Нозанине болои кӯҳ хуфтааст, мабод бедораш кунем

Таърих 25.03.2011 16:55

sarezСарез қабл аз зери об монданаш зеботарин ва калонтарин рустои дарёбоди Мурғоби водии Бартанги Бадахшон буд. Мардуми деҳоти ин мавзеъ аз шарофату баракати табиати дараву пуштаҳои он ба чизе ниёз надоштанд. Ҷангалҳои пур аз хазандаву парранда, пуштаҳою чарогоҳҳои макони нахчиру қутосу мешҳои кӯҳӣ, ҳавзҳои пур аз моҳӣ манбаъи ғизои эшон буданд.

Ғаллаву мева низ фаровон мерӯид. Хазонрез чун ҳосилро ҷамъоварӣ ва дар анборҳои хеш захира мекарданд, то баҳорон  машғули шикору бозиҳои варзишӣ мешуданд. Ҷавгонбозӣ, бузкашиву, пойга, мерганию гуштигирӣ аз шуғлҳои дӯстдоштаи мардум буданд, ки тамоми зимистон машқу  тамрин карда, дар иди Наврӯз мусобиқаҳо меоростанд. Аз ибодату зуҳд, сахову марҳамат,  шукру шукргузорӣ ба даргоҳи офаридагор фаромӯш сохта буданд. Боре ҳангоми бозии навбатии ҷавонон дар чавгонбозӣ гӯйи чавгон зери ях ғӯтида фурӯ рафт. Бозингарон хеле саргарми бозӣ буданд ва мунтазири овардани гӯйи нав нашуда, кулчаҳои хушки нонро, ки бо худ доштанд ба замин партофта чун чавгон ба бозӣ гирифтанд.

Мусофири ғарибе, ки чанд рӯз пеш дар Сарез пайдо шуда буд, онҳоро аз ин кор боздошт ва насиҳат дод, ки дар даргоҳи Худованд аз шаробмаст дида "ҷавмаст" (масти нону ғизо) гунаҳкортар аст. Аммо онҳо суханҳои пири мусофирро ба масхара гирифтанд ва худи ӯро сахт озор доданд. Пиразане, ки бо набераи худ ба тамошо омада буд,  мусофири пирро аз чанголи ҷавонон раҳонида ба хонаи хеш бурд ва бо нону шир зиёфат дод. Пири ғариб ангушти хешро ба шир тар карда ба даҳон бурд ва кулчаи ҷавинро ба лабонаш расонда бӯса карду рӯи дастархон гузошт. Сипас, пиразанро гуфт, ки баъди намози хуфтан набераву анҷоми зарурии хешро гирифта назди Мазори Чилтанон барояд ва худ бидуни он ки аз дари хона берун  ояд ба якборагӣ дар ҷойи нишасти худ ғайб зад.

ХУҶАИ ХИЗР АЗ БАЛО ОГАҲ КАрДУ ҒАЙБ ЗАД

Пиразани дар шигифтмонда назди сарони деҳа рафт ва аз дидаҳои хеш барояшон қисса кард: -Бовар кунед ин мусофир гадо набудааст. Ӯ ба гумонам Ҳазрати Хизр буд. Ман дар кӯдакӣ аз падарам шунида будам, ки гоҳ-гоҳе Ҳазрати Хизр дар андому симои одамӣ зуҳур карда, байни мардуми роҳгумкардаю азхудрафта даромада онҳоро мушоҳидаву насиҳат мекунад. Нишонаҳояш ин аст, ки қоматаш зери офтоб соя надорад, нарангушти панҷааш аз ангуштҳои дигар дарозтар аст ва вақти роҳгардӣ шарфаи пой надорад. Ман ин ҳама нишонаҳоро дар ин мусофир дидам ва ӯ маро огоҳ кард, ки бо набераам шабонгоҳ деҳаро тарк кунам, гуфт пиразан. Аммо касе мушоҳидоти ӯро бовар накард, гуфтаҳояшро ҷиддӣ нагирифт ва ҳарфҳояшро нашунид.

Шаб пиразан бо набераи хеш зери санги Мазори Чилтанон  аз сардию намнокии ҳаво меларзид. Борон мерехту  мерехт ва садои бориши он тамоми водиҳои дарраро фаро гирифт. Нимаи шаб замин ҷунбид, ларзид, болову пойин рафт ва ҳама ҷою ҳама чиз дар водӣ  чаппаву харобу зеру забару таги об шуд.

Субҳдам расида бошад ҳам атроф хеле торик буд, аммо дида мешуд, ки водӣ ба кӯли бузурге мубаддал шудааст. Чун равшантар гардид, рӯи оби кули бузург тахтапорае сӯи пиразан ва наберааш шинокунон наздик меомад, ки рӯи он бузу ғалбер, хурусу кафшҳои наберааш низ буданд. Аз тамоми мавҷудоти зиндаи водӣ танҳо ҳаминҳо наҷот ёфтанд ва водӣ кӯли Сарез шуд. Ин ривоят миёни мардуми авом  басо маъруф буд…

ЧАРО СЕ ТАН ЗИНДА МОНДАНД?

Сад сол қабл аз ин субҳи 6 феврали соли 1911 дар кӯҳистони Бадахшон замин сахт ларзид, ончунон ҷунбид, ки амвоҷи ларзиши онро таҷҳизоти маркази зилзиласанҷии Пуликови  шаҳри Петербург дар масофаи 3860 километр эҳсос ва зикр кард. Пас аз ду ҳафта 18-уми ҳамон моҳ соати 23,17 дақиқаю 55 сония  такони аз аввала шадидтар рух дод. Дар тангнои деҳаи Усойи дараи Бартанг, кӯҳи бузурге аз ғаллаёну ҳарорату фишори шадиди зеризаминӣ боло хеста мисли дарахти тӯфонкандаю бурида чаппагардон шуд ва рӯи дараро пӯшонд. Чангу ғубори ба ҳаво хеста чаҳор шабонарӯз фазои дарраро тираву хира намуд.

Субҳидами рӯзи сеюм мардуми деҳоти болообу поёноб, ки хонаҳои онҳо низ харобу валангор шуда буданд, аз аҳволи худ даргузашта ба хабаргирии аҳволи мардуми деҳаи Усой, ки садои даҳшатноки  таркидану ғалтидани кӯҳ ва чангу ғубор аз онҷо хеста буд, раҳсипор шуданд. Аммо оби рӯдхонаи Мурғоб хушк шуда ва роҳи дарраро садди бузурги кӯҳтӯдаи ғалтида гирифта буд. Деҳаи зебои Усой  бо пиру барнои хеш, бо дарахтону боғоташ, зери кӯҳи гарон ба хоби абадӣ рафта буд...  Тибқи як ҳисоб дар ин ҳодисаи даҳшатноку фоҷиабор дар Бадахшон 835 тан ҳалок шуда буданд.

Зиндамондагони ҳамсоядеҳаҳо, чароғи шаҳидони зери кӯҳтӯдаи Усой мондаро рӯшан, анҷому афзори рӯзгорро ҷамъ, аспу улоғҳои хешро зин кардаю бор баста, чорворо пеш-пеш андохта, деҳаҳои хешро, ки зина ба зина таги об мерафтанд, тарк карданд. Ба ҳисобе 54 ва ба ҳисоби дигар бештар аз он хонаҳо бо соҳибони хеш дар ин деҳаи ободон зери кӯҳ монданд. Танҳо се тан, Миршаиб, Надмит ва Силтмамад, ки ба деҳи дигар меҳмонӣ рафта буданд, аз марг наҷот ёфтанд. Биноҳои деҳоти дигар аз ҷумла рустои калонтарин ва зеботарину биҳиштосои водии Бартанг Сарези нозанин низ фурӯ рафта ҷойи харобаҳои онҳоро лаҳза ба лаҳза кӯли бузурге бо ҳамин ном фаро мегирифт. То ду сол оби дарёи Мурғоб банд монду кӯл истод ва танҳо тирамоҳи соли 1913 дар баландии беш аз 279 метр аз синаи садди  кӯҳтӯдаи  фурӯрафта, чашмаҳо заҳидаю дамида шаршара шуданд ва рӯдхонаи Мурғоб аз нав зинда шуда, акнун оби он, ки хеле софу тоза буд, ба рӯди Ғудара омехта дарёи Бартангро аз сари нав  пуроб гардонд.

МУЛЛО  ҚАБУЛ АВВАЛИН ТОҶИК- ТАДҚИҚГАРИ КӮЛИ САРЕЗ БУД

Sarez_02Сардори постгоҳи ҳарбии Помир, афсари рус, капитан Шпилко, ки отряди низомиёни русро дар Бадахшон сарварӣ мекард, моҳи майи ҳамон сол бо чанд тан ба хабар гирифтани ҷойи зилзила омад. Оби кӯл алаккай бузург шуда, рустои Сарез ва атрофи онро пахш карда буд ва ҳамоно боло мерафт ва касе ёд надорад, нахуст аз ҳама кадоме аз мардум  тоҷик ё рус ин кӯлро "Сарез" хонда буд, аммо дар санадҳои нахустин бо ҳамин ном кӯли навтавлид, зодаи фоҷиаи табиӣ зикр шуда буд.

Қабули Қурбонбек, муллои бо хату савод, оҳангар ва  шикорчии моҳир, сокини деҳаи Барчидиф, ки 18 км пойинтар аз кӯҳтӯдаи  Усой воқеъ мебошад, яке аз аввалинҳо шуда аз ҷойи ҳодисаи фоҷиабор хабар гирифта буд. Баъдан вай дастаи Шпилкоро дар сафарашон ба Сарез мушоият ва раҳнамоӣ менамуд.  Дар бозгашт капитан Шипилко, баъдан генерал майор, аз ӯ хоҳиш намуд, ки кӯлро нигаҳбониву назорат кунад, мабодо сокинони поёноб аз хатари ногаҳонӣ ва бемавриди сар задани сели об дар ғафлат намонанд. Аз шохаҳои рости дарахтони бед чӯбҳои думетрӣ бурида, обхезии кӯлро  ба қайд гирад ва ҳар семоҳа ба Мурғоб, ки постгоҳи отряди Помир ҳанӯз дар он ҷой мустақар буд, ба   сардори отряди  ҳарбиён  маълумот расонад.

Қабули Қурбонбек ризоят дод ва беихтиёр бидуни маошу ваъдаи музд нахустин обуҳавошинос, яъне гидрологи тоҷики кӯли Сарез гардид.  Аз он пас ба баъд вай ҳар моҳ ба Сарез рафта, андозачӯбҳои худро тафтиш мекард ва баъди се моҳ ахбори худро ба Хоруғ гузориш медод.

Тобистони соли 1917 гурӯҳи ҷуғрофшиносони Русияи подшоҳӣ бо роҳнамоии  Иванов  ва Корженевский ба хотири омӯзиш лозур- яхистонҳои Помир омода аз Сарез низ дидан карданд. Тартиби кори Қабули Қурбонбекро хеле писандиданд ва маслиҳат шуд, ки мавзеъи кори ӯро ба истгоҳи бодуҳавосанҷии Сарез табдил дода корро расмӣ мегардонанд. Онҳо кӯлро ба умқу дарозӣ ва бару миқдори шохобҳо андозагириву чен карда, таркиби кӯҳтӯдаи Усойро омӯхтанд ва аз Қабул, ки зеҳни тезу гиро дошт ва дар корҳои тадқиқотии онҳо довталабона ширкат менамуд, хоҳиш карданд, ки кори кардаи онҳоро идома диҳад. Чанд асбоби кори хешро барояш ба ёдгор гузоштанд. Сокинони поёноби  дарёро дилпурӣ доданд, ки имкони боз шудани кӯл хеле ночиз аст ва ваъдаи тобистони дигар омаданро дода рафтанд.

МАРДЕ, КИ 10 СОЛ ХОЛИСАНЛИЛЛОҲ ХИДМАТ КАРД

Аммо дар Русия инқилоби болшевикӣ рух дод ва Ҳукумат табдилу сиёсатҳо тағйир ёфтанд. Қабули Қурбонбек, бо дили соф ва содиқона ба ваъдаи хеш вафо намуда, ҳар моҳ Сарезро мушоҳида мекард ва ба Хоруғ гузориш мефиристод. Танҳо баъди даҳ сол аниқтараш моҳи июни соли 1927 Корженевский бо гурӯҳи кӯҳшиносони хеш ба хабаргирии Сарез омад ва барояш сахт шигифтангез  буд, ки як марди одии кӯҳистонӣ тамоми ин муддат бидуни нуқсу маош вазифаи ихтиёрияшро ризокорона ва содиқона иҷро намудааст.

Тибқи андозчӯбҳои гузоштаи Қабул соли камобӣ камтар аз сад  ва соли сербориш то чандсад метр оби кӯл боло рафтааст.

Дар дидбонгоҳи Қабул пойгоҳи обуҳавосанҷии Йирхро ташкил доданд ва ӯро сардори он таъин карда бо музди даҳсола ва Ифтихорномаи Ҳукумати Шӯравии ҷавон тақдир намуданд.

Дар ҷавоби суъоли Корженевский, ки бо чӣ умед ва чаро ин қадар вақт ризокорона хидмат кардӣ, хеле сода ва хоксорона ҷавоб дод. Аввал ин ки ба Шпилко ваъда дода будам ва дуюм вазифаи худ мешуморам, ки мардумро аз хатари шуста шудани сарбанд ва рух додани офати навбатии сел огоҳ кунам.

ПАНҶ НАСЛИ ЯК ХОНАДОН ДАР ХИДМАТИ "НОЗАНИНИ ХУФТА"- АНД

Қабули Қурбонбек ба дами пирӣ расида, вазифаашро ба писараш Ниёзбек таҳвил дод. Аз соли 1928 Ниёзбек пайрадории Сарезро ба зима гирифта, соли 1948 ҷойи хешро ба писараш Аёз месупорад. Аёз то соли 1978 касби бобояшро идома дода,  расман сардории пойгоҳро ба зима мегирад.

Сипас, Аёз вазифаи хешро ба  Олим, ки маълумоти мукаммали обуҳавосанҷиро да  Русия касб карда буд  ва ӯ ба  Маска  месупорад ва ӯ ба писари худ Қадам, ки низ мактаби махсуси ҳавошиносии кишварро хатм карда, мутахассиси соҳа мебошад, таҳвил медиҳад ва эшон дар панҷ насл аз хидматгорони содиқу бовафои даргоҳи "Нозанини хуфта", яъне кӯли Сарез мебошанд.

Пойгоҳи Йирх, ки онро бобои Қабул гузошта буд, дар замони СССР яке аз машҳуртарин пойгоҳҳои обуҳавосанҷии мамлакат шӯҳрат ёфта буд ва имрӯз низ дар ин соҳа хидмати бузургеро бар зима дорад.

Маълумот: тибқи ҳисоби олимон дар сурати рух додани фоҷиа ва боз шудани оби кӯл  амвоҷи он дар рӯдхонаи Бартанг бо баландии 90-100 метр,бо суръати аз 80 то100 километр дар соат ҳаракат карда, ҳар литр оби он боз се килограмм хоку регро омехтаю зам карда, ба сели бузург табдил медиҳад. Иртифоъи мавҷи маҷрои ин селоб дар дарёбоди  рӯди Панҷ то Амударё ба 50 метр баландӣ расида, то баҳри Арал на поинтар аз 8-10 метр, хоҳад расид ва онро лаболаб пуроб хоҳад намуд. Дар роҳи хеш шаҳру деҳот ва манзилҳои беш аз 6 миллион мардумро шустаю хароб ва ба ҷони онҳо таҳдид хоҳад кард.

Қадам Маскаев то кунун сардори ин пойгоҳи обуҳавосанҷӣ буда, масъулияти касби бобоиашро хеле хуб дарк ва эҳсос  мекунад. Бидуни иҷоза бегонаеро намегузорад, ки ба соҳили кӯл наздик шаванд, ба оби он, ба мавҷудоти зиндаи атрофу дохили  он зиён расонад. Охир ин кӯл  бо тамоми мафҳуми маънавияш кӯли бобоҳои ӯст…

Кӯли Сарез, ки дар баландии 3260 метр аз сатҳи баҳр ба тӯли 75 км,  паҳноии 3,5 км,  ва умқи 505 метр мавзеъ гирифтааст, дорои бештар аз 17 млн. мукааб оби софу ширин буда, бузургтарин захираи оби ошомиданӣ дар Осиёи миёна мебошад. Ин сарвати бебаҳои табиӣ, ин моли дар ояндаи наздик камёфти серхаридор, барои иқтисоди ояндаи Тоҷикистон захираи бузург буда, ниёзи миллионҳо танро дар минтақа ба оби ширин бароварда хоҳад кард.

Сардори Раҳдор,

рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97