Аслиддин: фолбин не, соҳибназар

Таърих 12.08.2011 09:51

Sohibnazar 01Ҳелмут Риттер, донишманд ва пажуҳишгари олмонӣ дар китоби ду ҷилдаи худ "Дарёи ҷон", ки дар таҳқиқи афкору андешаи шайх Аттор мебошад, менависад: "Ман дар ҳаёти хеш як чизро хуб фаҳмидаам ва он ин аст, ки метавонам дар вуҷуди дигарон ҳулул кунам". Вақте ки дар маънии ин ду китоби ӯ тафаккур мекунӣ, мебинӣ, ки дар ҳақиқат ин донишманд тавонистааст дар вуҷуди шайх Аттор "ҳулул" бикунад ва онҷо хомаи хешро тар кунад. Андешаи Атторро атторвор дарёфтааст ва навишта кардааст.

Мисли ҳамин ҳам масъулони нашрияи «Миллат», дар ҳошияи 20 солагии Истиқлоли кишвар, ҷиҳати рӯнамоии чеҳраҳои сарнавиштсози ин замон,  хоҳиш намуданд, ки дар бораи Аслиддини Соҳибназар чизе навишта чеҳраи ӯро бозгушоӣ кунем. Ва ин корест сахт, зеро ин мавзӯъ мисли ишораи боло он гуна истеъдодро металабад ва пажуҳиши ҷиддиро, ковиши мутахассисона, равоншиносона ва дур аз эҳсосотро ва ин шинохтро мебояд аз тариқи хотираҳо фурӯ рафтан дар вуҷуди ӯ ва ҳамчунон аз дилу ҷону ёди мардум берун кашидан ва муаррифӣ намудан, бахусус, ки чунин чеҳраи маъруфро. 
Ӯ як минбар буд
Боре дар сӯги Аслиддини Соҳибназар, ин марди бисёр азизу фарзона,  марсияе иншо намуда будам:
"Миллати озодаро дилхун ҳамебояд гирист,
Чок бар тан пираҳан, гулгун ҳамебояд гирист.
…Минбари миллат шикасту рӯҳи маънӣ шуд хароб,
Бар шикасти минбару мазмун ҳамебояд гирист."
Ин мард дар замони худ воқеан як минбар буд. Минбаре, ки мардум солҳо боз дар интизораш буданд. Минбаре, ки розҳо ва уқдаҳои солҳои сол дар синаи мардум бударо бозгӯйӣ ва бозкушойӣ мекард. Аз номи онҳо мегуфт гуфтаҳои солҳо ногуфтаи онҳоро ва навиди тозаеро барои онҳо медод; озодӣ, истиқлол, фарҳанг, дин, ахлоқ - он чӣ мардум мехостанд. Ин орзу ва ғизои маънавие буд, ки мардум бидуни онҳо нафасгир буданд ва ташнагӣ мекашиданд, ончуноне, ки моҳӣ бидуни об.
Хостаҳои онҳоро комилан дарк мекард  ва ба таври комил арз менамуд. Ӯ аввалин бор садои озоди азони бомдоди андешаро сар дод ва мардумро умед ва осудагӣ бахшид.

Марде соҳибэҳтиром
Ва мардум бовараш карданд, чун самимона гуфт ва гӯшаш карданд, зеро ончӣ гуфт аз имон буд. Аслиддин дар нигоҳи аввал чанд ҳусни муҳим дошт. Аввал ин, ки илм дошт, дувум адолат дошт ва савум ин, ки соҳиби нафси хеш буд (нафси моддӣ) ва ӯ ин сифатҳоро дар эътидол нигоҳ медошт ва бо ин истеъдод ба ифроту тафрит роҳ намедод. Ва ин эътидол ӯро соҳиби хулқи неку карда буд. Хулқи неку, ки азимтарин сифати хуби инсон аст. Ва бо ин хулқ Аслиддин ба яке аз шахсиятҳое табдил гашт, ки мардум дар як замон то ҷое шинохтандаш ва бисёр дӯсташ доштанд ва азизи мардум гашта буд. Ӯ зодаи водии Ҳисор буд, вале дар ҳама гӯшаҳои ҷумҳурӣ бар худ маҳбубият касб кард, пиру ҷавон, зану мард эҳтиромаш доштанд. Ва ин бидуни муболиға як воқеъият буд.

Намои миллӣ
Ва ҳоло суол инҷост, ки чаро Аслиддини Соҳибназар ва чанд нафар аз ин даст шахсиятҳо, дӯстдоштаи мардум гаштанд ва ин қадар эътибору манзалат касб карданд? Он чӣ дар боло таъриф шуд, дар зоҳири шинохт аст, вале дар асл бояд чеҳраҳои ботинии ононро тарсим кард, истеъдоду ахлоқи рӯҳонии онҳоро кашф намуд.
Зеро шиносонидани шахсиятҳои миллӣ ба ҷомеъа аз муҳимтарин  масъалаҳост.
Ҳар як қавм барои пойдорӣ ва иттиҳоду ваҳдати хеш бояд намунаву улгуҳои маънавии худро дар симои шахсиятҳои донишманду боистеъдодаш бисозад. Бо онҳо бояд зиндагӣ кунад, ифтихор кунад, эъҷод кунад. Онҳо воқеан чароғи рӯшану раҳнамое ҳастанд дар шаби зулмот.
Аслиддин, ки як шахсияти миллии даркамол буд, месазад ва бар суди ҷомеъаи Тоҷикистон аст, ки аз ӯ як улгуи миллиро бисозанд ва мардум ҳам самимона қабулаш хоҳанд кард, зеро ӯ ин маҳбубиятро дошт ва имрӯз ҳам дорад. Бо зинда будани ному кори онҳо қавм ваҳдату иттиҳоди хешро нигаҳ медорад.

Вақте модар ба дастонаш бӯса мезад...
Пеш аз ин ҳам гуфта будем, ки баъди чандин сол Аслиддин боре дар яке аз маъмуриятҳои расмии худ ба шаҳри Бишкек омада буд. Яке аз ҳамватанон ӯро ба меҳмонӣ хонд ва баъди бархостан гуфт, ки модараш, ки аз водии Вахш омадааст, хоҳиш дорад, ки Аслиддинро ҳолпурсӣ кунад. Аз ҳуҷраи дигар ба саҳни ҳавлӣ пиразане бо қомати каме хамида, либоси бисёр сода ва рӯймоли сапеде, ки аз зери он мӯйҳои сапед ва чеҳраи нуронии ӯ намоён буд, ба сӯи Аслиддин омад. Қомати хамидаи худро боз хамтар намуд, дастҳои ӯро ба дастони хеш гирифт, бӯсид ва ба чашмони хеш молид ва дигар натавонист чизе бигӯяд, фақат зери лаб бо ашки чашм дуъое мекард. Шавҳари ин модарро бе ҳеч гуноҳе дар саҳни хонаи худаш ба шаҳодат расонда буданд, вале ӯ аз ин мусибаташ шикояте надошт ва онро аз сарнавишташ медид. Дар ин лаҳза қалбан ӯ дуъои ҷони ингуна ҷавонмардонро мекард, ки барои тақдиру ояндаи ин миллат дар сангари мубориза буданд. Ин модар хомӯшона изҳори сипос менамуд ва Аслиддин ҳам хомӯш, ашк гулӯгираш карда буд ва наметавонист чизе бигӯяд. Қомати баландаш, мӯйи дарози чун барф сап-сапедаш ин саҳнаи табииро бисёр бошукӯҳ нишон медод. Дар як тараф мардон ва дар тарафи дигар занону духтарон рост истода буданд ва дар миёна ин модару фарзанд бо сари хам  ва ашк дар чашм хомӯшона гӯё ба якдигар гуфтугӯ доштанд. Саҳнаи кӯтоҳе буд, вале касе наметавонист бидуни эҳсос ва ашк аз он бигзарад. Саҳнаеро медидем, ки модари азиз баъди солҳо фарзанди дилбандашро мулоқот мекунад ва модарона мебӯяд ва модарона мебӯсад ва навозиш мекунад ва шукри Худоро мекунад ва дуъои саломатии ҷони ӯро.
Воқеъан ин лаҳзаҳо бисёр ҳассосанд, хусусан замоне ки модари пиру нотавони тоҷикро дар мусофиратҳои дур аз Ватан, дар ҷустуҷӯи ҷигарбандонаш бубинӣ. Ва он лаҳза ҳам лаҳзае буд, ки он рӯз диданаш ашковар буд ва имрӯз ёд карданаш. Вале ин модар, ки Аслиддинро ҳеч вақт надида буд ва фақат ӯро шунида буд, он рӯз фарзандвор қабулаш дошт. Ин нишонаи шахсияти миллист!   

Моҳидорон обро гилолуд мекарданд
Банда ҳам мисли дигарон як вақти маҳдуде бинандаи ин саҳнаҳои сиёсӣ будам. Ва мутаассифона як муддати кӯтоҳи ошногӣ ва он ҳам дар замони бисёр ҳассосу зудгузар, ки имкон намедод то сари як мавзӯъ таҳлилу андеша кунӣ ва ҳамзамон медидӣ, ки ба чашмпаре фазо тағйир мекунад. Зеро қудратҳо ва бозигарони сиёсии аҷнабӣ муҳит ва фазои ҷомеъаро он қадар ҳассос нигаҳ медоштанд, то андешаҳо ва манфиатҳои миллии андешамандон ба ҳам васл нагарданд ва манфиати умумимиллӣ пайдо накунанд ва дар "оби лойолуд моҳӣ бигиранд".
Ин ҷо ман ҳам бо овардани баъзе саргузашту мисолҳо шояд то ҷое барои шинохти Аслиддин чизеро бозгӯ кунам.

соҳибназаров раиси Бонки миллӣ
Он масъулияти миллӣ ва давлатие, ки  ӯ дар пеши худ гузошта буд, барояш аз ҳар мансабу мақому ошнову табору маъишати зиндагӣ болотар буд. Ин як сифати ахлоқии ӯ буд, ки бисёр боарзиш аст. Вақте ӯро ба вазифаи раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ таъйин карданд ва хабари онро шоми он рӯз аз тариқи родиёву телевизион пахш намуданд, субҳи рӯзи дигар дар меҳмонсарои ҳукуматӣ ҷамъ будем ва яке гуфт, ки мардум мегӯянд, ки Аслиддин ҳам барои мансаб талош доштааст? (Он вақт ҷонишини вазири кишоварзӣ буд.)
Аслиддин инро шунид ва ҳамон замон ба назди Раиси Ҷумҳур баромада рафт ва худи ҳамон рӯз фармони таъйиноти дирӯзаро лағв кард. Ва пояшро ҳам ҳатто дар даҳлези ин идора нагузошт, ҳарчанд ҳузураш дар ин замони ҳассос дар мудирияти ин сохтори муҳим хеле зарур буд.
Машваратро дӯст медошт ва мепазируфт. Ифтихори бисёр баланди миллӣ дошт ва сухану амалаш ба ҳам бисёр наздик буд.
Манфиатҳои миллӣ ва диниро ҳамчун фарҳанги ягонаи миллӣ медонист ва қабул дошт ва эҳтиром менамуд ва ин сифати дигари хоси ӯ буд, ки аз дигарон фарқ мекард ва байни минтақаҳо ҳеҷ тафовуте намегузошт ва дигаронро ҳам иҷозат намедод, ки чунин рафторе кунанд.
Солҳои 1995 ва ё 1996 буд, ки ба як шахсе ки нисбати тоҷикон эрод мегирифт, бо шиддат дарафтода ва мегуфт: "Ба Худо қасам, ки аз ин қавм Худованд беҳтарашро наофаридааст, бо имону ахлоқу бо арзишҳои воло. Ӯро шикастаанд, шумо боз бештар мешиканедаш?" Ва бо таассуф гуфт: "Ғами ин хуфтае чанд, Хоб дар чашми тарам мешиканад."
Воқеан ман ҳеч вақт ӯро ором надидаам, ҳамеша дар фикру андеша буд.  Эҳсос мешуд, ки дар вуҷудаш вулқоне (оташфишоне) меҷӯшад, ки гӯё дар ҳоли ҳозир бурун сар мезанад.
"Чи бояд кард?"  Аз суолҳои ҳамешагии ӯ бо худаш буд.

Се рӯз пеш ахбори Маскавро бишнавед, бас!!!
Ба назар мерасад, ӯ хатарҳоеро, ки аз ҷониби даруну бурун ба ин миллат таҳдид мекард, медонист ва аз он ҳамеша дар ташвиш буд. Ҳатто дар Шӯрои Олӣ баъзе вакилон бо ҳазл ва ҳатто бештар бо киноя мегуфтанд, ки ин Аслиддин ҳама чизро "пешгӯӣ" мекунад. Ва ӯ бо табассуми таассуфомез мегуфт: "Охир, шумо агар хоҳед бидонед, ки дар ҷумҳурӣ чӣ рух медиҳад се рӯз пеш бас аст, ки родиюву ахбори Маскавро бишнавед ва ин таҳлили зиёдеро намехоҳад". Ҷумҳурие, ки баъди пошхӯрии Шӯравӣ ҳанӯз барномаи ҳаётии худро мушаххас нанамуда буд ва зери фишорҳои гуногуни қудратҳои беруна қарор дошт бо як иштибоҳе метавонист гирифтори гирдобҳои даҳшатноке гардад. Аз ин рӯ Аслиддин аз ҳама мепурсид, ҳамаро мешунид ва замоне сукут мекард, мавзӯъро барои худ ташхис менамуд ва фикрашро баён месохт; "мешавад" ва "намешавад" ва ё "хатар дорад" ва амсоли онҳо…
Ба гуфтаи худаш таҷрибаи воқеаҳои Баҳманмоҳи соли 1990 басанда аст, ки ин хатарҳоро ҳар замон мунтазир бошӣ. Ҳанӯз як моҳ қабл аз сар задани ин воқеъа ба қавлаш дар сафари Маскав будааст ва шиносҳояш ба ӯ гуфтаанд, ки ба наздикӣ як ҳодисаеро дар Тоҷикистон ба нақша гирифтаанд  ва худро эҳтиёт кунад. Ва се рӯз қабл аз ин ҳодиса дӯстонаш боз огоҳаш мекунанд, ки аз шаҳр берун биравад. Инро чандин бор ҳикоят мекард ва мегуфт, ки ҳеч боварам намеомад, зеро роҳбарони Кумитаи марказии Ҳизби коммунист худро бисёр ором нишон медоданд. Вале маълум шуд, ки рухдоди ин ҳодиса барномаи махсуси тарроҳишуда будааст. Ба хотири шикасти вакилони "эҳтимолии номувофиқ" дар интихоботи вакилони Шӯрои Олӣ он саҳнаи пурфоҷиаро сохтанд ва бо ин нияти нопокашон ҷумҳурии оромро ноором карданд ва ин як заминаи асосӣ гардид барои ҷанги ояндаи шаҳрвандӣ. Ин қувваҳо чандин бор гузоришҳои моро барои боз кардани парда аз рӯи ин ҳодисаи рухдода ба муҳокимаи ҷаласаи Шӯрои Олӣ монеъ шуданд ва дар баррасии он муқовимат ва канорҷӯӣ карданд. Ва дувумин заминаи ҷанги шаҳрвандӣ таклифи вакилон дар бораи аз тариқи раъйпурсии умумӣ интихоб намудани Раиси Ҷумҳур гардид (зеро дар он вақт Раиси ҷумҳурро Шӯрои Олӣ интихоб менамуд) ва боз ҳамон қувваҳо тарҳи нави тафриқаро ба кор бурданд ва тавтиаи нави ноҷавонмардонаеро эҷод карданд, ки саранҷомашро дидем ва аз ин қувваҳои беруна хуб истифода намуданд, вале заминасозаш дарун буд. Аслиддин иқдоми ин қувваҳоро рӯи рост маҳкум кард ва хатари сар задани даргириҳои тӯлониро бозгӯ кард ва огоҳ намуд, ки "саранҷоми ин оташ шуморо ҳам фаро хоҳад гирифт".
(Давом дорад)
Ҳайдаршоҳи Акбар,  
вазири собиқи  кишоварзӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97