БОСМАЧӢ КӢ БУД, МАРДИ ВАТАНХОҲ Ё ХОИН?! Ё баҳсе, ки бояд поён меёфт

Таърих 24.02.2009 13:33

РУСИЯ: МАСЪАЛАИ №1 РИВОҶИ ПАХТАКОРӢ

Русияи подшоҳӣ дар баробари бо роҳи ҷанг васеъ кардани заминҳои ишғолӣ инчунин ба масъалаи инкишоф додани соҳаи пахтакорӣ дар заминҳои забтшуда диққати ҷиддӣ медод. Тавре пештар қайд кардем он замон дар Русия корхонаҳои бофандагии зиёде ба кор шурӯъ карданд, ки мӯҳтоҷи ашёи хом буданд. Дар он солҳо ҳамагӣ чор -ҳафт дар сади эҳтиёҷоти ин корхонаҳо аз ҳисоби истеҳсоли пахтаи худи Русия, қонеъ карда мешуду халос.

(Идома)

Бинобар ин генерал-губернатории Туркистон ривоҷи пахтакориро дар сарзамини Осиёи Миёна масъалаи рақами аввал ҳисоб мекард. Замини кишти пахта аз ҳисоби кам кардани заминҳои кишти ғалладона, боғу токзорҳо ва азхудкунии заминҳои нав (азхудкунии заминҳои дашти Дилварзин на дар замони шӯравӣ, балки дар ҳамон солҳо оғоз ёфта буд) васеъ карда мешуд. Дар тарзу шеваи истифодаи замин, ситондани андоз Русияи подшоҳӣ аз шеваҳои мақбултар истифода мекард. Масалан дар қаламрави генерал-губернатории Туркистон 10 дар сад андоз аз даромаднокии замин гирифта мешуд, ҳол он ки дар аморати Бухоро 10 дар сади тамоми ҳосилро ба сифати андоз меситонданд. Ҳукумати подшоҳӣ аз заминҳои лалмӣ аз ҳар як десятина ҳамагӣ 25 тин андоз мерӯёнду халос. Дар аморати Бухоро чунин фарқ гузошта намешуд. Русҳо ба тадриҷ навъи тухмии пахтаи маҳалиро ба навъи пахтаи амрикоӣ иваз карданд, ки нисбат ба пахтаи навъи маҳаллӣ ҳам коркардаш осонтар буд, ҳам нахаш беҳтар ва ҳам ҳосили бештар медод. Ба тадриҷ дар соҳаи пахтакорӣ истифодаи плуг ва сеялкаро низ ҷорӣ карданд. Пахтаро русҳо на танҳо дар заминҳои ишғолӣ, яъне заминҳои генерал-губернатории Туркистон, балки дар заминҳои аморати Бухоро, ки корчалонҳои рус аз онҷо ба иҷора мегирифтанд, низ кишт мекарданд. Масалан таърихнигор Намоз Ҳотамов дар китоби худ менависад, ки "соли 1913 агенти бонки Русию Осиёгӣ Стовба аз ҳукумати амирии Бухоро 10,9 ҳазор гектар замини бекигарии Қубодиёнро ба консессия гирифт. Дар худи ҳамон сол княз Андронников бо ҳамроҳии Шарапов зиёда аз 27 ҳазор гектар заминро аз дашти Қаршӣ чун консессия аз ҳукумати амирӣ ба ихтиёр дароварданд". (Ҳамон ҷо саҳ. 56). Ҳамин сабабҳо боис шуданд, ки истеҳсоли пахта ва истифодаи он дар фабрикаҳои бофандагии Русия хеле афзоиш ёфт. Ва агар русҳо соли 1890 аз 7960 ҳазор пуд нахи пахтаи дар фабрикаҳо истифодашуда 5980 ҳазор пудашро аз хориҷа ворид карда бошанду ҳамагӣ 1986 ҳазор пудаш истеҳсоли худӣ бошад, пас соли 1915 аз 24515 ҳазор пуд нахи пахтаи дар саноати бофандагӣ истифодашуда 17202 ҳазор пудашро нахи пахтае ташкил медод, ки асосан дар кишвари Туркистон истеҳсол карда шуда буд. Пахтакорӣ ҳатто майдонҳои киштро дар манотиқи кӯҳистонии Бухорои Шарқӣ фаро гирифта буд. Масалан соли 1911 дар бекигарии Дарвоз 10 ҳазор пуд пахта ҷамъоварӣ шудааст. Ҳатто баъди ба сари қудрат омадани болшевикҳо соли 1919 дар назди Шӯрои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ниҳоди махсус, Кумитаи пахтаи Туркистон ташкил меёбад.

Хотиррасон мекунем, ки дар замони ҳу¬ку¬мати шӯравӣ, ки ҷойгузини ҳукумати подшоҳӣ буд, истеҳсоли пахта дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза асосан аз ҳисоби зиёд кардани майдонҳои кишти пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии он то ба як миллион тонна расонда шуд. Ва ҳамаи он пахта асосан дар шакли нах ба фабрикаҳои Федератсияи Русия фиристода мешуд.

Имрӯз Русия аз он ки кишвари мо пахтаро ба маротиб камтар истеҳсол карда ва ҳамонро ҳам бо салоҳдиди худ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебарорад, он қадар хурсанд нест. Сабаби асосии худдорӣ варзидан аз бунёди нирӯгоҳи барқии обии Роғун асосан на он аст, ки Узбакистон гӯё аз Русия хафа мешавад. Шояд ин ҳам бошад. Вале ба фикри ман сабаби асосӣ дар он аст, ки Русия низ худ манофеи иқтисодии хешро бо сохтмони обанбори Роғун бо дарназардошти он чиз ки дар боло гуфтем, дар хатар мебинад. Яъне Русия намехоҳад, ки ба кишварҳое, ки аз онҳо ашёи хом мегирад, худ проблема эҷод кунад. Ба ёд биёред дар Русия пайдо шудани идеяи ба Осиёи Миёна овардани обҳои Сибирро. Аз ин рӯ мутмаин ҳастам, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Русия ба мо дигар НБО намесозад. Ва шояд дар ин раҳ монеагузорӣ низ кунад. Имрӯз мо барои Русия ҳамчун кишваре, ки дар минтақа мавқеи муҳими стротегӣ дорад ва иҷозат додааст, ки пойгоҳи низомиаш дар он бошад, аҳамият дорем. На бештар аз ин. Ва шояд каме боз ҳамчун кишваре, ки барояш қувваи арзони корӣ мефиристад низ аҳамият дошта бошем. Вале Русия барои мо чӣ аҳамият дорад ин баҳси дигар аст.

ПАХТАКОРӢ СИНФИ КОРГАРРО БИЗОД

Тибқи омори расмӣ, ки дар китобҳои таърихӣ истифода шудааст, то соли 1880 дар ҳудуди генерал-губернатории Туркистон 21 корхонаи саноатӣ мавҷуд будааст, ки азҷумла аз онҳо яктоаш заводи пахтатозакунӣ, дутоаш заводи пӯст, яктоаш заводи собунпазӣ, чортоаш заводи вино, яктоаш заводи пивопазӣ, панҷтоаш заводи спирттозакунӣ, чортоаш матбаа будааст. Баъди инкишофи соҳаи пахтакорӣ дар Осиёи Миёна зарурати дар ҳамин ҷо коркарди пахта ба вуҷуд меояд. Аз соли 1880 то соли 1890 дар кишвари Туркистон боз 63 корхонаи саноатӣ ба кор шурӯъ кард, ки 22 тои онро заводҳои пахтатозакунӣ ташкил медоданд. Аз соли 1890 то соли 1900 теъдоди корхонаҳои саноатӣ ду баробар зиёд мешавад. Дар ин давра 52 заводи пахтатозакунӣ, 3 заводи равғанкашӣ, 19 заводи винокашӣ ва 6 матбаа фаъолият мекарданд. Аз ин ба баъд шумораи заводҳои пахтатозакунӣ босуръат меафзуд. Масалан то соли 1914 теъдоди заводҳои пахтатозакунии Осиёи Миёна ба 378 мерасад, ки аз онҳо 338-тоаш дар кишвари Туркистон (асосан дар вилояти Фарғона-240 завод) амал мекард. Дар аморати Бухоро 29 ва дар хонигарии Хева 11 заводи пахтатозакунӣ буд. Соли 1916 нахустин ва то замони шӯравӣ ягона заводи пахтатозакунӣ дар Бухорои шарқӣ дар Саройи Камар ( Панҷи ҳозира) ба кор шурӯъ кард.

Дар ҳамин давра синфи коргари тоҷик ташаккул ёфт. Аксарияти кулли коргарони ин заводу фабрикаҳоро мардуми маҳаллӣ ташкил мекарданд. Ба ҷуз аз корхонаҳои саноатӣ аҳолӣ инчунин дар сохтмони роҳи оҳан низ фаъолият мекарданд. Сафи коргарон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, ки инчунин аз Бухорои Шарқӣ, махсусан аз водии Қаротегин барои кор ба Тошканду Самарқанду Фарғона мерафтанд, меафзуд. Масалан аз як худи водии Раштонзамин соле то 10 ҳазор мардикор ба заводҳои водии Фарғона барои кор мерафтанд. Бояд аз рӯйи адл эътироф кард, ки шароити меҳнат ва музди кор, муносибат ба коргарон дар заводҳои кишвари Туркистон нисбат ба аморати Бухоро хеле беҳтар буд. Ин шеваи бархӯрд бо одамон майлу рағбати мардумро нисбати онҳо бештар мекард. Мақоли халқии "Худаш урус кораш дуруст" ҳамон солҳо пайдо шудааст. Инкишофи саноату тиҷорат ва боз шудани роҳҳои нақлиётӣ, махсусан роҳи оҳан дар Осиёи Миёна буржуазияи миллиро ба вуҷуд овард, ки он ҳам минбаъд дар сарнавишти мардуми ин диёр нақши муайяне бозидааст.

СИЁСАТИ ҚАРЗ БИДЕҲУ ҚАНД БИХӮР

Дар қаламрави генерал-губернатории Туркистон ба хотири инкишоф додани соҳаи пахтакорӣ ва таҳким бахшидан ба пояҳои ҳукумати мустамликавии хеш сиёсатҳоеро пиёда мекарданд, ки дар тафовут аз сиёсатҳои ҳукумати аморати Бухоро ва хонигарии Хева барои аксари қишри ҷомеъа чизи нав ва қобили қабул буданд. Масалан ниҳодҳои мухталифи карздиҳӣ ташкил карда шуданд, ки ба хоҳишмандону мӯҳтоҷон асосан аз 10 то 300 сӯм ба мӯҳлати аз 3 моҳ то як сол қарзи шаш дарсада медоданд. Тибқи маълумотҳои расида дар он замон дар Самарқанд дар 30 сӯм як гови ҷӯшоӣ ва ё як асп харидан мумкин буд. Як пуд гандум 1 сӯму 20 тин, як пуд пахтаи амрикоӣ 1 сӯму 30 тин, як пуд ҷав 80 тин, як пуд шолӣ 1 сӯму 30 тинро ташкил медоданд. Чуноне, ки дар китоби Намоз Ҳотамов омадааст "Миқдори кассаҳои қарздиҳии уездӣ соли 1903 ба 21 ташкилот бо сармояи 342,5 ҳазор сӯм расид. Ин маблағ соли 1909 ба 1159 ҳазор сӯм ва дар арафаи ҷанги якуми ҷаҳон ба 1,6 миллион сӯм расид. Азҷумла маблағи кассаи Хуҷанд агар ҳангоми ташкилшавӣ (с1885) 7,5 ҳазор сӯмро ташкил диҳад, пас соли 1909 он то ба 12 ҳазор сӯм зиёд шуду халос". (Ҳамон ҷо саҳ. 60).

Дар ҳамин давра бо кӯшишу талошҳои ширкатҳои тиҷоратии Русия аввалин шӯъбаи бонки Давлатии Русияи подшоҳӣ соли 1875 дар Тошканд ба фаъолият оғоз кард. Баъди солҳои 90-уми асри 19 шӯъбаҳои дигар бонкҳои русӣ низ дар Осиёи Миёна ба фаъолият оғоз карданд. Аксарияти сармояи ин бонкҳо аз марказ ба онҳо интиқол дода мешуд. Вале аз аҳолӣ низ пасандоз ҷамъ мекарданд. Масалан тибқи маълумоти А. А. Семенов худи амир Олимхон дар бонки Давлатии Русия 27 миллион сӯм ва бонкҳои тиҷоратии марказии он 7 миллион сӯм доштааст. (Семенов А.А. Очерк устройства центрального административного управления Бухарского ханства позднейшего времени.- Труды института истории, археологии и этнографии АН Тадж. ССР, т. 25, вып.11.-Сталинабад, 1954.-С.9).

ШӮРИШҲОИ ХАЛҚӢ АЛАЙҲИ МУСТАМЛИКАДОРОН

Вале аз ҷониби мансабдорони русӣ буданд корҳо ва сиёсатҳое, ки мардум аз онҳо норозӣ буданд. Норозигии мардум аз тарзи давлатдории амалдорони русӣ ва муносибати онҳо ба аҳолии маҳаллӣ дар кишвари Туркистон аз оғоз ин ҳукумат шурӯъ шудааст. Масалан соли 1872 дар Тошканд ва Хуҷанд, соли 1873 дар Пошӣ ном деҳаи Ӯротеппа, соли 1875 дар худи Ӯротеппа, соли 1880 дар Хуҷанду Ӯротеппа шӯришҳои халқӣ алайҳи ҳукуматдорони нав ба вуқӯъ пайвастанд. Соли 1885 аввалин тазоҳуроти коргарон дар кони ангишти Заврон-Киштути волости Панҷакент доир мегардад. Ҳукуматдорон ин тазоҳурот ва шӯришҳои мардумиро бераҳмона пахш мекарданд. Беадолатии амалдорони маҳалии ҳукумати подшоҳӣ ҳангоми ҷамъоварии андоз, тақсими замин, об хеле баръало мушоҳида мешуд. Афзудани маҳаллаҳои руснишин дар манотиқи мухталиф боиси он мегардид, ки ҳукумат ба онҳо замин ҷудо кунад. Ин корро асосан аз ҳисоби заминҳои корам ва чарогоҳҳои мардуми маҳаллӣ мекарданд, ки боиси норозигии онҳо мегардид. Хулоса ҳамаи баҳсҳои сиёсӣ, иқтисодӣ дар кишвари Туркистон ба манфиати муҳоҷирони русӣ ҳал мегардид. Дар масъалаи дин ва пешвоёни дин низ аз сӯйи ҳукуматдорони рус беэҳтиромӣ ба мушоҳида мерасид. Масалан мулкҳои вақфиро маҳдуд намуданд. Аксарияти зиёиён низ дар симои ҳукуматдорони рус истисморгарони асосӣ ва таҳқиркунандагони дину урфу одатҳои миллиро медиданд. Ин гуна амалҳои бадро онҳо на танҳо дар кишвари Туркистон, балки дар қаламрави аморати Бухоро низ мекарданд. Дар ин бора Аҳмад Махдуми Дониш чунин менависад: "Дар роҳҳо савора мерафтанд бар сари мусулмонон ва таҳқиру иҳонат менамуданд, балки одамҳои вазир пеш-пеши эшон туруқу туруқ гуфта, пиёдаву савора муслиминро ба "дур бош!" аз роҳҳо мебароварданд. Ва дар ин аср Когон ном мавзеъе аз таҳти қири Момоҷурғотӣ ба ғояти ободӣ расид аз овардани роҳи оҳан дар он ҷо ва баъзе фабрику корхонаҳо аз Русия дар он ҷо оварданд ва ҷамъияте касир аз сипоҳу туҷҷори Русия ва фуқарои онҳо дар он ҷо муҷтамеъ гаштанд, гӯё шаҳре тоза дар он ҳавошӣ бино шуд аз вазъи бутхона ва бозигархона. Ва аз он ҷо роҳи оҳане ба Бухоро оварданд ва билкулл Бухоро тобеи Рус шуд, то ки ба давлатҳо низ навиштанду маълум карданд" (Аҳмад Махдуми Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития.-Душанбе, 1992,саҳ.87).

Дар ҳақиқат нодида гирифтан ва таҳқири рӯирости арзишҳои диниву фарҳангӣ сабабгори сар задани исёну шӯришҳои мардумӣ мегардид. Масалан, шӯрише, ки соли 1892 дар Тошканд ба вуқӯъ пайваст ва он дар таърих бо номи "Исёни вабо" машҳур аст, шӯриши соли 1898 Андиҷон, ки он таърих бо номи "шӯриши эшони Дукчӣ" эътироф шудааст, ба ҳамин қатор шӯришҳо ва исёнҳои зидди ҳукумати Русияи подшоҳӣ дохил мешаванд. Сабаби асосии сар задани ин шӯришҳо ин аз ҷониби низомиёни рус дағалона помол кардани урфу одат ва талаботи шариат мебошад. Ҳарбиёни рус на танҳо роҳбарон ва шӯришгаронро шадидан ба ҷазо мерасониданд, балки дар баъзе маворид деҳаҳоро пурра аз байн мебурданд. Дар ин бора Намоз Ҳотамов дар китобаш менависад: "Ҳукуматдорони подшоҳӣ ба воситаи қувваи аскарони худ шӯриши соли 1898-ро дар тамоми нуқтаҳояш пахш намуданд. Азҷумлаи иштирокчиён ва хайрхоҳони он 777 нафарро (мувофиқи маълумоти дигар 546 нафар) ҳабс карда, 18 нафар фаъолонашро барои ба дор овехтан ҳукм карданд. Ба ғайр аз ин танҳо аз волости Мингтеппа, деҳаҳои Тоҷик, Қошғар ва Қутчӣ, ки аз онҳо шӯришгарон нисбатан бисёр буданд, аз тарафи аскарони подшоҳӣ тамоман вайрон карда шуданд". (Намоз Ҳотамов "Таърихи халқи тоҷик" (аз солҳои 60-уми асри 19 то соли 1924), Душанбе, соли 2007, саҳ.178).

(Давом дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97