Агар ҳанӯз Файзалӣ Саидов қаҳрамон аст, сулҳ нашудааст

Таърих 31.08.2011 14:57

Gurezagoni soli 1993

Кор агар ин асту қавл ин асту ваҳдат ҳаст ҳамин,

Алвидоъ, эй сулҳу созиш, ал фироқ, эй муслимин!

Ин матлаб пас аз тамошои телесериали сиёсии ТВ- и Тоҷикистон бахшида ба 20- умин солгарди Истиқлол ва бо бардошт аз пешниҳоди раиси Бохтар ҷаноби Абдуалим Исмоилов дар мавриди ба Файзалӣ Саидов, қумондони Фронти халқӣ додани номи қаҳрамони миллӣ иншо шудааст.

Устод Қаноат ва Тоҳири Абдуҷаббор дар бораи ҷанг

Ҷанги тоҷиккуши солҳои 1992- 1997, ки он кам - кам ва ҳарҷо - ҳарҷо то чанд соле дигар идома кард, бо кушта шудани қумондони Иттиҳоди мухолифини собиқ Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба Раҳмон- Гитлер дар соли 2001 дар рустои Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ бо тамом хомӯш шуд. Ва ҳам чанд моҳ қабл саркаштарин қумандони ин Иттиҳод мулло - Абдулло Раҳимов дар ноҳияи Рашт бо ҷамъе аз ҷонибдоронаш аз сӯи нирӯҳои интизомии давлат кушта шуд, ки то ҷое умедҳоро ба фардои амну ором бештар сохт. Дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон аз тариқи расонаҳои хабарии чопӣ ва радиову телевизион росту дурӯғи зиёд гуфтаанд, ки дигар ҳама раҳгуму саргуманд, ки ин чӣ низоъе буд ва гунаҳкору бегуноҳи ин муноқишоти хунини сиёсӣ кӣ ва кадом афроду гурӯҳ аст. Ба андешаи шоир ва мутафаккири бузурги миллат устод Мӯъмин Қаноат ҷанги Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад, аммо ҷанги бе силоҳ, ки хатарноктар аз ҷанги гарм аст. Ин ҳушдори суханвари саршинос ҷуръати баҳо додан ба сулҳро бештар кард. Сулҳе, ки ба назари иддае аз соҳибназарон ҳанӯз ҳам шикананда аст.

Ҳарчанд роҳбари давлат ҳанӯз чанд сол қабл рӯшан таъкид кард, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон таҳмилӣ буд ва вузарои хориҷии иддае аз кишварҳои гирду ванаҳи мо дар ибтидои солҳои 90- уми қарни рафта дар сар андешаи тақсими хоки Тоҷикистонро доштанд, вале боз ҳам аз тариқи радиову телевизиони давлатӣ бо гузашти 20 сол аз Истиқлол ва беш аз як даҳсола аз ҷанги шаҳрвандӣ мешунавему мебинем, ки як ҷонибе аз тоҷикон сияҳкору мансабхоҳу ғаразҷӯ, бадхоҳи ин хоку Ватан ва гурӯҳе дигар ҳушманду покниҳоду мансаббезору ватандӯсту истиқлолхоҳ ном бурда мешаванд. Ва устод Қаноат ҳам бо дарки ин нукта ва бо эҳсоси дард изҳор дошта буд, ки то кунун зеҳният ин аст, ки ширкатдорони як тарафи ҷанги Тоҷикистон худро қаҳрамон ва тарафи дигари он худро муҷоҳид меноманд, пас сулҳ мантиқӣ ва ниҳодина нашудааст.

Шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, марди огоҳу фарҳехтаи миллат, ки ӯро ҳам беинсофона муҷрими ҷанги дохилӣ ва мансабталош дониста тӯҳмати сангинеро бораш кардаем, гуфта буд, ки "лаҷоми ҷанг дар дасти бегонаҳо буд ва ин бадбахтӣ бар асоси сенарияи хориҷиҳо анҷом шуд". Хотир фандам накунад, ҳамин сол буд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз заҳамот ва хадамоти мардуми кишвар дар фурӯ нишондани оташи ҷанги дохилӣ ёд карда, тақрибан чунин изҳор дошт, ки ҳеч кас даъвои қаҳрамонӣ накунад, зеро агар ин ҷанг қаҳрамоне дошта бошад, пас бешак он миллати тоҷик аст, ки аз хирад кор гирифта, ба сари сулҳу оштӣ омад.

Телевизион кори худро мекунад

Вале бо вуҷуди ин ҳама таъкидҳо масъулини телевизион кори худро мекунанд ва мехоҳанд бо истифода аз ин минбари миллат андешаву афкори ғалати хешро дар зеҳни мардум ҷой бидиҳанд. Ҳар сол дар остонаи таҷлили ҷашнҳои Ваҳдату Истиқлол, зодрӯзи Президент, Рӯзи Сарқонун, солгарди иҷлосияи 16- уми Шӯрои олӣ, Иди Артиши миллӣ силсиланамоишҳо ё филми бисёрсериягии ба қавли масъулин ва барномасозони ТВ- ҳо пур аз эҳсосу ифтихороти миллӣ пешкаши мардум мегардад. Чун моҳвора надорем ва мо ҳам ночор онро тамошо мекунем, бегумон пас аз дидани он хулоса ин мешавад, ки сабабгору гунаҳкори асосии он ҳама муноқишоти хунин ва қатлу ғорату хонасӯзиҳо мухолифини собиқ ва аҳзобу ҷунбишҳое чун ҲДТ, ҲНИТ, "Растохез", "Лаъли Бадахшон", Идораи қозиёт ва афроде амсоли Шодмон Юсуф, Тоҳири Абдуҷаббор (муаллифи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон), Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (раиси Комиссияи оштии миллӣ ва як ҷониби Сулҳ), Давлати Усмон, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, Бозор Собир, Аслиддини Соҳибназар, Қадриддин Аслонов (давлатмарде, ки Эъломияи Истиқлолро имзо кардааст), Давлати Худоназар, Шӯрои олӣ ва Ҳукумати вақт мебошанд. Аз Раҳмон Набиев, Сафаралӣ Кенҷаев, Ҳизби коммунист (Шодӣ Шабдолов) ва беш аз 200 депутати Шӯрои олӣ (аз 250 депутат), ки тайи бист соли ахир ва бархе то ҳанӯз ҳам савори аспи мансабанд, чун ватанхоҳи асил, ғамхори миллату Ватан, ҳалолкору ҷабру ситам дида ва барои кишвар зиёд дилсӯзу заҳматкашида ёд мешавад. Дар ҳайратам, ки Сафаралӣ Кенҷаев, ки бо истифода аз нирӯҳои зархарид ва аҷнабӣ, бо пуштибонии дивизия ва афсарони рус 24 октябри соли 1992 болои мардуми осудаи пойтахти кишвар лашкар кашид, дӯсту хайрхоҳи ин миллату Ватан ва онҳое, ки ин ҳамлаи маргбори "Комиссар Катанӣ"- ро маҳкум карданд, бадхоҳу сияҳкор ном бурда мешаванд. Ва боре ин масъулини телевизионҳо ва барномарезону муаллифони ин телесериалҳои ранги сиёсӣ доштаву ғаразолуда, ки барои мардуми ба ибораи имрӯз маъмул шукргузор аз фазои сулҳу созандагӣ онро пешниҳод мекунанд, аз хеш суъол кардаанд, ки оё ин мадҳу ситоиш, васфу сано ва "зиндабод"- и як ҷонибро гуфтану ҷониби дигарро ба таъну мазаммату маломат кашидан ва гунаҳкори бадбахтии мардум ва фоҷеаи миллӣ донистан оё барангехтани низоъву нифоқ дар миёни ҷомеъа нест?! Ва сулҳеро, ки дар борааш худи наттоқони ҳамин телевизионҳо кафки даҳон парронда дастовардаш медонанд, зери суол намебарад?

Агар Аслонов ноҳақ буд…

Вақте аз шодравон Қадриддин Аслонов, ки ба хиради мардуми хеш бовар кард ва ба хотири ба сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмӣ овардани ҳамватанони бо ҳукми тақдир дар ду сангари муқобил қарор гирифтааш мақоми раиси вилояти Қӯрғонтеппаро пазируфта, ба Вахшонзамин рафту асири гурӯҳе силоҳбадаст шуд ва ҷабру заҷри зиёд дид, хорӣ кашид ва мазлум ҷон дод бо бадӣ ёд мекунем, аз имзо гузоштани ин давлатмарди марҳум ба зери Эъломияи Истиқлол ҳарфе намегӯему ҳама бадбахтиҳои ҷумҳуриро аз гӯё бо амри ӯ шикастани ҳайкали Ленин ва моликияти миллӣ эълон шудани дороии Ҳизби коммунист медонем, пас фикр намекунем, ки ҳеч фоҷеъа, ҳеч кори баде нашудааст. Танҳо он замон манфиатҷӯёну кӯҳнагароён ва соҳибони андешаҳои карахту коммунистӣ ба таҳаввулоти рӯзгори навин омода набуданд ва ин як навъ мубориза ва мухолифати ҷадидону кӯҳнапарастон буд. Ва ҷурми Аслонов ва он мардуми майдон ҳамин буд, ки аз воқеъияти замони хеш қадам фаротар гузоштанд. Ва фаразан агар он кори Аслонов иштибоҳ мебуд, пас чаро ин хато баъдан ислоҳ нашуд, муҷасаммаи Ленин аз нав дар ҷояш қад накашид, ба коммунистон сарвату дороиашонро надоданд? Пас, Аслонов ва он мардуми майдоннишин дуруст рафтор кардаанд ва имрӯз сияҳ кардани онҳо ба хотири чист, намефаҳмам. Пас ин ҳама покӯбиву пешибарҷунбонӣ ба хотири 20 соли ҳамон Истиқлоле, ки қабл аз дигарон онҳое ба дарки ин неъмат расида буданд, қурбон шуданд, чарост? Ё ин танҳо як худнамоист?

Оё ба он андешидаед, ки Аслонов ва он дигар "гунаҳкорон" хешу табор, аёлу фарзанд ва ихлосманду ҷонибдор доранд? Як бор хешро биёед дар он ҳолат тасаввур намоем, ки ҳамин Аслонов ва бархе дигар аз шахсиятҳои шинохта, ки дар телевизион мӯҷиби низоъи миллӣ ва муҷрими кишварашон медонанд, бародар ё падари мост, пас ҳоли мо, бардошти мо бояд аз ин телесериал чӣ гуна бошад?!

Акаи Аслиддин, маро маъзур дор!

Худо раҳмат кунад Аслиддини Соҳибназарро, ки бо ҳам баъзан баҳсҳои сиёсие доштем ва боре дар баҳори соли 1999, ки ӯ он замон бо пешниҳоди ҷониби Иттиҳоди мухолифин ба мақоми муовини аввали раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ расида буд, дар як маърака ҳукуматдорони Тоҷикистонро сахт танқиду мазаммат кард. Шодравон марди якрӯ, сахтгӯ ва боҷасорат буд. Банда бархостаму ба ӯ гуфтам, ки акаи Аслиддин, ҳоло аз сулҳи мо ду сол ҳам нагузашта ва он чӣ шумо мегӯед, ки ҳукумат оппозитсиюнро чашми дидан ва ёрои таҳаммул надорад ва то ҳанӯз ҳам гунаҳкори ин ҷанг мову шуморо медонанд, шояд имрӯз ҳамин тавр бошад, вале бо гузашти як фурсате ин андешаи ғалат аз мағзҳои ҳукуматдорон шуста мешавад. Ва агар шуста нашавад ва ҳамин гуна андеша боқӣ бимонад, пас сулҳ нашудааст. Дар кишваре, ки тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ берун шудааст, бо ин шева бад гуфтани ҳукуматдорон ва ин гуна тундравӣ фикр мекунам амали шойиста нест, гуфта суханамро хулоса кардам. Акаи Аслиддин нороҳат шуд, барошуфт ва бо ситеза гуфт: - Ҳоло ту кӯдакӣ, баъд мефаҳмӣ ва он вақт мегӯӣ, ки Соҳибназаров рост гуфтааст.

Ва ман кӯдак ҳам набудам, 34 сол доштам, шояд ба назари акаи Аслиддин, ки он замон дар шасти камолот буд, кӯдак будаам. Ва имрӯз фаҳмидам, ки Соҳибназаров рост гуфтааст. Ва то имрӯз барои он густохиам, ки дар он маҷлиси хайр, назди чанд тане аз нухбагони миллӣ бузургмарде чун Аслиддини Соҳибназарро эрод гирифта, "насиҳат" кардам, хешро мулзаму нороҳат эҳсос мекунам.

Файзалӣ Саидов қаҳрамон? Барои чӣ?

Ин ҷо банда мехоҳам назари хешро оид ба андешаҳо ва пешниҳоди раиси ноҳияи Бохтар Абдуалим Исмоилов дар мавриди қаҳрамони миллӣ ном додани қумандони собиқи Фронти халқӣ Файзалӣ Саидов, ки то ҳанӯз бераҳмӣ, хунсардӣ ва қатлу куштори ин ба қавли Исмоилов "родмард" дар миёни ҳазорон мардуми Бохтарзамину Вахши бостон вирди забонҳо аст, бигӯям. Раиси Бохтар бар ин андеша аст, ки Файзалӣ Саидов чеҳраи саршиноси миллат буда, дар барқарории сохти конститутсионӣ саҳми беназир дорад. Ва ҷаноби Исмоилов мехоҳад, ки ба номи Файзалӣ Саидов кӯчаву деҳаҳоро номгузорӣ кунанд ва барои корномаҳояш шоирони мо шеъру достонҳо эҷод намоянд. Раиси Бохтар пешниҳод кардааст, ки Файзалиро қаҳрамони миллат бигӯянд ва барояш ҳайкал бояд гузошт. Агар ин пешниҳоди як фарди оддӣ мебуд, мо метавонистем онро нодида бигирем.

Вале, вақте дар остонаи таҷлили 20- умин солгарди Истиқлол як раиси ноҳия, як мақоми расмӣ чунин як пешниҳоди низоъбарангез ва хилофи ғояи ваҳдати миллӣ ва мухолиф ба андешаи сарвари давлат мекунад, ҷойи нигаронӣ ва ташвиш ва мояи нороҳатӣ аст. Ва аввалин суъоле, ки дар зеҳни ҳар одами ҳушманду оқил чарх мезанад, ин аст, ки чаро Файзалӣ Саидов бояд қаҳрамон бошад. Ва ин қумандони бебаҳра аз илми низомӣ ва мактаби ҳарбӣ нахонда ва лашкараш коре ҳам ба ҷуз куштор ва сӯхтор накарда, чӣ хидмате барои ин Ватану миллат дорад, ки номаш бояд дар радифи Темурмалику Восеъ, алломма Айниву академик Ғафуров ва Шоҳтемур бошад?! Ва оё тоҷиккушӣ, сӯхтани хонаи ҳамсоя, бева кардани зани бародар ва ятим гузоштани фарзандони ӯ, ғарибу дар ба дар сохтани ҳамватан мояи ифтихор ва бойиси таҷлилу такрим аст? Ва агар ин аъмоли манфур ба хотири барқарории сохторе бигзор конститутсионӣ ҳам сурат гирифта бошад, набояд шойистаи таҳсину тақдир бошад. Агар дар баҳои куштани ҳамватанони хеш, бигузор он мақтулону бахтбаргаштагон гунаҳкор ҳам, ки бошанд, мехоҳем қаҳрамон бошем ё барои тоҷиккушӣ касеро унвони қаҳрамони миллӣ додан мехоҳем, пас вой аз ин мусалмонӣ, ҳайф аз ин қаҳрамонӣ ва шармамон бод аз чунин пешниҳод, ки сабаби нифоқ аст.

Чаро Сангак Сафаров қаҳрамон не?

Агар раиси Бохтар сахт ҳаваси онро дорад ва мехоҳад, ки як нафаре аз қумондонҳои Фронти халқӣ қаҳрамони миллӣ бошад, пас чаро намехоҳад, ки он қаҳрамон устод, раҳбар, раҳнамо ва падархонди Файзалӣ, пешвои барқарорсозони сохти конститутсионӣ Сангак Сафаров бошад. Ва ба хотири бардоштани он нангу доғи таърих аз рӯи барқарорсозони бохтарии ҳукумати конститутсионӣ, ки ҳодӣ ва пештози он муборизот Сангакро бо шеваи мармузу то ҷое беадолатона (Сангак Сафаров он шаби 30 марти соли 1993, ки қатл шуд, дар хонаи "родмарди бохтарӣ" Файзалӣ меҳмон буд) дар Бохтар нӯкарони Файзалӣ аз байн бурданд, раиси ин ноҳия ҷаноби Исмоилов бояд ҷиҳати таъмини адолати таърихӣ ва шод кардани рӯҳи он ҳама муборизон пешниҳоди ба Сангак додани унвони қаҳрамонӣ, номгузории чанд деҳаву кӯчаи ноҳияаш ва гузоштани ҳайкали ӯро мекард, ки чунин накард. Дар ҳоле ки на Сангак ва на Файзалӣ ҳаққи қаҳрамон будан надоранд, чун теғашон ба хуни тоҷик гулгун буд.

Мардум ба пешниҳоди раиси Бохтар чӣ мегӯянд?

Дӯсте доштам бо номи Абдураззоқ, ки дар ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар мезист. Ҷавонмарде буд огоҳу бедор, худшинос ва аз муборизони роҳи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва Истиқлол дар Вахшонзамин буд. Охирҳои моҳи октябри соли 1992 замоне, ки Файзалӣ Саидов бо размандагонаш вориди деҳаи ӯ шуданд, Абдураззоқ бо чанд тани дигар пинҳонӣ фирор кард ва бехабар аз он буд, ки дар сари роҳи калони мошингарди Қӯрғонтеппа- Колхозобод дигар силоҳдорони Файзалӣ дидбонгоҳ карда буданду ҳар роҳгузарро мавриди пурсуҷӯ қарор медоданд. Абдураззоқ ба асорат уфтод ва бегоҳи ҳамон рӯз бо 8 тан ёронаш ба қатл расид. Гӯри ин тоҷикони бедор, ин ҷавонмардони ормонӣ дар сари роҳ то ҳанӯз чун як нишоне аз ҳазорон "корномаҳо"- и Файзалӣ боқист. Вақте раиси Бохтар мехоҳад, ки Файзалӣ қаҳрамон бошад, оё андешаи онро кардааст, ки ба Соҳибназар ва дигар фарзандони Абдураззоқи ғуррамарг ва ҳазорон дигар тифлони аз турктозиҳои Файзалӣ сағир монда ва садҳо занони дар пайи "корномаҳо"- и ӯ бевамонда ба ин пешниҳоди раисашон чӣ назар доранд. Оё аз ҳазорон- ҳазор мардуми ноҳияе, ки умури раҳбариашро имрӯз бар даст дорад ва аз Файзалӣ заҷру зулм дидаанду азобу маҳрумиятҳо кашидаанд, пурсидааст, ки мехоҳад ӯро қаҳрамони миллӣ кунад? Оё аз нигорандаи ин сатрҳо, ки манзили зистамро "боевикҳо"- и Файзалӣ ба ғорат бурданду ҳамсару хушдоманам як рӯзи сарди моҳи январи соли 1993 ба хоҷагии ба номи Куйбишев, ки Файзалӣ он ҷо мезист, барои додхоҳӣ рафтанд, то ҳамсояи силоҳдори ғоратгараш моли моро бозпас бидиҳад ва барояшон гуфтанд, ки даҳ дақиқа вақтатон медиҳем то қаламрави хоҷагиро тарк ва ин даъворо барои ҳамеша фаромӯш кунед, пурсиданд, ки Файзалӣ арзандаи қаҳрамони миллат будан ҳаст?! Ва банда соли 2000- ум завҷаи он шогирди Файзалӣ, оне, ки манзили маро ба ғорат бурду аёлу фарзандони маро дар он зимистони сард бе курпаву ҷойхоб ва тифли яксолаамро бе гаҳвора гузошт, дида будам. Гиряҳои талхи беваи он силоҳдори моли маро ба яғмо бурда то кунун дар пеши чашмони ман аст. Нақл кард, ки шавҳарашро куштаанд ва як соли дароз молу ашёи аз хонаи мо ба ғорат бурдаро фурӯхтаву зистааст. Гиряҳои ӯро дида, азоби дарбадариҳо ва гиряҳои тифлони хешро аз ёд бурдам ва Худоро шукр кардам, ки молу сарвати ман як сол аёлу фарзандони як хонадонро аз гадоӣ ва мурдан наҷот додааст. Касе гумон накунад, ки банда аз сари хусумат ба хотири он ҳама ранҷу озоре, ки аз Файзалӣ ва лашкари ҷаррори ӯ кашидаам ин ҳамаро менависам. На, мо аз Худо дидем, ҳарчӣ дидем ва ба Худои хеш супурдем, ки роҳаташ бисёр бод, ҳаркӣ моро ранҷа дошт.

Ҳеч қумондоне шойистаи номи қаҳрамонӣ нест

Муроди банда он аст, ки ҳеч қумондоне аз ду ҷониби даргир шоистаи он нест, ки қаҳрамони ин миллат бошад. Дар бораи ҷаҳолату ҷаббории Ризвон Садиров, қумондони мухолифини собиқ, ки бо бераҳмӣ ва кушторҳои ноҷавонмардона ва ҷиноёти сангинаш шӯҳра дорад, зиёд гуфтаанд, ки ҳоҷати ин ҷо такрор гуфтани банда нест. Ва бадбахтона Ризвон ҳам чун Файзалӣ ва соири қумондонҳо тоҷикро мекушт. Ва то ҳанӯз зарбаҳои бо қундоқи Калашников бар тахтапуштам куфтаи як ҷаллоди хуношоми ризвонӣ бо номи Нурулло бо гузашти солҳо маро азият медиҳад. То ҳанӯз ду гӯши Музаффари хеши мо, ки бо амри Мансур Муаккалов ном қумондони хунхори мухолифин дар бучкаи бузурги бензингирӣ андохта шуда буду размандагони бефаросаташ бо сангу чӯбу калтакҳои оҳанӣ аз чаҳор сӯ ба ҳар ҷои бучка мекӯфтанд, бар асари он зарбаҳо ва садои мудҳиш кар аст. То ҳанӯз авзоъ ва хотири Муҳаммадраҳими ғармӣ беҷост, аз он ки дар зимистони соли 1993 як размандаи ғайритоҷики гурӯҳи Файзалӣ чун дар Нуробод вориди деҳаашон мегарданд, мехоҳад бо модари бемори ӯ, ки бистарӣ буд, ҳамхоба гардад ва ин дам як тоҷикбачаи силоҳдори кӯлобӣ аз дидани ин аҳвол эҳсоси имонӣ ва инсониаш боло мегираду он ҳамяроқи ғайритоҷикашро ба қатл мерасонад. То ҳанӯз Шарифи ҳамсояам, як ҷавони беозору ботақво бо ду гӯши бурида мегардад, ки соли 1997 кадом як ҷинояткорони бедине чунин ваҳшониятро дар ҳаққаш раво дидаанд. Ҳар касе дар ин фитна ва муноқишот тоҷикеро, ҳамватанеро озор дода бошад, бояд ҳанӯз, ки дер нашудааст, пӯзиш бихоҳад, шояд Худо биёмурзадаш, куҷо расад ба он ки тоҷик кушта бошаду ифтихор бикунад ё қаҳрамонаш бихонему ифтихор кунем.

Магар мардум аз Қаҳрамон мегурезанд?

Аз онҳое, ки Файзалиро ё касе дигар аз қумондонҳои собиқро қаҳрамони миллӣ карданианд, пурсидан мехостам, ки оё бо ин ҳама "корномаҳо", ки шаммае аз онро нақл кардем, эшон шоистаи қаҳрамон будан ҳастанд?! Ва он чӣ мардум мегӯянд, ки Файзалӣ ҳар бегоҳи ҷумъа ба хотири осудагии рӯҳи падараш ду марди кӯҳистониро қурбонӣ мекард, мекушт, оё дурӯғ аст?! Кошкӣ дурӯғ бошад! Вале магар мардум дар ҳаққи қаҳрамони хеш чунин дурӯғи даҳшатбор мебофанд? Чаро мардум чунин дурӯғҳо дар ҳаққи қумондонони шинохтае аз ду ҷониб амсоли Саидшоҳ Шамол, Маҳмадрӯзӣ Искандар, Ғаффор Мирзо, Саламшоҳ Муҳаббат, Қурбони Чол, Файзалӣ Лангарӣ, Мирзо Зиё ва Ёқуб Салим, ки бештар аз ҳама миёни халқ машҳур ҳастанд, намебофанд? Агар мардум "қаҳрамон" ва қумондону "наҷотбахш"- и хешро дӯст дорад, магар дар борааш чунин афсонаҳои мӯҳлику "ужас" мебофад?! Як нафар сокини шӯъбаи 3- юми совхоз- техникуми Бохтар нақл кард, ки чун Файзалӣ ба деҳи онҳо меомад, мардум мегурехт, ҳама пинҳон мешуд, то ӯро набинанд. Хеле аҷиб! Магар мардум аз родмард ва қаҳрамон мегурезанд? Мардум дидани қаҳрамон ва наҷотбахши хешро орзу мекунанд, на балки бояд пинҳон шаванд.

Шӯри қиёмат бархост барои як ҳайкали Ленин

Хотираи одамӣ заъиф аст, ҳама чизро зуд фаромӯш мекунад, вале таърих хотира ва ҳофизаи қавӣ дорад, ҳама рӯйдоду ҳаводисро, ҳар аъмоли инсонҳоро бо гузашти фурсате аз ғарбели хеш мегузаронад ва дар он мақоме, ки арзиш дорад, мегузорад. Ва баҳои воқеъӣ ва ниҳоиро ба ҳар хоину қаҳрамон, дӯсту душмани Ватану миллат ҳатман медиҳад. Куҷо ҳастанд имрӯз ҳайкалҳои хурду бузурги барқад ва нимпайкараҳои бешумори Ленин, ки телевизиони тоҷик бо надомату афсӯс аз кандани як бути доҳии коммунистон то ҳанӯз нола мекунад. Куҷо шуданд он шаҳрҳо, вилоятҳо, деҳу мактабҳо, кӯчаву донишгоҳҳо, ки номи Ленинро доштанд, яъне чаро табдили ном карданд? Як ҳайкали Ленин бо амри и. в. Президенти Тоҷикистон Қадриддин Аслонов барандохта шуд ва Ҳизби коммунист, Сафаралӣ Кенҷаев, Ваҳҳоб Воҳидов ва фаъолзанони Душанбеву ветеранҳои меҳнат шӯри қиёмат барпо карданд. Куҷо шуданд даҳҳо ҳайкалу ҳайкалчаҳои доҳии пролетариат ва чаро дигар Ҳизби коммунист, Ваҳҳоб Воҳидов, Адолат Раҳмонова ва он фаъолзанону ветеранҳои меҳнат хомӯшанд? Куҷо шуд молу дороии беҳисоби Ҳизби коммунист, куҷо шуданд он ҳама қасру осоишгоҳҳо, бӯстонсароҳо, биноҳои горкому обкому райкомҳо, ки имрӯз ин ҳизб дар калонтарин вилояти кишвар- Хатлон бехонаву иҷоранишин аст? Оё он ҳама дороии ҳизби коммунистро шодравон Аслонов миллӣ карду бо худ бурд? Агар набурдаву он ҳама ин ҷост, чаро он замон бар сари Аслонов бало рехтанду имрӯз иҷора нишаставу дам фурӯ бастаанд? Ва ин кори хубест, ки ҳама дороии ин ҳизб миллӣ, моли давлати Тоҷикистон аст. Ва он даъвову бедодиҳои манфиатҷӯёни он замон, ки зери пардаи дифоъ аз бути Ленин ва миллӣ шудани сарватҳои Ҳизби коммунист аҳдофу ғаразҳои шуми хешро бароварда сохтан мехостанд, фитнае буд барои сарнагун кардани як давлатмарди тоҷик, ки чоҳканҳоро оқибат чоҳ пеш омад ва қудрат насиби дигарон гардид.

Гиромӣ бод ёди он рафтагони бедор!

Пас, Аслонов ҳанӯз дар соли 1991 ба дарки воқеъоти имрӯз расида будааст, ки аз Ленин бояд ботамом даст шӯст ва дороиии ҳизбаш бояд моли миллат бошад. Мардони бузург ва шахсиятҳои миллӣ бо як амали хеш дар таърих зинданом мемонанд. Қадриддин Аслонов бо он ки номаш дар зери Эъломияи Истиқлоли Тоҷик аст, бо он ки бути бузурги Ленинро аз пойтахти кишвар берун кард, бо он ки молу дороии ҳизби Ленинро моли миллат хонд, дар таърихи ин миллату кишвар барои ҳамеша номаш сабт аст. Пас, шод бод рӯҳи Қадриддин Аслонов, ки дар салтанати кӯтоҳаш беҳтарин ва азизтарин неъмат Истиқлолро оварду ба тоҷик шеваи Иброҳимӣ - бутшиканӣ омӯхт. Гиромӣ бод рӯҳи Аслонов, ки дар андеша ва тафаккури миллат шӯри бедориву худшиносӣ афканд ва дар роҳи оштиву созиши тоҷикаш ҷон бохт. Ёди азизи он куштагони ормонӣ ба хайр бод! Агар он рафтагони муборизу огоҳу бедорфикри тоҷик имрӯз дар остонаи таҷлили 20- умин солгарди таҷлили Истиқлол аз хотири масъулини давлат фаромӯшанд, қадр нашуданд, беҳтарин ва болотарин орден, ордене, ки маънии зиндагии ҳар мусалмон аст, Раҳмати Аллоҳ насибашон бод!

Ин буд он назару андешаҳои банда, ки рӯи коғаз овардам ва дигар касе мехоҳад "ҳар яке корро дар ҷаҳон сар ба номи Файзалӣ" ё Ризвон кунад, ё сериалҳои нави телевизионӣ дар бораи қаҳрамонону муҷримони ҷанги дохилӣ ва муборизону мухолифони роҳи Истиқлоли миллат сохтаву омода ва пешкаши мардум кунад, ихтиёр дорад, вале чун имрӯз косаи давр насиб кардааст, тавре бояд зист, ки ном, шараф ва ҳайсияти хешро ҳифз кунем, то дар дафтари таърих барои ҳамеша накӯкору некном боқӣ монда бошем.

Толибшоҳи Сайидзода

 

©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97