БОСМАЧӢ КӢ БУД, МАРДИ ВАТАНХОҲ Ё ХОИН?!ё баҳсе, ки бояд поён меёфт

Таърих 26.01.2009 14:28

(Идома)

Ҳамин тариқ, тақрибан 150 сол пеш дар Осиёи Миёна се давлати мустақил, азҷумла аморати Бухоро, хонигарии Қӯқанд, хонигарии Хева ва якчанд мулки ниммустақил, аз қабили Шаҳрисабз, Китоб, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб, Балҷувон ва ғайра вуҷуд доштанд. Давлате бо номи Тоҷикистон дар ин сарзамин вуҷуд надошт.

Вале тоҷикон асосан дар тамоми ин давлатҳои мустақил ва ниммустақил дар баробари дигар миллатҳои ин сарзаминҳо зиндагӣ мекарданд. Аморати Бухоро, яъне давлати пурқудраттари ин минтақа, ки коргузории расмияш бо забони тоҷикӣ буд, дар дасти хонадони як қабилаи манғитӣ буд, ки дар асри 13 аз Муғулистон ба Даштҳои Қипчоқ кӯчида дар ҳамин ҷо забони туркӣ-қипчоқиро қабул карда буданд.

Ин қабила дар асри 14 аз Қипчоқ ба Мовароуннаҳр меоянд ва ба хизмати хонҳои Аштархонӣ дохил мешаванд. Сарвари ин қабила Муҳаммад Ҳакимбий дар замони ҳукмронии охирин намояндаи аштархониҳо Абдулфайзхон баландтарин унвони давлатдорӣ-оталиқиро мегирад. Оталиқ шахсеро мегуфтанд, ки амир дар ҳамаи корҳои муҳими давлатдориаш бо ӯ маслиҳат мекард. Баъдан намояндагони ин хонадон аз соли 1753 то 1920 расман умури давлатдориро дар Бухоро ба дасти худ гирифтанд. Як нуктаи муҳимро бояд бигӯем, ки он замон дар байни ин давлатҳои мустақилу ниммустақили Осиёи Миёна ҳамеша душманӣ вуҷуд дошт. Ҳар сари чанд вақт байни онҳо ҷангҳое сурат мегирифт, ки бори гарони онро мардуми оддӣ ба дӯши хеш доштанд. Дар чунин шароит Русияи подшоҳӣ низ дар аввалҳои асри 19 дар назди худ мақсад мегузорад, ки Осиёи Миёнаро ба тасарруфи худ дарорад. Барои чӣ?

Барои он ки мо тоҷиконро аз зери юғи манғитҳо озод кунад? Истиқлолияти давлатӣ бубахшад? Ё бароямон зиндагонии бофараҳеро ҳадя бисозад? Ё аққалан аз зулми амалдорони маҳаллӣ наҷот бидиҳад? Не, албатта! Русия аз ин ҳамла болои Осиёи Миёна ҳадафҳои хешро дунболагирӣ мекард. Барои Русияи подшоҳӣ тассаруфи Осиёи Миёна чӣ аҳамият дошт?

АҲДОФИ АСЛИИ РУСИЯ ВА ТАСАРРУФИ ҚӮҚАНД

Якум, Русия, ки даъвои абарқудрати ҷаҳон шуданро дошт, мехост аз тариқи Осиёи Миёна ба уқёнусҳои киштигард дастрасӣ пайдо кунад.

Дуввум, Русия мехост Осиёи Миёнаро ба манбаи ашёи хом, яъне пахта табдил бидиҳад. Дар ин давра дар Русия фабрикаҳои бофандагӣ навакак ба вуҷуд омада буданд ва ба пахта сахт эҳтиёҷ доштанд. Саввум, Русия мехост дар Осиёи Миёна бозори моли саноати рӯ ба инкишофи хешро пайдо кунад.

Ва чорум, ба Британияи Кабир, ки яке аз кишварҳои абарқудрат дар сиёсати ҷаҳонӣ ба шумор мерафт, дар Осиёи Миёна, дар сарҳадоти мустамликаи он -Ҳиндустон, фишор оварад ва ӯро маҷбур ба гузаштҳои сиёсиву низомиву марзӣ дар манотиқи дигари ҷаҳон кунад.

Акнун, биёед, бубинем, ки забти Осиёи Миёна аз сӯйи Русия чӣ гуна сурат гирифтааст.

Бори аввал "зимистони соли 1839 Русия ба мақсади "танбеҳ" додани хонии Хева бар зидди он амалиёти ҳарбӣ сар кард. Ба қушуни 4 ҳазораи русҳо генерал губернатори Оренбург В.А. Перовский сарварӣ намуд. Вале ин ҳуҷуми ҳарбӣ барор нагирифт". (Намоз Ҳотамов "Таърихи халқи тоҷик" (аз солҳои 60-уми асри 19 то соли 1924), Душанбе, соли 2007, саҳ.12). Аз ин бебарорӣ ҳукумати Русияи подшоҳӣ хулосаи барои худаш зарурӣ бароварда барои ҳуҷумҳои нав ба Осиёи Миёна омодагии бештаре мегирад. Баъдан ба тадриҷ "соли 1847 ба соҳилҳои баҳри Арал расида, дар резишгоҳи дарёи Сир истеҳкоми Раим (ҳозира қалъаи Арал)-ро бино карданд… Соли 1852 отряди 469 нафараи қӯшунҳои рус, бо ду тӯп, аз самти Оренбург, ба қалъаи Оқмачит (Қизилӯрдаи ҳозира), ки мулки хонигарии Қӯқанд буд, ҳуҷум карданд ва 72 нафарро талаф дода, қафо гаштанд. Соли 1853 генерал-губернатори Оренбург В.А.Перовский бо отряди 2-ҳазорнафара, бо 12 тӯп ва 5 мортира (тӯпи кӯтоҳмил) ба муқобили Оқмачит бори дуввум ҳуҷум кард. Он лаҳза Оқмачитро, ки нуқтаи муҳими стратегӣ ба ҳисоб мерафт, ҳамагӣ 250 нафар сарбозони қӯқандӣ муҳофизат мекарданд. Муҳосираи қалъа 22 рӯз давом кард. 28 июли соли 1853 қалъа аз тарафи қӯшунҳои рус забт карда шуд. Аз муҳофизони он танҳо 74 нафар зинда монданд, ки 36 нафари онҳо ҳам ярадор буданд" (ҳамон ҷо, саҳ. 12). Хулоса,баъд аз ин қӯшунҳои рус ба тадриҷ оҳиста -оҳиста ба дарвозаҳои Тошканд, ки он вақт мулки хонигарии Қӯқанд ба ҳисоб мерафт, расиданд. Инак, " 1 октябри соли 1864 қӯшунҳои рус бо сарварии генерал Черняев ба Тошкад аввалин бор ҳуҷум карданд, вале бебарор ба Чимкент баргаштанд… 29 апрели соли 1865 Черняев ба сӯйи Тошканд бори дуюм ҳуҷум кард. Ӯ дар аввал дамбаи дарёи Чирчикро вайрон карда, канали Анҳорро хушк намуд ва шаҳрро беоб гузошт. Чангҳои шадид ба вуҷуд омаданд. Фақат шаби аз 14 ба 15 июни соли 1865 ба Черняев муяссар гардид, ки ба шаҳр дарояд. Дар натиҷа ҷангҳои сахти кӯчагӣ оғоз ёфт, ки он се рӯз давом кард. Ниҳоят 17 июн Тошканд аз тарафи Черняев забт карда шуд… Ҳукумати подшоҳӣ… моҳи октябри соли 1865 ба тарзи расмӣ ба ҳайати Русия дохил шудани Тошкандро эълон кард" (ҳамон ҷо саҳ. 14).

ХУҶАНД ЧӢ ГУНА БА ТАСАРРУФИ РУСИЯ ДАРОМАД?

Душманӣ байни аморати Бухоро ва хонигариҳои Қӯқанду Хева он чунон шадид буд, ки қӯшунҳои рус аз нисф масоҳати Осиёи Миёнаро забт карда бошанд ҳам, вале амир Музаффар намехост ба ҷанги муқобили қӯшунҳои Русия ворид шавад. Танҳо баъди он ки "баъзе гурӯҳҳо амирро барои дар ҷангҳои муқобили Русия иштирок накарданаш на танҳо сарзаниши сахт, балки қасди ҷонашро карданд… ӯ маҷбур шуд, ки ба ҷанги муқобили Русия омодагӣ бинад" (ҳамон ҷо саҳ. 15).

"Дар Бухоро ба ҷанг омодагии амир ҳанӯз давом дошт. Вале охири январи соли 1866 як теъдоди нисбатан хурди қӯшунҳои рус бо сарварии генерал Черняев, ки иборат аз 14 ротаи пиёдагард ва 600 нафар казакҳои рус, бо 16 адад тӯпҳо буданд, ба Ҷиззах расиданд. Дар натиҷа, дар Ҷиззах ва атрофи он муҳорибаи сахттарин байни ҳимоятгарони қалъа ва қӯшунҳои Черняев ба амал омад. Каси бисёре кушта ва захм диданд. Дар ин муҳориба махсусан муҳофизони қалъа бо сарварии Ҷянхоҷа тӯқсабо мардонагӣ нишон доданд. Онҳо аз қалъа баромада дар майдон бо сарбозони рус сахт ҷангиданд. Чунин ҳолат генерал Черняевро ба гурехтан маҷбур намуд ва ҳангоми гурехтан ӯро то 8-10 ҳазор нафар муҳофизони қалъа таъқиб карданд. Дар натиҷа ҷанги аввали Ҷиззах бо ғалабаи бухороиён, аниқтараш ҷиззахиён ва бо мағлубияти Черняев анҷом ёфт" (ҳамон ҷо саҳ. 15).

Моҳи майи соли 1866 қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ дар Майдаюлғун ё худ Эрҷор (дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд) бори дигар бо сарбозони амир Музаффар даргир шуданд ва онҳоро ба шикаст мувоҷеҳ сохтанд. Амир Музаффар, ки дар ин ҷанг шахсан ширкат мекард, бо шурӯъи он ҳамроҳи посбонҳояш ба Самарқанд гурехтанд. Қӯшуни Русияи подшоҳӣ чун мебинад, ки дигар қуввае нест, ки бо он муқобилият кунад, бе мамониат ба чуру чаповул ва ғорати мардуми маҳаллӣ, аз он ҷумла аҳолии шаҳрҳои калон низ машғул мешавад. Вале пеш аз он ки ба ин кор машғул шаванд, мардуми он ҷоро бо зарби тири тӯпу гулӯла аз байн мебаранд ва ё маҷбур ба фирор мекунанд. Ҳамин корро онҳо бо мардуми шуҷои Хуҷанд низ раво дидаанд. Бубинед, дар ин бора дар китоби дар боло зикршуда чи навишта шудааст: "Шаби аз 19 ба 20 майи соли 1866 онҳо ба шаҳри Хуҷанд наздик шуда аз 18 тӯп ва 8 мортир (тӯпи кӯтоҳмил) шаҳрро тирборон карданд. Саҳарии 21 май муҳосираи шаҳр оғоз ёфт. Вале аз сабаби муқобилияти сахти муҳофизони шаҳр, аскарони рус ба шаҳр дохил шуда натавонистанд. Барои мудофиаи шаҳр на танҳо мардуми он- тоҷикон, атрофи он, дар қатори тоҷикон узбакон низ мардонагӣ нишон доданд. Аскарони бағазабомадаи подшоҳӣ шаҳрро се шабонарӯз ба зери тӯппаронии мунтазам гирифтанд. 24 май қӯшунҳои рус ба шаҳри валангоргардида соҳиб шуданд. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо, аз ҳисоби муҳофизони шаҳри Хуҷанд фақат ҳалокшудагон ба 2,5 ҳазор нафар расидааст, ки маросими дафни ҷасади онҳо як ҳафта давом кардааст. Аз тарафи забткорон бошад ҳамагӣ 5 нафар ҳалок шуду халос. 28 май Нов аз ҷониби қӯшунҳои рус забт гардид… 1 октябр аз тарафи онҳо Ӯротеппа муҳосира гардид, ки онро 4 ҳазор нафар муҳофизат мекарданд. 2 октябр шаҳр аз тарафи забткорон ишғол карда шуд. Талафоти ҷонии муҳофизон хеле бузург буд" (Ҳамон ҷо саҳ. 16-17).

ТАШКИЛИ ГЕНЕРАЛ-ГУБЕРНАТОРИИ ТУРКИСТОН

Бо вуҷуди шикастҳои пай дар пай амир Музаффар ба муҳорибаҳои нави зидди қӯшунҳои рус омодагӣ медид. Ин корро амир Музаффар дар Ҷиззах мекард. "Ҷиззах он лаҳза аз ҳар ҷиҳат ба истеҳкоми мустаҳкам табдил ёфта буд. Илова ба ду қабат девори аввала, боз девори сеюм сохта шуд. Барои мустаҳкам кардани қалъа дар муддати ҳашт моҳ ҳазорҳо нафар мардуми тоҷику узбак кор карданд. Ҳангоми ҷангҳо бошад шумораи муҳофизони қалъаи Ҷиззах 10 ҳазор нафарро ташкил додааст. Аз ҳамин сабаб ҳам барои забти ин қалъа 7 рӯз ҷангҳои шадид давом кард. Муҳофизон низ, ки асосан тоҷикону узбакон буданд, матонату далерӣ нишон доданд. Вале дар рафти ҷангҳои шадид қӯшунҳои рус пеши роҳи обро баста, бо ин муҳофизонро дар ҳолати мураккабтарин гузошт. Ниҳоят, 18 октябр қалъаи вайрона, бо 2,5 ҳазор нафар қурбоншудагон ва маҷрӯҳони бисёр, насиби аскарони рус гардид" (Ҳамон ҷо саҳ. 17).

Баъди ин нокомӣ як ҷанги дигаре байни ишғолгарон ва мардуми маҳаллӣ, ки ба кӯмакашон туркманҳову афғонҳо омада буданд, дар Янгиқӯрғон ба вуқӯъ мепайвандад. Дар ин ҷанг низ ғалаба насиби қӯшунҳои рус мегардад. Бояд гуфт, ки русҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ кӯшиш мекарданд, қонуну қоидаҳои ҳукумати Русияи подшоҳиро ҷорӣ намоянд. Масалан, онҳо соли 1867 генерал- губернатории Туркистонро ташкил доданд, ки он заминҳои аз соли 1847 то он лаҳза аз мулкҳои хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро забт намудаи қӯшуни русро дарбар мегирифт. Генерал-губернаторӣ аз ду вилоят иборат буд. Вилояти Сирдарё бо марказ дар Тошканд ва вилояти Ҳафтрӯд бо марказ дар Верный (Алма-Ато). Тибқи ин тақсимот мулкҳои Хӯчанд, Нов, Ӯротеппа, Ҷиззах ба ҳайати вилояти Сирдарё дохил мешуданд. Маркази генерал-губернатории Туркистон шаҳри Тошканд буд. Худи ҳамон сол дар баробари генерал-губернаторӣ округи ҳарбии Туркистон низ ташкил ёфт. Аз ҳамон давра то ба имрӯз пойи низомии рус ба мӯҳлати кӯтоҳе ҳам бошад аз Осиёи Миёна канда нашудааст. Дар омади гап мегӯем, ки базаи низомии 201-и кишвари Русия, ки дар хоки мо мустақар аст ва феълан ягона пойгоҳи низомии русҳо дар Осиёи Миёна мебошад, метавон гуфт ҳамакнун таърихи 141 сола дорад. Аввалин генерал -губернатори Туркистон генерал-адъютант, барон фон К.П. Кауфман таъин гардид. Ба ин генерал шоҳ Александри 11 ҳуқуқҳои васеъ дода буд. Ӯ мустақилона метавонист бо давлатҳои ҳамсоя, азҷумла аморати Бухоро, хонигариҳои Қӯканду Хева, масъалаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, сарҳадӣ ва ҳатто ҷангу сулҳро дар миён гузорад ва ҳаллу фасл намояд.

Бояд гуфт, ки генерал-губернатории Туркистон ба мисли дигар губернияҳои Русия на ба вазорати корҳои дохилӣ, балки ба вазорати ҳарбии ҳукумати Русияи подшоҳӣ итоат мекард. Дар қаламравӣ генерал-губернаторӣ воҳидҳои маъмурӣ- ҳудудӣ ба тарзи русӣ номгузорӣ ва идора мешуданд. Чунончи генерал губернатории Туркистон ба вилоятҳо, вилоятҳо ба уездҳо, уездҳо ба волостҳо тақсим шуда буданд.

Генерал-губернатор, ки асосан шахси низомӣ буд, роҳбарии ҳам корҳои мулкӣ ва ҳам низомиро ба ӯҳда дошт. Генерал-губернатор ҷонишин дошт ва таҳти роҳбарии онҳо шӯрои махсус аз амалдорони ҳарбӣ ва граждании кишвар амал мекард.

Органи иҷроияи генерал-губернаторӣ бошад конселария ба ҳисоб мерафт, ки дар навбати худ аз се шӯъба иборат буд: Шӯъбаи аввал, шӯъбаи масоили маъмурӣ.Шӯъбаи дуюм, шӯъбаи масъалаҳои замину андоз, сохтмон, алоқа, молия, воридоту содирот. Шӯъбаи махсус, шӯъбаи дипломатӣ ё худ намояндаи вазорати хориҷии кишвар дар сарзаминҳои ишғолӣ.

Ташкили генерал-губернатории Туркистони Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна, ки хатари азиме барои истиқлолияти аморати Бухоро, хонигариҳои Хеваву Қӯқанд буд, на танҳо барои роҳбарони ин кишварҳо ҳушдоре нашуд, балки ихтилофу зиддиятро миёни онҳо хеле тезу тунд кард.

(Идома дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97