SOS: ГОВҲО ҲАМ МУРДАНД

Таърих 07.04.2012 15:16

Ё ҳаждаҳи бузкӯш чанд ҳазор гусфандро кушт

gov_01Рӯзҳои охири зимистониро дар кӯҳистони тоҷик бо номҳои гуногун тақсиму номгузорӣ мекунанд; "Кампирдарғор", "Ҳаждаҳи бузкӯш" ва  "Дувоздаҳи кабки рав". "Кампирдарғор" мавсими шамолҳои сахтро мегуфтанд. "Ҳаждаҳи бузкӯш" мавсими талафоти чорпои майдаи шохдор аст, ки аз асари сардиҳои охири зимистон талаф меёбанд. Ва "Дувоздаҳи кабки рав" мавсими шукуфоӣ, пайдошавӣ ва замзамахонии кабк аст. Аммо дар мавсими имсолаи "Кабки рав" дар ҳолати баъзе мардумони кӯҳистон руҳияи наврӯзӣ дида намешавад. Зеро "Ҳаждаҳи бузкӯш" дар кӯҳистони Хатлон сари гусфандҳои зиёдро хӯрд

    Талафоти чорпо аз асари сардиҳои зимистон ва норасоии хӯроки чорпо дар навоҳии кӯҳистони Хатлон, ки вазъи соҳаи чорподории Хатлонро дар ҳоли табоҳ қарор дод, аз нав мавзӯи набудани фондҳои махсус барои пешгирии чорпоро аз ҳолатҳои фавқуллода гарм кард. Воқеан ҳам чаро дар нахустин зимистони тӯлонӣ, ки чорподорони хатлонӣ назирашро ёд надоранд, умеди ягонаи мо дар пешгирӣ аз талафоти ҳайвоноти гуштию ширӣ тезтар гарм шудани ҳаво буд. Ё ин ки таъкидҳои ду сол пеши президенти кишвар оид ба омодагӣ ба хушксолиҳо ва зимистони сардро нодида гирифтанд?

Коҳ рекорди бензинро зад

Шурӯъ  аз миёнаҳои моҳи феврал бинобар норасоии ему хошок ва сардии ҳаво чорпои хурд дар хоҷагиҳои Хатлон талаф меёфт. Дар ҳоле ки зимистони гузашта нахустин шуда чӯпонҳо садо баланд карданд, ки аз асари сардии дарозмуддат, ему хошок тамом шуда, гусфандон гуруснаву барачаҳои навзод аз норасоии шир ба ҳалокат расида истодаанд. Баъдан аз оғози моҳи март дар навоҳии Данғара ва кӯҳистони вилояти Хатлон коҳи гандум нархи рекордӣ пайдо кард. Дар шабу рӯзи охирин барфборӣ аз Данғара овозаҳое меомад, ки гӯиё як килограмм коҳ 3 сомонӣ шуда, дар роҳҳои мошингарди Данғара-Қӯрғонтеппа 1 килограмм гушти бузу гусфандро 5 сомонӣ мефурӯшанд. Баъдан мо ин ҳолатро дар води Вахш низ мушоҳида кардем, ки аз маҷбуркушии ҳайвоноти калони шохдор як килограмм гушт то 5 сомонӣ арзиш дошт. Акнун нархи як мошин коҳи гандум, ки тобистонӣ 50-60 сомонӣ арзиш дошт, то 3 ҳазор сомонӣ боло рафта буд. Дӯстони данғарагии мо иттилоъ доданд, ки дар санаи 13-20-уми март талафоти чорпои хурд якбора зиёд шуда истодааст. Шояд чорподорон интизори онро надоштанд, ки зимистони имсола сербарфу ҳавои сард ин қадар ба дарозо давом мекунад. Албатта оид ба талафоту умумии чорпо ё ба қавли чӯпонҳо маҷбуркушии чорпои калону майда омори дақиқро ҷамъ овардан имконнопазир аст. Зеро имрӯз аз чорпои ҷамъиятӣ дида саршумори чорпоён дар хоҷагиҳои хусусӣ зиёд аст. Аз ин рӯ дар баъзе ноҳияҳои чорподории Хатлон омори дақиқи чорпои хусусиро муайян кардан имконнопазир менамояд.

Талафот ё маҷбуркӯшӣ

Тибқи иттилои Тағой Абдуллоев, муовини сарраёсати кишоварзии Хатлон оид ба чорпо аз 843 318 сар чорпои калони шохдори Хатлон ҳамагӣ 81055 саршумори он ба хоҷагиҳои калону ҷамъиятӣ ва аз 1 миллиону 497 583 саршумори бузу гусфанд ҳамагӣ 417 629 сари он ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ тааллуқ дорад. Ба гуфтаи манбаи иттилоъ танҳо дар ду моҳи охири соли ҷорӣ дар тамоми шаклҳои хоҷагиҳои чорподорӣ 776 сар чорпои калони шохдор ва 5 ҳазору 800 сар чорпои майдо маҷбур кушта шудаанд.  Масъулин маҷбуркушӣ гуфта, аз асари беморӣ ва ё харобу лоғар шудан, забҳ кардани чорпоро дар назар доранд. Яъне чорподорон ҳайвоноти гуштию шириро ба хотири талаф наёфтан забҳ мекунанд. Агар аз як тараф сардии зимистон боиси талафоти чорпои майда гардида бошад, аз ҷониби дигар норасоии хошоки дурушт ва дигар намуди хӯрокаи серғизо ҳайвоноти калону майдаи шохдорро аз пой меафтонд. Аммо масъулини соҳаи чорподории сарраёсати кишоварзии Хатлон иброз медоранд, ки дар зимистони имсола чорподорон беш аз 569 641 тона хошоки дурушт ва 43 485 тона хошоки ширадор захира карда буданд. Агар зимистон мисли солҳои пешин меомад, ин миқдор захираи ғизоӣ барои хоҷагиҳои чорподорӣ кифоя буд.

Ба гуфтаи муовини сарраёсати кишоварзии Хатлон маҷбуркушии чорпо бештар дар навоҳии Балҷувон, Муъминободу Данғара ва Восеъ мушоҳида мешавад. Барои пешгирӣ аз талафоти чорпо аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагиҳои чорподории вилояти Хатлон 124 тона хӯроки серғизои комбикорма таъмин карда шудааст. Аммо ин миқдор хошок ва дигар маводи ғизоӣ барои чорпои хоҷагиҳои Хатлон кифоя нест. Мутахассисон бар онанд, ки барои пешгирӣ аз хатари талафоти чорпо дар фасли сармо ва дигар ҳолатҳои фавқуллода бояд, ки захираи эҳтимолии хӯроки серғизои чорпо лоақал 500 тоннаро ташкил намояд.

То соли 2020-ум Худо ҳофиз?

Агар дар солҳои гузашта хӯроки чорпо барои се моҳи зимистон захира карда мешуд, аммо дар зимистони гузашта шурӯъ аз моҳи октябр дар кӯҳистони вилоят барф бориду, чорпои вилоятро муддати шаш моҳ аз ҳисоби захираи хошок таъмин намудаанд. Дар баробари ин соли гузашта барои чарогоҳҳои Хатлон соли хушксолӣ ба ҳисоб рафта, алаф дар доманакӯҳҳо хуб нарӯида буд. Чӯпонҳо иброз медоранд, ки чунин ҳодисаи сардии дарозмуддат ва талафоти зиёди чорпо дар навоҳии кӯҳистон соли 1964-1969 рӯй дода буд, ки чорподорони хатлонӣ моли зиёди хешро аз даст дода буданд. Коршиносони соҳа мегӯянд, ки инчунин сардиҳои тӯлонӣ ва хатарҳои талафёбии паррандаву чорпои фоидаовар дар 8 мавсими зимистонҳои оянда кишварҳои Осиёи Миёнаро таҳдид хоҳад кард. 

"Дору" барои говҳо

Дар чанд соли охир бо ташаббуси раиси Хатлон соҳаи бойтории вилоят рушду тараққӣ ёфта, дар ноҳияҳои вилоят даҳҳо клиникаҳои бойторӣ таъсис дода шудаанд. Аммо чупонҳои хатлонӣ иддао доранд, ки дар Хатлон мушкилоти асосӣ сифати пасти доруҳои бойторӣ мебошад, ки назорат аз рӯи он дар кишвар суст ба роҳ монда шудааст.  Чунин ба назар мерасад, ки назорати доруҳои бойториро, ки аз хориҷа вориди қаламрави Тоҷикистон мешаванд, ягон ниҳоде ба уҳда надорад. Ин аст, ки ҳамасола аз кишварҳои ҳамсоя ба бозорҳои Хатлон доруҳои бесифати бойторӣ ворид мешаванд. Мутахассисони соҳа пинҳон намедоранд, ки мо имконияти оддии санҷидани инчунин доруҳои бойториро надорем, Зеро барои санҷиши сифати ингуна доруҳо таҷҳизоти махсуси лабораторӣ лозим аст, ки алъон чунин технология вориди кишвари мо нашудааст. Аз ин рӯ ба таъкиди мутахассисон чӯпон барои табобати гусфандонаш бояд доруро аз мағозаҳои бойторие харидорӣ намояд, ки сертификат ё ҳуҷҷати сифатнокии он маводи кимиёиро дошта бошанд. Ворид намудани доруҳои бесифати бойторӣ мисли муаммои "макаронбизнес" як мавзӯи аз мадди назари таҳлилгарон дур монда аст.

Гусфандҳои ташна

Вахш яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад, ки дар гузашта дорои хоҷагиҳои пешрафтаи чорподорӣ буд. Айни замон  саршумори чорпои майдаи ҷамъиятии ноҳия ҳудуди 52 ҳазору 100 сарро ташкил менамояд. Ба гуфтаи Бобомурод Раҷабов, сарзоотехники ноҳия имсол аз 17 400 сар гӯсфандони насловар 16252 насл гирифта шудааст. Аммо барои зинда нигоҳу тарбия намудани он хоҷагиҳои чорподории ноҳия мушкилӣ доранд. Мушкили №1 соҳаи чорподории ноҳияи Вахш ин норасоии об мебошад. Ба гуфти ӯ системаи обтаъминкунии кӯлобҳои чарогоҳҳои хоҷагиҳои чорподорӣ аз асари сел хароб шуда, калонтарин хоҷагиҳои чорподории ноҳия ва 33 адад хоҷагиҳои хурди чорподорӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти "Машъал" то моҳи май аз норасоии об мушкилӣ доранд. Ин мавзеъро дар асоси шартнома бояд хоҷагии оби вилоят ба об таъмин намояд, аммо бо сабабҳои номаълум корҳои барқарорсозии системаи обкаш суст ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи масъулини соҳаи чорподории ноҳияи Вахш барои чарогоҳҳои ноҳияи Вахш обро тариқи  қубурҳои обкаш аз Сангтуда дастрас менамоянд.

Аз чанги зимистон раҳо шудем, аммо…

Холмаҳмад Ашуров, муовини сардори идораи кишоварзии ноҳияи Вахш, иброз медорад, ки имсол чӯпонҳо бо як мушкилӣ чорпоёни худро аз зимистон бароварданд. Агар барфи охирин ду ҳафтаи дигар давом мекард, чорпои минтақа бо теъдоди гушношунид талаф меёфт. Аммо чунин зимистонҳои вазнин ҳоло дар пеш буда, моро мебояд барои омодагӣ ба зимистони оянда аз ҳоли ҳозир чораҳои мушаххас бубинем. Як мушкил дар ин ҷода ҳамин аст, ки сохтори пешинаи хоҷагиҳои чорподорӣ аз байн рафта, хоҷагиҳо аз тавозуни давлатӣ бароварда, хусусӣ шудаанд. Аммо хоҷагиҳои хусусии чорподорӣ дар таъмини ғизо барои гову бузу гусфандони худ такя ба бозору мағозаҳо мекунанд. Яъне захираи асосии чорподорони бозору мағоза аст, зеро бештари хоҷагиҳои хусусии чорподорӣ фаҳму таҷрибаи захирасозии ему хошокро надоранд. Дар гузашта тамоми ноҳияи Вахш аз 18 хоҷагии коллективӣ иборат буд. Ҳоло дар заминаи ин хоҷагиҳои калон ҳазорҳо адад хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ва даҳҳо хоҷагиҳои истеҳсолӣ-кооперативӣ таъсис ёфтаанд.

Дар навиштаҳои донишмандони аҳди қадим ҳам омадааст, ки  нобуд шудани наботот ба нест шудани ҳайвонот ва маҳви ҳайвонот ба нестии башарият оварда мерасонад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон барои пешгирӣ аз хатари талафёбии ҳайвонот ба хусус чорпоёни фоидаовар фондҳои махсус таъсис дода, ё захираҳои махсуси давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд. Давлати шӯравӣ ҳам барои пешгирӣ аз ҳолатҳои мабодо фонду захираҳои махсуси давлатӣ аз ҷумла ғизои барои сохтори чорподорӣ дошт. Дар кишвари мо ҳам бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад. Вагарна агар тахмини ҳолдонҳо бобати зимистонҳои вазнини оянда дуруст барояд, рӯзе нарасад, ки соҳаи чорподорӣ ҳам мисли соҳаи саноат дар гирдоби мушкилот дармонад. Охир "Тиб инсонро табобат мекунад, бойторӣ башариятро" Ин сухани кадом як оламшиноси бузургест, ки асоси илмӣ дорад. Пас, дар кадом сатҳ таваҷҷуҳ намудани масъулин ба ин масъала посухи рӯшанест ба ин суол, ки; То кадом андоза мо ба масоили ҳифзи башар таваҷҷуҳ дорем, ё сарфаҳми онро меравем?

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97