Аз таърих сабақ гирифтан нишонаи хирадмандист ва ё таърих танҳо барои ифтихор кардан ё наҳ задан нест
ДАР САБАБИ ТАЪЛИФИ ИН МАҚОЛА
Вақтҳои охир дар матбуоти даврӣ сари мавзӯъҳои таърихӣ, махсусан даврони Ҳокимияти шӯроҳо дар кишвари мо, мақолаҳое ба нашр мерасанд, ки аз ҷиҳати маъниву мундариҷаи хеш сахт хилофи ҳамдигаранд. Бархе аз муаллифони ин мақолаҳо ин давронро, ки тақрибан 75 соли таърихи миллатамонро дар бар мегирад, қариб ки беҳтарин марҳилаи давлатдории тоҷикон дар тӯли таърихи башарӣ номидаанд.
Иддаи дигари нависандагони ин гуна матолиб бар ин назаранд, ки дар тӯли ин 70-80 соли ахир миллати тоҷик он қадар фоҷиаву бадбахтиҳоеро таҳаммул кардааст, ки ҳатто бо пайомадҳои асафбори юришҳои истилогарони юнонӣ, араб ва муғул болои мардуми ин сарзамин қобили муқоиса нестанд.
Ба гуфтаи ин муаллифон фоҷиае, ки дар замони сохти давлатдории шӯравӣ ба сари мардуми кишвари мо омад, даҳҳо ва ҳатто садҳо маротиба сангинтар аз он мусибату уқубате будааст, ки пеш аз ин тоҷикон ҳини тохтутозҳои ваҳшиёнаи аҷнабиён заҳри онро чашидаанд.
Ин гуна мақолаҳо он иддаъ хонандаи оддиро, ки чандон маълумоти хуби таърихӣ надорад, метавонад ба иштибоҳ биандозад. Ва ӯро дар баҳо додан ба воқеаҳои таърихӣ ба роҳи хато бубарад. Ҳадди аққал метавонанд дар дуроҳа қарор бидиҳад, ки ин чиз дар оғози истиқлолияти давлатие, ки ҳамакнун дорем, чандон ба манфиати халқу кишвар нахоҳад буд. Махсусан, насли аз 35 сола поён, ки аз нисфи зиёди аҳолии кишварро ташкил медиҳад, дар ҳамин вазъияти таҳайюр ба арзёбии ҳодисаҳои таърихӣ қарор доранд. Зеро аксари онҳо бо сабабҳои объективию субъективӣ аз фарогирии донишҳое маҳрум мондаанд, ки имкони мустақилона баҳо додан ба воқеа ва таҳаввулотро барояшон то андозае маҳдуд сохтааст.
Замони истиқлолият барои таърихнигорони мо имкониятҳои наверо фароҳам овард, озодӣ дод, дастҳояшонро боз кард. Дастрасӣ ба манбаъ ва сарчашмаҳои тозаи таърихӣ, ба хусус асноди бойгониҳои мухталифи замони шӯравӣ ба онҳо имконият дод, ки бо як диди тоза, бо нигоҳи объективона, аз мавқеи шаҳрванди як давлати соҳибистиқлол ба ҳодиса ва воқеаҳо баҳогузорӣ кунанд ва онҳоро шарҳу эзоҳ бидиҳанд. Бале, дар байни муаррихони муосир низ ёфт мешаванд нафарони алоҳидае, ки ҳанӯз ҳам пойбанд ва зери таъсири идеологияи сохти давлатдории қаблӣ буданашон аз навиштаҳояшон баръало эҳсос мешавад.
Вале ба ҳар ҳол таҳаввулоти мусбате дар таърихнигории навин, ба хусус дар масъалаи баҳодиҳӣ ба ҳодисаву воқеа¬ҳои даврони ҳукумати шӯравӣ сурат гирифта истодааст ва ба назар нагирифтани ин таҳаввулот дар журналистикаи муосири тоҷик кори чандон дурандешонае намебуд. Мутаассифона, дар баҳсу мунозираҳое, ки дар ин авохир дар матбуоти мо пиромуни баъзе ҳодисаҳои замони давлатдории шӯравӣ сурат мегиранд, ҳамин тарафи масъала камтар ба инобат гирифта мешавад. Масалан, яке аз чунин мавзӯъҳои муҳим мавзӯйи муқовиматҳои низомиву сиёсии байни ҷонибдорони сохти давлатдории амирӣ ва барпокунандагони сохти Ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар инъикоси ин мавзӯъ журналистони имрӯзаи тоҷик асосан ба ду ҷониб тақсим шудаанд.
Якум журналистоне, ки аз муборизони зидди барпокунандагони Ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон дифоъ мекунанд ва онҳоро муҷоҳидон ва ё муборизони роҳи озодӣ меноманд ва дуввум рӯзноманигороне, ки қувваҳои зидди Ҳокимияти шӯравиро душмани халқ ва ё аниқтараш босмачӣ гуфта аз амалкарди барпокунандагони ин сохти нави давлатдорӣ, ки асосан таҳти раҳбарии коммунистони болшевики Русия амал мекарданд, ҷонибдорӣ мекунанд. Ин баҳс дер боз дар матбуоти мо идома дорад, вале вақтҳои охир он, махсусан, дар саҳифаҳои нашрияҳои хусусӣ шиддат гирифтааст. Дар ин баҳс ҳақ ба ҷониби кист? Ва умуман ба баҳс кашида шудани ин мавзӯъ дар матбуоти муосир оё ба мақсад мувофиқ аст ва муҳимтар он ки оё он саривақтист? Мо дар ин мақола дар ин бора ва инчунин оиди масъалаи аз таърихи гузаштаи на чандон дури худ чӣ гуна сабақ бояд бигирем, бо истифода аз мисолҳои мушаххасе, ки аз таърихи муносибатҳои Русияву Тоҷикистон гирифтаем, аз дидгоҳи як рӯзноманигори мустақил ибрози ақида менамоем.
ҲАНӮЗ ДЕР НАШУДААСТ
Аз нуқтаи назари банда ба ин баҳсе, ки 17 сол пеш ва ё шояд хеле пештар оғоз ёфта буд, бояд дар як муддати кӯтоҳ ҳамон вақт, яъне баробари ба даст овардани истиқлолият, бо касби як натиҷаи барои ҳама аҳолии кишвар қобили қабул хотима мебахшидем. Ин корро мо он замон накардем ва таърих нишон дод, ки ин бефаъолиятии мо дар қиболи ин масъалаи муҳим чи гуна бар зарари мо анҷом гирифт. Бадхоҳони миллати тоҷик дар як фурсати барояшон мусоид маҳз аз ҳамин ихтилофе, ки асосан дар ҳамин масъала миёни тоҷикон шадидтар ба назар мерасид, низ маккорона истифода бурда, миллатро ба хоку хун кашиданд. Миллати рус, ки бархе аз намояндагонаш сохти давлатдории шӯравиро иҷборан болои худи ин миллат ва як қатор миллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон бор карда буданд, тавонист дар худ нирӯе пайдо кунад, ки баъди соҳибистиқлол шудан аз ба фоҷиа табдил ёфтани ин ихтилофҳои дар ҷомеа аз шӯравӣ ба мерос монда ҷилавгирӣ намояд. Миллати рус чӣ кор кард, ки дуввумбора дар тӯли ин 70 соли ахир дар Русия ҷанги шаҳрвандӣ сурат нагирифт? Ҳатто бо вуҷуди он ки дар ҳамон замон (соли 1993) гурӯҳи одамоне ёфт шуданд, ки ба парлумонашон аз тонк парронданд, русҳо чӣ кор карданд, ки оташи ҷанг дар кишварашон шӯълавар нашуд?
Шояд он замон онҳо ҳама корро барои оғоз шудани ҷанг карданд, вале ба ҷуз як кор. Миллати рус (на гурӯҳи алоҳида) ба гузаштаи худ санг назад. Ва ё вақте, ки ин корро дигарон карданд, миллат дар умум онро дастгирӣ накард. Ман гузашта гуфта танҳо гузаштаи дурро дар назар надорам. Даврони шӯравиро низ истисно намекунам. Гузашта аслан ин худи моем. Оянда низ ин моем, агар гузаштаро фаромӯш накарда бошем. Чун гузаштаро фаромӯш кардем аз оянда низ маҳрум мешавем. Мутаассифона, дар мо ҳамин гуна сангзаниҳо ба гузашта замони ба истиқлолият расиданамон хеле шиддат гирифтанд ва қувваи тавонову дурандеше набуд, ки то оғози ҷанг ихтилофҳои нуқтаи назарро аз роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл кунад. Рақибони миллати мо ҳамин фурсатро интизор буданд. Онҳо аз камбудиву хатоҳои мо хеле нозукона истифода карданд.
Нашъаи ҷоҳталабиву мансабталошӣ, худхоҳиву худношиносӣ пеши чашми ақли моро хира сохт ва то ба вартаи ҳалокат наздик нашудем, ба худ наомадем. Ин бахудомаданҳо ҳам бо қиммати гароне барои мо даст доданд. Талафоти ҷониву хисороти молие, ки дар ин ҷанг додем, дар таърихамон гӯшношунид будааст. Шукронаи Худованди бузург, ки дар лаҳзаи ҳассос қувваҳое зуҳур карданд, ки аз ақлу хирад кор гирифтанд ва накарданд кореро, ки ҳамагӣ 70 сол пеш аҷдоди мо карданд. Яъне чи тавре, ки як ҷониб ҷониби дигарро зери ҳимояи нирӯи низомии бегона бо кӯмаки худи мо ба пуррагӣ маҳв кард ва ё аз хонаву дар маҳрум сохта маҷбур кард, ки то ҷилои Ватан намояд. Сад шукри Худо, ки таърих айнан такрор нашуд. Имрӯз шукронаи ин неъмати бебаҳо, яъне сулҳу оромӣ, бояд кард ва онро ба мақсади рушди ин миллат ҳарчи босамар бояд истифода бурд. Аз як тараф иқтисодиётамонро тараққӣ бидиҳем, аз сӯйи дигар масоили маънавиётамонро ҳаллу фасл намоем. Ҳарду корро баробар пеш бубарем. Бо дарки масъулият ба таззоду ихтилофҳои хусуматомезе, ки аз таърих ба мо мерос мондаанд, асосан ба ихтилофҳои боқимонда аз даврони шӯравӣ, муносибатамонро тарзе муайян бисозем, ки дар оянда миллат дигар аз онҳо зиён набинад. Азҷумла сари масъалаи "босмачӣ ва ё муҷоҳид бигӯем?", ки масъалаи содда ва оддӣ нест, дар як фазои ором, бе сар додани ҷилави саманди саркаши эҳсосот андеша биронем ва ба як хулосаи зарурӣ биёем.
ИФРОТУ ТАФРИТ ДАР МАТБУОТ
Даъват ба баҳси журналисти маъруфи тоҷик Ҷонибеки Асрориёнро сари ин масъала дар нашрияи "СССР" як амали хайрхоҳона ва барои миллат муфид медонам. Вале бархе аз муаллифоне, ки дар ҷавоби мақолаҳои Ҷонибеки Асрориён мавод навиштаанд, хоҳ бар зидди нуқтаи назари ӯ бошанд ва ё хоҳ ба ҷонибдории ӯ, мутаассифона, ба фикри банда, то андозае ба тундгароӣ роҳ додаанд. Масалан, баъзе аз муаллифон дар тамоми бадбахтиҳое, ки ба сари миллати мо дар тӯли беш аз ҳафтод соли даврони шӯравӣ омаданд, танҳо ҳукумати шӯравӣ ва ҳатто миллати русро муқассир донистаанд. Қисми дигари қаламбадастон дар ин фоҷиаҳо асосан худиҳоро, яъне тоҷиконеро, ки зидди барқарор кардани ҳокимияти шӯравӣ буданд, гунаҳкор ҳисобида, ҳукумати шӯравӣ, ба хусус русҳоро наҷотдиҳандаи миллати тоҷик аз фаношавӣ номидаанд.
Ба ҳамин мазмун силсилаи мақолаҳо дар дигар нашрияҳои хусусии кишвар, аз ҷумла "Миллат", "Нигоҳ", "Фараж" ва ғайра пайваста ба нашр мерасанд. Ба табъ расидани нуқта назарҳои мухталиф оиди як масъала дар матбуоти тоҷик як нишонаи болоравии сатҳи профессионалии сармуҳаррирони ин нашрияҳо ва густариш ёфтани озодии сухан дар кишварамон мебошад. Албатта ин кори хуб аст. Фақат мо ҳаминро хотиррасон карданӣ ҳастем, ки ҳар он чизе ки навишта мешавад, бояд дар пояи мантиқ устувор ва бо арқому далел мустанад бошад. Он гаҳ хонандаи закӣ худаш метавонад хулоса барорад ва мавқеи хешро муайян созад. Мутаассифона, бархе аз ин мақолаҳо соддалавҳона ва бо коргирӣ аз эҳсосот навишта шудаанд. Факту рақамҳоро дар ин гуна мақолаҳо камтар мебинем, ки ин боиси камтаъсир ва на чандон муфид арзёбӣ гардидани худи мақола мегардад. Нашрияҳо низ аз интишори чунин маводҳо чандон бурд нахоҳанд кард.
Чун нуқтаи назари банда аз андешаҳое, ки то ба ҳол дар мақолаҳои чопшуда ироа шуданд каме тафовут дорад, зарур донистам, ки ман ҳам дар ин боб ибрози ақида намоям. Ва он чи ки дар зер менависам соф андешаҳои шахсии мананд ва на ба мақсади таҳмил кардани онҳо болои касе иброз мешаванд. Ҳамин тариқ, ба саволи "босмачӣ бигӯем ё муҷоҳид?" посухи ман чӣ гуна хоҳад буд?
Ман фикр мекунам, ки барои ба ин саволи оддӣ, вале хеле муҳим ҷавоби дуруст додан бояд ба таърихи беш аз дусад соли ахири кишвар, махсусан ба замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна сабук назар андозем. Бале, ба замони маҳз "забт шудани Осиёи Миёна". На чӣ тавре, ки беш аз ҳафтод сол ба мо дар замони шӯравӣ дар мактаб, дар матбуот, адабиёт, синамову телевизион талқин мекарданд, ки Осиёи Миёна ба Русия бо ихтиёри худ ҳамроҳ шуда буд.
ТОҶИКИСТОНРО РУСИЯ ЧӢ ГУНА ЗАБТ КАРД?
Дар замони шӯравӣ агар касе мегуфт, ки сад сол пеш Русия Осиёи Миёнаро забт карда буд, вой бар ҳолаш мешуд. Ҳамон замон ӯро унсури зиддисоветӣ эълон мекарданд ва даракашро наздиконаш бояд аз Сибир меҷустанд. Самараи ниҳоли истиқлолро бубинед, ки ин нуктаро имрӯз мо аз китоби дарсии таълифнамудаи олимони маъруфи худамон мехонем. Хонандаи гиромӣ, мехоҳам дар ҳамин ҷо асосан бо такя ба китоби олими маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих Намоз Ҳотамов "Таърихи халқи тоҷик" (аз солҳои 60-уми асри 19 то соли 1924), Душанбе, 2007) шуморо ба сайри таърихӣ бубарам. Зеро ин китоб, тавре ки дар сарсуханаш омадааст, бо маслиҳати як қатор академикҳо, докторҳои илми таърих, илмҳои педагогӣ, филологӣ, фалсафа дар даврони соҳибистиқлолӣ аз дидгоҳи тоза ва ба фикри банда, холисонаву мунсифона навишта шудааст. Камина асосан барои онҳое, ки вақт ва имконияти камтар доранд, ки бо ин китоб бевосита шинос шаванд, лозим донистам барои дарки мавзӯъ, минҷумла чӣ гуна забт шудани Осиёи Миёна, ба хусус ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон аз сӯйи Русия, муфассалтар бо истифода аз он навишта дар ин бора истода бигузарам. Чаро? Зеро донистани ин ҷараён барои ҳар як тоҷики бо сиёсат сару кор дошта, ба хусус рӯзномнигор, фикр мекунам, зарурист. Донистани ин мавзӯъ барои дарки бисёр масъалаҳои дар муносибатҳои байни мову Русия имрӯз мавҷуд буда ба мо кӯмак хоҳад кард. Савияи ҳушёрии сиёсии моро шояд дар ин масъала андаке боло бубарад.
Аз хотирҷамъиву фориғболӣ ва соддалавҳӣ моро то андозае эмин нигоҳ дорад. Шояд савол ба миён биёяд, ки чаро ман аз бозгӯйи таърихи даврони шӯравӣ шурӯъ накардам? Ба он хотир чунин корро накардам, ки зеро ҳукумати даврони шӯравӣ аз бисёр ҷиҳат идомаи ҳукумати Русияи подшоҳӣ буд. Дар умум сиёсати сохти давлатдории ҳамон ҳукумати қаблиро пеш мебурд, ҳамон як ҳадафро дошт, вале бо тағйири пӯшиши идеологӣ. Ҳамон ҳукумати подшоҳие, ки ҳукуматдорони Русияи феълӣ дар тарзи давлатдории худ аз усулу шеваҳои ҳукмронии онҳо имрӯз ҳам аҳёнан моҳирона истифода мебаранд.
(давомаш дар шумораи оянда)
Султони ҲАМАД