БОСМАЧӢ КӢ БУД, МАРДИ ВАТАНХОҲ Ё ХОИН?! ё баҳсе, ки бояд поён меёфт

Таърих 09.02.2009 14:43

ИШҒОЛИ САМАРҚАНД

Ба доман паҳн кардани вабои ихтилоф намояндагони ҳукумати Русияи подшоҳӣ сахт мусоидат мекарданд. Онҳо дар ин ихтилофандозиҳо аз қартаи қавм, маҳал, миллат ва мазҳабу дин хеле васеъ истифода мебурданд. Фармондеҳони низомии рус дар фаъолияти хеш ин нозукиҳои муносибати байни инсонҳоро бо додани молу пул ва дигар роҳу имкониятҳо дақиқ омӯхта ба мақсади тавсиъа додани минтақаҳои ишғолии худ ва мустаҳкам намудани мавқеи хеш моҳирона мавриди истифода қарор медоданд.

(Идома)

Масалан, дар шикастҳои пай дар пайи сарбозони амирӣ ва дигар муборизони зидди русҳо мутаассибини шиаву суннӣ бештар ҳамдигарро гунаҳкор мекарданд ва эҳсосоти таассуби мазҳабиро густариш медоданд, ки ин ҳама ба манфиати низомиёни рус буд. Маҳз аз ҳамин сабаб дар дифои шаҳри Самарқанд, мардум натавонистанд, ки алайҳи қӯшунҳои рус муқовимати муташаккилона ва бобарор кунанд. Агарчи беш аз 100 ҳазор муҳофиз дар деҳаи Чӯпонато 1-уми майи соли 1868 алайҳи русҳо ба ҷанг даромада бошанд ҳам, вале ба сабабҳои дар боло номбар шуда худи ҳамон рӯз бо талафоти калони ҷонӣ шикаст хӯрда рӯ ба гурез ниҳоданд. Низомиёни рус рӯзи дуюми майи соли 1868 вориди Самарқанд шуданд. Дар дарвозаи Самарқанд генерал Кауфманро муфтии шаҳр Мирзо Камолиддин бо нону намак пешвоз гирифт.Таърихнависон менависанд, ки муфтӣ ин корро ба он хотир кардааст, ки то аз куштори мардуми бегуноҳ ва ғорати амволи онҳо пешгирӣ карда шавад. Рӯзи дигар Кауфман Мирзо Камолиддинро қозикалони шаҳр таъйин мекунад. Хабари мазкур ба амир Музаффар мерасад ва ӯ аз ғазаб қосиди ин хабарро ба қатл мерасонад.

ШИКАСТИ ПУРРАИ АМОРАТИ БУХОРО

Дар ҳамин ҳол 11-уми майи соли 1868 байни низомиёни рус ва аморати Бухоро як шартномае ба имзо мерасад, ки тибқи он аз ин ба баъд тоҷирони рус метавонистанд озодона дар қаламрави аморати Бухоро ба тиҷорати моли хеш машғул бошанд. Озодона дар ҳудуди аморат фаъолият кардани тоҷирони рус ба он мусоидат намуд, ки аморати Бухоро боз аз дарун беҳтар омӯхта шавад. Нуқтаҳои заъф ва қавии он мушаххас гарданд. Ҳамзамон русҳо бо вуҷуди ба имзо расондани чунин шартнома ба забти заминҳои нав идома медоданд. Масалан 12 май Ургут, 18 май Каттақӯрғон ба тасарруфи қӯшунҳои рус даромад. Амир Музаффар дарк мекард, ки дигар дар муқобили русҳо наметавонад истодагарӣ кунад ва барои ҳамин ҳам майл ба имзои шартномаи сулҳро дошт. Вале он иддаъ ҳокимон ва сарлашкароне, ки мулкашон аз сӯйи русҳо ишғол шуда буд ва худ иҷборан ба манотиқи мухталифи аморати Бухоро паноҳанда шуда буданд, инчунин онҳое, ки дар ин ҳуҷуми русҳо хатари ҷиддиеро барои дину мазҳабу фарҳанг медиданд, аз ин нияти амир воқиф шуда алайҳи ӯ шӯриш бардоштанд. Масалан, муаллифи китоби дар болозикршуда дар ин бора чунин менависад: "Сардори яке аз қабилаҳои қазоқ- Сиддиқтӯра, ки баъди аз тарафи қӯшунҳои рус забт шудани мулкаш-Туркистон гурехта дар Бухоро паноҳ ёфта буд, сар бардошта Ғиждувонро ғорат намуд, Карминаро забт кард ва худро хони чингизнажод ном ниҳод. Олимақомони худи Бухоро ҳам аз амир талаб мекарданд, ки бо "кофирҳо", яъне русҳо ҷангро идома диҳанд. Бо ҳамин сабабҳо амир маҷбур шуд, ки боз майл ба ҷанг намояд. Ӯ дар наздикии Зирабулоқ 15 ҳазор сарбозони савора, 6 ҳазор сарбозони пиёда ва 14 тӯпро бо сарварии Ҳоҷӣ Тӯқсабо ва Усмон Тӯқсабо (казаки гурезаи сибирӣ, ки баъди ислом овардан номи мусулмонӣ барои худ гирифтааст) ҷамъ намуд. Аз рӯйи маълумоти дигар шумораи умумии сарбозон ва мардуме, ки он ҷо ба муқобили аскарони рус ҷамъ намудаанд, ба 50 ҳазор нафар мерасид. Инак, 2 июни соли 1868 дар наздикии Зирабулоқ муҳорибаи сахттарин ва охирини байни Русияю Бухоро ба вуқӯъ омад. Вале мағлубият боз насиби сарбозони амир гардид. Онҳо 1500 нафарро талаф доданд". (Ҳамон ҷо саҳ. 21-22).

АМИР МУЗАФФАР ТАСЛИМ МЕШАВАД

Баъди ин ғалабаи худ Кауфман ба амир Музаффар пешниҳод мекунад, ки ба шартномае имзо гузорад, ки мӯҳтавои он мағлубияти аморати Бухороро пурра ифода мекард. Ин шартнома рӯзи 23-июни соли 1868 ба имзо мерасад, ки тибқи он "амир вазифадор шуд; аз заминҳои забтнамудаи қӯшунҳои рус, азҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҷиззах, Самарқанд ва Каттақӯрғон, ба фоидаи Русия даст кашад; ба хазинаи ҳукумати подшоҳӣ чун товони ҷанг 125 ҳазор тилло (500 ҳазор сӯми русӣ) фиристад; аз хоки Бухоро хати телеграф гузаронад; ба тоҷирони Русия имконияти дар сарзамини аморат озодона амал карданро диҳад; дар дарёи Омӯ ба киштигардии Русия мамониат накунад; ғуломдориро манъ намояд ва ғайраву ҳоказо. Мувофиқи ин шартнома амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо дигар давлатҳои ҳамсоя маҳрум мегардид. Яъне дар асоси ин шартнома аморати Бухоро дар ҳақиқат аз ҷиҳати ҳуқуқ (юридикӣ) бояд тобеи Русия мегардид". (ҳамон ҷо саҳ. 22).

Агарчи ин шартномаро подшоҳи Русия Александри II бо сабабҳои сиёсиву иқтисодӣ тасдиқ накарда бошад ҳам, вале аморати Бухоро бехабар аз кори подшоҳи Русия миқдори муайяни товони ҷангро ба хазинаи ҳукумати Русия мефиристад.

ШӮРИШИ ПИСАР АЛАЙҲИ ПАДАР

Аз ин шартномаи байни аморати Бухорову Русия пеш аз ҳама наздикони амир Музаффар норизо буданд. Писари калонии ӯ Абдумаликтӯра (Каттатӯра) дар раъси онҳо буд. Тарафдоронаш ӯро ҳатто амир эълон карданд. Ҳокимони Китобу Шаҳрисабз, ки мулкҳои ниммустақил ба шумор мерафтанд ва он фармондеҳоне, ки дар ҷангҳои Русия мағлуб шуда буданд, вале қисме аз сарбозонашонро бо худ доштанд, масалан, Сиддиқтӯраи қазоқ, ба тарафи Абдумаликтӯра гузаштанд. Тибқи иттилое дар ҳамон замон писари амир Музаффар 8 ҳазор аскар ба муқобили падараш дошт. Марказаш дар шаҳри Қаршӣ буд. Амир Музаффар ба хотири аз даст надодани тахту тоҷ ва шикаст додани шӯриши писараш барои кӯмак ба душмани дирӯзааш генерал Кауфман муроҷиат мекунад. Кауфман барои пахш кардани шӯриш қӯшунҳои худро бо сарварии генерал А.К.Абрамов ба кӯмаки амир Музаффар мефиристад.

27 октябри соли 1870 сарбозони амир ва аскарони русӣ дар як ҳамлаи муштарак ба Қаршӣ ба нирӯҳои Абдумаликтӯра зарбаи қатъӣ зада, ӯро водор ба гурез намуданд. Дар ин ҷанг сарбозони амир ва низомиёни рус Қарширо талаву тороҷ карда, мулкҳои Китобу Шаҳрисабзро тобеи аморати Бухоро намуданд. Абдумаликтӯра ба Қошғари Хитой гурехт.

ЗАБТИ ВОДИИ ЗАРАФШОН

Русияи подшоҳӣ баъд аз он ки Самарқандро ба зери тасарруфи худ гирифт, мулкҳои ниммустақили атрофи он Каттақӯрғон ва махсусан болооби Зарафшон ё худ Кӯҳистонро, ки минтақаҳои Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут ва Моғиён ба он дохил мешуданд, қаламрави худ эълон кард ва онро музофоти Зарафшон номид. Генерал А.К. Абрамов сарвари ин музофот таъйин гардид. Генерал Абрамов зери пӯшиши эъзомияи илмӣ, яъне бо баҳонаи омӯзиши табиат, ҳайвоноту набототи Кӯҳистон 25 апрели соли 1870 бо як ҳайате иборат аз 200 нафар казакҳои мусаллаҳ, ротаи пиёдагард ва взводи пулемётчиҳои кӯҳгард, ки баъдан аз ҳисоби низомиёни дар Ӯротеппа будаи русҳо тақвият ёфтанд, ба сӯйи водии Зарафшон ҳаракат кард. Муаррих Намоз Ҳотамов дар китоби худ менависад: "Моҳи август шаҳри Панҷакент бе муҳорибаи ҷиддӣ ба ихтиёри қӯшунҳои рус гузашт. Вале дар деҳаи Артуч, Панҷрӯд, Даштӣ, Кулолӣ, Фалғар, Мастчоҳ ва ғайра ҷангҳои шадид ба амал омадааст. Дар ин амалиёт бисёр деҳаҳоро бо ҳукми Абрамов ба хок яксон намудаанд. Моҳи июни соли 1871 эъзомия амалиёти худро ба охир расонид. Аз ҳисоби мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии болооби Зарафшон "Туманҳои Кӯҳистон" ташкил ёфт ва он ба музофоти Зарафшон ҳамроҳ карда шуд". (Ҳамон ҷо саҳ.24).

СУҚУТИ ХЕВА

Баъди он ки ҳукумати подшоҳии Русия дар Осиёи Миёна мавқеи худро аз ҷиҳати низомиву сиёсӣ хеле мустаҳкам кард, ба қасди пурра тобеъ кардани хонигарии Хева афтод. Бо истифода аз нирӯҳои низомии дар Тошканд будаи худ ва кӯмаки низомиён аз самти Оренбург ва нирӯҳои дар Қафқоз будааш, ки дар маҷмӯъ теъдодашон аз 12 ҳазор мусаллаҳ беш буд, миёнаҳои моҳи майи соли 1873 ба Хева ҳамла бурда, онро ба тасарруфи худ дароварданд. Хони Хева Сайид Муҳаммад Раҳими II ба шартномае имзо гузошт, ки тибқи "он Хева тобеи Русия гардида, бояд чун товони ҷанг ба хазинаи подшоҳӣ 2 миллиону 200 ҳазор сӯм медод. Аз заминҳои хонигарӣ соҳилҳои рости дарёи Аму ба ихтиёри Русия гузашт". (Ҳамон ҷо саҳ. 25). Шояд хонандаи гиромӣ суол бидиҳад, ки дар ин ҷанги байни Русияву хонигарии Хева Амири Бухоро Музаффархон кадом мавқеъро ишғол мекард? Бояд гуфт, ки амир Музаффар дар ин ҷанг ба низомиёни рус кӯмаки амалӣ кард ва ба ивазаш Русияи подшоҳӣ заминҳои Чорҷӯйро аз ихтиёри хони Хева гирифта ба ихтиёри ӯ медиҳад.

ШАРТНОМАИ СОЛИ 1873

Баъди ғалабаҳои навбатии худ ҳукумати Русияи подшоҳӣ ҳукумати аморати Бухороро водор месозад, ки ба шартномаи дигаре, ки ҳимояи манфиатҳои Русияро бештар дар мадди назар дошт, имзо гузорад. Ин шартнома 28 сентябри соли 1873 дар Шаҳрисабз иборат аз 18 банд ба имзо мерасад, ки он то ба сари қудрат омадани болшевикҳо дар Русия дар соли 1917 ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии байни Бухоро ва Русия буд. Тибқи ин шартнома тарафҳо ӯҳдадор мешуданд, ки "дар Осиёи Миёна дар сарзамини дар зери нуфузи худ буда, инкишофи муносибатҳои тиҷоратӣ ва озодона шино кардани киштиҳоро дар дарёи Омӯ таъмин мекунанд; тоҷирони рус натанҳо барои дар тамоми шаҳру ноҳияҳои аморати Бухоро озодона амал намудан ҳуқуқ пайдо карданд, балки онҳо дар ҳимояи махсуси ҳукумати амирӣ низ буданд; аз молҳои тарафайн бояд аз 2,5 фоиз зиёд андоз-закот гирифта намешуд; молҳои русӣ ба воситаи сарзамини Бухоро ба дигар давлатҳо бебоҷ гузаронида мешуд; тоҷирони ҳар ду тараф метавонистанд дар доираи Осиёи Миёна корвонсарои худро дошта бошанд. Ғайр аз ин тоҷирони рус дар соҳилҳои дарёи Омӯ истгоҳ (бандар) ва анборҳо сохта метавонистанд; ба раъиятҳои тарафайн, аз рӯйи қонунҳои мавҷуда, ҳуқуқи дар ҷои дилхоҳ машғули касбу ҳунар шудан дода мешуд. Инчунин онҳо метавонистанд мулки ғайриманқула, яъне хона, боғ, замини корам дошта бошанд; тарафайн намояндагии худро дар Тошканд ва ҳукумати Русия дар Бухоро дошта метавонистанд; тарафи ҳукумати амирӣ вазифадор карда мешуд, ки дар сарзамини аморат хариду фурӯши одам, яъне ғуломдориро манъ намояд" (Ҳамон ҷо саҳ. 26).

Ин шартнома агарчи аморати Бухороро ҳамчун кишвари мустақил зоҳиран бишносад ҳам, вале дар асл онро ба мустамликаи Русияи подшоҳӣ табдил дода буд.

Соли 1893 яке аз нишонаҳои мустақилияти аморати Бухоро, яъне доштани пули худӣ, аниқтараш сикка задани тангаи нуқрагин бо хоҳиши вазорати молияи ҳукумати подшоҳӣ аз миён бардошта мешавад. Аз ҳамон сол сар карда аморати Бухоро ҳақ надошт, ки пули худро барорад. Ҳар як тангаи амириро бонкҳои Русия харидорӣ мекарданду аз муомилот боз медоштанд. Вале бояд гуфт, ки тангаи бухороӣ то аз байн рафтани сохти давлатдории амирӣ, дар қатори рубли русӣ, дар муомилот вуҷуд дошт.

Амирони Бухоро ба тадриҷ чунон ҳам зери фишори генерал-губернаторӣ қарор гирифтанд, ки дигар ҳақ надоштанд бе розигии подшоҳи Русия валиаҳди хешро интихоб намуда, баъдан онро ба сари тахт биёранд. Ин корро подшоҳи Русия мекард. Бо амри подшоҳи Русия ҳар як амири Бухоро фарзандони худро барои аз озмоиш ва санҷишҳои подшоҳи рус гузаштан таи чанд муддат ба Санкт Петербург мефиристод. Ин шоҳи Русия буд, ки аз миёни фарзандони амир валиаҳди ояндаро интихоб мекард.

Ҳукумати подшоҳӣ дар ҳамин давра боз ба як кори барояш хеле муҳим- муҳоҷиркунонии деҳқонони рус ба сарзаминҳои ишғоли шурӯъ кард. Масалан аз соли 1868 то 1882 дар вилояти Ҳафтрӯд 29 маҳаллаи руснишин бо аҳолии 25 ҳазор нафар, дар вилояти Сирдарё 19 маҳаллаи руснишин бо аҳолии 1330 нафар вуҷуд дошт. Тибқи омори ҳамон солҳо, масалан, соли 1896 дар уезди Хуҷанди вилояти Самарқанд шаш маҳаллаи руснишин будааст, ки дар онҳо беш аз ҳазор нафар русҳо зиндагонӣ мекарданд…

Баъди тобеи Русияи подшоҳӣ шудани сарзаминҳои ишғолӣ аҳволи мардуми оддӣ боз ҳам бадтар шуд. Мардум акнун мавриди зулму истибдоди ҳам русҳо ва ҳам ҳокимони маҳаллӣ қарор мегирифтанд ва ин боиси норозигии шадиди онҳо мешуд, ки гоҳҳо маҷбуран даст ба исёну шӯришҳо мезаданд. Масалан, дар хонигарии Қӯқанд соли 1873 шӯриши мардумие алайҳи Худоёрхон сар зад, ки он то соли 1876 идома пайдо кард. Худоёрхон ба кӯмаки худ қӯшунҳои русро даъват кард. Хулосаи кор ҳамин шуд, ки русҳо аз як тараф қариб 20 ҳазор шӯришгарро ба шаҳодат расонданд ва аз тарафи дигар билохира 19 феврали соли 1876 худи хонигарии Қӯқандро барҳам дода ба ҷойи он дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон боз як вилояти нав, вилояти Фарғонаро ташкил доданд ва генерал М.Д. Скоблев губернатори ҳарбии он таъин гардид.

(Давом дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97