Ҷанг ва сулҳи Нурӣ

Таърих 23.03.2011 09:26

Rahmonov_0121Сайид Абдуллоҳи Нурӣ рӯзи чаҳоршанбеи 9 августи соли 2006  аз олам даргузашт. Ҳамзамон бо ӯ як давраи хоси зиндагии сиёсии Тоҷикистон низ рафт, пушти сар шуд, моли таърих шуд. Балки як саҳифаи таърих рақам хӯрд, пӯшида шуд.

Нурӣ исломро аз саҳни масҷид ба минбари сиёсат баровард

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ибтидои солҳои 70-и асри гузашта ба унвони як ҷавони мӯътақиди исломгаро вориди саҳна шуд. Ин ки мегӯянд Нурӣ дар сӣ соли пеш бархосту шиори истиқлол дод ва ҳизб таъсис кард, чандон саҳеҳ намебуд. Агарчанд ин ҳама ҳаракот дар зоти худ мояи истиқлолписандиро дорад. Вале ба ҳар  сурат ба гуфтаи худи устод Нурӣ, ки мегуфт, ки мо вақте  ҷамъ мешудем ва сӯҳбат мекардем ва баҳсҳои дину ҷомеъаро дар миён мегузоштем, ҳадафамон сиёсат набуд. Балки танҳо инро мехостем, ки ин мардум чун мусулмон аст, бояд аз усули динии худ огоҳ бошад ва фарзандони мардумро таълим медодем. Маҷлисҳои мо мисли ба истилоҳ кружок буд, ҳизб набуд.

Яъне онҳо ба густариши Ислом дар чаҳорчӯби низоми вақт низ мувофиқ буданд. Муҳим фақат ақидаи мазҳабӣ  буд. Аммо истиқлол чизи дигаре аст. Барандохтани ҳукумати аҷнабӣ ва таъсиси ҳукумати миллӣ аст. Ба ҳар сурат ҳаракати Нурӣ дар зоти худ ҳаракати истиқлолхоҳӣ буд, ки баъди зиндон шуданаш  бо иродаи бештар ба тақвияти он даст зад.

Нурӣ гарчанд дар маҳофили хоса чеҳраи матраҳ буд, аммо барои тӯдаҳои мардум то оғози ҷанги дохилӣ ва муҳоҷират ба Афғонистон як шахсияти камтар шинохта буд. Ӯ замоне ба андешаи миллӣ бештар таваҷҷӯҳ кард, ки муҳоҷир шуд, кишварҳои зиёдеро дид, сарони кишварҳоро дид, ки барои миллатҳои бо иззат ва бо виқор манфиати кишварӣ ва миллат аз ҳама чизи дигар азизтар аст, баъзан ҳатто аз ақида. Тоҳири Абдуҷаббор, раиси созмони мардумии "Растохез" имзои созишнома бо Нуриро дар мавриди таъсиси ИНОТ қабул накард ва зери иттиҳоди бо роҳбарии Нурӣ нарафт, аммо мегӯяд, "ман аксар маврид бо ӯ ҳамфикр будам, як шахсият ором, ботамкин буд ва ҳамеша мегуфт, ки ба ҳар қиммате мардум зудтар ба Тоҷикистон баргардад. Ва дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос  ва муҳим ҳамеша талош мекард, ки манофеи миллиро аз ҳар манфиати дигар болотар бигузорад. Ин нишонаи марди миллӣ будани ӯ буд." Аммо Ҷумъабой Ниёзов, раиси собиқи ҲДТ аз ин ҳам рӯшантар сӯҳбат мекунад ва мегӯяд, "устод Нурӣ ба хотири сулҳ манфиатҳои миллиро ҳатто аз манфиатҳои  мазҳабӣ болотар гузошт." Ҳоло ин ҳама шояд зиёд муҳим набошад, муҳим бозгӯии матлаб аст, ки ҳар қишре дар чеҳраи Нурӣ чизе барои худ меҷуст. Ин нишони марди миллист.

Нурӣ шахсияте буд, ки нируҳои сиёсӣ ва афроди мухталиф сарфи назар аз  ихтиолофи  ақидатӣ ба ӯ эҳтиром ва эътиқод доштанд. Албатта на ҳама баробар, дар ҷомеъа мухолифон ва бадбиноне низ дорад, аммо умдатан, чун хайрхоҳ буд, ба ҳама ҳамватанонаш некӣ мехост. Ин нишонаи ба мартабаи як шахсияти миллӣ расидан аст. Дар ҷанозаи ӯ муовини раиси Ҳизби коммунистиро медидам, ки паёми тасалияти ҳизбашро ба унвони хонаводаи Нурӣ  ва наздиконаш мерасонд. Ҳизбе, ки Нурӣ камокон нисфе аз умри худро сарфи муборизаи ақидатӣ бо он кард ва то зиндонҳои Сибир рафт. Дар ҷаноза афсари пири амнияти шӯравиро низ дидам, ки замоне Нурӣ  ва ҳамроҳонашро пайгирӣ мекард, чун вазифааш буд, ойнаи чашм дошт, вале рехтани қатраи ашкашро дидам.

Генералҳои  КГБ- и собиқро низ дидам, ки ба Нурӣ видоъ мекарданд. Онҳо даққиқан барои он наомадаанд то мутмаин шаванд, ки Нурӣ дар гузаштааст ва дигар як мулло барои низоме, ки онҳо ҳифз мекунанд хатар эҷод намекунад. Чун он низом дигар вуҷуд надорад. Онҳо барои видоъ бо як ҳамватани худ омадаанд. Онҳо акнун Нуриро беҳтар аз дигарон шинохтаанд.

Чанд дӯстони майпарастам иддао мекарданд, ки дӯсти Нурианд, тааҷҷуб мекардам, вале рӯзи ҷанозаи Нурӣ онҳоро низ дидам, ки бӯи шароб намедиҳанд ва дар сӯги ӯ мегирянд, бештар ҳайрон шудам.

Ин рӯз бенамозу бонамоз дар як саф буданд, зеро Нурӣ баъди бар дӯш гирифтани масъулияти азими сулҳ эҳсос мекард, ки ҳамватанҳои камшуморашро ба худиву бегона, мусулмону ғайримусулмон тақсим карданд, маънои пора кардани ҳамин сарзамини кӯчакро дорад.

Ҷаноби Нурӣ  агарчанд шахси мӯътақоид буд ва талошу  муборизае барои ақидаи худ ва ислом кард, аммо исми ӯ барои таърихи Тоҷикистон аҳамияти бештаре дорад, то барои таърихи Ислом.

Ин ки имрӯз мегӯянд дар ҲНИТ ҷиноҳе ислоҳталаб падид омада, ин ислоҳталабӣ назар ба шароити мавҷуд дар дохили ҳизб шояд бошад, вагарна падидаи худи ҷаноби Нурӣ дар ибтидо навъи ислоҳталабӣ дар ботини исломи ба истилоҳ анъанавӣ буд. Чун майдон бозтар шуд ва шароити мубориза ба таҳқуқу аҳдоф афзунтар омад, бештар ба сиёсат гаравиданд. Сиёсате бар мабнои Ислом.

Нурӣ марди ҳадафманд буд

Nuri_va_RahmonНурӣ фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва аз худ гузаштан дар баробари манофеи миллатро расм кард. Коре, ки касе аз шахсиятҳои аз ӯ барҷаста ва ё ба андозаи ӯ барҷаста то кунун накардааст. Ин фарҳангаш бойис шуд, ки мавриди накӯҳиш ва эътирози бархе аз ҳамсафонаш қарор гирифт. Вақте 8 декабри соли 1996 дар Хусдеҳи Афғонистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ба созишномаи қатъи бидуни шарти амалиётҳои ҷангӣ барои ҳамеша дар саросари кишвар имзо гузошт, хеле аз ҳамраҳонаш эътироз карданд. Иддае аз ёронаш гуфтанд, ки мо ин гуна созишро қабул надорем, чун Ҷаноби Нурӣ ин созишномаро зери фишори устод Раббонӣ (раиси ҷумҳурии Афғонистон) имзо гузоштааст.

Аммо ҷаноби Нурӣ ҳаргиз ба ин эътироз вокунише накард ва ба роҳи худ идома дод. Чун мансаберо баъзе пешвоёни опозитсиюн мехостанд, барои шахси Нурӣ шояд ҳадаф набуд, балки васила буд, василаи расидан ба ҳадаф. Барои  шахси Нурӣ таҳаммули вазъият кори бисёр сангин буд, аммо чун масъулиятро эҳсос карда буд, зери бори сангин, вале пурифтихори сулҳ тоқат кард. Мушкили аввал ба истилоҳ таънаву маломати ҳамсафон ва вазифахоҳон буд, ки мегуфтанд Нури аҳдофи муборизаро фурӯхт, ба ҳукумат иттифоқ кард. Аз дигар сӯ, ҷониби дигар сулҳ, ки имкону имтиёзи бештаре дошт, на ҳамеша ба аз худгузаштагии ӯ арҷ гузошта.

Дар моҳи ноябри соли 1999 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ доир шуд. Ҷараёни иҷрои созишномаи сулҳ поён наёфта буд. ҲНИТ ва ҳамаи аҳзоби мухолиф интихоботро таҳрим карда  буданд. Дар субҳи рӯзи интихобот ба рағми интизори ҳама ва ҳатто номзади ҲНИТ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, С. А Нурӣ омад ва таҳримро шикаст ва дар китобхонаи Фирдавсӣ  раъйи худро ба сандуқ рехт. Ва бисёр содаву самимӣ ҳам гуфт, ки дар ростои манофеи миллӣ амал кардааст, таҳрим асару нафъе намедошт,  шумо расонаҳои хабарӣ ду-се рӯз мавзӯи кор меёфтед, баъди ин тамом мешуд, вале ман масъулияти сулҳро дорам.

Баъди ин кор номзади ҲНИТ Давлат Усмон низ ки аз пешвоёни ҳизб буд, эҳсоси нороҳатӣ кард ва худро аз Нурӣ ва аз ҳизб канор гирифт.  То ҳанӯз ин масъала ба унвони як шикоф ва хилоф дар ҲНИТ боқӣ мондааст. Ва на танҳо дар сафи ин ҳизб, балки бисёре аз соҳибназарон ин иқдомро зарбае ба пайкари фикрии мухолифини пешин арзёбӣ карданд.

Аммо  дар тобистони соли 2003 низ, ки райъпурсӣ ба манзури ислоҳи Қонуни асосӣ доир шуд, ҲДТ ин маъракаро таҳрим кард. Аммо С. А Нурӣ  бидуни  он ки вокунише нишон диҳад, боз ҳам дар 22 июни соли 2003 сари сандуқи райъ рафт ва бо ҳузури худ дар референдум,  ба унвони яке аз ҷонибҳои сулҳи Тоҷикистон, ба машруъияти он афзуд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, ки   "Нурӣ ҳамаи моро фурӯхт ".

Аммо Нурӣ ҳарфе намегуфт ва ба роҳи худ идома медод. Ӯ марди ҳадафманд буд, медонист чӣ мекунад. Вазифаро ҳадаф медонист. Тӯли ин ҳама сол дар воқеъ мутавфиқи  аслии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд. Бо даргузашти Нурӣ Эмомалӣ Раҳмон яке аз муҳимтарин пуштибонони худ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистонро аз даст дод.

Устод гузаштанд… дунё ҳам мегузарад, мансаб ҳам

Нурӣ Тоҷикистонро насохтааст, дунёро низ. Талоши 59 соли умраш сохтани худаш буд ва худашро сохт. Ва дар ин худсозӣ хелеҳоро худшинос кард, хелеҳоро не.

Дар даромадгоҳи манзили Нурӣ дар вопасин лаҳзаҳои зиндагии ӯ омада будам, қарор буд гузориш таҳия кунам аз вазъи саломаташ, аммо ин гузориш аз даргузаштаи ӯ шуд. Ҳама дохили хона буд, ба рағми рӯзҳои қаблӣ, танҳо мулло Абдураҳим дар берун менишаст ва ду нафари дигар. Ӯ телефонӣ ба касе мегуфт, ки "Устод гузаштанд". Галстук надошт, ришаш расида буд. Дарвоқеъ мухолифати ошкору ниҳон бо ҷаноби Нурӣ  умдатан баъди вазифа додани мулло Абдураҳим оғоз шуд. Вақте масъалаи саҳмияи сидарсадӣ пеш омад, устод Нурӣ ба  курсии вазорати гумрук такя задани ӯро ризоият дод, ки ҳамагӣ маълумоти чанд синфи мактаби миёнаро дошт. Ба эътиқоди бархе таҳлилгарон ба ҳамин монанд ба курсӣ шинонидани шуморо аз фармондеҳони мухолифин бо ҳамин аҳвол ба умри сипоҳсолорӣ дар Тоҷикистон чанде дигар идома дод. Ва он чизе буд, мардум таваққӯъи онро надоштанд. Ва мулло Абдураҳим низ зиёд бо Нурӣ напоид, ба дунболи дигарон рафт, дунболи манофеъе, ки рӯшантар медид…

Аммо дар кишварҳои ҷаҳони саввум мардум ҳамеша аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва  қудрат пештар меравад, зеро қудратҳо навсозии худро ба масобаи аз даст додани сукони идора медонад ва аз ин лиҳоз ҳамеша аз мардум ақиб мемонад ва дар ҳаросанд. Ва мардумони ин кишварҳо чун интизори пешрафтанд, ҳар чизи тозаро зуд қабул мекунанд. Дар кишварҳои пешрафта ин тавр нест, гурӯҳҳои сиёсӣ мардумро ба дунболи худ мебаранд, ҳукумат вазифаи аввал барои худаш ҳамеша нав кардани худро медонад, то аз иҷтимоъ фарқ кунанд, қабл аз ҳама нав кардани тафаккури худро. Чун аз мардум фарқ кард аз миён меравад. Гуфтам дар мо ки чунин нест, эътироз зиёд аст, ки афроди донишманд, коркушта бекоранд, вале ашхоси номуносиб ва бесалоҳият вазифа доранд. Намунаи барҷастааш ҳамин вазифагирии қумандонҳо ва ашхоси мактабнадидаи мухолифин буд, дар ҳоле, афроди лоиқу сазовор дар миёни онҳо фаровон буд. Мухолифон кореро кардаанд, ки Фронти халқӣ кард, ҳукумат ба поксозии ин нируҳо пардохта буд, ки мухолифин нируҳои ҳамчунини худро вориди ниҳодҳои ҳукумат сохт. Афроде бо дарку дониши диние дар доираи ҳамагӣ Қойидаи бағдодӣ ва дур аз маърифати сиёсӣ ва давлатдорӣ, амсоли мулло Ҳақназар, мулло Ҳамдудин, мулло Навид, Сарабек, мулло Сергей, мулло Раҳим бо шарофати содагии Нурӣ муддате чанд рӯйи курсиҳои мулоими мансабҳои идораву муассисоти мухталифи кишвар ғел заданд ва ҳамчуноне ноаён омада буданд, ба як зудӣ ноаёну нопадид шуданд. Ва ин ҳама вазифатақсимкунии  устод Нуриву вазифаталошии ёрону тобеъонаш шукӯҳу ҷалоли Иттиҳоди опозитсиюнро дар назари мардум, ки умеду боварии зиёде ба он доштанд, хеле пойин бурд.

Ба ҳамин далел мардум дар Тоҷикистон  аз сулҳ интизори бештаре дошт. Аввал интизор ин буд, ки шойистасолорӣ ҳоким шавад. Яъне ҳар кас сари ҷои худ бошад  ва дуввум таъмини адолати иҷтимоӣ. Чун ҳар соли дигар ҳам бигзарад, комилтар аз ин ҳикмати пири юнонӣ касе ба сулҳ таърифи беҳтаре нахоҳад навишт, ки "мутаваққиф кардани ҷанг ҳанӯз сулҳ нест, таъмини адолати иҷтимоӣ сулҳ аст."

Аммо устод Нурӣ тавҷеҳи инро дошт. Ӯ ҳамеша мегуфт, "ҳадафи мо сулҳ буд ва роҳи ба сулҳ расидан барои мо зиёд муҳим набуд, худи сулҳ муҳим буд. Ва агар мо ба ин гурӯҳҳо вазифа намедодем, ба сулҳ расидани мо мушкил буд, вазифа додан ба вазифаталабон як роҳи расидан ба сулҳ буд."

Аммо ҳама чиз мегузарад, вазифа низ, даври шойиставу ношойистаҳо низ… давлату дунё низ. Нуриро бархе аз расонаҳои хориҷӣ чеҳраи ором, вале чолишгар низ унвон карданд. Дар нигоҳи аввал такондиҳандааст, аммо нек бингарӣ, дуруст аст. Чаро? Дар саросари шӯравии собиқ мухолифини сиёсии низом ва дисидентҳо ё норозиҳои сиёсӣ аз ҷумлаи рӯшанфикрон буданд. Мисли Сахаров ва Солженитсин. Аммо чунин бандӣ ва норозии мо як рӯҳонӣ буд, бо номи мулло Абдулло. Ва воқеъан низоми вақтро ба чолиши ҷиддӣ кашид. Аз ҳамин таърих ба масоили мазҳабӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон идораи амнияти шӯравӣ ба ҷиддияти бештаре машғул шуд. Ва ё бо ҳама оромӣ ва тамкин ӯ ҳаракати муқовимат бо нируҳи ҳукумати вақтро таъсис ва роҳбарӣ кард.

Нурӣ ашхоси зиёдеро ба кӯи мансаб расонида буд. Яке аз онҳо касест бо номи Зокир Вазиров, аммо таҳсилдида ва доктори илм, агар иштибоҳ накунам, он замон вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ буд.  Ӯ он вақт дар маросими видоъ низ аз номи хонавода ва пайвандони  хонавода ва пайвандони Нурӣ сухан гуфт ва афзуд намояндаи Ҷаноби олӣ Эмомалӣ  Раҳмон дар назди Нурӣ буд ва дар тамоми тӯли бемории ҷаноби Нурӣ президенти кишвар ҳеҷ имконеро барои табобати Нурӣ дареғ намедошт, ки хонавода ва наздикони Нурӣ аз ин талошҳои ӯ сипосгузоранд.

Аммо Вазиров дар дақиқаҳои аввали даргузашти Нурӣ (Зокир Вазиров чанд соле ҳам бо кӯмаки устод Нурӣ ва мувофиқаи Президенти кишвар ба курсии муовини сарвазир такя зада буд), дар назди курсие, ки мулло Абдураҳим менишаст, рост меистод. Ва вақте гурӯҳи журналистон аз ӯ хоҳиши дар мавриди шахсияти Нурӣ  ҳарфе гуфтанро  карданд, гуфт "чӣ мегум, ман на ҳамҳизби ӯ будам, на ҳамақидаи ӯ, ӯ (манзураш Нурӣ) барои ман фақат як қудо буд." Касони зиёде на ҳамҳизб, на ҳамнишин ва на мисли Вазиров  қудои Нурӣ набуданд ва мисли ӯ ба туфайли Нурӣ муовини сарвазир нашуда буданд, аммо ҳадди ақал дар як маврид, сулҳи Тоҷикистон бо ӯ ҳамақида буданд. Гардани мани журналист аз марги Нурӣ нашикаста буд, ки аз сухани як инсони ношукр шикаст.

19 августи соли 2006

"Миллат"

PS: Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз худ мероси пурборе гузошт. Муҳимтарини он барои ҷомеъаи Тоҷикистон сулҳ аст. Сулҳе, ки ҳазор кӯтаҳӣ дорад, Сулҳе, ки умедҳои моро бароварда накард, аммо беҳтар аз ҷанг ва бесуботист. Як мероси дигари С.А.Нурӣ ҳамин ҲНИТ аст, ки онро аз миёни обу оташи зиёде гузаронд, вале акнун гирифтори ҳазор мушкил шудааст. Муҳиддин Кабирӣ, ҷойнишин ва акнун раиси ҲНИТ низ аз бозёфтҳои С.А.Нурӣ буд, кашфиёте барои ҲНИТ ва барои Тоҷикистон. Кабирӣ чеҳраи нав ва дубораи Нурӣ ва ҲНИТ баъди сари ӯ аст. Ба ин тасмими Нурӣ муллоҳои наҳзат мухолиф буданд, аммо Ӯ медонист ҲНИТ ба чеҳраи нав ниёз дорад ва иштибоҳ накард. Акнун, ки ҲНИТ таҳти шароити фазосозии рақибон қарор гирифта, ба бозсозии дигаре ниёз дорад, Кабирӣ ин мероси Нуриро ба соҳили дигари наҷот хоҳад расонд?

Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97