Мулло Абдулло ба устод Қаноат чӣ гуфт?

Таърих 13.04.2011 08:24

Mullo_Abdullo_va_MuminБанда, хонандаи доимии "Миллат" мебошам. Ва баъзе фикру андешаҳоямро қаблан ба воситаи ҳафтаномаи дӯстдоштаам СССР баён мекардам. Баъди мутолиаи мақолаи Фирдавсии Сайдар зери унвони "Эмомалӣ Раҳмон президенти ҳама ё як гурӯҳ?" мақсад гузоштам андешаҳоямро дар бораи соли 2012-ро эълон кардани Соли Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мӯъмин Қаноат баён намоям.

Аввал ин ки дар адабиёти тоҷикии ҳамин сад соли ахир чун устод Қаноат шоири бузург ҷустану ёфтан ё сохтан амрест муҳол. (Баъзан мо одати сохтани шоири маъруфу маҳбуби халқро ҳам дорем). Бузургии Устод Қаноат аз ҷониби аҳли адаб ва адабиётшиносони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ комилан эътироф шудааст, ки мо дар ҳаҷми як мақолаи хурд он ҳамаро ғунҷонида наметавонем. Шоирони соҳибном ва маҳбубу муъосири тоҷик, устодон Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор эътироф кардаанд, ки дасти онҳоро дар шоирӣ маҳз устод Мӯъмин Қаноат рост кардааст. Бузургии устод Қаноат ҳамчун шоир ҳақиқати бебаҳс аст.

Бузургонро бузургон зиндаву медоранд

Роҳбари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли қалам эҳтироми хоса дорад. Як мисол кифоя аст: Президенти кишвар ба устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистонро дод.

Бовар дорам ва дилпурам, ки пешниҳоди муаллифи ин мақола дар рӯзномаи "Миллат", Фирдавсии Сайдар оиди эълон доштани соли 2012 ҳамчун Соли Мӯъмин Қаноат писанди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аҳли адаб ва фарҳангиёни миллат мегардад. Ва чунин пешниҳод бояд маҳз аз ҷониби рӯзномаи "Миллат" садо медод. Ба хотири он ки ин рӯзнома дар роҳи худшиносии миллати тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва қадрдонӣ аз бузургони мо хидмати шойистаеро анҷом додаву анҷом медиҳад. Эълон шудани соли 2012 ҳамчун Соли Устод Қаноат ин қадрдонӣ аз шеъру адаби тоҷикӣ аст. Аз ин иқдом шояд камтар ба Устоди арҷманд Мӯъмин Қаноат манфиат аст, зеро Ӯ ҳоҷат ба муаррифӣ ва шинохт надорад. Ӯ имрӯз бузургтарин суханвари Тоҷикистон аст. Қаноат дар замони раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будани Устод Турсунзода муовини аввали Ӯ буд. Яъне Турсунзода бо ҳама бузургиаш Қаноатро муовин ва ҷойгузини хеш дониста буд. Агар мо Устод Турсунзодаро эҳтиром дорем ва ӯро ҳамчун шахсияти миллиамон мешиносем, бояд шогирди сазовори Ӯ устод Қаноатро ҳам қадр кунем.

Миллат ва шоир

Ин ҷо барои хонандаи азизи "Миллат" як воқеъаро, ки бо чашми худ дидаам мехоҳам нақл кунам, то бори дигар барои ҳамагон бузургии Сухан, таъсири каломи Устод Қаноат ошкор гардад.

Соли 1997 буд. Он замон банда ба ҳайси муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Нуробод фаъолият доштам. Вазъи сиёсӣ дар минтақаи Рашт хеле мушкилу печида буд. Гурӯҳҳои зиёди силоҳбадаст дар ин минтақа амал мекарданд, ки аксари онҳо ба ҳарфи касе гӯш намекард. Ноҳияи Нуробод асосан таҳти контроли гурӯҳи Мулло Абдулло қарор дошт. Як рӯз устод Мӯъминшоҳи Қаноат бо ходими шинохтаи давлатӣ Султон Мирзошоев ва чанд тани дигар дар ҳайати Корвони сулҳ ба ноҳияи Нуробод омаданд, то бо мардум сӯҳбату мулоқотҳо дошта бошанд. Ин имрӯз гуфтани ин суханҳо осон аст, он замон касе аз аҳли илму адаб ва арбоби давлат ҷуръати ба ноҳияи Нуробод омаданро надошт, ба хусус бе силоҳу бе муҳофиз. Мо мардумро дар толори бинои мактаб- интернати ноҳияи Нуробод ҷамъ овардем, то бо меҳмонони олиқадр сӯҳбат дошта бошанд. Акнун мулоқот оғоз шуда буд, ки Мулло Абдулло бо як гурӯҳи силоҳбадастон вориди толор шуданд. Ҳамаро тарсу ларз фаро гирифт. Ман ҳамчун як нафари масъули мақомоти низомии ноҳия ба таҳлука афтодам, ки ҳодисаи нохуше сар мезанад. Устод Қаноат ҳанӯз дар ҷойи хеш нанишаста буд ва бо кадом як ихлосманди хеш сӯҳбати ширин дошт. Мулло Абдулло сӯйи устод ишора карда, бо зарба аз ман пурсид: Ин кист? Гуфтам; ӯ шоири тоҷик устод Мӯъмин Қаноат аст. Мулло суъол кард, ки инҳо чаро ин ҷо омадаанд? Посухаш додам, ки мехоҳанд бо мардум мулоқот кунанд ва аз сулҳу оромӣ бигӯянд. Мулло Абдулло оташин шуд. Мили камони силоҳдорон ба сӯйи устод Қаноат ва ҳамсафарони ӯ дӯхта шуда буд. Ман ба чеҳраи шоири тавоно дида дӯхтам. Ӯ чун сутун побарҷо ва ором ва мисли ҳамеша табассум бар лаб буд ва бо нигоҳи мисли уқоби кӯҳиаш ба Мулло Абдулло нигариста, ба шеърхонӣ оғоз кард:

Эй обшор, ойинаи беғубори ман,

Ёри замони кӯдакии беқарори ман.

Аз рӯзҳои рафта туйи ёдгори ман…

Устоди шеъри форсӣ - тоҷикӣ, сипаҳсолори назми дарӣ шеър мехонду силоҳдорон ва қумандонашон мили силоҳҳоро пойин карда, гӯшу ҳушу рӯй сӯйи Ӯ дӯхта буданд. Яке буд, ки Мулло Абдулло ба ҷониби Устод Қаноат дасташро боло карда гуфт: "Баҳузур хондан гир!" Ва худ бо чанд тан муҳофизонаш аз толор хориҷ шуд. Чанде дигар силоҳдорон он ҷо нишаста шеърхонии Устодро бо завқ гӯш мекарданд. Ва Устод мехонд:

Он лаҳзаҳои бебадал гӯё ба хоб рафт, 

Умри азизи баччагӣ монанди об рафт, 

Чунки кабки рав фаромаду лекин шитоб рафт... 

 

Сухан бишканад минбару дорро

Ин ҳодиса ҳеч гоҳ аз гӯшаи хотири ман намеравад. Он рӯз дарк кардам, ки воқеъан агар "суханро вазну тамкини Замин", суханро "санъати сеҳрофарин" аст, пас "Сухан бишканад минбарру дорро." Ва ин ҳодиса дар хотири ман барои ҳамеша нақш баст.

Бо ин суханон мехоҳам бигӯям, ки нақши Устод Қаноат дар сулҳу салоҳи ҷомеъа, дар тарғиби идеяҳои сулҳсозиву сулҳхоҳии раҳбарияти давлати мо хеле шойиста ва арзанда аст. Аз ин рӯ аз шоири тавонои миллат, аз Қосиди сулҳи давлат раҳбарияти кишварро зарур аст, ки бояд қадрдонӣ кунад. Ва соли 2012 эълон шудани Соли Мӯъмин Қаноат иқдоми шойистаест, ки мардуми Тоҷикистон аз ин иқдом хушнуд хоҳад буд.

Қаноат Раҳмат ,

омӯзгор аз ноҳияи Нуробод

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97