БОСМАЧӢ КӢ БУД, МАРДИ ВАТАНХОҲ Ё ХОИН?! Ё баҳсе, ки бояд поён меёфт

Таърих 28.02.2009 14:37

ШӮРИШҲОИ ХАЛҚӢ АЛАЙҲИ МУСТАМЛИКАДОРОН

Шӯрише, ки 4-июли соли 1916 дар Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст, дар як муддати кӯтоҳ қариб тамоми Осиёи Миёнаро фаро гирифт. Мардум дар баробари ибрози норизоият кардан аз сиёсати аскаргирии ҳукумати подшоҳӣ барои фиристодан ба ақибгоҳи фронт дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ инчунин аз зулму истибдоди ҳокимони маҳаллӣ шикоят мекарданд.

(Идома)

Ҳукумати Русияи подшоҳӣ ба нақша дошт, ки аз кишварҳои Туркистон ва Степной, ки дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон ҷойгир буданд, 480 ҳазор аскар бигирад. Ҳукумати подшоҳӣ бо истифода аз нирӯҳои низомиаш ин шӯриши халқиро низ бераҳмона пахш намуд, агарчанде дар баъзе манотиқ ин шӯришҳо то инқилоби февралии соли 1917 идома доштааст. Русҳо ба ҳар ҳол 123 ҳазор сокини аз 19 то 43 солаи ин манотиқро ба ақибгоҳи фронти ҷанги нахустини ҷаҳонӣ бурдаанд.

Ногуфта намонад дар ҳамин давра, аниқтараш моҳи январи соли 1910 дар Бухоро боз як ҳодисаи басе хунину хеле нангин, яъне куштори байни суннимазҳабону шиамазҳабони ин шаҳр рух додааст, ки дар бораи дар сар задани он даст доштан ва ё надоштани ҳарбиёни рус манбаъҳои ба мо дастраси таърихӣ чизе нагуфтаанд. Вале ҳаминаш маълум ҳаст, ки дар ин ҷанг аз ҳарду тараф ҳам аксарияти кушташудагонро форсизабонон ташкил медоданд. Сабаби ин хунрезиҳоро таърихнигорон дар таҳқири мазҳаби ҳамдигар ва мансабталошии пешвоёни ҳамонвақтаи ин мазҳабҳо дар Бухоро донистаанд. Вале дар айни ҳол дар бораи дар қатъ кардани ин хунрезӣ ширкат варзидани аскарони рус таҳти фармондеҳии генерал Лилиентал маълумоте дар сарчашмаҳо омадааст. Дар ин робита ба ёд биёред ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997-и кишварамонро. Ҷонибҳои даргир асосан бо мусоидати ҳукуматдорони Федератсияи Русия ба ҳалли мусолиматомези низоъ расиданд. Гуфтушунидҳо асосан дар Маскав ҷараён мегирифтанд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ низ соли 1997 дар Маскав ба имзо расид. Ва аммо пӯшида нест, ки дар аланга гирифтани оташи ин ҷанг низомиёни рус нақши ҳалкунанда доштанд. Инро худи русҳо дар матбуоти хеш борҳо эътироф кардаанд. Аз хотираи мардуми Тоҷикистони азиз низ ин чиз ҳанӯз зудуда нашудааст.

ЗИЁИЁН ДАР ҚИБОЛИ ВОҚЕИЯТҲО ЧӢ МАВҚЕЪ ДОШТАНД?

Имрӯз вақте, ки зиёиёни мо дар бораи нақши кишвари Русия дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии тоҷикон ҳарф мезананд, нуқтаи назарҳои мухталифро ироа мекунанд. Баъзеҳо онро мусбат арзёбӣ менамоянд, бархе манфӣ, қисмати дигар аз гуфтани андешаи хеш худдорӣ мекунанд. Ин падидаи нав нест. Бояд гуфт, ки чунин мавзеъгирӣ аз гузаштагон ба мо ба мерос мондааст.

Забти Осиёи Миёнаро аз сӯйи русҳо, ҳукумати онҳоро дар ин сарзамин зиёиёни мо дар он замон чӣ гуна қабул карданд? Посух ба ин савол ҳар чи қадар пурра ва комил бошад ҳамон қадар ба манфиати ояндаи миллат хоҳад буд. Ҳамон қадар мо бештар таҷрибаи рӯзгор ҳосил мекунем. Тибқи маълумотҳои то ба мо расида миёни зиёиёни он замон як гурӯҳ воқеъиятро чӣ тавре, ки ҳаст қабул карданд ва мунтазир буданд, ки рӯзе мерасад, ки ин тартиботи нав, яъне сохти ҳукумати подшоҳӣ барҳам хӯрда боз тарзи ҳаёти пештара барқарор мешавад. Ин қабил равшанфикрон тан ба тақдир дода зиндагиро ба ҳамон тавре, ки болояш таҳмил карданд, идома медоданд. Қисмати дигар бошад ба низоми нави давлатдорӣ одат карда натавониста кишварро ба қасди мамлакатҳои дигари исломӣ, азҷумла Афғонистон, Эрон, Туркия ва ғайра тарк гуфтанд. Як гурӯҳи дигар, ки бо ҳукуматдорони маҳаллӣ мушкил доштанд, аз тағйир хӯрдани тартиботи давлатдорӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ хурсанд шуда бо ҳукумати нав ба ҳамкории зич пайвастанд. Ҳукуматдорони русӣ дар таҳким бахшидани пояҳои ҳузури худ дар дар Осиёи Миёна аз онҳо ба таври густурда истифода мебурданд. Ин қабил одамон на танҳо дар муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни кишвари Туркистон ҳамчун корманди оддӣ фаъолият мекарданд, балки онҳо аввалин мубаллиғони фарҳангу маданияти мардуми рус ва сиёсати ҳукумати подшоҳӣ дар ин сарзамин ва аморати Бухоро буданд. Як гурӯҳи дигаре низ буданд, ки забти Осиёи Миёнаро аз сӯйи Русия имтиҳони Худовандӣ дониста даъват мекарданд, ки аз он ҳарчи бештар ба манфиати миллат ва кишвар истифода бояд бурд. Барои ин онҳо зарур медонистанд, ки мардумро босавод ва бомаърифат бояд кард. Аз ҳамин рӯ онҳоро баъдтар ислоҳотхоҳон ва маорифпарварон мегуфтанд, ки Аҳмади Дониш, Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, Садриддин Айнӣ ва ғайра азҷумлаи пешвоёни ин ҳаракат ва ё ҷараёни сиёсиву фарҳангӣ буданд. Ҳамин ки ин ҳаракати ислоҳотхоҳӣ ва маорифпарварӣ то андозае рушд кард, барномаҳое рӯйи кор омаданд, мактабҳои усули нав ба кор шурӯъ карданд, матбуоти миллӣ ба фаъолият оғоз кард, умуман чашми мардум то андозае кушода шуд. Аз ин кор ҳам мустамликадорон дар Туркистон ва ҳам ҳокимони маҳаллӣ дар аморати Бухоро манфиатҳои хешро дар хатар диданд ва шурӯъ карданд ба мубориза алайҳи равшанфикрону маорифпарварон.

АВВАЛ ОНҲОРО "ҶАДИД" ГУФТАНД

Нахустин кореро, ки мухолифони онҳо алайҳи ин ислоҳотхоҳон ва маорифпарварон карданд, ин буд, ки онҳоро "ҷадид" номиданд. Ҷадид агарчи калимаи арабӣ буда маънои "нав", "тоза"-ро дорад, вале мутаассибин ва душманони ин ҳаракат онро ба маънои манфӣ ва ё таҳқир истифода мекарданд. Калимаи ҷадид аз сӯйи мухолифони ҳаракати маорифпарварӣ дар он замон ба маънои зиддидавлатӣ, зиддиисломӣ истифода бурда мешуд. Дар ҳамин ҳол онҳое, ки ҷадидашон мегуфтанд, ба ҳеҷ ваҷҳ худро дар аввал ҷадид нагуфтаанд. Балки онҳо эътироф кардаанд, ки ислоҳотхоҳ ва маорифпарваранд. Пас ин истилоҳи зоҳиран безиён, вале дар амал ихтилофангезу душманизо кай ва чӣ гуна дар Бухоро пайдо шуд? Дар ин бора, мутаассифона, тадқиқоти махсусе вуҷуд надорад. Ҳаминаш маълум аст, ки дар сиёсати давлатдории Русияи подшоҳӣ ин истилоҳ дар манотиқи мусалмоннишини Қриму Поволжиеи Русия, Тотористону Бошқирдистон, ҳатто дар Қафқоз (Озарбойҷон) хеле пештар, дар охирҳои асри 19 хеле серистеъмол будааст. Дар он давра дар он макон зиддиятҳои шадиде байни "ҷадидҳо" ва мухолифони онҳо, ки онҳоро "қадимиҳо" мегуфтанд, ба вуқӯъ пайвастаанд. Дар ин мухолифатҳо ҳукуматдорони Русияи подшоҳӣ умдатан тарафи "ҷадидҳоро" мегирифтанд. Вале боз ҳам боло гирифтани ҳисси миллӣ озодихоҳии онҳоро барои худ нигаронкунанда меҳисобиданд. Сиёсати худро дар нисбати онҳо бо дарназардошти шароит борҳо тағйир додаанд. Бояд гуфт, ки ислоҳотхоҳон ва маорифпарварон, яъне онҳое, ки ҷадидашон мегуфтанд, ҳам дар кишвари Туркистон ва ҳам дар аморати Бухоро фаъолият мекарданд. Баъди ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралии соли 1917 бо вуҷуди он ки мубориза барои ҳокимият дар кишвари Туркистон байни нирӯҳои сиёсии худи русҳо (сотсиал-демократҳо, кадетҳо, эсерҳо, болшевикон, меншевикон ва ғайра) хеле шиддат гирифт, фаъолияти ин ҳаракат дар ин ҷо қавитар шуд. Зеро онҳо аз сӯйи Ҳукумати Муваққатии Русия дастгирӣ ёфтанд. Ин ҳукумат аз амир Олимхон талаб кард, ки тибқи дархости ҷадидҳо дар аморат ислоҳот гузаронад. Амир розӣ шуд ва хост ислоҳотро аз тағйироти кадрӣ дар сохтори аморат шурӯъ кунад. Ӯ чанд соҳибмансаби калидиро аз вазифа сабукдӯш намуда ба ҷояшон намояндагони тарафдорони ислоҳотро таъин намуд. Ҷадидон ба нишонаи ризоият 8-уми апрели соли 1917 ба намоиши шукрона баромаданд. Мухолифони ҳаракати ислоҳотхоҳӣ, ки аз ин нақшаи ба ном "ҷадидон" бохабар буданд, худи ҳамон рӯз бо як омодагии ҳамаҷониба ба муқобили ин намоиш тазоҳуроти хушунатомезе ба роҳ монда тавонистанд қисмате аз аҳолиро ба ҷонибдории худ бикашанд. (Хонандагони гиромӣ, оё ба ёди шумо фоҷиаи хунини дар гузаштаи на чандон дури миллат, ки аз тазоҳуроти майдонҳои "Шаҳидон" ва "Озодӣ" оғоз ёфт буд, нарасид?). Ин ҳолатро дида амир Олимхон тарафи мухолифони ҷадидҳоро мегирад ва намоиши ислоҳотхоҳонро пароканда карда лидерони онҳоро дар ҳар куҷое, ки буданд, дастгир карда ҷазо медиҳад. Азҷумла устод Айнӣ ва Шарифҷон Махдуми Садри Зиё дар ҳамин рӯз расман лату кӯб шуданд. Як иддаъ аз ин маорифпарварон ё худ ба ном "ҷадидон" аз аморати Бухоро ба шаҳрчаи Когон, ки асосан маҳаллаи руснишин буд, паноҳ бурданд. Баъдан амир Олимхон бо баҳонаи музокирот чанд нафар аз роҳбарони онҳоро ба дарбор хост. Онҳо рафтанд. Дастгир шуданд ва ба қатл ҳукм гардиданд. Намояндагони ҳукумати подшоҳии Русия, ки ҳанӯз ҳам болои амир нуфуз доштанд, зидди ин ҳукми амир мухолифат накарданд. Вале нирӯҳои нави сиёсиву маъмурии рус, ки баъди суқути ҳукумати подшоҳӣ дар қаламрави кишвари Туркистон сӯйи бози давлат дандон тез мекарданд, бо як ҳушдори худ амирро аз ин нияташ боздоштанд. Ҳаводиси 8-уми апрел ва баъди он рухдода воқеъаҳоии оддӣ набуданд. Онҳо аз сарнавишти ояндаи талхи як миллати азияткашида хабар медоданд. Ин ҳодисаҳо як иддаъ аз ин ислоҳотхоҳонро ба қарори қатъӣ оварданд, ки бо ислоҳот дигар кор дар аморати Бухоро пеш намеравад. Ягона роҳе, ки дар оянда метавонад барои мардум беҳбудӣ биёрад, ин сарнагун кардани сохти амирӣ ва барпо кардани ҳукумати нав мебошад. Ва ин гурӯҳ тайёр буд, ки бо ҳар қуввае, ки метавонад тахти амирро вожгун бисозад, хоҳ он қувва дар дохил бошад ва хоҳ дар хориҷ аз кишвар, ҳамкорӣ кунад. Аз ин рӯ аксарияти онҳо узви ташкилотҳои "Шӯрои исломия" ва "Шӯрои уламо" гардиданд, ки асосан дар кишвари Туркистон ва маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро фаъолият мебурданд. Вале дар ин бора баъдтар хоҳем гуфт ва аммо аввал боз ҳам дар бораи Бадахшон мехоҳем чанд сухан бигӯем.

ИНҚИЛОБИ ФЕВРАЛӢ ВА ТАҒЙИРОТҲОИ

МАЪМУРӢ-СИЁСӢ ДАР БАДАХШОН

Дар боло гуфтем, ки Кӯҳистони Бадахшони аз ҷиҳати маъмуриву сиёсӣ ба ҳайати ду давлат: қисмати шарқии он ба ҳайати кишвари Туркистони Русияи подшоҳӣ ва Бадахшони Ғарбӣ ба ҳайати аморати Бухоро дохил мешуданд. Вале дар асл вазъиятро дар тамоми ин ду минтақа амалан афсарони дар он ҷо будаи русҳо таҳти назорати худ гирифта буданд. Низомиёни руси дар Бадахшон буда инқилоби февралии соли 1917-ро дастгирӣ намуданд. Дар ҳамин ҳол Кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатии Русия аз чи бошад низомиёни русро аз Помир ҳамон рӯзҳо ба марказ даъват карданӣ мешавад. Вале аз номи мардуми волости Шуғнон ба номи он Кумита мактубе фиристода мешавад, ки дар он муаллифони нома хоҳиши дар Помир мондани низомиёни русро мекунанд. Ба ақидаи соҳибони мактуб адами аскарони русӣ дар сарҳад барои мардуми таҳҷоӣ мушкил эҷод мекардааст. Баъд аз ин тамоми Бадахшон, ҳатто қисмати ғарбии он ҳам, ки қаламрави аморати Бухоро буд, ба зери идораи низомиёни рус даромад. Рӯҳониёни Бадахшони Ғарбӣ ва ҷонибдорони онҳо чанде кӯшиданд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба ҳайати аморати Бухоро бори дигар баргарданд, вале ин талошҳои онҳо аз ҷониби низомиёни рус ва аҳолии маҳалии тарафдори ҳукумати русҳо хунсо мегардид. Роҳбарони ин ҳаракатро табъид ва ба ҷойҳои дурдасти Бадахшон бадарға намуданд.

ИНҚИЛОБИ ОКТЯБР ВА ТАЪСИРИ

ОН БА ТОҶИКИСТОН

25-уми октябри соли 1917 болшевикҳо бо роҳи шӯриш Ҳукумати Муваққатиро дар Русия сарнагун сохта умури давлатдориро ба дасти худ гирифтанд. Бо сардории В.И.Ленин-раҳбари ҷинои болшевикони Ҳизби Коммунист Ҳокимияти Шӯравӣ барпо шуд. Ленин аз ҷонибдорони худ дар тамоми гӯшаву канори Русия талаб кард, ки ҳокимиятро дар маҳалҳо ба дасти худ гиранд. Азҷумла дар кишвари Туркистони Русияи подшоҳӣ низ болшевикон фаъол шуданд. Дар Тошканд шӯриш 28-уми октябр шурӯъ шуд ва 1-уми ноябр кумитаи инқилобӣ ташкил ёфт. Хунрезиҳои зиёде барои ҳокимият шуд. Болшевикҳо ғалаба карданд. Чанд рӯз баъд аввалин раиси Шӯрои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон болшевик Ф.И.Колесов интихоб гардид. Дар уезди Хуҷанд бошад сохти давлатдории шӯравӣ ба тарзи осоишта барпо карда шуд. Зеро аскарони тарафдори сохти шӯравӣ будаи рус дар ин ҷо зиёдтар буданд ва болои мардум тасаллути пурра доштанд. Ва аммо дар Ӯротеппа дар рӯзҳои аввали инқилоби Октябр ҳукуматро эссеру меншевикҳо соҳиб шуданд. Онҳо ба баҳонаи наҷоти мардум аз гуруснагӣ сиёсати мусодиракунии ғалларо пеш гирифтанд. Ҷонибдорони ташкилотҳои маҳаллии "Шӯрои исломия" ва "Шӯрои уламо" зидди ин сиёсат баромада Думаи шаҳриро барқарор карданд. Дуҳокимиятӣ барпо шуд, ки анархияро ба вуҷуд овард. Аҳолии русзабон бо баҳонаи муҳофизати хеш аз эссеру меншевикҳо, ки аксарашон низомиёни рус буданд, аслиҳа талаб карданд. Бо пешниҳоди судяи шаҳри Ӯротеппа монархист В.И. Владимиров аз ҳисоби мардони русзабон дружинаи халқӣ ташкил шуд, ки ба узвияти он баъзе тоҷикони забони русидонро низ қабул мекарданд. Хулоса аз феврали соли 1918 то моҳи июли ҳамон сол ҳокимият дар Ӯротеппа асосан дар дасти дружиначиёни халқӣ буд, ҳарчанд тарафдорони ҳокимияти шӯравӣ низ аз мавҷудияти худ дар ин ва ё он гӯшаи шаҳр гоҳу ногоҳ дарак медоданд. Моҳи июли соли 1918 аскарони сурх аз Хуҷанд ба Ӯротеппа омада ҳокимияти шӯравиро пурра дар Ӯротеппа барқарор карданд.

(Идома дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97