Бигӯ, Сайфро…ки Тоҷикистон озод аст

Таърих 10.03.2012 14:27

Saif_01Дар остонаи ҷашни Наврӯзи соли 2000 вазъи даҳшатбореро гузора мекардам. Дуюми март зодрӯзи ман буду сеюми март манзили истиқоматиамро ба руни ҷавонмардӣ дар бадали қарзи фарзанди қиёматии падар бохтам. Авзоям хароб буду ҳолам табоҳ. Шикаст андар шикаст омад бароям моҳи март. Рӯзи шашуми моҳи мазкур қиблагоҳамро ба хоки тар супурдам.

Ташвишу тараддудҳои Наврӯзи ман дар маъракаҳои худоии падарам пушти сар шуд, ки дигар хӯрдаам заҳр буду бурдаам ғаму мотам. Ва дар авроқи тазкираи ёдҳо то ҳол мисле, ки ба хатти хун навишта бошам унвоне боқист бад-ин осо: "Наврӯзи сиёҳ". Ба ҳар лаҳза дар паи камтарин озор ашк мерехтам.  Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу дилшикофу ҷигархора ҷуз бачаи кенҷакиям касеро ҳарфаш ба таскину тассалоям намехӯрд. Воқеан ҳам баъди Наврӯз боз як зарбаи мудҳишии устухонӣ рагу решаамро сӯхт. Тавассути симо мотами Сайфро дидам.  Ман,  ки тарки қаламу дафтар гуфта будам,  боз қарор додам,  то дареғое бинвисам барои дӯсти бузургам Сайф.  Бад-ин азм чанд варақеро сияҳ бинмудам,  ки устод Мирзонабот Гадоев по чарди хонаям бигзошту маро машғул дид, андаке нафас рост карду гуфт:

- Биё, то бубинам, ки чӣ нигоштаӣ?

Чун навиштаҳоро хонд, ба як калима хулоса кард: "Намешавад".  Баъди каме таваққуф афзуд: "Агар дареғогӯи Сайф бошӣ, чизе бинвис дар сатҳи ҳикояи "Падруду пайғом"-аш ё даст аз ин иқдом фурӯ каш".  Баъди чанд рӯзе навиштаамро хонду осори озоре дар чеҳрааш рӯиду гуфт: "Ҳай дареғи Сайф, ки дар айни камолот рафт".

Инак,  он навишта бо андаке таҳриру як кам илова.

Вақти ғуруби офтоб

 - Отаҷон, ҳо отаҷон! Биё, бишин, маслиҳат мекунем, фақат гиря накунен дигар, - сари зонуям биншаста, бо дастони кучакаш гарму нарм маро каш гирифта, бо лаҳни ширину шевои тифлонааш мегӯяд Сомони чаҳорсолаам.

- Маслиҳат сари чист, ку бигӯ, бачаҷони ота?

- Отаҷон, ма пул надошта бошум, ай кӣ мегирум? Ай Шумо? Шумо пул надорен? Надорен! Валасафеди ваъдагира ба чӣ мехарен? Ай кӣ пул мегирен?      

Лаҳзаяке сокин сукут ихтиёр мекунад. Нигоҳи нарму ширинаш ба чашмони яъсолуди ман хира мешавад.  Чу вокунише дар пайи посухи пурсиш аз ман нест,  ба гузориш иқдом мекунад:

- Як отаҷони пулте доштен, рафт. Кӣ пултон мета, то валасафедум бихарен? Ба кор нест.  Гиря накунен отаҷон.  Дига валасафед гуфта қиста намекунум. Мунтазир мешам, то омадани бобоҷонма.

Ӯро мебӯсаму мебӯяму мемӯяму шонашикану талх мегирям.

- Оҳ, бачаяки бебобии падар!

Боз ба симо менигарам,  ки маросими мотаму видоъро бо Сайфи азиз манзур мекунанд. Аҳли хонаводаи мо мегирянд дар сӯги Сайф Раҳимзоди Афардӣ.  Ту гуфтӣ хонаи мо хона не,  балки як кошонаи сӯгворон асту дар банди ғамборон.  Сомони чаҳорсолаи новоқиф аз ин иттифоқи мудҳиш ҳам ашкҳои шашқатор бидуни ихтиёр ҳар ду параи рӯяшро мешӯяду мешорад.

Чанде қабл падари бузургворам чун офтоби сари теға ба паропуштаҳо пушт дода фурӯ нишаст, то дигар дар ин дунё тулӯъ накунад.  Доғу дарди ҳасрату ҳиҷронаш андар рагу решаи реш-реши мо рӯ нагирифта, рӯзи сияҳи дигаре рӯзгори моро тираву тор кард. Ҳай дареғи Сайф,  во дареғи фарҳанг, сад дареғи адаб. Кунун намедонам,  барои падар бигирям ё барои адабиёти беписар?

Писарҳои гуруснаи адабиёт

- Валасафед, -гуфтанҳои Сомон дар зеҳну зикрам ва сиголишу фикрам зинда мешаваду медамаду мурғи хиёлам бол мекашад ба дуриҳои дур,  саҳеҳтараш ба аҳду овони пур аз хаму печҳои донишҷӯӣ,  ки як лаҳзаи беҳтарини ба сар бурдаи мо будаанд. Як лаҳзае,  ки беҳудуд асту бекарона.

Сайф Раҳим, Бобоназари Бобохон, Амирхони Аҳмадхон ва муаллифи ин сатрҳо бедарак гуруснаем, аммо дар ҷайб гарде ҳам надорем.

- Ба чойхонаи "Роҳат" меравем, -тадбир мезанад Сайф. Дил кашиду по рафт ҷониби чойхонаи дар он аҳду замон маъруфтарини пойтахт,  ки арзандаву шоистаи номаш буд "Роҳат". Дар рӯ ба рӯи чойхона, аз самти муқобили роҳ дӯкони яхмосу самбӯсафурӯши теф ба теф истода дар хидмати мардум. Се паризоде ба ивази 60 тин се ҷаъбачаи яхмос хариданд,  ки мушоҳидаи манзараи мазкур зеҳни Сайфи зираки ҳозирҷавобро ба ғалаён кашиду бадоҳатан гуфт:

- Ҳай дареғи тангаҳо.  Ҳай духтаракони сода будаанд. Ҳусн олӣ, аммо сарҳо холӣ, -таассуфомез сар меафшонду мегуфт Сайф.

 Мо аз ин алфози кинояомез натиҷае набурдем. Сайф чун ба сӯи мо намид, пай бурд, ки чизе бӯ набурдаем аз гуфтаҳояш, масъаларо гузориш кард:

 - Ҷое, ки самбӯса аст, яхмосро чӣ кор?

- Гушна шаб нон хоб медидааст, -гуфтему хандидем.

Ба саҳни чойхона қадам ниҳодан замон Сайф овоз андохт: 

- Ермолаева, ҳо Ермолаева!

- Лаббай, бачаҷони очаш, ма инҷадаюм, -сари садои Сайфро сар гирифт мисле, ки момаҷавобак бонуи ситорагарме, ки пешхидмати чойхона буд.  

Даври як мизи холие шинонд моро. Дар назари мо басо меҳрубону мушфиқ метофт, ки мисли модар сари Сайфро дастмол мекард. Боз ҳам Сайф гап андохт:

- Ермолаева! Акам аз мусобиқаи умумиттифоқӣ баргаштай ё на?

 - Баргашт, бачаҷон, парер омад.

- Шер омад ё рӯбоҳ?

- Албатта, ки шерай, ҷои сеюм дар як мамлакати бутун бадвоҳима  ҳазлай магар?

- Табрик оча,  оча,  табрик.  Аз номи маву мо акама табрик меген.

- Қулуғ, ҳазорон бор қулуғ.

Баъд аз ин андаке фурсатро сукут дар ихтиёри худ овард,  то даме, ки Сайф гулӯафшону марғуладор сахту самимӣ ханда дар надод.  Бидуни таваққуф механдиду шонаву китфонаш меларзид.  Қаҳқаҳаи кӯлобизани пешхидмат, ки Сайф модархондаш пазируфта буд, ба хандоханд ҷӯр мешуд.

- Гапа ҳай ғоз додию тофтӣ бачаҷонаки оча.  Ӯ дарёера,  ки шумо даромаданиен, ма кайҳо гузаштум.  Бӯйи гушнагии шумора ай ҳафт ёла аз дур мешнавум. Медонум, шикамотон мисли Ғаффор тавлак задесаю кисатон холиҳай, шайтонбачаҳои гушнапушти оча,  - хулоса намуд ӯву сипас ба навбат косаҳои лағмони лазизро болои миз гузошту гузошт. Боз чанд рӯзи дигар, бо шарофати Сайфу хотири писархондагиш аз гуруснагӣ раҳидем.

Аммо рӯзгору рӯйдоди мазкур баъдҳо воқеъ шуда буд, хеле баъд.  То фаро расидани даврони мазкур аввал лаҳзаҳои марғубу маҳбуби дигар буд, яъне ки фараҳрӯзҳои нахустин ошноиву дидор бо Сайф,  сурудҳои диловез буд, ҳикояҳои гиряомез буд, қиссаҳои ибратангез буд, баҳсу мунозираҳои адабхез буд, гилаву гузори пандрез буд,  дуруштиҳои аламхез буд.

"Хуршеди ман куҷоӣ, сард аст хонаи ман…"

Вуруди Сайфро ба арсаи донишомӯзӣ хуб ба хотир дорам. Соли 1970 дар хобгоҳи факултаи филологияи тоҷики УДТ як ҷавони навхати баландқомату навчае, сабзинаву газгӯште аз ноҳияи Фархор муқимӣ шуд. Ба зудтарин фурсат ба дилу дидаи ҳама роҳ кушуд. Ягон нишасту маҳфилу маҷлис бидуни ҳузури ӯ намегузашт. Рубоби ба истилоҳ афғонӣ, ба зери захмаи ҳунарвари ӯ оҳанги ширину ҳузнангези мардумиро дар нолаву нохун мекард. Сурудҳояш, созу навояш, қиёфаи ҳазину симои ғамфизояш аз кадом як кӯҳнадарди ниҳону кулфату дарди ҷонкоҳи пайкори гароне дарак медоду хабар. "Дур аз рухат сарои дард аст хонаи ман, хуршеди ман куҷоӣ, сард аст хонаи ман" шоҳматлаи таронаҳои таҳ ба таҳ дардангези Сайфро ташкил медод. Оре, дарвоқеъ ҳам ӯ хуршедеро мепарварид дар ангораву пиндорҳои рӯшанаш, дар сандалии синаи поку мулавванаш. Хуршеде, ки минои раҳнамои сафинаи сиголишҳояш буд.

Дар достони кӯтоҳи шарарангезу муассири пандомӯзу нодиру нотакрораш "Падруду пайғом" сатрҳои ҷонсӯзу ибратомӯзеро метавон хонд: "Гуфт, ки баъди мактаб куҷо меравӣ? Гуфтам, шояд ба институти театрӣ. Гуфт: Хоҳишам буд, ки туро ба шӯъбаи журналистика бубарам…"

Дар ин муколамаи мӯътамад номи қаҳрамон мушаххасу рӯшан нест. Вале мо рафиқонаш хуб медонему пухта, ки дар ин гуфтугӯ мушорик бародари Сайф аст. Бародари бузургаш Қудрат. Қудрати ҷовидона 22-сола. Қудрати бахтбаргаштаи ситорасӯхтаи бетолеъ, ки дар айни ҷавониву ҷӯшу хурӯши зиндагӣ "гунҷишкаки сафеде" гашту париду рафт. Қудрате буд, ки Сайф ба маҳзи маъбуд парастиш мекардаш, саною ситояш мехонд, муттакояш мешумурду раҳнамояш. Қудрате буд, ки Сайфро дар гирудори майдони қаламкорӣ мадор мебахшиду неру. Қудрате буд, ки боли парвоз медод ба Сайф дар гардуни гардони сабзи эҷод. Қудрате, ки ӯро водор сохт то аз интизор барвақт издивоҷ кунад. Издивоҷи бехато, бенадиду беҳамто, бо олиҳаи меҳру муҳаббату вафо Зебо. Зебое, ки маскану маъмани Сайфро нуру сафо бахшид. Зебое, ки шаҳбачаи додаш ба номи Қудрат, ки ба Сайф  қудрати эҷоду эъҷоз мебахшид.

То ба риштаи тасвир мӯҳрабандӣ кардани достони "Падруду пайғом"  қиссаҳои пуршевани бародарашро дар забони Сайф бишнида будем. Шабҳое, ки дар кулбаи ориятии хеш, ки пушти бозори Шоҳмансур воқеъ буд, сари баҳсҳои фарҳангию адабӣ менишастем нукли маҷлиси мо бисёр мавридҳо зиндагиномаи бародари Сайф Қудрат буд.

Ҳар даме,  ки ривоят мекард, чун химчаи тарак дар оташи чакдони тафдида месӯхту мепечиду мевреҷид. Саропои вуҷуди ту гуфтӣ  лимӯи ғавҷидае мегашт. Ин ҳама дар ниҳоят ба мавзӯъ ва мӯҳтавои асарҳои Сайф баъдҳо бадал мешуд. Як вижагии сабки Сайфро нависандаи мӯътабари мӯҳтарами нодиранигор Абдулҳамиди Самад басо дақиқу дуруст дарк намудааст, ки туи маҳфилҳову нишастҳо таъкид сохта: "Қаҳрамонҳои офаридаи Сайф аслан ашхоси воқеъиянд".

Рӯзноманигори ҳунарманд

Saif_02Сайф аслан ба дил орзуи ҳунарманд шуданро мепарварид. Вале васиятвожаҳои бародарашро аз гӯши хеш такидан натавонист. "Арвоҳранҷиш нашавад", гуфта, рӯзноманигориро пеша кард.  Вале дар сувайдои дилаш ҳамон ахгарак аз овони кӯдакӣ дил мезад гаҳу ногаҳ.  Ин оташак аҳён-аҳён вуҷуди Сайфро месӯхт, ба рагу решааш медавид. Рӯзноманигор шавам ё ҳунарманд? Ихтилофи мазкур тору пуди Сайфро метофту мебофт.  Рӯзе ба кулба по ниҳоду дар санҷаки дар рост истода бо як виқори вижа эълом дошт:

- Театршинос мешавам!

Аз ин алфози қатъии ҳавасшикани худ чун ниҳолаки бодом сар то по шукуфту шод шуд. Ҳамчун рӯзноманигор дар бораи театр хоҳам навишт. Ба як пайкон ду шикор, ба як карашма ду кор: Ҳам рӯзноманигор, ҳам ҳунаркор! Яъне, ки як корди дудамаи тез тавзеҳу тафсири тасмимашро мекард ӯ. Дар пайи татбиқи мақсад ба фаро овардани илми театршиносӣ  фурӯ рафт. Таърихи театрҳои ҷаҳонро бо рағбату майли беандоза ва кӯшишҳои ҳамвораву тоқаткор девонавор омӯхт. То ба замони Руми бостону амфитеатрҳои он роҳ кушуд ба руни зеҳни тезу ҳуши гирои худ.

Намоишномаҳои театри давлатии академӣ-драмавии Лоҳутиро мухлиси гузора гашт. Ҳар як спектаклро баъди тамошо ба иқдоми Сайф дар маҳфилҳои хонагӣ мавриди баррасию баҳогузорӣ қарор медодем. Дар кӯтоҳтарин фурсат аз ҳаёту фаъолияти мӯътабартарин театрҳои дунё, сабки вижаи ҳар кадоми онҳо диду дониши мукамал андухт. Кор то ҷое кашид, ки як гӯшаи чойхонаи "Роҳат" ба тараддуду ташаббуси Сайф ба маҳфили театршиносӣ табдил ёфт. Манзили ориятии мо низ. Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов,  Убайдуллоҳ Раҷабов, Раҳмондӯст Қурбонов бо ширкати хеш маҳфилҳоро ҳусни садгес мебахшиданд.

Муҳокимарониҳо,  далелҳову бурҳонҳо,  санаду мадракот,  бурҳону овандҳои овардаи Сайф дар иртибот ба театр асоси илмию таърихӣ ва таҳлилию танқидӣ доштанд. Сайф ба маҳзи як коршинос ё мутахассису мунаққиди тавонои театрдон дар байни аҳли фарҳангу зиё сазовори эътимоду эҳтиром гардид. Ходимону ҳунарварҳои муқтадири театр аз ӯ гаҳу ногаҳ машварат мехостанд.  Воқеан, агар ҳофизаам ба ғалат набарадам, бузургтарин ҳунарманди мазҳакаи тоҷик Убайдуллоҳ Раҷабов ба ин ҷодаву жанр маҳз ба талқину таҳрики Сайф қадами муборак ниҳод. Вагарна ӯ танҳо нақшҳои фоҷиавиро бозидан мехосту бас.

Рӯзноманигори ҳунарманд филмсозу нависанда шуд

Аммо рӯзе не, як рӯз чун шохнаме дар чиллаи тобистони тамуз Сайф азми дигареро ба сари мо фурӯ рехт:

- Филмсоз мешавам.

Чизе нагуфтем, ҷавониву диле дар ҷӯш. Ӯ соҳаи киносозиро ҳам, мисле ки театрро аз пилишки зеҳну зикру фикри худ нафису нозук  гузаронд.  Зиндагиномаи киносозони муқтадиру мӯътабартарини гетии горӣ Ф. Феллини,  А.  Куросава,  К. Ёрматов, С.  Бандарчук,  Б.  Кимёгаров  ва чанде дигаронро пасту покизаву пухта омӯхт.  Ӯ ҳатто киноро амиқтар донист, ки театру пешаи рӯзноманигориро. Вале боз ҳам ин бачаи бесукуну беқарор ҳамаро ба ҳайрат андохт, ба ғоте ки гуфт:

- Ман нависанда мешавам!

Ин иқрори Сайф ба ҳукми тарошае тофт аз бом афтода дар назари мо. Маро тоқат тоқ шуду барошуфтаму гуфтам:

- Ту ҳич бало намешавӣ, шоҳпараки ҳарҷопарак. Дарахт дар як ҷо сабз мешавад, гуфтаанд доноҳои пешин.

Ӯ каме музтар монду посух дод:

Ин ҳукми ноҷову ноҳақро довари якрӯ, ки таърих асту гузашти айём муайян кард. Имрӯз аст, ки ҳазор пай шукрона мекунам, то Сайф ба талошҳои хунгармонааш иштибоҳ андешидани маро собит сохт. Сайф филмноманавису киносозе шуд беҳамто. Филми "Ситораҳои сари танӯр" далелу дастаки мӯътамадест гуфтаҳои мазкурро. Нависандаи нотакроре шинохтаанд имрӯз Сайфро. Донишу заковатеро, фаҳму фаросатеро, ки Сайф дошт, дар ҳалқааш касе доро набуд. Мулоҳизаву андешаҳои ӯро ба даркаш мо баъди 20 сол рафтем. Хуб ба ёдам мондааст, ки дар яке аз шабҳои баҳс мунозираву мубоҳиса гирди тафовути назму наср авҷ гирифт: "Зиҳӣ насре,  ки дар пояи шеър аст ё волотар аз он!"

Офарин Сайф!

Офарин, Сайф! Ба навиштаҳои нахустинат имкони нигоштани насри баландтар аз шеърро исбот кардӣ. "Падруду пайғом",  "Аз  ёдҳо,  аз ёдҳо","Ситораҳои сари танӯр", "Рӯъё","Доғистон",  "Тавбатаронаҳои  Хугара ё таронаҳо ва тавбаҳо" аҷаб ширину шево,  муассиру рӯҳафзо,  рангину шоиронаанд. Шеваву шигирди нигориш, банду басти мазмуну ғоярезӣ, тимсолофарию қаҳрамонсозӣ дар асарҳои ӯ, мисле ки киштаҳои деҳқонӣ заминию бобаракатанд.          

Насри Сайфро метавон дар радифи шеърҳои тасвирии минуйии Нодир Нодирпур, Бозори Собир ва достонҳои соҳиронаи Темур Зулфиқоров гузошт. Дар улуми адаб маъмулан истилоҳи тасвириро ба шеър нисбат медиҳанд. Вале маъзурам агар ба худ иҷоза медиҳам, ки эҷоди Сайфро ҳам насри тасвирӣ ном барам. Нигоштаҳои Сайфро ба ҳини хондан мебинӣ. Манзараҳо пеши чашмонат падид меоянд,  мисле ки дар навори кино. Ҳар як асараш филмномаест беғашу беолоиш. Ин ҳама ҳунарварӣ самараи ҳавасҳои театршиносию киноомӯзии Сайф мебошад. Нависандаҳое ба сабки хоссаву вижа ва нигориши мутафовит дар адабиёти тоҷик ангуштшуморанд: Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Абдулҳамид Самад, Баҳманёр,  Муҳаммадзамони Солеҳ ва … дигар намедонам,  киро ном бигирам. Сиголиши мазкурро менигораму гуфтаҳои шоири тавонои форс Сиёвуш Касроӣ ба ёдам меояд:

"Дар Москав иттифоқан растаи гулфурӯшҳоро гузора мекардам.  Нафароне соқаҳои хушк мехариданд.  Пурсидам: "Чаро ун нафарон на ки гулҳои тару тоза, балки соқаҳои хушк ба қиммат меситонанд? Гулфурӯш ба ҷои тавзиҳ чанд дона соқаи хушкро бароям фурӯхт. Ба дастури  фармудааш соқаҳоро дар обванди шишагине ниҳодам. Баъди чанд рӯзе соқаҳои хушк  ба таъсири об шукуфтанду ҳусн афзуданд.

Донои Тус Фирдавсӣ ҳам дар ҳаққи миллати хушкидаи форс кореро кард,  ки об дар нисбати соқаҳо. Яъне, ки "Аҷам зинда кард бад ин порсӣ".

Афсуси нақди адабии тоҷик ва шукронаи нигоштаҳои Сайф

Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Абдулҳамид Самад, Баҳманёр,  Муҳаммадзамони Солеҳ дарахти пучи насри тоҷикро сарсабзу хурраму гулбез сохтанду самаровар.  Кохи музайяни насрро  ҷилову ҷилваи нав бахшиданд.  Насри тоҷикро бо раҳу равиши дигар кашиданд.  Ба мазраъааш донаҳои дигар киштанд. Мазраъе, ки манзараи зархез дораду зебосту  гулрангу гулҷӯш мисли куртаи чакан, даштҳои сабзу ғизолатоз дораду хуршеди абрсӯз, фазои чармгуни ситоракӯб дораду чархи кабудбора.  Таассуф,  сад таассуф,  ки нақди адабии тоҷик то ҳанӯз офаридаҳои Сайфу Баҳманёру  Муҳаммадзамонро на таҳқиқ кардаасту на баҳои сазовор додаст.

Аслан Сайф ба зоҳир ҳарчанд басо пурғурур менамуд, аммо беҳад фурӯтану хоксору самимӣ метофт. Ҳангомаю ҳаёҳуйро гирди номаш дӯст намедошт. Он мулоҳизаву фикрҳои хонандаҳои одӣ писанд буд, ки хулосаи мунаққидон. Вақте ҳикояи "Аз ёдҳо, аз ёдҳо"-ро ба  ҳафтавори "Адабиёт ва санъат" бурд, варақаҳоро бишмурданду гуфтанд: "Ҳаҷмаш мувофиқ нест, қайчи бояд кард". Сайф гуфт: "Қабл аз ҳама  онро бихонед,  баъд тасмим бигиред". 

Пас аз чанд рӯзе ба Сайф занг заданд аз идораи ҳафтавор: "Медонӣ, ки чӣ  навиштаӣ? Не,  намедонӣ!" Ҳикоя бидуни ихтисори вожае пурра нашр шуд. Он дар байни хонандагон ғулғулаву ғурунба ангехт. Ба унвонаш даста-даста  номаҳои нек омад.  Вале Сайфро чанд сатри содаву самимие аз номи як нафақахӯри фарғонагӣ беҳад хушнуд сохт: "Боракалло,  писарам! Ҳикояатонро хондаму гумон кардам, ки дар бораи оилаи мо навиштаӣ!".

Бидуни ихтиёр дар ин маврид сабақҳои устод Ш.  Ҳусейнзода дар зеҳн зинда мешаванд, ки борҳо таъкидан иброз мекард: "Каломи мавзун ҳанӯз шеър нест.  Шеър он аст,  ки ҳар нафар баъди хонданаш дар он дарду сӯзу созу созиши худро пайдо карда тавонад".

Шукронаи нигоштаҳои Сайф, ки  аз ин ҷавҳари модарзодӣ бебаҳраву бенасиб набудаанд.

Вопасин дидор

Сайфро вопасин нафас соли 1994 дидам.  Ӯ нав раиси кулли Иттиҳодияи эҷодию истеҳсолии "Тоҷиккино" таъин гардида буд.  Ба табрикаш бар чарди дафтари кориаш по ниҳодам. Ӯ маро дидан замон қаҳва омода сохту ифшои фикр кард. "Аслан ин вазифаҳо зеби мо нест.  Ҳич гоҳ талоши курсӣ надоштам ва надорам.  Маро  дар зиндагӣ танҳо ду чиз гарояндаву гирифтор месозад; яке вусъати майдону манзараи киносозӣ, дигар сафҳаи сафеди суханварӣ.

Иқрори Сайф як ҳадиси шоири тавонои литвонӣ Юстинас Марсинкявичусро ба хотирам овард: "Истеъдод ин асорат асту бандагӣ».

Оре,  киносозию суханпарварӣ истеъдоди фитриии Сайф буд, ки дар ҳар ду ҳунар ҳам то ҳадди устодӣ расид. Ӯ лаҳзае аз эҷод фориғ  набуд. Раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун таъйин гардид, гӯшаяки хилвате таҳия карду навишт.  Дар як фурсатеву фосилаи кӯтоҳ ду кори бузургро сомон дод. Радиои "Садои Душанбе" ва нашрияи "Ҷаҳони паём"-ро рӯи кор овард. Вале, гирди ӯ кадом як неруи махуфе тантаҳои тираву тор таниду муҳитеро фаро сохт, то аз наздиктарин дӯстонаш дураш андозанд. Андак фурсат муваффақ ҳам омад ин неруи пасипардагӣ. Аммо дар он лаҳзаҳои ҳассос ҳам, ки ҳукми тири гулӯшикоф роиҷу раво буд, ӯ ба ягон таҳдиду тавтиаҳои гурӯҳҳои гуногуни силаҳшӯри расмию ғайрирасмӣ сар наафшонд. Ҳайсияти худро набохт, иззату икромашро нигаҳ дошт. Ӯ гӯё медонист, ки дар кадом як маҳлакае қарор дорад. Чанд рӯз пеш аз маргаш ба суроғи дӯстони ҷониаш фиристаҳо фиристод. Вақтҳои охир маҳфили адабӣ бо ҷавонон дар Кумита меорост. Аз ин маҳфил қаламкашоне чун Аброри Зоҳир, Ворис, Нигинаи Мӯъмин, Беҳрӯзи Забеҳулло, Муродалии Ҷаббор бархурдор буданд. 

Аммо дареғ аз ин ки ба Сайф Раҳимзоди Афардии қаламкаши моҳиру мумтоз умр вафо накард. Дар айни камолоти эҷодӣ ӯ даргузашт дар пайи як ҳодисаи хунбору фоҷиавӣ.

Хоҷаи қотил кӣ буд?

Моҷарои марги Сайф то ҳанӯз рози сар ба мӯҳресту чуну чароҳои бисёре ба таъқиб дорад. Дуруст аст, ки қотилро пайдо карданд, сазову ҷазояшро ҳам доданд. Аммо, як нигоҳи сатҳӣ ба раванди тафтишоту мурофиа кофист, то фаҳмида бошӣ, ки қотили зархарид равонаи зиндон шуд. Аммо хоҷааш кӣ буд, маълум накарданд ё нахостанд возеҳ шаваду во. Хоҷаҳои беному бенанг, бехираду бефарҳанг аз анҷоми бобарори реҷаи мудҳиши худ қаноатманд дар кадом куноме паноҳ бурда ё рушод дар шаҳру мулки мо айшафрузӣ дошта бошанд, фориғу фароҳам аз ғазаби Кирдугор, чаро ки: "Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯшт".

"Аз зиндаҳо ҳам зиндатар"

Аммо дар баробари навиштаҳои маънавии Сайф, филмҳои офаридааш, шогирдони парваридааш, дӯстону наздикони содиқаш, наслу нажоди поки намакшиносаш ҳар хоҷае, бигзор ки садҳо силоҳу миллионҳо суду сармоя дар ихтиёр дошта бошанд ҳам, ҳақиранду нотавон. Ба рағми хоҷаҳои дӯсткӯши душманпарвар пас аз марг ҳам Сайфи азиз аз зиндаҳо ҳам зиндатар боқӣ монд. Дар ин маврид офаридаҳои ҷовидонааш барояш ба маҳзи қонуни бақо хидмат мекунанду хоҳанд кард. Ба ҳар тулӯъи тоза ситораи Сайф чун мили оҳанин ба чашми бадхоҳони кӯрботин мехалид. Чун навиштаҳои нотамому парешонаш гирд омаду таҳти унвони "Доғҳои офтоб" рӯи чопро дид, сад дар сад мутмаинам, ки хасмаш хаси хирманворе аз чарахсаҳои шарори он даргирифту сӯхт. Ҷоизаи давлатии адабии мӯҳташами ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро ба номи мубораки Сайф, ки сазовор донистанд, банди дили душманонаш аз сад ҷо канд.

Бигӯ, Сайфро…Тоҷикистон озод аст

Сайф Раҳим. Нависандаву киносози соҳибэъҷози мумтоз, ҳақиқатнигору нотакрор. Ин суханҳо чун рӯи баргаҳои сафеди дафтар мерезанд ба қасди гиромидошти дӯстам. Нафратам то ҳадди беҳад ба хасмаш меафзояду ҳасратам ба ӯ. Дилам сиёҳу сард мешавад мисли гӯристон. Неши ақрабосои ғуссаву ғаму рӯҳу равонамро, решаи ҷонамро мехарошад. "Хайр,  эй дӯст,  хайр то дидор",  мегӯям Сайфрову мурғаки хайёлам бол мекашад сабук ба дуриҳои дур,  дар осмони туманолуди пиндорҳо. Пиндорҳое, ки мисли чӯбаки сандалвор парафшон раҳ мебарад то мулки мину, то пайғомро барои Сайфи шаҳиди гулгункафан бирасонад:

"Бигӯ, Сайфро, то фароҳам бошаду фориғ, ки қотилонашро ба сазову ҷазо кашиданд, бигӯ, ки хоҷаҳои маргашро фармуда ба лаънати Худову халқ гирифтор омада, дар кадом як ҳарамгоҳи ҳаромхорӣ мухидаанд, бигӯ, ки силаҳшӯрони сарзада сари худро хӯрдаанду дигар амалҳои зиште дар ҳаққи мардкум наметавонанд кард, бигӯ, Тоҷикистон он соне ҳаст, ки ту мехостиш; фарҳангхез, адабпарвар,  шукуфо, пешрафта, яклахти озодаи ободи ободи ҳуқуқбунёд, бигӯ, ки Ҳошим Гадо намоишномаи "Спартак"-ро барсохтаву ҳаваси ҳазорсола бишкаста, бигӯ, ки дӯсти бузурги беҳтаринат Сабзаалӣ Муродзодаи Шарифро ҳанӯз ҳам мӯқаламаш дар каф мӯшикофона садҳо мусаввараҳои мондагор мофарад, бигӯ, ки сулҳу суботи кишвар таъмин аст,  бигӯ,  ки Барзуи Абдураззоқи рӯйинтанбоз ҳам шоҳкориҳо дорад, бигӯ, ки Давлати Худоназар, Бахтиёри Худоназар, Бозор Собир, Акбари Турсун чун турнаҳои фирорӣ ба ошёни аҷдодӣ баргаштанд, бигӯ,  ки кохи мӯҳташами симоро мӯҳр ба номи ту заданд, бигӯ,  ки унвони Нависандаи Халқии Тоҷикистонро на ки як ба ту, балки ба Темур Зулфиқоров, Темур Пулодов, Муҳаммадзамони Солеҳу Баҳманёр сазовор донистанд,  бигӯ, ки дар порисаи боми падарит ҳар баҳор достакони сафарӣ лона мегузоранд, бигӯ,  ки хонаи мардум пури гандум асту Наврӯз иди башарӣ шуд, бигӯ, ки Убайдуллоҳ Раҷаб, Амирхони Аҳмадхон,  Бароталии Абдураҳмон,  Раҳмон Остон, Саъдулло Раҳим, Раҳмондӯст Қубониён, Сафар Ҳақдод, устои оҳангар Чиллахону  дӯстону хешовандону ихлосмандон раҳи манзилу мадфанатро ҳич гоҳ кӯр намекунанд, бигӯ,  ки ҳамдеҳаат Бобоназар Бобохони  донандаи дувоздаҳ забон дигар шиквае надорад аз рӯзгори нобасомон,  бигӯ, ки тарҷумаи "Авесто"-яш, дигар китобу асарҳояш чун дороиву дастмузаи нодиру ноёфти мардуми тоҷик интишор шуданд, бигӯ, ки аз дӯстонат Холмаҳмадро маъзур дор, дар ҷанозаат набуд,  бигӯ,  ки қиблагоҳашро ба хоки тар таслим карда буду ёрои дидани колбаду кафани ба хун оғуштаи туро надошт, бигӯ, ки ба  ҳар маҳфили фарҳангӣ номи муборакат вирди забонҳост, бигӯ, ки дӯстонат дуруду дуоят гуфтанд…"

Холмаҳмад Хон Мавлонзода

©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97