. Гуфт: - Ин тасодуфӣ буд, худо накунад, ҳамин хел тарҷума кардан гирам, аз ин ба баъд ягон деҳа дар Ғазнӣ обод намемонад. Як ҳафта мо якҷоя истилоҳоти ҳарбиро тамрин кардем ва он чӣ зарурат дошт, бардошт кард ва дар Ғазнӣ яке аз беҳтарин тарҷумонҳо шинохта шуд.

Ҷони ширин фидои истиқлоли Ватан кард

Неъмати Аюбзода диди тозае дар нисбати ҷамъияту равишҳои он дошт, ки дар солҳои 80 - и асри пор на ҳар кас метавонист ба умқи сиёсату аҳдофи ҷомеаи иштирокӣ сарфаҳм равад. Ҳар бор мегуфт, ки оё рӯзе мерасад, ки Тоҷикистон мисли Эрону Афғонистону Ҳинду дигар мамолики шарқ соҳибистиқлол гардад ва моро ҳамчун давлат бишносанд. Ин фикре буд, ки доимо ва дар ҳама ҷо вирди забонаш буд ва мехост миллату ватанашро озоду соҳибистиқлол бубинад. Баъзан, кӯрдилон сухани ӯро ҷуз сафсата ва ормон чизи дигаре намедонистанд, вале ӯ мутмаин буд, ки мо ҳатман ба он рӯзи саъодатманд хоҳем расид. Дар воқеъ мисли ин ки ӯ пешбинӣ карда буд, мурғи Ҳумо сари ин миллат нишаст ва баъди ҳазор сол миллати тоҷик фарри каёнӣ бар сар ниҳод ва давлате бо номи Тоҷикистон сохт, ки имрӯз дар ақсои олам шинохта шудааст. Ватане ободу зебо бо миллати сарфарозу сарбаланд дорад арзи ҳастӣ мекунад ва амокину аркони давлатдории тоҷикро дубора зинда карда. Дар истиқлол ба даст овардани Тоҷикистон Аюби Неъматзода саҳми калон дошт ва яке аз муборизини роҳи саҳеҳ ва яке аз сохтмончиёни низоми нав ва давлати соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Ӯ фидоии миллат буд ва дар ин роҳи пурхатар, вале саъодатманд ҷони ширинашро дареғ надошт ва ормонеро, ки садсолаҳо миллат мунтазираш буд, барои дигарон муҳайё сохт ва акнун орому сокит дар кунҷе аз водии хамӯшон барои ҳамеша маскан гирифта, вале рӯҳи бузургаш мудом миёни мост ва ёду чеҳраи зебову ҷавонмардонааш пеши чашмонамон айён асту чун шӯълаи хуршед медурахшад ва сардиҳои дунёи моро гармӣ медиҳад".

Аз Панҷшери Кӯлобам, ватандор!

Яке аз дӯстони наздиктарини шодравон Аюбҷони Неъмат, ки дар сангару ҷабҳаҳои доғи Афғонистон ҳамроҳ буданд - Ҷумъахон Насимов айёми шиносоӣ ва фаъолияташонро дар ин кишвар ба ёд оварда, чунин қисса мекунад: "… Тобистони соли 1986 мо барои интиқоли маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба музофоти Кандаҳор расидем, ҳамроҳи мо расидан замон бисёр нафарони зиёде аз воҳидҳои низомии дигар низ ба ин музофот расида омаданд ва  техникаю лавозимоти ҷангии мутааддиде бо афсарону сарбозон дар як минтақа таҷаммуъ гашта буд. Аз ин ҳолати мувофиқу мусоид истифода карда, муҷоҳиддин ба ҷониби мо тавассути мушакҳои реактивӣ ва миномётҳо  ба якборагӣ  ҳамла карданд. Қисме аз ҷузъу томҳое, ки оҷилан мавқеъи хуб гирифта натавониста буданд, дар як ҳолати раҳгумӣ ва осемагӣ қарор доштанд. Ман ҳамроҳи  чанде аз ҳамхидматҳо дар пушти деворе панаҳ бурдам. Чанде баъд нафарони дигаре ҳам ба мо ҳамроҳ шуданд, дар ин лаҳзаҳо нафарони мутабоқиро низ ман садо карда, ба ин нуқтаи амн даъват менамудам. Дар ин ҳолат нафаре аз онҳо бо лаҳҷаю шеваи бароям ошно ҳарф мезад, фавран аз ӯ пусон шудам, ки кистӣ ва аз куҷоӣ? Гуфт: Ман Аюб Неъматов, аз шаҳри Кӯлобам. Баъди андешае шӯхиомез изофа кард, ки аз Панҷшери Кӯлобам, ватандор! Ана маҳз дар чунин ҳолату вазъият ман нахустин маротиба бо шодравон Аюбҷон Неъматов ошноӣ пайдо карда будам.

"Ганда мурдан надорад!"

Баъдан дар чандин амалиёти низомӣ ҳамроҳ ширкат доштем ва ҳамин тариқ дӯсту бародари ҷонию доимӣ гашта мондем. Аюбҷон ҷавонмарди хеле нотарс, далер, ватандӯст ва шуҷоъ буд. Замоне, ки ман захмию маҷруҳ гашта будам,  ӯ ба шифохонаи ҳарбии Кобул таҳти унвони "Чорсадбистар" ба айёдатам омада, қариб як ҳафта аз ман мувозибат менамуд. Баъди аз шифохона ҷавоб шудан, ҳамроҳи Аюбҷон ба ҷониби Ғазнӣ равона будем, ки тахминан дар 15 - 20 километрии Ғазнӣ чархболе, ки мо дохили он будем, дар баландии 150 - 200 метр ба ҳар тараф алвонҷ хурдан гирифт. Ман ба Аюбҷон гуфтам, ки ба фикрам муҳаррикаш аз кор монд. Аюбҷон маро дилбардорӣ карда, "Ганда мурдан надорад!" - гуфта, шӯхию ҳазлҳо мекард. Афзуд, ки агар дар ин ҷо афтему зинда монем, моро дар асоси корти хидматиамон шинохта, кумак хоҳанд кард. Хушбахтона, баъди ба замин сарозер шудани чархбол бо гирифтани якчанд осебҳои начандон ҷиддӣ аз ин ҳолати ногувор баромадем ва тавассути чархболи эҳтиётии дуввум мо ба Ғазнӣ расидем. Фақат Аюбҷон барин ҷавонмарди нотарс метавонист дар чунин ҳолатҳо на танҳо худро гум накунад, балки дигаронро низ дилбардорӣ кунад. Дар Афғонистони солҳои 1980 - ум айёми ҷашнгириии идҳо то се рӯз рухсатӣ мешудем ва аз ҷои будубош берун баромадани мушовирин ва мутарҷимини шӯравӣ мамнуъ буд. Вале, боре аз Аюбҷон хоҳиш карданд, ки барои харидорӣ ҷиҳати ҷашн гирифтани зодрӯзи ҳамхидматамон ба тариқи истисноӣ бозор равем. Зимни ба харидорӣ машғул буданамон ногоҳ аз пушти мо садои тирпаронӣ шурӯъ шуд. Гашта дидем, ки як афсари русро афғонҳо тирборон доранд. Мо ҳамроҳ бо Аюбҷон ба ӯ кумак карда, маҷруҳро то қароргоҳ расонидем. Азбаски талафоти ҷонӣ ҳам дар ин ҳолат ба қайд гирифта шуда буд, оҷилан ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амният доир шуд ва истинтоқу пурсишҳои мо шурӯъ гашт. Нафароне, ки мо ва Аюбҷонро ба бозор равон карда буданд, аз мо рӯй гардонида, қазияро радду инкор менамуданд. Мунтаҳо, сармушовири Корпуси низомӣ генерал - майор Ушаков, ки Аюбҷонро ҳамчун шахси далеру шуҷоъ хуб мешинохт, қазияро ба тариқи мусбат барои мо ҳаллу фасл намуд.

Баъди сиҳату саломат аз Афғонистон баргаштан ман бо Аюбҷон дӯсти ҷонӣ гашта будем. Ӯ шахсе буд, ки хеле кам хоб мерафт, гумонам эҳсос мекард, ки марг ӯро гиребонгир аст ва ҳарчи зиёдтар эҷод мекарду хона месохту боғе обод карда буд. Вале, аҷал ӯро беамон дар айни авҷи ҷавонию камолоташ моҳи июни соли 1993 аз байн бурд ва қисме аз орзую ниятҳои некаш пиёда нашуда монд. Фикр мекунам, ки мо бо Аюбҷон аз як падару модар бошем. Бародарони ӯ нисбати ман эҳтироми хоса доранд ва банда низ дар чеҳраю симои онҳо Аюбҷонро зинда мебинам. Сад афсус, ки умр бебақо будааст. Руҳат шоду ҷоят ҷаннат бошад, бародари азиз Аюбҷон!"

Бале, мо бояд ба қадри  нахустин афроди наҷиби тоҷиктабор, ки  ҳанӯз салтанати шӯравӣ побарҷо буду русҳо қариб нисбати тоҷикон дар пойтахти кишвар -  Душанбе зиёдтар нуфус ва нуфуз доштанд, сухан аз истиқлоли миллию давлатӣ мезаданд, навобаста аз кию куҷоӣ буданашон бирасем! Камина гумон дорам, ки рӯзу солҳое хоҳанд расид, ки дар таърихи мустақилияти тоҷикон ному насаб ва кору пайкори чунин афроди наҷиб, аз қабили Аюбҷони Неъмат бо хатти зарин навиштаҳо пайдо хоҳанд шуд.  Бале, чунин буд Аюбҷони Неъматзода, ростгӯй, ростқавл, аз мавқеъ ва нуқтаи назари худ мудофеъ!

Замоне, ки шодравон Аюбҷони Неъматзода мубаллиғ ва мушаввиқи Истиқлол буд, бисёре аз ҳамватанони мо нисбати мустақилияти ватани азизамон мутанаффир буданд ва салтанати русҳои ишғолгарро мехостанду мепарастиданд. Чеҳраҳои зиёди онҳоро хуб ёд дорам, ки бист - бисту панҷ сол қабл аз мустақилият хушбин набуданд, хуҷаинпарасту ғуломтабиат буданд, вале имрӯз бо замона сохта, тибқи масали "Хоҳӣ нашавӣ расво - ҳамранги ҷамоат бош!" амал карда, лофу газофҳои зиёде аз истиқлолу мустақилият ва соҳибихтиёрӣ мезананд!  Аммо, шодравон Аюбҷони Неъматзода аз он нафарони ғуломтабиату хуҷаинпараст набуд ва ҳамон гуна, ки табиатан нотарсу ҷасур, мутарҷим ва рӯзноманигори варзидаю ҳақгӯ ва ҳақпараст буд, аз дасти ноҷавонмарде (ва ё шояд ноҷавонмардоне)  июни соли 1993 ба ҳалокат ва шаҳодат расонида шуд! Вале, кору пайкори ӯ, фаъолиятҳои густарда ва ҷасуронаю бошууронаи ӯ ҳаммонанди ёди беғашу беолоишаш дар қалби ҳар як дӯсту рафиқ ва ихлосмандонаш боқӣ мондааст!

Бигузор, ки мо ҳам бихобем!

Шабе, ки мақоларо барои нашр омода мекардам, Аюбҷон ба хобам даромад. Дар хобам маро барои кадом амали ноҷоям сарзаниш мекард. Бо сиёсат ҳарф мезад. Ростӣ, ки дар байни ёру дӯстонаш аз ҳама хурдтар будам ва нисбати дигарон маро зиёдтар сарзанишҳо мекард. Бихоб ва ором бош, бародар Аюбҷон ва бигзор, ки мо ҳам хоб равем, чаро ки ҳоло ҳам қисме аз ҳаммиллатони ману Шумо аз хоби ғафлату гарон нахестаанд!

Аз чашмонат эҳсос карда будам, ки фалокате рӯй доданаш имкон дорад! Он шабу рӯзҳои солхои 1993 - 1995  гурӯҳҳои сиёҳкору бадсурату бадсиратоне аз пайи ҷисман нобуд кардани ҷавонмардони асилу мӯътабари тоҷиктабор буданд!

Боре гапатро Аюбҷон  гардонида будам, гуфта будӣ, ки ту хурдтарӣ, бояд мартабаатро донӣ ва сарзанишам карда будӣ!  Хеле мехостам ҳамон рӯзи наҳс рӯ ҷониби Маскав наорӣ ва хеле ҳам оромона гуфтамат, ки нарав, ҳамааш хуб мешавад! Вале, магар мани хурдтар метавонистам Туи ҷавонмардро аз сафари охиратат баргардонам! Наметавонистам, ин яқин буд, ки аз раъйу тасмимҳои гирифтаат барнамегаштӣ! Бубахш, ки натавонистам, бубахш, ки натавонистем, бубахш, ки мо ҳамагон хотира ва ҳофизаи кутоҳ дорем, рафтаҳоро зуд фаромӯш мекунем, ҷавонмардона иқрор шуда наметавонем, ки фалонӣ ҷавонмард аст ва ё ҷавонмард буд! Бори дигар бубахш!

Ёдат ба хайр, манзили охиратат обод бод, яке аз нахустин истиқлолталабони Тоҷикистон!

Ҷумъахон АЛИМӢ,ш. Кӯлоб

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97