Фитна аз қатли журналист оғоз шуд

Таърих 18.02.2012 16:07

Ба хотири рӯзноманигори шаҳид Шарифамоҳи Кишвардӯхт

Фитна дар Ломоносов аз қатли Шарифамоҳ оғоз шуд

Avroqi_rangin_01Дар саҳифаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хунинтарин шаҳиди Вахшонзамин бонуи тоҷикест, ки ҳолати ба қатл расониданаш яке аз даҳшаттарин саҳнаи ваҳшигароии силоҳбадастон унвон гирифтааст. Ин шаҳид ҳаммаслаки мо рӯзноманигор Шарифамоҳи Кишвардӯхт аст. Шоҳидони вақт нақл мекунанд, ки фитна дар шаҳраки Ломоносови шаҳри Қӯрғонтеппа аз кӯштори ҳамсояи онҳо Шарифамоҳи рӯзноманигор дар 22 сентябри соли 1992 оғоз гардид. Дар ҳамон шабу рӯз куштори журналистон нишон аз барангехтани шӯр байни мардум унвон мешуду инчунин гурӯҳҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун нируи сиёсӣ эътироф намекард. Баъди 20 соли ба қатл расонидани Шарифамоҳи Кишвардӯхт ҳам андешаи пайвандону дӯстонаш тағйир наёфта, ки Шарифамоҳро танҳо барои журналист буданаш ба қатл расонидаанд. Чаро қатли ӯро дар Вахшонзамин мисли куштори Муродуллоҳ Шерализода дар Душанбе тарҳрезӣ карданд? Ҳадафи нопок чӣ буд, сиёҳ кардани Тоҷикистони тозаистиқлол ё ба ғазаб овардани ҷавонони шаҳраки Ломоносови шаҳри Қӯрғонтеппа? Ва ё пешгирӣ аз ошкор шудани тарроҳони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон? Ё интиқом аз рӯзноманигоре, ки шояд замоне айши чандин аз мансабдорони вақтро талх карда буд? Шарифамоҳ дар меҳвари ҳар як аз ин ҳадафҳо нишони асосӣ ба ҳисоб мерафт. Воқеан, Шарифамоҳи Кишвардӯхт кӣ буд?

Исёни Шарифамоҳ мағзҳоро ба ҷунбиш овард

Шарифамоҳ Кишварова 22 июни соли 1951 дар шаҳраки Ломоносови шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Духтараки назарногири маҳалларо, ки сирру асрорашро худ медонисту Худо, то хатми мактаби миёна на ҳама сокинони шаҳраки Ломоносов мешинохтанд. Дар хонадони бобои Кишвар сухани падар "қонун" буду ҳеҷ нафаре ҷасорати ибрози норозигӣ аз сухани ӯро надошт. Аммо "оташ"-е ки Шарифамоҳ барафрохт, фаротар аз доираи як оила қолабҳои мардумие мисли "ҷойгоҳи зан кунҷи хона" - ро дар маҳаллаи Ломоносов барбод дод. Шарифамоҳ мактабро хатм накарда, волидонаш ба мавзӯи идомаи таҳсилаш дар мактаби олӣ бо ифодаи "Ҳеҷ гоҳ" нуқта гузошта буданд. Аммо рӯзе ба сар омад, ки дар шаҳраки Ломоносов овозаи аз хона фирор кардани духтари бобои Кишвар хобҳоро бедор кард, мастҳоро ҳушёр ва зеҳнҳоро ба фикр кардан водор: "Наход… эътироз алайҳи волидайн"? "Чӣ аҷаб коре…"! "Шарифамоҳ аз хати кашида берун баромад"? "Наврӯид бало рӯид"!

Як нафар аз ҳамсояҳояш, ки як сол аз Шарифамоҳ калонтар буду орзуи табиб шуданро кайҳо дар пардаҳои арусиаш гӯлдӯзӣ карда буд, ба ёд меорад, ки "дар ҳамон шабу рӯз ба ҷойи Шарифамоҳ маро даҳшат фаро гирифта буд, ки агар ӯ ба дасти падараш афтад, ҳолаш чӣ мешуда бошад"? Акнун забонҳои тези хурофотиҳо санги кордтезкуниро мехӯрду атрофи номи Шарифамоҳ афсонаҳои гуногун бофта мешуд. Аммо бобои Кишвар медонист, ки "исён"-и бардоштаи духтараш аз барои чӣ буду ҳамакнун ба куҷо панаҳ бурдааст? Рӯзе ӯ ба суроғи духтараш ба Донишгоҳи имрӯза Миллӣ меравад. Вақте онҳо бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, Шарифамоҳ фирор мекунад. Бобои Кишвар ба дугонаҳои ӯ мегӯяд, Шарифамоҳро баргардонед, ман барои ӯро дуо додан омадаам. Ҳамин тавр Шарифамоҳ бо дуои падар шӯъбаи рӯзноманигории Донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм мекунад.

Қурбонии бахти аввалу охир аз хотири журналистика

Шарифамоҳи Кишвардӯхт баъди хатми Донишгоҳ ба ҷавоне, ки пешааш иқтисодчӣ буд издивоҷ мекунад. Вақте онҳо соҳиби ду фарзанд мешаванд, шавҳараш пеши ӯ шарт мегузорад: "Шарифамоҳ, ё ман ва ё касб, якеро интихоб бикун!" Шарифамоҳ, ки ҳанӯз дар сини 17 солагӣ барои расидан ба орзуи журналист шудан, алорағми сиёсати падар исён бардошта буд, ин дафъа андаке ором буд. Ӯ баръакс, писари дар сари зонуяш нишастаро гармтар ба оғӯш кашида, ба нуқтаи дурре нигоҳ карда, оромона сухан мегӯяд: "Агар тавонӣ, моро танҳо магузор, аммо ман ҳаёти худро бе рӯзнома тасаввур карда наметавонам". Аммо ҳамсари рӯзноманигор мисли падараш ӯро фаҳмида натавонист ва оилаи онҳо пош хӯрд…

Як рӯз ба "суроғ"-и ман ҳам меоянд

Avroqi_rangin_02Шарифамоҳи Кишвардухт аз соли 1973 то дами марг дар рӯзномаи "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа", баъдан "Навиди Вахш" имрӯза "Хатлон" кору фаъолият кардааст. Орзуи рӯзноманигорӣ Шарифамоҳро ба пайраҳаҳои тангу тори зиндагӣ мебурд. Ӯ барои расидан ба орзуҳои худ имтиҳоноти сангинро паси сар кард, аммо аз роҳи интихобкардаи худ барнагашт. Ҳатто дар шабу рӯзи низоъҳои дохилӣ, ки аз куштори рӯзноманигорон оғоз шуд, Шарифамоҳро аз роҳи интихобкардааш боздошта натавонист.

Фирӯза - хоҳари ӯ нақл мекунад, ки «аввали тобистони соли 1992 буд. Рӯзе Шарифамоҳ бо чеҳраи маъюс ба хонаи модарам даромад. Он рӯз сардабири рӯзномаи "Байрақи Дӯстӣ"-ро ба қатл расонида буданд. Он шабу рӯз Шарифамоҳ дарк карда буд, ки суъиқасд ба журналистон чӣ маънӣ дорад. Яъне фитнагарон намехостанд, ки амалу кирдорашон дар саҳифаҳои рӯзномаҳо интишор шавад. Шарифамоҳ низ медонист, ки рӯзе қотилаш ба суроғи ӯ низ меояд.» Ба гуфтаи Фирӯза, рӯзе апааш аз аҳли оила хоҳиш мекунад, ки писари ягонаааш Дилшодро ба дигар ҷой бибаранд, то аз ӯ дар зиндагӣ нишонае бимонад. Вақте аз ӯ сабаби ин дархосташро пурсон мешаванд, Шарифамоҳ бо як виқори ба худ хос гуфт: "Аз эҳтимол дур нест, ки рӯзе тақдири ҳаммаслакони шаҳидам ба сари мо ҳам биёяд"…

Аз ёдҳо дар ёдҳо

Муҳаббат Мирзораҳимова, собиқ аз ҳамкорони Шарифамоҳи Кишвардӯхт нақл мекунад: "Ман Шарифамоҳро бисёр ёд кардаам. Мо собиқ ҳамкоронаш аз ӯ тез-тез ёдовар мешавем. Суханҳои гуфтаашро такрор мекунем. Аҷиб он аст, ки дар замони ҳаёт буданаш мо ӯро як бонуи хушбахт тасаввур мекардем. Аммо баъди чандин соли қатли ӯ вақте дар борааш матлабе навиштанӣ шудам, таронаҳояшро дарёфт карда, бовар намекардам, ки онҳоро Шарифамоҳ навишта бошад. Ӯ қобилияти бузурги гӯш кардани инсонро дошт. Он вақт рӯзномаи мо "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа" ном дошт. Соли 1989 буд. Шарифамоҳ мудири муҳимтарин шӯъбаи рӯзнома- ҳаёти партиявӣ буд. Мо шояд аз он ки дар рӯзнома ҳамагӣ ду нафар бону будем, ки бештар ҳамсӯҳбату ҳамрози якдигар шудем. Баъдан Асалмоҳ Сафарова ба рӯзномаи мо ба кор омад. Мо бо якдигар рози дил мекардем. Охирин маротиба соли 1991 моҳи май буд, мо дар як автобус, ман ба Душанбе ва ӯ ба ноҳияи имрӯза Рӯдакӣ ба аёдати аппааш мерафтем. Бори аввал ӯ ба ман ин қадар дарди дил кард, зеро тоза фарзанди 12 солааш Диловарро аз даст дода, аз шавҳараш ҷудо шуда буд. Мо дар ҳар хусус сӯҳбат мекардем. - Муҳаббат! Модарам аз рӯи ман шуда, зиёд азият кашидааст, - гуфта, бо як чеҳраи маъсум сӯям менигарист. Ман барои тасаллои дилаш ҳамин қадар гуфтам: - Ҳамаи модарон дар ғами духтаронашон ҳамдардӣ мекунанд. Аммо модарат аз чунин духтар ифтихор ҳам дорад!

«Ин охирин сӯҳбати мо буду ман дигар ӯро надидам».

Саттор Қарахон, рӯзноманигор, яке аз собиқ ҳамкори Шарифамоҳ дар васфи ӯ чунин мегӯяд: "Ӯ ҳамчун зан, зан буд, аммо ҷавонмард ҳам буд. Ман ба ин ҳад инсони ростқавлро надида будам. Ӯ барои ҳамкороне, ки маводи худро сари вақт омода намекарданд, насиҳатгари хуб буд. Вақте Кишвардӯхтро масъули шӯъбаи мактубҳо таъин карданд, ӯ дар ҳаёти рӯзнома корҳои бузургеро ба сомон расонид. Мухбирони ҷамоавиро ташкил кард. Бузургии Шарифамоҳ дар ин буд, ки сухани таъсирбахш дошт. Вақте дар бораи модар менавишт, хонанда гумон мекард, муалифи сатрҳо модари донишмандест, вақте дар бораи ҳаёти кӯдакон менавишт, хонанда гумон мекард, ки ин саргузашти як наврас аст, ки бо забони ҳол мегӯяд".

Аз аламҳои ҳамсабақ

Барои заҳматҳои шабонарӯзиаш дар матбуоти кишвар якчанд маротиба ба Шарифамоҳи Кишвардӯхт манзили истиқоматӣ ё мошин пешниҳодаш мекарданд, навбатро ба дигар ҳамкорон мебахшид. Сабоҳат Абдураҳимова, ҳамсабақи Шарифамоҳ дар ёддоштҳои худ овардааст, ки мо ҳамсабақон зоҳирпарасту зебопараст будему бештари вақти худро ба ороиши ҳусни худ сарф мекардем. Аммо ӯ аз ин масъалаҳо фарсахҳо дур буд. Аммо дар донишгоҳ ҷавонон атрофаш мисли парвона буданду ҷавондухтарон дар ҳаққаш мегуфтанд: "Кош, ҳамин Шарифамоҳ духтари зебо бошад, ки ин қадар ҳама аз пасаш медаванд…" Сабоҳат Абдураҳимова навиштааст, ки ҳар гоҳе маро хумори дугонаам мегирад, ба сайри боғи фарҳангии Қӯрғонтеппа ба қадамҷойи Шарифамоҳ омада, он рӯзҳои ширинро ба ёд меорам. Ӯ зам-замаи таронаи

"Гулум ой, гулум,

Нозакот дар барам ой"-ро зиёд дӯст медошт.

Шоми хунини рӯзи Рӯдакӣ

Аз гуфтаи пайвандонаш Шарифамоҳро дар рӯзи 22-юми сентябри соли 1992 санаи таҷлили рӯзи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба қатл расонидаанд. Ҳамсояҳо нақл кардаанд, ки он рӯз гӯё Шарифамоҳ бо писараш ба сафари охират тайёрӣ медиданд. Модар дар хона сар мешӯяду баъдан мӯйи сари писараш Дилшодро бо қайчӣ ба тартиб меорад. Одатан вақте садои занги дар баланд мешуд, Шарифамоҳ Дилшодро ҷое пинҳон мекарду худ дарро мекушод. Охирин дафъа, вақте садои занги дар баланд мешавад, Дилшод баъди оббозӣ дар назди оина худро оро медоду Шарифамоҳ дар ошпазхона хӯрок мепӯхт. Дилшод мунтазири модар нашуда, гӯё ба суроғи аҷал меравад ва худ дарро мекушояд. Вақте силоҳбадастон аз гиребонаш дошта, ӯро пеш-пеш карда мебаранд, Дилшод "оча" гуфта садо мекунад. Он бегоҳӣ ҳамсояҳо садои Шарифамоҳро, ки "бачаамро набаред" - гуфта нола мекард, мешуниданду коре аз дасташон барнамеомад. Вақте Дилшодро ба мошини "марг" савор мекунанд, модари пойи луч ҳам ба он савор мешавад. Бо ҳамин дигар касе Шарифамоҳро надидааст. Фирӯзаи хоҳари Кишвардӯхт аз нақли ҳамсояҳои апааш чунин ёдовар мешавад:"Он бегоҳӣ вақте Шарифамоҳ ва Дилшодро бурданд, дар хонаи Шарифамоҳ хӯрок месӯхту дастархон, ки дар он нону ду косаи шӯста интизори соҳибони хона буд. Агар силоҳбадастон намеомаданд, модару писар сари дастархон нишаста, филми "Сарватмандон ҳам мегирянд"-ро тамошо мекарданд. Хӯрок кайҳо пухтаву сӯхта буду филми дӯстошдаи мардумӣ мисли ҳаёти соҳибхона ба охир расида, аммо аз Шарифамоҳу писараш дараке набуд.

Кӣ ин қадар ташнаи хуни журналист буд?

Олег Панфилов, ки рӯзноманигорони шаҳиди ҷанги Тоҷикистонро китоб кардааст, қатли Шарфиамоҳи шаҳидро кори дасти гурӯҳҳои Фронти халқӣ медонад: "Корреспондент газеты "Навиди Вахш" Шарифамо Кишвардухт была убита боевиками Народного фронта. Приблизительно 22 сентября 1992 г. вооруженные люди ворвались в ее квартиру. Был захвачен также ее сына Дилшод.

Ее тело до сих пор не найдено. По данным "The Freedom Forum" она была убита в 1993 г."

(Панфилов О. В. Таджикистан: журналисты на гражданской войне (1992 - 1997),; http://www.library.cjes.ru/online/?a=con&b_id=346&c_id=3261)

Аммо як нафар аз сокинони шаҳраки Ломоносов, 5 сол пеш нақл карда буд, ки Шарифамоҳро силоҳбадастони собиқ опозитсиюн ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. Ӯ қисса кард: "Баъди чаҳор рӯзи ин ҳодисаи ваҳшатнок, 26-уми сентябр як тӯдаи азими ҷавонони шаҳраки Ломоносовро ҷамъ карда мебаранд. Вақте ҷавонмардони боқимондаи шаҳрак ба шӯр омада, гурӯҳҳои партизанӣ таъсис доданд, дар баробари мубориза ҷасадҳои шаҳидонро ҷустуҷӯй мекарданд. Ҷасади дар хун оғӯштаи Шарифамоҳ ҳам дарёфт шуда буд, аммо дар он шабу рӯз ҳар ҷасадеро пайдо мекарданд, агар пайвандонаш дар шаҳрак мебуд хуб, вагарна якчанд нафар онро бурда, дар кадом қабристоне пеш меомад, мегӯрониданд. Ҷасади як бонуеро, ки ваҳшиёна ба қатл расида буд, ба шаҳраки Ломоносов оварда буданд, аммо аз пайвандонаш ягон нафаре пайдо нашуду онро бурда ба хок супурданд. Мо, ки дар он шабу рӯз дар ҷустуҷӯйи бародарони худ ҷасадҳои зиёдеро пайдо карда, аз нав ба хок месупоридем, шаҳидони зиёдеро ба чашми сар дидаем. Аммо асари он ваҳшигариеро, ки ман дар бадани Шарифамоҳи журналист дида будам, дар дигар ҷасадҳои пайдошуда надида будам… (ба хотири сӯзанкӯб накардани асаби дӯстону пайвандон, мо аз навиштани тасвири ҳолати ҷасади пайдошуда аз нақли шоҳид, худдорӣ кардем.)

Куштори лаби "сой", идомаи интиқом аз журналистон?

Ба гуфтаи Фирӯза Ҷобирова хоҳари Шарифамоҳ баъди чаҳор рӯзи беному нишон шудани аппааш, 26-сентябр дар гурӯҳи бисёрнафараи ҷавонмардони шаҳраки Ломоносов бародарони ӯ Фурқат ва Гулмурод Ҷобировҳоро ҳам бурданӣ мешаванд. Вақте падарам худро дар пеши чархи мошин партофта мегӯяд, ки лоақал як писарамро ба ман диҳед, бародари хурдиам Фурқатро аз мошин мефароранд. Вақте силоҳбадастон ҷавонони Ломоносовро ба таҳхонаи Ситод дароварданӣ мешаванд, нафаре Гулмуродро баргардонида мегӯяд: "Исто, туро ба назди апаат мебарем".

Баъди тамом шудани ҷанг шоҳидони назди корхонаи консервабарории шаҳри Қӯрғонтеппа ба оилаи Ҷобировҳо нақл мекунанд, ки вақте Гулмуродро ҳамроҳи як ҷавон ба лаби "сой" оварданд, аввал чашмонашонро баста, баъд тарафашон тир холӣ карданд. Баъди лаҳзае як мошин силоҳбадаст омадаву нафаре аз он берун шуда, даст ба зону зада, войдареғ мегуфт, ки чаро Гулмуродро паррондед. Гулмурод Ҷобиров, бародари Шарифамоҳи Кишвардӯхт дар матбааи Қӯрғонтеппа ҳуруфчин буд. Дар ин ҷанг шавҳари Фирӯза - Ҷунайдуллоҳро, ки дар рӯзномаи "Байрақи Дӯстӣ" кор мекард, низ ба қатл расонидаанд.

Аввалин ғамхонаҳо бунёд шуданд

Фирӯза нақл мекунад: "Баъди марги Шарифамоҳ, модарам гушанишинӣ эълон карда, боқии умр дар ғами духтараш сӯхт. Ӯ либосҳои Шарифамоҳро дар хона ба намоиш гузошта, ба фарзандони зиндамондааш мегуфт: -Ман барои худ ғамхонае сохта, боқии умрамро дар он мегузаронам. Шумо маро роҳат гузоред". Фирӯза ашки чашмонашро пок карда, нақли худро идома медиҳад; "Солҳои 1996 модарам аз ғами Шарифамоҳ ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуд. Рӯзона гоҳ-гоҳ аз ғамхонаи худ баромада, зери дарахти паси дарвозаи хона нишаста, роҳи духтарашро мепоиду шабона ӯро аз лаби об меёфтем, ки мегуфт; "Гулмуроду Шарифамоҳ аз назди хона гузаштанду ба хона намедароянд". Ӯ худ ба худ гуфтугӯ мекард. Баъдан модар рӯзҳои зиндагии Шарифамоҳро ба ёд оварда, суханҳои ӯро, ҳаракатҳои ӯро такрор мекард. Ӯ боқии умри худро ба ёди Шарифамоҳ сипарӣ кард. Модарам гоҳо зери дарахт сукут мекарду мегуфт: "Шарифамоҳ шабона дар ҳамин ҷо менишасту ситораҳоро ҳисоб мекард. Гоҳе ноаён аз дари хонаи дарстаёркуниаш мебаромаду дурудароз дар ҳавлӣ ҷунбу ҷули маро тамошо мекард. Чӣ шуд духтарам, мегуфтам, мегуфт; Очаҷон ба ман аҳамият надеҳ, мон аз тамошоят сер шавам". Дар 17 соли баъди марги Шарифамоҳ, модарам ҳар лаҳза ҳаёти духтари нозбӯяшро пеши назар меоварду мегиристу месӯхт"…                                        

Дарахте мунтазири духтараш

Вақте аз Фирӯза хоҳиш кардам, ки биё, ба ғамхонаи модарат биравем, ӯ аз нав ба гиря даромад:

-Ҷамолиддин, ман тоқати дидани он манзараро надорам. Он хонае, ки замоне пури пайвандонам буд, ҳоло холист. Мардум марги оммавии пайвандони худро таҳаммул карданд, аммо ман то ҳол Шарифамоҳро меҷӯям, ба ҳар куҷое равам, дар хотираҳо, дар таронаву суханҳои бароям гуфтааш.

darakhte_intizor54Вақте ба манзили зисти Шарифамоҳи Кишвардӯхт наздик мешавем, Фирӯза мегӯяд, замоне ин хона пури одам буду садои хандаҳои Шарифамоҳ хонаро пур мекард. Имрӯз ин манзара бароям бисёр даҳшатовар аст. Рост мегӯяд хоҳари Шарифамоҳ, дар ин хонадон хомӯшӣ ҳукмфармо аст. Маълум аст, ки дар ҳавлӣ одамон рафтуомад надоранд. Фирӯза дар хонаи худу Фурқат бештари вақт аз пайи кору бор. Дар ин хона паша пар намезанад.

-Апаи Фирӯза! Аз Шарифамоҳ дар ин манзил чӣ боқӣ мондааст,- гуфта хомӯширо халадор месозам.           

- Ба фикрам, ҳамин дарахт, - холаи Фирӯза ба дарахти ҳавлии падар ишора карда, аз нав ба фикру хаёл фурӯ меравад; - дар ин хона падару модарам чашм ба роҳи Шарифамоҳ аз дунё гузаштанд. Акнун ҳамин дарахт мондааст, ки мунтазири Шарифамоҳ побарҷост. Замоне ӯ зери ин дарахт китоб мехонд, ба фикру хаёл фурӯ мерафту таронаҳояш эҷод мешуд. Мурғи хайёлаш аз сари шохаи ҳамин дарахт ба дуриҳои дур парвоз мекард. Мо зери дарахт аз Шарифамоҳ ёд мекардем. Аз шохаҳои сармохӯрдаи бебарги дарахт, бар сару рӯи мо қатра-қатра об мерехт. Дарахти интизори рӯзноманигораш тарона мегирист.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

Дар мотами умед

Тамом… тамом.. тамом.. мехонад ба гӯши ман беист садои борон. Ман озодам, ман аз қайди ғуломӣ растам, мегӯям худ ба худ. Бале, ман дурудароз дар итоати ӯ будаму асири ишқи бебарор.

Дигар намехоҳам, ки ғуломи танҳо хоҳишҳои ӯ бошам. То даме, ки ишқаш поку ноолуда буд, муҳаббати ӯ қалби маро тасхир карда буд. Аммо имрӯз қалби саркашам, қалби ташнаи ишқам исёне бардошт, занҷирҳои заррини ғуломиро барканд. Ин исён барои ӯ ғайричашмдошт ва номаҳфум буд.

Тамом… тамом, тамом мехонад ба гӯшам борон. Ман озодам, ман аз қайди ғуломӣ растам, нидо мекунад қалби исёнию озодипарасти ман…

Аз таронаҳои Шарифамоҳ

Нома ба Модар

Модарҷон, ман дар назди ту гунаҳкорам. Ба хотирам он рӯзҳое мерасанд, ки бар хилофи пиндошти ту, ман азми таҳсил ба Душанбе доштам. Чӣ лаҳзаҳои мушкилу тоқатфарсое буд он лаҳзаҳо, ҳам барои ту ва ҳам барои ман. Аз якравиҳои ман хориат омада, оби дида мерехтӣ. Медонистам, ки ба дили ту аз ҳар тараф неши таънаю маломат мехалад. Он суханҳои таънаомези ҳамсоя ва хешу ақрабо ба дили ту бетаъсир намемонад. Вале чӣ илоҷ, оташи меҳру муҳаббати донишандӯзӣ ва эҷодиёт қалби маро ором намегузошт… Модарҷон, оё гуноҳи маро бахшида метавонӣ? Сар ба пеши поят мегузорам модар, маро бубахш…

Аз таронаҳои Шарифамоҳ

Дар қайди афсун

Алвидоъ, дӯсти азизу меҳрубон! Алвидоъ, эй муҳаббати поку бебарор! Алвидоъ эй орзуҳои дастнорас, алвидоъ эй рӯзҳои гузаштаи пур аз сӯзу гудоз, ки дар худ асаре аз ӯ пинҳон доштаед. Ман имрӯз ба ҳамаи Шумо видоъ мегӯям, абадӣ…

Зиндагӣ бароям ҳама тароваташро гум кардаву ман ба хаёлам дар охирин истгоҳи он қарор дорам. Дигар дилгармие, дилхушиеро итизор набудам. Ҳамаи тӯҳфаҳои тақдир ба ман барои дигарон будааст. Пеши назарам то домони уфуқи беканор саҳрои мурда, бекасу холӣ, на гиёҳе ба чашм мерасад, на паррандае пар мезанад. Ҳама чиз бемаънӣ, бемантиқ, ҳатто зиндагӣ низ. Шаб хаёл, рӯз хаёл, ҳамеша дар банди хаёлҳои печ дар печу мубҳам…

Аз таронаҳои Шарифамоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97