ЗИНДАГӢ ОХИР САР ОЯД…

Таърих 01.05.2010 15:19

Ёде аз солгарди марги тарроҳи барномаи истиқлоли Тоҷикистон, устод Тоҳири Абдуҷаббор

Дареғо, ки бе мо басе рӯзгор,

Бигӯяд гулу бишкуфад лолазор.

Кунун тиру даймоҳу урдубиҳишт,

Биёянд, ки мо хок бошему хишт.

мегӯяд рӯҳи устод Тоҳири Абдуҷаббор. Кош рӯзе, ки ин пораи шеърии шайх Саъдии бузургвор дар санги мазори устод Тоҳирӣ Абдуҷаббор ҳаккокӣ мешуд. Воқеан тасмими ҳафтавори "Миллат" дар ёдкард ва иҷрои бисёре аз корҳои хайр боиси ситоиш ва дастгирист.

Аз ҷумла, ҷамъоварии дастхатҳои дар ростои 70-солагии шоири ғариби мо, Бозор Собир, нашри силсиламақолаҳо оид ба кору фаъолият ва ёдкарди марги марди донишманд-устод Тоҳири Абдуҷаббор ва ғайраҳо, аз ин қабил мебошанд. На ҳар сармуҳариру журналист чунин иродаи матин дорад. Аз ин рӯ, ман кормандони ҳафтавори "Миллат"-ро бешак вориси Буринисо Бердиева медонам. Ва чун як хонандаи оддӣ ба Шумо аҳсан мегӯям.

Аслан он шабу рӯз, яъне як сол пеш аз ҳафтавори "Миллат" огаҳ шудем, ки устод Тоҳири Абдуҷаббор бемор будаанд. Ва дере напоида аз тариқи радиои Озодӣ дарёфтем, ки он кас аз дунё дар гузаштанд. Рӯҳашон шод, ёдашон ба хайр бод ва дар ҳаққи эшон гуфтем:

Худо пурнур созад хоки гӯрат,

Дар он дунё диҳад Оллоҳ ҳузурат.

Ҳар кас чун устод Тоҳири Абдуҷаббор омаду зиндагӣ карду рафт, номаш то абад вирди забонҳо зиндаву ҷовид хоҳад монд. Марги бармаҳали устод Тоҳири Абуҷаббор дар ҳар гӯшаву канор бисёриҳоро ошуфтахотир ва маълул сохт. Аз даст додани чунин як марди фозилу хирадманд ва асилу арҷманд, барои ҳар халқу миллат талафоти бузургест.

Фарёд дар замона хирад монд бепадар!

Алфоз бемураббию афкор дар ба дар!

Зоте, ки халқ дар қадамаш сар наниҳодаанд,

Хишти лаҳад ба зери саранду лаҳад мақар!

Барои халқеву миллате садсолаҳо лозим аст, ки чунин як родмарде, донишманде, дарёдиле ва олимеву одамеро пайдо бикунанд, ки он ҳам танҳо доди Худост. Ҳайҳот, ки дар зиндагияш ба қадраш нарасидем, хидматҳояшро дар ҷодаи илму фарҳанг нодида мегирифтем.

Баъзан бозориҳоро "бобои фалонӣ" гуфта, дар лаълӣ мебардорем, лекин ба тавоное, соҳибдиле, устоде, одиле ба дидаи пӯшида менигарем.

Ҳазорҳо тан дар кишварҳои гуногун устод Тоҳир Абдуҷабборро ба хубӣ мешинохтанд. Бале, ҳар як фарди худшиносу худогоҳ дар ҳар кунҷеву каноре низ устодро медонист. Мардеро дар ин замона ба чунин фазилату идрок ва услубу ақлу заковат хеле ками кам дармеёбӣ.

Гуфтораш ширину гӯшнавоз буд, чун суруди "Алла"-и модар, соатҳо гӯш кунӣ ҳам дилбазан набуд, баракс ҷаззобияте дошт, ки саропи вуҷуди кас моилу мухлиси сухани волояш мегашт. Дар ин даҳсолаҳо шахсеро ба чунин ширингуфторӣ ёд надорам. Ва ҳанӯз солиёни зиёдест, ки он суханони хушу гуворо аз гӯшу ҳуши ман бурун нарафтааст.

Ёд дорам он солҳо, ки дар порлумон намояндаи халқ буд, дар сари ҳар вожаву ҳарфу ҳиҷо, барои ростиву дурустии онҳо истодагарӣ мекард. Ин худнамоӣ набуд, балки талош дар роҳи ростиву ҳақиқат буд, ки на ҳама мехост бифаҳмад. Бале, иродаи матин, хотираи устувор ва зеҳну заковати воло доштанд устод Тоҳири Абдуҷаббор. Барояшон гуфтам:

Дар сари ҳар вожаву ҳарфу ҳиҷо

Ҳамчу собун мешуди обу адо.

Пештар аз номи худ Тоҳир будӣ,

Бештар аз номи худ тоҳир шудӣ.

Дар матлабе дар ҳамин рӯзнома навишта буданд, ки фарқи Тоҳири Абдуҷаббор аз дигарон дар чист? Дар он аст, ки он 50-сол аз мо пеш рафтааст. Ва ин гуфта ҳақиқати рӯйирост будааст.

Охири солҳои 80- уми қарни гузашта, замоне, ки як зумра донишмандони мо, аз ҷумлаи Тоҳири Абдуҷаббор, Мирбобои Мирраҳим, Аслиддини Соҳибназар, Сафар Абдулло ва бисёр дигарон барои озодиву истиқлолият ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ бедор шуда буданду талош мекарданд, мо хоб будем.

Ба ин мақолаҳои дар китоби "Дарси хештаншиносӣ" чопшуда ва нашри мақолаи устод Мирбобои Мирраҳим "То ба кай об аз таги ях меравад" мисол шуда метавонад.

Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,

Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.

Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,

Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест

Тарроҳи барномаи истиқлоли Тоҷикистон ба мақсадаш расид, ҳарчанд дар ин роҳи пурмашаққат суда шуд. Ӯ озодиву истиқлолиятро дар Ватани азизаш дид, сипас ин дунёи фониро падруд гуфт. Хизмати арзандаи хешро дар назди халқу миллаташ бо машаққат бошад ҳам, сарбаландонаву содиқона анҷом дод. Ёдат ба хайр устод. Рӯҳу арвоҳат шод ва манзили охиратат обод бод.

Андалебон рафтаанд аз ошёни хештан,

Ҳеҷ кас қадре надорад дар замони хештан.

Солҳои 90-ум дар кишвар, ки воқеаҳои нохӯш рӯй додаанд, устод Тоҳири Абдуҷаббор низ рӯ ба ғурбат овардаанд. Кӯйи ғарибӣ, дур аз Ватан, парешониву ҷудоӣ барои бисёриҳо, аз ҷумла барои устод низ гарон афтода буд.(Ҷои таасуф аст, ки то имрӯз қисме аз аҳли илму адаб ғарибиро маскан кардаанд).

Бозгашти устод ба Ватан, вале беқадрӣ, беморӣ, парешониву сарсонӣ…

Афсус, ки дар рӯзҳои маризии устод ва ахиран марги Тоҳири Абдуҷаббор расонҳои расмӣ ба лаб мӯҳри хомӯшӣ заданд, вале набояд фаромӯш намуд, ки таърих рӯзе амалкарди зимомдорони даврашро чун Маҳмуду Фирдавсӣ ёд хоҳад кард.

Андарин даврон маҷӯй роҳат, ки кас осуда нест,

Табъи шодиҷӯй аз ғам як нафас осуда нест.

Баъди марги Тоҳири Абдуҷаббор аз тариқи радиои "Озодӣ" дар хусусӣ нашр шудани ду рисолаи устод, он ҳам бошад, дар хориҷӣ кишвар (афсӯс, ки дар ватани худашон не) хабар дода шуд.


©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97