Илм фазилатҳои хосси аҷибе дорад. Илмро, ки агар доиман хирадмандон ба уқёнус шабеҳ дониста бошанд, дониш як ҳиссае аз он аст, ки баҳр аст, дарё асту ҷӯй ва билохира қатрае. Хуллас, ҳар фард ба дараҷае, савияе, ки аз ин уқёнус чизе бардошта бошад, истеъдоду ҳиммати ӯст. Ҳамчунин, аз фазилатҳои илм он аст, ки дурӯғу ғаразро намеписандаду намепазирад. Ин аст, ки илм маонӣ бар таҳқиқ аст, на ба тақлиду риё. Ва донишманд он аст, ки диди илмӣ дошта бошад, олим бошад, на косиб! Бахусус, олими соҳаи таърих, ки бояд дар навбати аввал таърихдон бошад, сипас, таърихшинос ва минбаъд таърихнавис!
Дар давоми солҳои 2008 ва 2009 ду китоб дар соҳаи илми таърих ба табъ расиданд, ки яке гӯё муаллифист ("Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз") ва дигаре ("Таърихи Бадахшон") баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба хатти кириллӣ.
Ҳар ду китоб ба қалами Ғ. Ғоибов ном таърихдон ё "таърихоро" тааллуқ дошта, дар сатҳи хеле поини хиҷолатовар (ҳам аз нигоҳи услуби нигориш, ҳам аз ҷиҳати ҷумласозиву ҳусни баён, заъф ва нотавоноии қаламфарсоии муаллиф ва ҳам аз фаровонии хатоҳои имловию китобӣ) яке иншо шудаву дигаре мураттаб гардида.
Вале агар ин заъф бемории сории аксари уламои қаламкаш бошад, бархе саъй мекунанд пиндори маҷҳули фардии худро дар пардаи таоруфи ҷаҳл ҷилва дода, гӯё ба ҳақиқати таърих ва воқеияти ҳаводис аз даричаи диди нав назар меандохта бошанд, бо ҳар роҳ изҳори фазл карданӣ мешаванд. Дар ин росто андешаҳои хомро ба ҳайси ҳақиқат ва хазафрезаҳоро арзишманд қаламдод менамоянд. Бехабар аз он ки ҳақиқати таърих дигар будаву воқеияти ҳаводис дар дигар шаклу мазмун ҷараён доштаанд. Дар урфият шоеъ аст, ки дар илм тақлид нашояд, балки таҳқиқ бояд. Дар растаҳои бозори илм фазлфурӯшонро ҷой нест!
Ҳоло як падидаи номатлуби дигар низ роиҷ гардидааст, ки ҳар навъи китоб дар сурати мавҷуд будани маблағи табъу нашр бе сензура чоп мешавад. Аз мӯҳтавои чунин нашрияҳо гила нест, вале боиси нигаронии ҷиддӣ ин аст, ки ҳар ду ин китобҳо таҳти грифи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағи ин даргоҳ чоп шудаанд!
Мо китоби аввалаи ин таърихнигорро аз саррофии нақд канор мегузорем. (Ҳарчанд воқеаҳои таърихӣ бе риояи хронология арзёбӣ шуда, дар бораи иҷтимоиёт, ҳолати кишоварзию чорводорӣ, сатҳи илму фарҳанг, тариқаи ҳукуматдорӣ маводди арзишманде ба назар намерасад, ба ҷуз хатоҳои фаровони услубиву китобиву имловӣ. Агар зарурат пайдо шавад, ин масъаларо низ ба суҳулат метавон пайгирӣ кард.) ба ҷуз як масъалаи мубрами муғризонае, ки ин ду китобро ба ҳам "мепайвандад".
Ин ҳам бошад зӯран ва сохтакорона ҷилва додани ихтилофи мазҳабии замони мозӣ ва аз нав онҳоро ба саҳнаи зиндагии навин ва корзори андешаҳо кашидан аст.
Агар дастандаркори таълифи ин китобҳо ба дурустӣ таърихдон ва ё таърихнигор мебуду аз таърихи воқеии дини мубини ислом огоҳии васатӣ медошт, медонист, ки ин донаҳои ихтилофҳои мазҳабӣ дар дини Ислом кай ва аз ҷониби чӣ касоне киштаву парварда шуда буданд ва то ба имрӯз намуду навъҳои селексионии онҳоро киҳо ба бор мерасонанд?!
Ман то ба ҳоло ҳам ба ҳақиқат дарк карда наметавонам, ки чаро муаллиф иртибототи аҷибу ғариб ва ҳасанаи таърихи Хатлону Бадахшонро пушти по зада, қиссаи шанеаи кадом як "шоҳ Розиюддини чароғкуш"-ро аз рӯйи навиштаҳои ҷадалии гӯё Мирзо Ҳайдари муғули наврас (аҷабо, наврас чӣ менавишта бошад, ё ҳамин?) оварда бо ин амал чизҳои ба ҳамдигар табъан пайвастнашуданиро мехоҳад, пайванд диҳад?! Минбаъд муаллиф ба табсараи озод гузашта, ҷузв ба ҷузв гӯё сирҳои мазҳаби исмоилиро ошкоркунон ба тафсири "сабабҳои чароғкуш" ном гирифтани Разиюддини исмоилӣ ва интерпретатсияи "бузғолабанд"-ии онон мегузарад!
Сониян, аз рӯйи он китоб нақлашро идома дода менигорад, ки Шоҳ Разиюддин аз ҷумлаи малоҳида (мулҳидон, кофирон) буд… ва "аксари аҳли Бадахшон он мазҳаб доранд" ва минбаъд бо шавқ ба қиссапардозии одати манфуру фаҷеъи "бузғолабандӣ" гузашта, аз "таҳқиқоти" (аҷаб кашфиёте?!!) як олими нопайдономи муғризи иронӣ Фурқонӣ иқтибоси фаҳши гӯшношунид ва ақлнобардоре меорад. Банда аз овардани он иқтибос худдорӣ мекунам.
Ва зишту манфуртарин падида он аст, ки баъди зикри чунин иқтибосҳои бӯҳтонӣ ва хушунатомезу дурӯғини ғаразнок муаллиф онҳоро айни ҳақиқат ҷилва дода шавқану завқан тақвият медиҳад ва ба "таъкид" мегузарад; яъне "ногуфта намонад, ки" … ва сипас худ ба бадгуфторӣ мепардозад.
Хуб, гӯё дар "Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз" муаллиф манбаву маъхази ҷиддитаре пайдо накарда аз бом тарошаи афтодагӣ барин дар бахши оид ба таърихи Бадахшон ин томотро овардааст, мисли Марко Поло, ки дар китобаш қиссаи дурӯғини Шайх-ул-ҷабал Алоуддинро ҷо дода буд. Ва ин таърихпардоз боз баргардони "Таърихи Бадахшон"-и Сангмуҳаммади Бадахшӣ ва Фазлалибеки Сурхафсарро ба дӯш гирифта ба он минҳайси Пешгуфтор (аҷаб пешгуфтори "муфассали хушбаёне"!) 73 саҳифа (4,6 ҷузви чопӣ) музахрафотро изофа намудааст, ки ба ҳар сатраш метавон интиқод кард, вале аз услуб, тарзи баён, ҷумлабандиҳои мутлақ, фаровонии хатоҳои китобию имловии ин китоб сарфи назар мекунем.
Ҳамчунин, 61 саҳифа тавзеҳоти нолозими забонзад, 39 саҳифа феҳрист ва замимаҳои нозарурро низ илҳоқ намуда андаряк ба китоби 101 саҳифагӣ 173 саҳифаро аз худ бор кардааст!
Мунтаҳо мутлақан маълум нашуд, ки аз касодии кӯлбори дониши таърихӣ бошад (ҳарчанд худаш дар саҳифаи аввали пешгуфтораш меангорад, ки "тасмим гирифтем ба хотири пурагии маълумот… аз сарчашмаҳои мӯътабари дигари таърихӣ (?) (таъкид аз мост. Б. С.) биёварем (?) ва ё ғарази ҳадафманди ифтироқсозӣ, ки боз ҳамон "достони бофтаву томотии шоҳ Разиюддин ва "шарҳ"-и ахлоқи исмоилиён"-ро ба пешгуфтори тӯлонии "Таърихи Бадахшон" кашола карда, оварда дар пешонаи китоб насб намудааст.
Ҳол он ки Таърихи Бадахшон дастикам дар сесад китоби ҷиддӣ (на ҷадалии ҷаълӣ) фасеҳан оварда шуда, мутавотиран зикр намудани як томоти ҷадалӣ зарурате надошт, агар иштиёқи муғризонае набуд.
Пас аз инқирози Давлати Фотимиён ва аз тарафи Ҳулокуи муғул нест шудани охирин пойгоҳи исмоилиён дар Аламут ҳанӯз ҳам таъқибот идома меёфт; ба ёд овардани қиссаҳои талхи ин мавзӯъ аз "Бадоеъ-ул-вақоеъ"-и Восифӣ ва фитнаи барангехтаи Мулло Қамар аз "Ёддоштҳо"-и Айнӣ ба истилоҳи Ҷомии бузургвор "қай"-и касро меоваранд.
Ҳанӯз ҳам чунин бадбинии ғайримазҳабҳо ва ба дараҷаи фаҳмишу савияи дониши худ таъбиру тафсир додани ин андак тафовути мазҳабӣ ва онро хеле воҳиманок бузургу хатарзо нишон додани бархе аз воизин аломати идомаи мухолифатҳои пешин аст.
Доман задани ахгари ихтилофи мазҳабӣ воситаи асосии рахна ворид кардан дар Ислом ва латмаи ҳалокатовар ба Ваҳдати миллист!
Тамоми мардуми шарифи кишварамон соли 2009-ро ҳамчун соли бузургдошти Имоми Аъзам, фарзонафарзанди шӯҳрати ҷаҳонидоштаи миллати тоҷик ва бунёдгузори мазҳаби ҳанафӣ дар Олами Ислом самимона пазируфтанд.
Дигар таҷлили ҷашни 1150-солагии Одамушшуаро буд, ки Президенти кишвар дар суханронияшон устод Рӯдакиро барҳақ "…офтоби Сосон ва фурӯғи дудаи Сомон…" ном бурда буданд.
Дар ҳоле, ки Президенти кишвар аз рӯзи аввали сарварии хеш мардумро ба ваҳдату ягонагӣ даъвату ҳидоят менамоянд, ки пайи ҳам овардани иқдомоти наҷиби сарвари давлат аз имкони як мақола берун аст ва ҳаминаш кифоят аст, ки тоҷикон расман Рӯзи Ваҳдати Миллӣ доранд ва онро таҷлил мекунанд!
Ҳамчунин, бо ташаббуси сарвари давлат соли 2009 эълон шудани Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва дар пойтахти кишварамон доир гардидани Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯйи "Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир", аммо баъд дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидани Маркази Исмоилия ҳамагӣ меваи ширину бенуқси дарахти пурбори ваҳдатанд!
Ва билохира мураттиб (хонда шавад муаллиф, зеро маводи таълифиаш ҳаҷман бештар аст) ба қадри тавони хеш "Таърихи Бадахшон"-ро баргардон карда (то мардум онро хонда тавонанд. 95 фисади мардуми кишварамон хати чопии форсиро хонда наметавонанд, чӣ ҷойи қаламӣ ё худ мирзоии дастнавис?!) барои мардуми Бадахшон ҷузван ва барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуан пешниҳод намудаанд, ки аз таърихашон дақиқан (бо иловаи пешгуфтори "муфассал"-и аз матни аслии китоб афзунтар) "огоҳ" бошанд. Албатта, ин "хидмати бузург" аст, ба ҳар навъе, ки фаҳмед.
Дар интиҳо ҳамеша ҳар хидматро вобаста ба арзиши воқеиаш баҳо ва унвон медиҳанд; ин амалро чӣ унвон гузоштан мумкин? Хизмати холисона ё хирсона?!
Раҳматзод Баҳодури Саҳбо
Аълочии матбуоти ИҶШС