Вазифаи хонагӣ барои Ирон, Афғонистон ва Бухоро

Таърих 05.08.2011 16:24

Агар мехоҳед тоҷикро дигарбора зинда кунед!

AOdili IslomiiЧунон ки гуфта шуд, яке аз масоили мубрами миллати тоҷик барқарор намудани иттиҳоди фарҳангӣ бо Ирон (бозгашт ба хат ва забони форсӣ) аст, ки шомили тадобири зиёди маърифатӣ ва парваришиву омӯзишӣ мебошад. Ҳоло бояд дид, ки барои амалӣ шудани ин мақосид чӣ мавонеъе дар роҳ аст.

Бояд дар назар гирифт, ки чун баъд аз инқилоб масъалаи аз байн бурдани қавми тоҷик ва забону фарҳанги он матраҳ буд, душманони мо мекӯшиданд, ки ба ҳар роҳу тариқ Иронро дар назари мардуми бесаводу мазлуми тоҷик бадном кунанд ва муқассир ҷилва диҳанд. Олимони рус ва сарсупурдагони тоҷик мазбӯҳона саъй мекарданд собит кунанд, ки забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ забонҳои мустақиланд ва ҳеҷ ваҷҳи муштараке бо ҳам надоранд. Муваррихини тоҷик ва шӯравӣ шоҳони қадими Иронро истилогару ғосиб ва тоҷиконро мазлуму ҷабрдида тасвир мекарданд. (Қиссаи корнамоии Шерак алайҳи Доро). Дар адабиёт ҳатто то замонҳои ахир донишмандони саршиноси тоҷик дар мавриди тааллуқоти ин ё он шоиру нависанда дар байни Ирон ва Тоҷикистон ба баҳс мепардохтанд. Барои тоҷикони Афғонистон ҳеҷ ҳаққе барои доштани шоир ва ё нависанда қоил набуданд. Ин ҳама таблиғоти душманона наметавонист дар рӯҳу мағзи чанд насли тоҷик беасар бошад. Имрӯз ҳам баъзе ақшори ҷомеъаи тоҷик бо мақосиди муғризона халқро аз он метарсонанд, ки гӯё агар мо бо Ирон дӯст бошем, Ирон Тоҷикистонро ишғол хоҳад кард ва ғайра. Хушбахтона, ҳаводиси ахири Тоҷикистон, ки маъруф аст, миллати тоҷикро ба қадри чанд қарн пеш бурд ва бедор намуд. Тоҷикон бародарони аслӣ ва ҷонии худро шинохтанд, ки ин худ дастоварди азиме дар ин роҳи мушкил буд.

Сарнавишти забони дарӣ ва мардуми Афғонистон хеле печида ва омӯзанда аст. Аввалан бояд гуфт, ки сарзамини Афғонистон дар қадим гаҳвораи тамаддуни Иронзамин буда, аввалин сулолаи салтанати Ирон - Пешдодиён дар ин ҷо ҳукумат кардаанд. Гуштосп подшоҳи Балх буд ва Зардушт ӯро дар ҳамин шаҳр ба ойини худ даъват кард. Хулоса, саросари Шоҳнома аз корномаи мардоне иборат аст, ки асосан сокинони сарзамини Афғонистони кунунӣ будаанд.

Номи тоҷикро дар таърих наменавиштанд

Аммо мисли соири нукоти форсизабон мардуми ин сарзамин натавонистанд ба таври бояду шояд ва муддати тӯлонӣ қудрати сиёсиро дар даст нигоҳ доранд. Бо ин ки қавми форсзабон дар кишвар аксарият буданд, (дар акси ҳол наметавонист забони форсӣ ба ҳайси забони умумии гуфтугӯии ҳамаи қавму қабоили ин кишвар пазируфта шавад) ҳамеша намояндагони ақвоми бегона ба қудрат мерасиданд, вале мардумони аслӣ ва бумии кишвар, ки тоҷикон буданд, дар беҳуқуқии комил ба сар мебурданд. Беҳуқуқии мардуми форсизабон ба ҷое расида буд, ки тоҷикон аққалан ҳақ надоштанд бо номи худашон тоҷик номида шаванд. Ҳамаи қавму қабоили Афғонистон ба як унвон "афғон" хонда мешуданд. Гӯ ин ки ба забон овардани номи тоҷик дар матбуот ва родиёву телевизион мамнӯъ буд. Дар воқеъ як нукта ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад. Агар кас даҳҳо ҷилд кутуби таворихи қадими кишварамонро, ки ба забони тоҷикон навишта шудаанд, саросар бихонад, хеле бо нудрат бо номи "тоҷик" дучор меояд. Ин кутуб аз бе ному нишонтарин ақвоми турку муғул баҳс мекунад, вале аз зикри номи тоҷик худдорӣ меварзанд.

Номи тоҷик аз Ҳирот зинда шуд

Ҳамин тавр, ҳатто то 10 соли ахир барои мо тоҷикони Осиёи Миёна як муаммо буд, ки ин ҳама форсзабононе, ки дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд, чӣ ном доранд? (Албатта мо фаҳмида будем, ки исми "афғон" як номи сохта ва пардохта аст ва бо ин ном қавму қабилае вуҷуд надорад). Оё онҳо тоҷиканд ё форсанд, ё кадом қабилаи дигар? Шоирону нависандагону олимони бузурги ин сарзамин мисли Саноии Ғазнавӣ, Мавлавӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳотифӣ ва садҳо нафари дигар ба кадом миллат мансубанд? Охир чӣ тавр бигӯем Саноӣ ва ё Мавлавӣ шоири дарӣ? Дарӣ номи забон аст на миллат! Ҳукумати Афғонистони собиқ, ки забони форсиро дарӣ номида буд, аз номи тоҷик ҳам бадаш меомад. Инқилоботи ахири Афғонистон бо вуҷуди он ки бадбахтиҳои зиёде ба сари мардум оварданд, боз ҳам ҷои шукраш боқист, ки даҳони мардумро боз карданд ва ниҳоят форсизабонон эълом доштанд, ки; "бале, онҳо аслан ва сирфан тоҷиканд на ягон қавму миллати дигар". Махсусан тоҷик номида шудани аҳолии вилояти Ҳирот аҳамияти фавқулода бузург дорад, зеро Ҳирот дар гузаштаи начандон дур маркази Хуросон ба шумор меомад ва мардумашро "хуросонӣ" мегуфтанд.

Чунончӣ, муаллифи китоби "Бадоеъ-ул-вақоеъ" Зайниддин Маҳмуди Восифӣ (қарни 16 мелодӣ дар авохири салтанати Султон Ҳусайн Бойқаро дар Ҳирот зистааст) дар тафсили сафари худ ҳамроҳи Муҳаммад Ғиёсиддин холазодааш ба Машҳад менигорад: (мазмунан) "Вақте, ки мо вориди ҳаммом мешудем, як гурӯҳ машҳадиҳо байни худ мегуфтанд; "харони хуросонӣ омаданд". Лутфан ба ин нукта таваҷҷӯҳ шавад, ки машҳадиҳо дар он замон ба ҳиротиҳо "хуросонӣ" хитоб мекарданд.

Ин падида воқеан бисёр ҷолибу аҷиб аст, ки мардуми Ҳирот бо вуҷуди ин ки дар тӯли қарнҳо тақрибан ягон шоиру олиму муваррих исми тоҷикро зикр намекард ва бо номи тоҷик ва марбут ба тоҷик қаламрави ҷуғрофиёие вуҷуд надошт, боз ҳам номи худро дар қалби худ нигоҳ дошта ва билахира онро офтобӣ намуд. Ҳоло дигар аксари аҳолии форсизабони Афғонистон худро тоҷик меноманд, ки мояи ифтихори ҳамаи тоҷикон ва офаринандаи ғурури миллист. Ба дунболи ин ҳақиқат ба ин натиҷа мерасем, ки қавми тоҷик дигар қавм нест, ки онро битавон нодида гирифт, балки қавми бузургест, ки дар қаламрави васеъ аз Осиёи Миёна гирифта то марзи Хуросони Ирон сокин аст ва худро дигар бо садои баланд ва бидуни тарсу ҳарос тоҷик меномад. Ҳоло дигар мо метавонем бо камоли итминон ҳамаи шоирони бузург ва донишмандону мутафаккиринро, ки аз ин сарзамини паҳновар бархостаанд, тоҷик биномем.

Хуросониҳо низ тоҷиканд

Ҳоло мехоҳем поямонро боз ҳам фаротар бигзорем. Озодиҳои демократик ва фароҳам шудани омаду рафтҳо дар байни кишварҳои ҳамзабони Ирону Афғонистон ва Тоҷикистон имкон доданд, ки мо бародаронамонро беҳтару наздиктар бишносем. Дар натиҷаи ин равобит мо бо мардуми Ҳироти Афғонистон ва Хуросони Ирон аз наздик ошно шудем. Зимни ошноӣ банда, ки мутахассиси гӯишҳо ва лаҳҷаҳои форсизабонон ҳастам, як дафъа барои худам кашф кардам, ки дар байни гӯишҳо ва гуфтугӯҳои мардуми Ҳирот ва Хуросони Ирон фарқи зиёде намерасад. Аслан ин фарқҳо ба андозае ночизанд, ки метавон онҳоро нодида гирифт. Бародарони ҳиротӣ ва машҳадӣ бо ин ки чанд қарн дар дурӣ ва аз ҳамгусастагӣ зиндагӣ кардаанд, бо ҳам якҷӯр сӯҳбат мекунанд. Ҳатто оҳанги сӯҳбаташон якест. Тамоми иборот, маҷозҳо, панду амсол ва ғайра якест. Ҳамчунин банда мушоҳида кардам, ки оҳанги сӯҳбати ҳам ҳиротиҳо, ҳам хуросониҳо бо оҳанги гуфтугӯи тоҷикони кӯҳистони Тоҷикистон шабоҳати аҷибе дорад. Зоҳиран, аз замонҳои қадим ҳамаи мардумони ин сарзамини васеъ бо як лаҳҷа ва гӯиш сӯҳбат мекарданд. Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар китобе, ки зикраш рафт, нақл мекунад, ки чун гурӯҳе аз мардуми Нишопур ӯро шинохтанд, ки аз шогирдони маҳбуби Ҳусайн Воизи Кошифӣ аст, аз ӯ дархости маҷлиси вазъ кардаанд. Восифӣ мегӯяд: "Вақте, ки фақир вазъ мегуфтам, мардум ҳама бо садои ҳой-ҳой гиря мекарданд". Ин шоҳид низ гувоҳ бар яке будани гӯишҳои мардуми Ҳирот ва Нишопур мебошад. Ҳоло, ки тоҷик будани ҳиротиҳо маълум шуда, суоле пеш меояд, ки пас хуросониҳо кӣ ҳастанд? Онҳо, ки аз қадим бо ҳиротиҳо як қавму як қабила буда, ҳама чизашон муштарак ҳаст, магар тоҷик нестанд? Тамоми шавоҳиди торихӣ ин иддаоро, ки Хуросониҳо низ тоҷиканд, тасдиқ мекунанд.

Тоҷикон кистанд? Оё иронӣ нестанд?

Банда ба дунболи таҳқиқоте, ки анҷом додаам, ба натиҷае расидам, ки аз ин қарор аст. То ин вақт мегуфтанд, ки ақвоми асили иронӣ асосан ду тост: Яке порсҳо ва дигаре модҳо (манзур ақвоми порсзабон аст, на халқҳои иронии мисли курду балуҷ ва ғайра). Аввалиҳо дар ҷануби кишвар сокин буданд, дуввумиҳо дар шимоли Ирон. Як қисмати аъзами модҳо дар ҷараёни торих ва сарнавиште, ки барои онҳо пеш омад, ба туркҳои Озарбойҷон табдил шуданд ва бақияи онҳо, зоҳиран, ирониҳои сокини қисмати шимоли кишвар ва атрофи шаҳри Рай мебошанд. Вале оё дуруст аст, ки ақвоми асили иронӣ фақат ду то будаанд? Оё се то набудаанд? Пас тоҷикҳо кистанд? Оё тоҷикҳо яке аз се қавми асили иронӣ нестанд?

Пас омадем ба ҳақиқате, ки то имрӯз аз назари муҳаққиқини бахши ироншиносӣ пинҳон мондааст, яъне имрӯз бо сароҳат бояд эътироф кард, ки қавмҳои асосӣ ва аслии Ирон се то будаанд; 1. порсҳои сокини ҷануби кишвар. 2. модҳои сокини шимоли кишвар. 3. тоҷикҳо сокини қисмати шарқӣ ва шимоли шарқии Ирон, ки шомили Хуросони имрӯз, Афғонистони имрӯз ва Осиёи Миёна - Бухоро мебошанд.

Бад-ин тариқ расидем ба ин ҳақиқат, ки тоҷикон яке аз се қисми бузурги Ирон буда, аз Хуросони Ирон гирифта, то саросари Афғонистон, Тоҷикистон ва соири нукоти форсизабони Осиёи Миёна паҳну мунташир шудаанд. Мояи ғурур ва ифтихору сарбаландист, ки бузургтарин шахсиятҳои илмиву ҳунарӣ ва адабии Ирон аз ин сарзамин бархостаанд. Чунин абармардони торихи Ирон аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Носири Хисрав, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Мавлавии Балхӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайёми Нишопурӣ, Абдураҳмони Ҷомии Ҳиротӣ ва садҳои дигарро модари тоҷик ба дунё оварда ва дар ҳамин обу хок парвариш додааст. Хуросон ва Мовароуннаҳр (Бухоро) майдони набарди ғайюртарин ва силаҳшӯртарин фарзандони тоҷик мисли Абӯмуслими Хуросонӣ, Беҳофарид, Муқаннаъ ва сарбадорони Хуросону Самарқанд будааст. Ҳоло дигар ҳеҷ кас набояд форсро аз тоҷик ҷудо кунад. Ин ду қавми бародари дуқулу дугоник аз як шикам баромадаанд ва аз ҳам фарқе надоранд.

Воқеан, шигифтовар аст, ки дар торихи кишварҳоямон сарнавишт тавре ихтиёрдорӣ кардааст, ки ҳар се қавми асили иронӣ ба навбат замоне дар Иронзамин салтанат ронда бошанд. Чунончӣ, замоне пешдодиёни тоҷик дар Балх, кушониён (модҳо) дар Рай ва порсҳо чанд дафъа дар ҷануб подшоҳӣ карданд. Вале, минбаъд сарнавишт чунин буда, ки баъд аз фурӯпошии салтанати Сосониён дар Ирон дар тӯли беш аз 1400 сол ҳама саъю талошҳои мардумони Иронзамин барои барқарории дубораи қудрат ва шукӯҳи дерин беҳуда будааст. Ақвоми форсӣ, ки дар ин ҷо будаанд, зери султаи бегонагон воқеъ шуданд ва аз ҳам ҷудо гардиданду то андозае ҳамдигарро фаромӯш кардаанду нашнохтаанд.

Бехабарӣ

Чунин будааст сарнавишти халқе, ки ватанашро аз даст медиҳад. Вазъ тавре сурат гирифт, ки тоҷикони Тоҷикистон аз мавҷудияти тоҷикони Афғонистон хабар надошт ва форсҳои Ирон аз вуҷуди Тоҷикистон. Тасаввурҳои ғалат нисбат ба ҳамдигар дар байни ақвоми форсӣ имрӯз ҳам идома дорад. Чунончӣ, бархе ирониҳо чун танҳо оворагон ва ғарибуфтодагони Афғонистонро дидаанд, хайёл мекунанд тоҷикон як қавми гадо ва бесаводу бефарҳанг ҳастанд. Дар сурате ки ин тавр нест. Табиист, ки дар ҳар қавме табақаҳои бесаводу фақиру бефарҳанг ва гадо вуҷуд дорад, вале набояд аз табақаи бофарҳангу босаводи он қавм чашм пӯшид.

Афғонистон парчамбардори тамаддуни иронӣ

Тоҷикони Афғонистон аз бофарҳангтарин, ҷавонмардтарин ва саховатмандтарин мардумони Иронзамин маҳсуб мешаванд. Дар фитна ва ошӯби ахири Тоҷикистон, ки беш аз ним миллион нафар тоҷикон ба Афғонистон паноҳ бурданд, мардуми Афғонистон оворагони тоҷикро бо оғӯши боз бародарвор пазируфтанд. Бо ин ки беш аз 30 сол аст ин кишвар дар гирдоби ҷангҳои дохилӣ дасту по мезанад ва усулан аз кишварҳои фақир маҳсуб аст, боз ҳам мардумаш бо бародарони тоҷики худ сарпанаҳу хӯроку пӯшок доданд ва ҳеҷ гоҳ сухани маъруфи "ҳоло дигар ба ватанатон баргардед" - ро ба забон наёварданд. Тоҷикони Афғонистон дар торихи ин кишвар чун мардумони ғаюру силаҳшӯр маъруфанд. Дар шикасти лашкарҳои саропо мусаллаҳи инглису шӯравӣ саҳми тоҷикон хеле бузург будааст. Яке аз хидматҳои босазои тоҷикони Афғонистон ин аст, ки онҳо дар тӯли беш аз 1000 сол на танҳо нагзоштанд забони форсӣ дар ин сарзамин аз байн биравад, балки фарзандони барумандаш мисли Саноии Ғазнавӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳои дигар чароғи адабу ҳунари форсиро пайваста фурӯзон нигоҳ доштаанд. Онҳо забони форсиро на танҳо ҳифз карданд, балки дуруст мисли Ирон онро ба дараҷаи забони ақвоми дохили Афғонистон боло бурданд. Танҳо ҳамин хидмати пурарҷи тоҷикони Афғонистон кофист, ки мо ин қавми бузургро дар баробари қавми азиз ва гаронмояи форс дар як ҷойгоҳи олӣ қарор бидиҳем ва қадрдонӣ кунем.

Литсейҳои фаъоли туркӣ ва ғафлати Ирон

Як падида дар тӯли беш аз 1000 сол дар торихи Иронзамин (манзур саросари манотиқи маскунии форсзабонон аст) ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, ки ин бетафовутӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ миёни ҳамзабонони чӣ иронӣ, чӣ хуросони шарқӣ (Афғонистон) ва чӣ Осиёи Миёна (Бухоро) аст. Масалан мардумони Туркия бо он ҳама содагии туркона аз қарни 11 мелодӣ бад-ин сӯ миллионҳо нафар мардумони ғайритуркро ба турк табдил доданд, ки халқи Озарбойҷон аз ҷумлаи онҳост. Илова бар ин ҳамеша ба ақвоми туркнажоди Осиёи Марказӣ ва аз он ҳам фаротар то савоҳили уқёнуси Ором таваҷҷӯҳ дошта, хиёли барпо кардани як империяи саросариро дар сар мепарвариданд. Сиёсати пантуркизм ҳамеша яке аз сиёсатҳои умдаи ин кишвар будааст. Ҳамин имрӯз Туркия қариб дар ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон литсейҳои туркӣ боз намуда, ба закитарин фарзандони тоҷик забони туркӣ меомӯзад. Аммо Ирон бо он ҳама зиракӣ ва заковати фитрӣ ақвоми аслан ва сирфан форснажоди шарқии худро дар тӯли чандин қарн ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда, аз онҳо ёде накардааст. Тоҷикони Афғонистон ва Осиёи Миёна (Бухоро) ҳам айнан ҳамин айбро муртакиб шудаанд. Чаро? Дар Ирон ва соири манотиқи форсизабон ҳеҷ вақт сиёсати паниронизм вуҷуд надошта ва агар дошта ҳаргиз рушд накардааст. Эҳтимолан яке аз сабабҳои умдаи ин падида ихтилофоти мазҳабӣ ва адами равобити фарҳангӣ ва иқтисодӣ миёни ақвом ва кишварҳои ҳамзабон буда бошад. Ба ақидаи инҷониб барои пайдо кардани иллали ин бетафовутӣ ва муносибати сард бояд ба аъмоқи таърихи ин кишварҳо назар духт.

Таърих гувоҳ аст

Китоби торихи Иронзамин дар худ саҳифаҳои заррини дурахшонеро маҳфуз дорад. Ин замонҳое буд, ки чандин хонадони пуршаъну шавкати иронӣ мисли Ҳахоманишиён, Пешдодиён, Кӯшониён ва билахира Сосониён ҳукумат мекарданд. Дар замони салтанати ин шоҳон Ирон давлати азиму қавӣ ва пуршукӯҳу овозадор ва миллаташ сарбаланду ғаюру силаҳшӯру мағрур буд. Давоми салтанати ин шоҳон гоҳо ба шаш қарн мерасид. Ҷаҳон аз лашкаркашиҳои шоҳони Ирон дар тарсу ҳарос ба сар мебурд. Мутаассифона, ҳамалоти хонумонсӯзи арабҳои кӯчӣ охирин хонадони салтанатии Ирони пуршукӯҳро барои ҳамеша аз байн бурд. Воқеан, вақте қавмҳои кӯчӣ, ки мардумони рӯи асбанд ва хонаи онҳо хонаи зин аст, бо ҳам муттаҳид мешаванд, ба сели азиме табдил меёбанд (мисли лашкари Чингизи хунхор), ки пеши роҳи онҳоро гирифтан амри маҳол аст. Аъроб қаламрави паҳновари Иронзаминро ишғол ва таҷзияву тақсим карданд. Ирониён дар тӯли ду қарн аз тариқи қиёмҳову шӯришҳо ҳарчанд кӯшиданд, ки дубора қудрати сиёсиро ба даст оваранд, ба натиҷа нарасидааст. Баъд аз ҳукумати дусадсолаи аъроб чанд хонадони иронӣ аз қабили Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар қисматҳои Хуросон ва Бухоро (Мовароуннаҳр) давлатҳое ташкил доданд. Ҳатто Сомониён дар ҳудуди як қарн ҳукмронӣ доштанд. Эҳёи муҷаддади забон ва адаби форсӣ муттааллиқ ба аҳди Сомониён аст. Вале, мутаассифона, натавонистанд ҳамаи ирониёнро муттаҳид кунанд. Сомониён дар маърази сели туркҳои кучии шимол қарор гирифтанд ва барои абад аз сафҳаи рӯзгор зудуда шуданд. Охири Шоҳномаи Фирдавсӣ пур аз саҳифоти сугворист, ки ба фурӯпошии салтанати Сомониён марбут аст. Аслан фоҷеъаи Фирдавсӣ на ситами Султон Маҳмуд бар ӯ будааст, навмедии Фирдавсӣ бар асари барбод шудани кохи орзуҳои ӯ дар мавриди бунёди як Ирони бузургу қавӣ ва пойдор буд.

Аз оғози ҳазораи дуввуми мелодӣ дар саросари Иронзамин хонадонҳои туркнажод ба қудрат расиданд. Ин дафъа муддати тӯли ҳукумати онҳо дар Иронзамин беш аз ҳазор сол буд. Мардум аз шӯришҳо ва қиёмҳои бенатиҷа хаставу маъюсу ноумед шуданд. Фирдавсӣ гӯё ба ин муносибат гуфтааст:

Дилам сер шуд аз Фаридуни гурд,

Ба ман чӣ, ки ӯ тахти Заҳҳок бурд.

Кунун умр наздики ҳаштод шуд,

Умедам ба якбора барбод шуд.

Эҳтиёҷ ирониёнро ба зону нишонд

Баночор мардумони донишманду мутафаккир дар худ фурӯ рафтанд ва ба афкору ақоиди навмедона ва дунёбезорӣ тавассул ҷустанд. Иддае ба тасавуф гароиданд, иддае ба бебандубориҳои риндона ва иддае сугвориҳои бе ҳадду андоза. Хонҳо ва табақаи ҳоким, ки аз тира ва нажоди бегона буданд, бо забону фарҳанг ва ақвоми иронӣ таваҷҷӯҳ надоштанд. Ақвоми иронӣ таи солиёни зиёд ба зиндагии бидуни эҳсоси шахсият, ғурур ва шинохти хеш ва бародарони ҳамзабон хӯ гирифтанд. Барои онҳо дигар на забон маънӣ дошт, на фарҳанг, на бародари ҳамзабон. Ирониён (манзур ҳамаи форсизабонҳост) барои касби нон ва зиндагии беҳтар маҷбур буданд, ки дар баробари хонҳо зону бизананд, барои онҳо сар аз по нашносанд, хидмат кунанд, то садди рамақе ҳосил намоянд. Саранҷом ба ҳама пушти по зананд, то ҷое ки ҳатто худро фаромӯш кунанд. (таваҷҷӯҳ шавад ба "Саёҳатномаи Иброҳимбек" ва "Саргузашти Ҳоҷибобои Исфаҳонӣ").

Тоҷики "мусулмон" узбак шуд

Аҳволи тоҷикон дар хиттаи Афғонистон ва Бухоро ба маротиб бадтар аз ин буд. Баъд аз инқилоби октябр аз тоҷикони Бухоро ва Самарқанд мепурсиданд, ки миллати шумо чист? Дар посух мегуфтанд; "мусулмон". Лутфан ба ёд оваранд ҳикояти Иброҳими Адҳамро, ки аз бозори Миср ғуломе харида буд. Пурсид: -Чӣ номӣ? Гуфт: -Он чӣ хонӣ. -Чӣ пушӣ? - Он чӣ пӯшонӣ. Чӣ хӯрӣ? - Он чӣ хӯронӣ. Пурсид: - Чӣ хоҳӣ? Гуфт:-Бандаро ба хост чӣ кор. Ва ғайра.

Пас дар шиносномаҳояшон миллаташонро "узбак" навиштанд, ки барояшон фарқ надошт. Сарзаминҳои обо ва аҷдодияшонро ба Узбакистон ҳадя карданд, аз забону фарҳанг маҳрумашон карданд, боз ҳам барояшон муҳим набуд. Онҳо дар таи ҳазор сол ба ғуломӣ дар баробари бегонагон хӯ гирифта буданд. Иллат ҳамин буд, ки вақте баъд аз инқилоб вилоёти Самарқанду Бухороро ба Узбакистон мефурӯхтанд, ирониён хоб буданд ва хабардор нашуданд. Аз худ бехабарӣ ба ҷое расида буд, ки то солҳои ахир аксари ҳамзабонон аз ҳоли ҳамдигар хабар надоштанд. Чунончӣ як нафар иронӣ Тоҷикистонро бо Гурҷистон яке медонист ва тоҷику форсу арабро яке. Сабаб ҳамин ғафлату бехабарист, ки мо қавмҳои ҳамхуну ҳамнажод дар ғаму шодии ҳамдигар шарик нестем. Вақте душмане яке аз моро мекӯбад, бегонавор тамошо мекунем. (Ба ёд оваред ҷанги Ироқ алайҳи Иронро).

Амрико медонад, ки мазҳаб баданаи Иронро тақсим мекунад

Албатта аз шинохтан то шинохтан тафовут фарсахҳост. Ҳунар ин ҷост, ки ҳамзабонон ҳамдигарро хуб бишносанд на бад. Барои хуб шинохтан насли ҷавонро омода бояд кард, вагарна ҷавонон хеле зуд аз роҳи дуруст мунҳариф мешаванд ва ба ҷои хуб ҳамдигарро бад мешиносанд. Он вақт на инки дурри мақсуд ба даст намеояд, баракс бо хоидани пушти даст хоҳем гуфт; "эй вой, ки беҳ нашуд, бадтар шуд". Яъне агар ҷавонон омодагии қаблӣ надошта бошанд, аз чанд бархурди тасодуфӣ дар бораи якдигар ҳукми ғалат содир хоҳанд кард, ки боиси ҷудоӣ ва аз ҳам гусастагӣ хоҳад шуд.

Иллат ҳамин ноомодагиҳост, ки мардуми Ирон оворагони тоҷики Афғонистонро чун меҳмонони нохонда мепазиранд ва гоҳҳо хоҳони бозгашти эшон ба ватанашон мешаванд. Иллати икроҳ, дурӣ ҷӯстан ва напазируфтани тоҷикон аз сӯи ирониён пеш аз ҳама бехабар аз гузаштаи пурифтихори ин бародарон аст. Касе на ба ирониён, на ба тоҷикон роҷеъ ба решаҳои қавмӣ ва пайвандии ин бародарони хешованд ҳарфе назада ва сӯҳбате накардааст. Баракс шояд роҷеъ ба ихтилофоти мазҳабӣ миёни эшон зиёд ҳарф зада бошанд, ки барои мардуми камдониш ва камсавод таъсири фаровон дорад. Ҳол он ки масъалаи ихтилофоти мазҳабӣ масъалаи кӯчаке нест, ки аз он битавон чашм пӯшид. Дар гузаштаи халқҳои мо нодида гирифтани ин масъала боъиси хунрезиҳои зиёд ва ҳатто қатли онҳо шудааст. Беҳуда нест, ки Амрико хотирҷамъ аст, ки аз ин ки тоҷикон ба ирониҳо ҳеҷ гоҳ муттаҳид намешаванд, зеро мазоҳибашон мухталиф аст. Ин ҳарф бидуни воқеият нест. Дар воқеъ аҷаб нест мардуми камдонишу камсавод ба хотири томот ва хурофоти қуруни вустоӣ ба ҳам битозанд ва ҳар кадом ба ҳақ будани худ исрор биварзанд. Аз ин ҷиҳат ба ҷавонон ташриҳ бояд кард, ки дар муносибат бо бародарони ҳамзабон рӯи ин масоил ҳаргиз вориди баҳс нашаванд, чун то ҳоло касе аз баҳси ин мавзӯъ ба ҷое нарасидааст.

Балки рӯи он масоил бо ҳам сӯҳбат кунанд, ки моро бо ҳам муттаҳид кунанд, на мунфарид. Моро ҳама боварҳои бостонӣ, шеъру адаб, Шоҳномаи ҷовидонаи Фирдавсӣ, ҳунарҳои мардумӣ, фолклор, хулоса хеле чизҳои ҷолиб ҳастанд, ки бо ҳам муттаҳид мекунанд. Ба ҷавонони тоҷик бояд фаҳмонд, ки ирониён дӯст доранд бигӯянд, ки масалан, сарзамини шумо дар гузашта моли Ирон будааст ва ғайра. Аз ин сухан набояд ранҷид ва аз кура дар рафт, зеро ин гуфта воқеият дорад. Дар воқеъ дар гузаштаи дур мо ҳамагӣ бо ҳам шомили як қаламрав будем. Ин воқеият на ин ки бад нест, балки бояд мояи ифтихори мардумони ориёӣ бошад. Дар замони подшоҳони Пешдодӣ, ки тоҷик буданд, ҳамаи иронзамин тобеи Балх будааст. Дар замони Ҳахоманишиён ва Сосониён боз ҳам тамомии кишвар тобеи ҷануби Ирон буда, дар аҳди Сомониён қисмати шимоли Ирон, аз ҷумла тамомии Хуросон тобеи Бухоро буд. Фирдавсӣ дуруст дар замони Сомониён таҳти тимор ва ҳимояти онон ҳамосаи бузурги худро офарид. Ба ибораи дигар ҳамаи мо ҳамеша иронӣ будем, ҳастем ва хоҳем буд. Фақат ҷои хиҷолат ва шармсорист, ки дар тӯли беш аз ҳазор соли ахир ақвоми мо натавонистанд, худро аз зери юғи бардагии қавмҳои ишғолгари араби саҳрогард ва турку муғулҳои хунхор раҳоӣ бахшанд.

Дар Ишқобод ҳам ишқ нест

Шояд ҳамин ноомодагиҳои ҷавонон аст, ки имрӯз муносибати дӯстӣ ва бародарӣ миёни ҷавонони Ирон, Афғонистон ва Бухоро (Тоҷикистон) ба он дараҷае, ки бояд бошад, нест. Банда фақат як мисол мезанам, ки марбут ба шаҳри Ишқободи Туркманистон аст ва барои соири нуқоти ҷаҳон сидқ мекунад. Дар шаҳри Ишқобод теъдоди тоҷикон ва ирониён хеле зиёд аст, вале равобити дӯстона, нишасту бархост ва муваддату мурувват миёни онҳо ба қадри бояду шояд нест. Гӯ ин ки ҳар кадом дар олам ва мадори худ сайр мекунанд ва ба ҳамдигар робитае ва бархурде надоранд. Чунин вазъро дар миёни ҳамзабонон наметавон мӯътадил шумурид, зеро ин вазъ ба суди ҳалқҳои мо нест. Пас чӣ чиз аст, ки боъиси фарор аз ҳамдигар мешавад. Бино ба мушоҳидаи банда тоҷикони Тоҷикистон зимни бархурд бо ирониён аксар бо лаҳҷаи Теҳрон сӯҳбат мекунанд ва равобити ишон бо ирониён беҳтар аст. Вале тоҷикони Афғонистон, ки дорои лаҳҷаи қашанг ва тавонои худ ҳастанд, комилан ба гӯиши худ ҳарф мезананд. Вале бояд эътироф кард, ки лаҳҷаи Кобул дар муқоиса бо лаҳҷаи Теҳрон ҳеҷ камиву костӣ надорад, балки ин ҳам як лаҳҷаи бисёр ширину ғанӣ ва тавонои забони форсӣ аст. Тақрибан ҳеҷ иборат ва луғате надорад, ки барои ирониён ғайри қобили фаҳм бошад. Баракс мояи ифтихори ҳамаи форсизабонон бошад, ки забони форсӣ танҳо як ё ду лаҳҷа надорад, балки дорои чандин лаҳҷа ва гӯишҳост.

Аз лиҳози зебоии андом ва сурат низ тоҷикони Афғонистон ҳеҷ нуқсе надоранд, балки ҳамон ориёиён ҳастанд, ки бо қомати баланд, димоғи нозук, сурати борик, чашмони ориёии сиёҳ ва обӣ. Пас барои ҳазар кардан аз ҳамдигар ҳеҷ садде ва мавонеъе вуҷуд надорад. Тоҷикони Афғонистон аз лиҳози ҷавонмардӣ, саховат, дӯстиву меҳрабонӣ, муруввату муваддат ва садоқату бародарӣ камназиранд. Фақат ба худамон вобаста аст, ки то чӣ андоза ба ҳамдигар садоқат ҳадя кунем, то ба ҳамон андоза садоқат бубинем.

Вазифаи хонагӣ барои ҳар се кишвар

Вазифаи ҷавомеъи ҳар се кишвари форсизабон дар асри имрӯз ин аст, ки ба сӯи ҳамдигар майл намоянд. Қалбҳои ҷавононро аз кудуратҳо ва бадгумониҳо ва иттиҳомоти хасмона алайҳи ҳамдигар пок созанд ва онҳоро ба дӯстӣ ва бародарӣ ба сӯи ҳамдигар савқ диҳанд. Вазифаи ҷавонон аст, ки дасти бародарӣ ва дӯстӣ ба сӯи ҳамдигар дароз кунанд. Набояд фаромӯш кард, ки Ирон бо форсизабонон Ирон аст.

Ҷавонони тоҷики Афғонистон ва Бухоро (Тоҷикистон) ҳам бояд фаромӯш накунанд, ки Ирон ватани муқаддаси ҳамаи мо мебошад. Онҳо Иронро бояд бо ҳамаи ҳусну қубҳаш дӯст доранд. Ирон сарзамини обо ва аҷдоди мост. Ирон ифтихори мост. Ирон арӯси дунёст. Ирон ишқи мост. Бисёр мехостам, банда қасидаи машҳури Маҳдии Ахавон Солис "Туро ай кӯҳан буму бар дӯст дорам"-ро, ки ҳамчун васияти яке аз бузургони адаби муосири Ирон аст, дар ин ҷо зикр кунам, вале афсӯс, ки ин мақола маҷоли гунҷондани онро надорад.

Ба қавле дар китоби Авестои аҳди Сосониён замоне, ки кишвари Ирон дар зери суми сутурони араб шеван мекард ва мардумони озодаи Ирон ба атрофу акнофи ҷаҳон паҳну парешон мешуданд, аз Аҳурамаздо ояте нозил шуд ва дар Авастои муқаддас ин суханон сабт ёфта: "Эй фарзандони озодаи Ирон, шумо ки ба ҳукми тақдир дар рӯи замин пахшу пароканда мегардед, фаромӯш накунед, ки меҳани поку муқаддаси шумо сарзамини ориёҳост. Ин зодбумро аз ёд набаред ва ба сӯяш бозгардед!"

Ҳоло замоне фаро расидааст, ки фарзандони парокандаи Ирон ба меҳани муқаддасашон бозгарданд. Ин бозгашти маҷозӣ ба маънои иттиҳоди равонӣ ва фарҳангии ҳамаи мо ва шумост, зеро Ирон ба қавли Лоҳутӣ:

Ҳар бешааш бешаи шерон бувад ҳанӯз,

Ҳар кӯдакаш муаллими пирон бувад ҳанӯз.

Ҳар кӯчааш ҷои далерон бувад ҳанӯз,

Умеди мо ба каъбаи Ирон бувад ҳанӯз.

Эй модари ватан, писаронат намурдаанд,

Осуда бош, гули аҷониб нахӯрдаанд.

Оре, ин танҳо Ирон аст, ки моро метавонад бо ҳам муттаҳид кунад. Зеро мо бо Ирон ва Ирон бо мо зиндааст. Зеро ҳанӯз васияти Фирдавсӣ- ин падари бузургвори иронзамин иҷро нашудааст. Шоҳномаи Фирдавсӣ на танҳо шиносномаи мардумони ориёӣ аст, балки васиятномаи падари хирадманди мост, ки аз мо хоста бо ҳам муттаҳид бошем:

Бибандед бо ҳамдигар домано,

Намонед бадхоҳ пиромано!

Аслан Шоҳнома занги ноқуси торихи Ирон аст ва то замоне, ки фарзандони Ирон аз ҳам ҷудо ва парокандаанд, садояш хомӯш намешавад ва пайваста моро ба пайванду иттиҳод даъват мекунад ва аз парокандагӣ ва парешонӣ барҳазар медорад.

(Матлабро Ибодуллоҳи Оқилпур бо баъзе ислоҳот, иловаву ихтисорҳо ҷамъоварӣ ва таҳия кардааст.)
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97