Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

БОСМАЧӢ КӢ БУД, МАРДИ ВАТАНХОҲ Ё ХОИН?! ё баҳсе, ки бояд поён меёфт

Таърих 17.02.2009 13:30

(Идома)

РУСИЯ АМИР МУЗАФФАРРО БА ТАСАРРУФИ

БУХОРОИ ШАРҚӢ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Чи тавре аз ин пештар гуфтем то ба зери тасарруфи русҳо даромадани шаҳрҳои Тошканду Самарқанд, Хуҷанду Ӯротеппа, Конибодому Нов ва ғайра дар Осиёи Миёна буданд минтақаҳое, ки аз ҷиҳати маъмурӣ худро мулкҳои мустақил ва ниммустақил меҳисобиданд.

Азҷумла Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб, Балҷувон ва ғайра ба қатори ҳамин гуна мулкҳо дохил мешуданд.

Дар ин сарзаминҳо асосан тоҷикҳо зиндагӣ мекарданд. Дар байни ин мулкҳо низ асосан ҷангҳои ғоратгарона қариб пайваста сурат мегирифт. Ҳукумати Русияи подшоҳӣ чун худ ҳанӯз бевосита омодаи забти ин сарзаминҳо набуд, амир Музаффарро ба баҳонаи пур кардани ҷойи мулкҳои аздастрафтааш ба тасарруфи ин мулкҳо ҳидоят мекунад. Русҳо хуб медонистанд, ки таҳти тасарруфи аморати Бухоро қарор гирифтани ин мулкҳо маънои таҳти назорати онҳо будани ин манотиқро низ ифода мекунад. Яъне мехостанд аз ин ба баъд ҷанги ишғолгаронаи худро бо харҷи камтаре бо дасти худи мардуми таҳҷоӣ анҷом бидиҳанд.

Ҷангҳои амир Музаффар барои ба қаламрави худ ворид кардани Бухорои шарқӣ аз охирҳои солҳои 1866 сар шуда то солҳои 1878 идома доштааст. Яке аз охирин мулкҳои ниммустақиле, ки ба тасарруфи амир Музаффар медарояд, ин шоҳигарии Дарвоз буд. Тӯли солҳои 1877-78 амир таҳти фармондеҳии Худойназар оталиқ се маротиба болои ин сарзамин лашкар мефиристад. Ду бори аввал сахт шикаст мехӯрад. Вале дафъи саввум бо истифода аз нирӯҳои аз мулкҳои қаблан забтгардида гирифта шоҳигариро сарнагун сохта аввал ба як муддати кӯтоҳ онро ба қаламрави бекигарии Қаротегин ворид менамояд. Сипас намояндаи худро бек таъин намуда Дарвозро бекигарии мустақили аморат эълон мекунад. Мардуми на танҳо Дарвоз, балки дигар мулкҳои мустақил низ барои ҳар як ваҷаб хоки хеш бо ин амири манғитӣ дар набардҳои хунин даст ба гиребон шудаанд. Лашкари амир, ки дар раъсаш гоҳ худаш ва гоҳҳо фармондеҳонаш будаанд, дар ин амалиётҳои худ ба куштору ғорат ва бедодгариҳои зиёди мардуми бегуноҳ даст мезаданд. Дар ин бора дар китобҳои устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва ғайра факту далелҳои мушаххас хеле зиёданд. Мардуми бошарафи Ҳисору Кӯлоб, Қаротегину Дарвоз аз сарзаминҳои хеш то тавонистанд дар ин ҷангҳо мардонавор дифоъ карданд. Вале азбаски қӯшуни амир чи аз ҷиҳати шумора ва чи аз ҷиҳати муҷаҳҳаз будан бо тӯпу силоҳу муҳимот аз муҳофизатгарони ин мулкҳо мукаммалтар буд, ғалаба низ ба осонӣ насибашон мегардид. Як нуктаи муҳим ин буд, ки амир Музаффар дар ин ҷангҳо аз низомиёни рус силоҳу муҳимот кӯмак мегирифт. Хулоса, то соли 1878 дар манотиқи шарқии аморати Бухоро амир Музаффар бекигариҳои Балҷувон, Бойсун, Дарвоз, Деҳнав, Кӯлоб, Шеробод, Юрчӣ, Ҳисор, Қаротегин, Қубодиён ва Қӯрғонтеппа таъсис дод ва дар раъси онҳо одамони ба худаш содиқро бек таъин намуд. Аз миёни ин бекҳо амир Музаффар ба беки Ҳисор ҳуқуқу салоҳиятҳои бештаре дода буд. Масалан, дар масъалаи ба вазифаҳои баланд таъйин кардану ҳукми ҷазои қатл додани муҷримон салоҳиятҳоеро, ки беки Ҳисор дошт, дигарон надоштанд. Барои гирифтани баъзе ҳукму фармонҳо сарварони дигар бекигариҳо ба Бухоро нарафта, онҳоро аз беки Ҳисор мегирифтанд. Яъқуббек қӯшбегӣ нахустин ҳокими Ҳисор буд, ки аз чунин ҳуқуқҳо бархурдор гашт.

ПОМИРРО ЧӢ ГУНА РУСҲО

ИШҒОЛ КАРДАНД?

То миёнаҳои асри 19 сарзамини Бадахшон ё худ Помир низ ба мулкҳои хурд-хурди мустақил ва ниммустақил ҷудо шуда буд. Вале ҳамеша мавриди таҳдид ва ҳуҷумҳои сарбозони ҳукумати Афғонистон ва ҳам ҳукумати аморати Бухоро қарор мегирифт. Баъди он ки дар соли 1868 подшоҳи Афғонистон Шералишоҳ духтарашро ба ҳокими ҳамонвақтаи Бадахшон Ҷаҳонгиршоҳ ба занӣ дод, ин мулк амалан ба доираи таъсири Афғонистон даромад. Соли 1883 аз сӯйи шоҳи Афғонистон Абдураҳмонхон мулкҳои Вахон, Шуғнон, Рӯшон забт шуданд. Ба болои мардум андози беандоза калоне бор гардид. Мардум дар соли 1887 алайҳи ҳукуматдорони афғон шӯриш бардоштанд. Ҳукуматдорони афғон барои ҷазо додани шӯришгарон омодагии ҷиддӣ медиданд. Ҳокимони Шуғнону Рӯшон ва Вахон чун диданд, ки зӯрашон бо афғонҳо намерасад, майл ба тарафи Русия карданд ва бо ин мақсад чанд ҳайатеро ба назди ҳукуматдорони Русия фиристоданд.

Худи ҳамон солҳо марзбонҳои Хитой ба Бадахшони Шарқӣ наздик шуда дар баъзе манотиқи ин сарзамин мавқеҳои худро мустаҳкам мекарданд. Ин вазъиятро дида русҳо ба амали қатъӣ гузаштанд. Онҳо боз ҳам зери пӯшиши эъзомияи илмӣ моҳи июни соли 1891 ба Помири шарқӣ 120 нафар казаки мусаллаҳро таҳти фармондеҳии полковник М.Ионов фиристоданд. Аз ҳамин рӯ ин ин ҳайат дар таърих бо номи "эъзомияи Ионов" машҳур аст. Ионов дар ҳар куҷое, ки пой мегузошт (Қизиларт, Рангкӯл, Қаракӯл) эълон мекард, ки "ин ҷо сарзаминҳои Русияанд". Соли дигар, яъне соли 1892, ҳукумати Русия як эъзомияи бузургтареро (250 казаки мусаллаҳро) ба Помири шарқӣ фиристода дар минтақае, ки имрӯз шаҳраки Мурғоб ҷойгир аст (қаблан Оқсу ном дошт) пости худро гузоштанд. То соли 1894 ин пост ба отряд табдил дода шуд ва Ионов, ки акнун генерал шуда буд, дар он ҷо бо хитоиҳои сари масъалаи ҳузури онҳо дар хоки Бадахшон гуфтушунидҳо анҷом медод. Хулоса, дар натиҷаи ин музокираҳо хитоиҳо розӣ шуданд, ки низомиёни худро аз ҳудуди Бадахшони шарқӣ бигиранд. Отряди русҳо низ моҳи октябри соли 1894 Мурғобро тарк карданд. Русияву Чин сари масъалаи кадом мантақа дар Помири шарқӣ таҳти нуфузи кадом кишвар аст то андозае ба мувофақа расиданд.Вале Русияву Англия ҳанӯз ҳам наметавонистанд, ки муайян бисозанд, ки кадоме аз ин кишварҳо дар куҷои Бадахшон ҳаққи тасаллут доштанро дорад. Бо ин мақсад ин абарқудратҳо як комиссияи муштарак ташкил доданд ва он комиссия ин масъаларо омӯхт ва Созишномаи махсуси муайян кардани сарҳади нуфузи байни Англия ва Русияро ба имзо расонид, ки ҳукумати подшоҳии Русия онро январи соли 1896 тасдиқ кард. Тибқи ин созишнома заминҳои дар соҳили чапи дарёи Панҷ будаи бекигарии Дарвоз ба таҳти нуфузи Англия, яъне ба ҳисоби Афғонистон гузаштанд. Заминҳое, ки дар соҳили рости болооби дарёи Панҷ буданд, яъне мулкҳои Вахон, Шуғнон, Рӯшон ба зери нуфузи Русия даромаданд. Русҳо бошанд идораи ин мулкҳоро ба амири Бухоро, ки дар натиҷаи ин Созишномаи Англияву Русия як қатор заминҳои бекигарии Дарвозаш аз соҳили чапи дарё аз дасташ рафта буд, ба ӯ медиҳанд. Тибқи ин шартнома Бадахшони Шарқӣ ба ҳайати генерал- губернатории Туркистон дохил карда шуд.

Ҳамин тариқ сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшони (Помири) Шарқӣ шомили ду вилояти генерал-губернатории Туркистон, яъне Самарқанд ва Фарғона буданд. Ба ҳайати вилояти Самарқанд уезди Хуҷанд ва водии Зарафшон ва ба ҳайати вилояти Фарғона Бадахшони Шарқӣ, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд. Манотиқи боқимондаи соҳили рости дарёи Панҷи Бадахшон таҳти итоати аморати Бухоро қарор дошт.

БУРДУ БОХТҲОИ МИЛЛАТ

АЗ ИШҒОЛГАРИҲОИ РУСИЯИ ПОДШОҲӢ

Ишғоли баъзе манотиқи Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ барои мардуми ин сарзамин чӣ натоиҷе дар пай дошт? Ба ин савол дар таърихнигории замони шӯравӣ асосан яктарафа баҳо додаанд. Асосан "аҳамияти прогрессивии ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Русия" (на аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна) мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Тибқи ин баҳодиҳӣ асосан ҷиҳатҳои мусбати ин раванд иброз шудаанд ва аз гуфтани ҷиҳатҳои манфии он, бо вуҷуди он ки сохти давлатдории подшоҳиро дар замони шӯравӣ ҳукуматдорони он сохти иртиҷоӣ меномиданд, муаррихони замони шӯравӣ кӯшиш кардаанд, ки худдорӣ намоянд. Ҳатто имрӯз ҳам талош меварзанд дар ин бора камтар чизе бигӯянд. Инак, дар таърихнигории замони соҳибистиқлолӣ тадқиқотҳое рӯйи кор омада истодаанд, ки ба ин масъала то андозае рӯшанӣ меандозанд. Дар китоби "Таърихи халқи тоҷик"-и Намоз Ҳотамов дар ин бора маълумоти то андоза оъективӣ ироа шудааст. Тибқи ин маълумот "забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия ба худ ҷиҳатҳои мусбат ва манфиро дошт". Ба қатори ҷиҳатҳои мусбат муаллиф пеш аз ҳама аз доираи муносибатҳои феодалӣ ба доираи муносибатҳои капиталистӣ кашида шудани ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми ин сарзаминро гуфтаанд. Дар ин давра аввалин фабрикаву заводҳо ба вуҷуд омаданд, сохтмони роҳи оҳан оғоз шуд, алоқаи телеграфӣ омад. Иқтисодиёти ин минтақа рӯ ба инкишоф ниҳод. Мардуми Осиёи Миёна ба бозори Русия ва тавассути он ба бозори дигар мамолик дастрасӣ пайдо кард. Имконият пайдо кард, ки дар бозорҳои хеш молҳо истеҳсоли Русия ва дигар кишварҳоро дарёфт намояд. Қатъ шудани ҷангҳои дохилӣ дар байни давлатҳои мустақил ва ниммустақил, ки дар атрофи аморати Бухоро буданд, низ яке аз ҷиҳатҳои дигари мусбати ҳузури Русия дар Осиёи Миёна арзёбӣ шудааст. Бас шудани ҷангҳои дохилӣ барои инкишофи муносибатҳои тиҷоратии байни минтақаҳои гуногун мусоидат кардааст. Дар ҳамин давра Русияи подшоҳӣ идома додани муносибатҳои ғуломдориро дар Осиёи Миёна манъ мекунад, ки ин ҷиҳати дигари мусбати ҳузури русҳо дар минтақа ҳаст. Тавассути намояндагони аҳли илму фарҳанги Русия мардуми Осиёи Миёна имконият пайдо карданд, ки бо таърих, адабиёт, илму фарҳанги русҳо ва тавассути онҳо бо таъриху адабиёт ва илму фарҳанги дигар миллатҳои ҷаҳон беҳтар шинос шаванд. Дар ҳамин давра аввалин маротиба қадамҳои ҷиддӣ дар масъалаи омӯзиши табиати сарзамини мо гузошта шуд. Инҳо ҷиҳатҳои мусбати ҳузури Русияи подшоҳи бар Осиёи Миёна буд. Акнун ҷиҳатҳои манфии ин ҳузурро барои мардуми ин сарзамин ёдовар мешавем. Якум ҷиҳати манфии ин ишғолгарӣ аз он иборат аст, ки мустақилият дар давлатдории ин давлатҳои ин сарзамин аз байн рафт. Дар ин минтақа русҳо аз ҳисоби заминҳои ишғолии хеш кишвари Туркистонро, ки қисми таркибии Русия ҳисоб мешуд, сохтанд. Сохти давлатдорӣ дар ин сарзамин ба куллӣ тағйир хӯрд. Аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ амалан тобеи сиёсати Русия гардид. Ин кишварҳо иҷозати танҳо бо Русия муносибат карданро доштанду халос. Дар ҳудуди генерал-губернатории Туркистон тартиботи мустамликавӣ ҷорӣ гардид. Як идаъ мардум баъди ишғоли сарзаминҳояшон аз сӯйи низомиёни Русияи подшоҳӣ маҷбур шуданд, ки ҷойи зисти хешро тарк карда ба хориҷ аз кишвар ва ё ба манотиқи кӯҳистонии он муҳоҷират кунанд. Таърихнигорони мо асосан дар бораи муҳоҷиратҳои иҷбории мардум дар замони ҳуҷуми юнониҳо, арабҳо, муғулҳо бисёр гуфтаанд, вале аз он ки дар замони ҳуҷуми Русияи подшоҳӣ низ мардум бехонумон шуда ҷойҳои амнтареро ҷустаанд, камтар гуфтаанд. Сабабаш то андозае маълум аст. Ҳузури низомии русҳо ҳанӯз ҳам идома дорад, агарчӣ замона дигар асту кишвар ҳам дигар, кӣ медонад, ки боз чӣ гап мешавад. Вале ба ҳар ҳол имрӯз дар манотиқи кӯҳистонии кишвар, махсусан дар Раштонзамину Хатлонзамин ҳастанд зиёд хонаводаҳое, ки бузургсолонашон бо истинод ба бузургсолони даврони хурдсолиашон қисса мекунанд, ки аҷдоди онҳо ҳудуди 130-140 сол пеш аз Хуҷанду Конибодому Фарғона ба ин манотиқ омадаанд. Ин айнан ҳамон замоне ҳаст, ки низомиёни рус Самарқанду Хуҷанд, Конибодому Ӯротеппаро ба тасарруфи худ дароварда буданд.

Русҳо агарчи хариду фурӯши ғуломонро манъ карда бошанд ҳам, вале дар сохти давлатдории аморати Бухоро ва хонигарии Хева кадом як тағйироти мусбате ба вуҷуд наомад. Баръакс, ҳукуматдорони ин давлатҳои ба ном мустақил дар зери ҳимояи Русия ба тороҷу ғорати мардуми кишварашон боз бештар машғул мешуданд.

Созишномае, ки байни Русия ва Англия дар масъалаи муайян кардани марзи нуфузи ин кишварҳо дар ин минтақа ба имзо расид, халқи тоҷикро, ки дар кӯҳистони Бадахшон зиндагонӣ мекард, ба таври иҷборӣ аз ҳам ҷудо намуд. Дар як мижа задан байни ду бародаре, ки дар ду соҳили як дарёи Панҷ зиндагонӣ мекарданд, чунон садди сиёсиву маъмурие гузошта шуд, ки онҳоро абадан аз ҳам зиндаҷудо кард. Дигар бародар ҳақ надошт, ки дар маъракаҳои шодиву мотами бародараш, ки ҳамагӣ дар масофаи сад қадам дуртар аз ӯ зиндагӣ мекард, бе иҷозати мансабдорони аморати Бухорову Афғонистон, ки мутеи Русияву Англия буданд, ширкат намояд.

(Идома дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97