АЗ ҶАНГ ТО СУЛҲУ СОЗАНДАГӢё роҳи ноҳамвори тоҷик чӣ гуна ҳамвор шуд?

Таърих 30.12.2008 14:11

МАРДУМ АНДЕШАҲОИ МУХТАЛИФ ДОРАНД

Дар ҳар кишвар ва ҳар давру замон хоҳу ноҳоҳ кору амали ҳукумат ва худи сарвари давлат дар ҷамъомадҳои хоссаи мардум мавриди муҳокима қарор мегирад. Раъият дар ин сӯҳбатҳои хосса, назар ба матбуоти давлатӣ бештар, аз ҳақиқат ҳарф ва ҳадс мезанад. Назари худро нисбат ба ҳокимони давр рӯирост баён медорад.

Дар ягон марҳилаи торих набудааст, ки фикри мардум дар бораи сарваронаш яксон бошад. Ҳеҷ гоҳ ҳокимон яксон ба ҳама хушбин набудаанд, чунки ба ҳама яксон некӣ кардан имкон надорад. На танҳо сарварони давлатҳо, балки роҳбари як корхонаи хурдакак низ ба 5-10 зердасти худ яксон некӣ карда наметавонанд, аз ин лиҳоз албатта, дар ҳамин коллективи хурд ҳам ба истилоҳ, розиҳо ва норозиҳо ҳастанд.

ТАҲЛИЛИ КОРИ ПРЕЗИДЕНТ

Бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ ва меъёрҳои демократия ва ошкорбаёнӣ тасмим гирифтем фаъолияти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар оинаи се марҳилаи тараққиёти ҷомеа ва пешайвони берун ҷастан аз бӯҳронҳои иқтисодӣ баён дорем ва назари хонандаро дар ин бора шунавем.

Хоҳу нохоҳ дар кишвари мо низ ҳамин гуна маҷлисҳои "ғайбат" рӯи кор меоянд, ки ба андешаи мо нагуфтани онҳо билохира барои тамоми ҷомеа метавонад риққатбор анҷом ёбад. Алалхусус анъана шудааст, ки ахири ҳар сол бурду бохти ҳукумати кишвар ва худи сарварони давлатҳо байни мардуми авом ба тарзи фаҳмиши ин тоифа мавриди баррасӣ қарор гирад. Аммо дар афкори авомонаи мардуми оддӣ ҳақоиқи зиёде ниҳон аст, ки донистани он аз манфиат холӣ нест. Тайи ин таҳлил қарор додем аз аъмоли ҳукумати ҷумҳурӣ, бурду бохти давлатдорӣ ва худи раиси ҷумҳури кишвар ҳадс бизанем. Яъне ҳамон сӯҳбатҳои авомонаро дар ҳузури ҳамагон ба муҳокима кашем, то бубинем, то кадом андоза танқидҳо боинсофона ва таҳлилҳо амиқанд.

СЕ МАРҲАЛАИ РУШДИ ТОҶИК

Умуман, баъди ҷанги шаҳрвандӣ тараққиёти Тоҷикистонро метавон ба се марҳилаи таърихӣ қисмат кард.

Якум солҳои 1997-2002 марҳилаи тақвияти созишномаи сулҳ, дуюм солҳои 2003-2005 ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҷиддан оғози сохтмонҳои азим, саввум солҳои 2006-2008 марҳилаи охири омодасозии замина барои ҷаҳиши барқосо аз гирдоби бӯҳронҳои иқтисодию иҷтимоӣ. Дар сӯҳбатҳои хосса раъият маҳз тараққиётро ба ҳамин се давра қисмат карда, зина ба зина оид ба мароҳили гуногуни тараққиёти ҷамъиятии Тоҷикистон ҳарф мезанад.

ДИЛМОНДАГӢ АЗ ҶАНГ ВА СУЛҲСОЗӢ

Баъди кӯшишҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар нируҳои мусаллаҳи опозитсиюн, билохира созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни гурӯҳҳои даргири тоҷик ба имзо расид. Аммо имзои созишнома ҳанӯз тантанаи сулҳ набуд. Барои пойдории ин созишнома боз хеле заҳмат кашидан лозим буд. Ҳарду ҷониби мухолиф низ, ки аз даргириҳои 5 сола дилмонда шуда буданд, баҳри ин мақсади наҷиб кӯшиши беандоза ба харҷ доданд. Заминаи асосӣ, барои имзои ин созишнома ҳамон мувозинати нируҳо буд. Агар як ҷониб заиф ва ҷониби дигар қавӣ мешуд, сулҳ ба даст намеомад.

МАНФИАТҶӮИИ АБАРҚУДРАТҲО

Дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ қоидае роиҷ аст, ки ҳангоми дар ин ё он кишваре рух додани ҷангу даргириҳои мусаллаҳона мамолики бузургу пешрафта аз ин ё он ҷониби даргир пуштибонӣ мекунанд ва барои хеш манфиат меҷӯянд. Ба таърихи кадом ҷанге назар наафканем, ҳамин вижагӣ мушоҳида мешавад. Ахиран, бори дигар дар ҷанги Қафқоз назири қисматшавии мамолики гуногун ва тафриқаи гӯшношунид мушоҳида шуд, ки вазъияти ороми ҷаҳонро хеле ноором гардонид.

МАНСАБУ МАҚОМ ҚАДР НАДОШТ

Панҷ соли баъди имзои созишномаи сулҳи тоҷикон, барои пойдории ҳамин сулҳ масраф шуд. Иқтисодиёти кишвар дар ин марҳила хело заъиф шуд. Тақрибан дар дохили кишвар ба ҷуз тақсимоти мансабҳои гуногун кори дигаре ба сомон нарасиду дар хориҷ қонеъ гардонидани манфиатҳои кишварҳои барои сулҳ кӯмак карда. Мансабҳо байни нируҳои ҳукуматӣ ва опозитсиюн қисмат шуданд, яъне ҳама ба мақсад расиданд. Барои бори аввал буд, ки баъди хунрезиҳои даҳшатбор соли 1992 дар ҷаласаи 16-уми тақдирсози кишвар мансаб усулан қадру қиммат надошт, чунки амнияти касе таъмин набуд. Ҳатто амнияти президенти кишвар таъмин набуд.

МАНСАБХОҲӢ ВА ҚАСРСОЗӢ САР ШУД

Баъди соли 1997, тасаввур кунед, баъди 5 соли хунрезӣ ва даҳшат ва каме барқарор шудани қонун дар кишвар, як идда мардони мансабхоҳи ин миллат мансабҳои баландро соҳиб шуда, бемалол манфиатҳои худро пайгирӣ карда, қасру кушкҳо сохта, бе ягон азоби виҷдон айшу ишрат карда тавонистанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, марҳилаи аввали тараққиёт, ки иборат аз бартараф кардани нируҳои худмухтори мусаллаҳ ва истиқрори сулҳ буд ва тақрибан бар дӯши як нафар - президенти кишвар вогузошта шуда буд, бомуваффақият анҷом ёфт. Бо мушкилоти зиёд роҳ барои ворастан аз бӯҳрони иқтисодӣ кушода шуд. Ин он марҳилае буд, ки мардум аз даҳшати боқимондаҳои нируҳои мусаллаҳи бедодгар раҳо ёфтанд. Тибқи фармонҳои марҳила ба марҳилаи раиси ҷумҳур ин гурӯҳҳо беяроқ гардонида шуданд.

НИЁЗ БА САРМОЯИ ХОРИҶӢ

Баъди ҳама сарсониву саргардонии баъдиҷангӣ ин миллат тақрибан пайсае надошт, ки даст ба сохтусоз ё ворастан аз бӯҳронҳои шадид занад. Барои ин ҷалби сармояи хориҷӣ лозим буд. Коре кардан лозим буд, ки ба қавле "ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. "Яъне ҳам сармояи хориҷиро ба даст овардан лозим буду ҳам пеши онҳо музтару сархам нашудан. Усулан сархамии кишвар дар назди кишварҳои донор дар ин марҳилаи тараққиёт маънии аз даст рафтани истиқлолияти Тоҷикистонро дошт. Ҳар як мамолики абарқудрат метавонист бо расонидани каме кӯмак кишвари моро муттаҳам сохта, таҳти назорати худ дошта бошад. Аҷиб аст, ки гарчанде ҳукумати ҷумҳурӣ ва худи раиси ҷумҳури кишвар аз оғози фаъолият усулан таҷрибаи давлатдорӣ надоштанд, бахти тоҷикон баландӣ карду ба хатои ҷиддие роҳ надоданд. Ҳукумат бе ягон таҳаввулоти ҷиддӣ марҳилаи аввалро пушти сар карда, дар марҳилаи дуюми тараққиёт ҷалби сармояи хориҷиро аз минбарҳои баланди ташкилотҳои умумибашарӣ анҷом доданд. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳон баромад карда, дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ ҳарф зад, танҳо баъди ин сӯҳбатҳои хосса дар мавриди ҷузъиётҳои ин маблағгузорӣ, дар танҳоӣ бо сарварони мамолики маблағгузор сурат гирифт. Яъне президенти кишвар тавонист роҳро барои ворид шудани сармояи хориҷӣ фарох кушояд. Ин маънои онро дошт, ки маблағгузории иншооти ҳаётан муҳими кишвар аз қабили бунёди ниругоҳ ва роҳҳо пеши назари ҷаҳониён сурат гирифт. Дар ин сурат кадом мамолике наметавонист тавассути маблағгузории иншооте истиқлолияти кишвари моро зери суол гузошта, ангуштнамои ҷаҳониён гардонад.

ОҒОЗИ БУНЁДКОРИҲО

Аммо Тоҷикистон наметавонист як қисмати маблағгузории бунёди иншооти ҳаётан муҳими худро ба ӯҳда нагирад. Барои ин маблағ лозим буд, ки надоштем. Истеҳсолоти заифи кишвар, барои дастрас кардани маблағ мусоидат карда наметавонист, магар нируи барқ. Алалхусус номуси тоҷикии роҳбарияти кишвар дар мавриди ихтилофҳо дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун рӯи кор омад. Чун ҷониби Русия ба таври дилхоҳ аз ӯҳдаи дарёфти манфиатҳои худ дар Тоҷикистон набаромад аз сохтмони ниругоҳи Роғун даст кашид, ҷониби Тоҷикистон тасмим гирифт худ ниругоҳро сохта ба истифода диҳад. Дар ин маврид, албатта, ҷониби Русия бо тамасхур инро қабул мекард, аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо матонати кӯҳистонӣ ва қатъият иброз дошт: "Ниругоҳро худамон месозем!" ва шурӯъ ба бунёди он кардем. Агар дар ин миён мо худ бебарқ монда як миқдори онро фурӯхта бошем боке нест, мо тавонистем ба ин рӯзҳои нек бирасем. Агар андозҳо дандоншикан буданд, ҳам боке нест фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорӣ на таназзул, балки оҳиста бошад ҳам, тараққӣ кард. Агар аҳолӣ орди гароннарх истеъмол карда бошад ҳам, натиҷааш он шуд, ки иншоотҳоро сохтем ва ҳамакнун манфиаташро садсолаҳо хоҳем дид.

ТАЪРИХ ЧУНИН ПЕШРАФТРО ЁД НАДОРАД

Зимистони гузашта нидоҳои "магар ин давлатдорӣ шуд?" аз ҳар гӯша ба гӯш мерасид, аммо дар ниҳояти кор дарди ҳукуматро мардум дарк кард, ки сабру тоқат пешааш шуд. Бо чашми сар дид, ки иншоотҳои ҳаётан муҳими кишвар яке паси дигаре сохта шуданд, роҳҳои тахту ҳамвор башорат аз ворастан аз бунбасти комуникатсионӣ доданду ниругоҳҳои пуриқтидор аз истиқлолияти энергетикӣ. Инсоният ёд надорад, ки мамолике ҳамагӣ дар ду сол нерӯгоҳе ба ин қудрату тавоноӣ мисли Сангтӯда сохта бошад. Масалан, барои кандани як нақби ниругоҳи Норак мамлакати Шӯравии пурқудрат ду сол вақт сарф мекард. Худи ниругоҳи Норак дар 17 сол сохта шуд. Танҳо баъди матонату қаҳрамонии сохтмончиён ва иродаи бузурги роҳбарияти давлат ҳамагон дарк карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ин иншоотҳоро барои худ ё фарзандони худ насохтааст, балки онҳоро ҳамин мардум тӯли солиёни зиёд истифода хоҳанд бурд. Ба андешаи мо дар вазъиятҳои ҳассоси зимистони вазнини соли гузашта иртиботи ҳукумати кишвар бо раъият то андозае гусаста шуда буд. Тасаввур кардан мумкин аст, ки ин барои ҳукумат ва алалхусус президенти кишвар то кадом андоза гарон афтид.

ҲАМА АЪЗОИ ҲУКУМАТ ФАЪОЛ НАБУД

Дар ин марҳилаи тақдирсози тараққиёт, ба ҷуз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва чанд тан аз дигар масъулини давлат кӯшишҳои дигар руасову вузаро чашмгир набуданд. Агар ҳамаи аъзои ҳукумат баҳри ободии диёр заҳмат мекашиданд олам гулистон мешуд. Ҳам овозаҳо дар мавриди аз як маҳал будани аксарияти аъзоёни ҳукумат байни мардум роиҷанд ва дар ин бора мунтазам баҳсҳо сурат мегиранд. Хуб аст, ки сохтмонҳо дар ҳама гӯшаи кишвар баробар ба роҳ монда шуданд.

Ин солҳоро мардум дар сӯҳбатҳои хосса марҳилаи ахири ворастан аз бӯҳрони иқтисодӣ талаққӣ медиҳад. Ба истифода дода шудани се агрегати ниругоҳи Сангтуда ё 95% сохтмони он, ба итмом расидани роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар-Кулма-Қароқурум, сохтмонҳои азим дар шаҳри Кӯлоб ва оғози сохтмони ниругоҳи Роғун, сохтмони Қасри Миллат, ки онро ҳам президент барои худ насохтааст ва бисёр дигар иншооте, ки барои кишвар муҳим буданд маҳз таи ин ду сол анҷом ёфтанд. Мушкилоти энергетикӣ ва ғизо низ зимистони соли 2007 ба мушоҳида расид. Гумон дорем ин охирин кӯшиши давлат буд барои ворастан аз бунбастҳои шадид.

АГАР МУЗДИ МЕҲНАТ БОЛО МЕРАФТ…

Охири ҳамин сол барои аввалин маротиб аст, ки дар ҷумҳурӣ поёнравии нархи орд ва сӯзишворӣ ба назар расид. Маоши ҳадди ақал аз 20 то 60 сомонӣ боло рафт, гарчанде ки боз ҳам беҳбудӣ металабад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки барои расидан ба 17 соли сериву пурии Брежневӣ, Шӯравии собиқ ҳудуди 60 сол сарф кард. Дар марҳилаи бисёр ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ тасарруфи Тоҷикистон кори бисёр осон буд.

САЙДИ МАҶРӮҲ ВА ГУРГОНИ ГУРУСНА

Кишвари мо сайди маъюберо мемонд дар иҳотаи гургони гуруснаи абарқудрат, аммо ҳароси байниҳамдигарии гургҳо ба фоидаи мо шуд. Ошкоро муқобилият накардани роҳбарияти кишвар ба бедодгариҳо ва ваҳшонияти тоссарон- скинхедҳо- и рус дар қиболи куштори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳам натиҷаи ҳамин заъф аст. Хушбахтона мардоне буданд, ки мурда-мурда дар ин ватан боқӣ монда зистанд ва бо чангу дандон онро ҳифз карда, обод карданд. Кӯшишҳои президенти кишварро дар мавриди эҳёи миллат нодида гирифтан аз рӯи инсоф нест.

АФВИ ГУНОҲИ ҚУМОНДОНҲОИ СОБИҚ ЗАРУРАТ ДОРАД?

Дар дохил мардум боз атрофи зиндонӣ шудани се чеҳраи дар гузашта шинохтаи миллат Ёқуб Салимов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев ҳарф мезананд. Аксарият ақида доранд, ки ин се, беш аз гуноҳҳояшон муҷозот шудаанд. Аҷиб аст, гарчанде Салимов ва Мирзоев муқобили нируҳои мухолифи ҳукумат ҷангидаанд имрӯз мавриди тараҳҳуми ҳатто ин нерӯҳо қарор доранд. Яъне мақомоти тафтишот гуноҳҳои ин маҳбусонро ба таври возеҳ ошкор ва ба мардум расонида натавонистанд.

Ба андешаи мо хуб мешуд президенти кишвар ин се мнафарро дар ҳузури тамоми миллат ба хотири хизматҳои дар гузашта барои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ кардаашон, барои садоқат ба ин ватан барои хидматҳояшон дар барқарории сулҳу субот ва бори дигар содиқ мондан ба ҳукумат қасами шадид дода, аз маҳбас озод мекард. Охир пешвои дигари тоҷикон Исмоили Сомонӣ ҳазор сол қабл 300 нафар асирони ваҳширо, ки хуни ҳазорон бегуноҳ дар гарданашон буд, бахшида тавонист. Аммо ин фақат пешниҳод аст, боқӣ худи давлатмардон беҳтар медонанд, чӣ рафтор бо маҳбусонашон кунанд.

РУШДИ СОҲИБКОРИИ ХУРД МУҲИМ АСТ

Гумон дорем, шурӯъ аз соли 2009 ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим дар мавриди поён бурдани андозҳои миёншикан мегирад. Чунки ин шояд ягона садде аст дар роҳи рушди соҳибкории хурду миёна. Ин намуди соҳибкорӣ дар сартосари ҷаҳон асоси болоравии иқтисодиёт аст. Маҳз андозҳои номақбул ва гарон садди роҳи рушди ҳамин ва бисёр дигар намуди фаъолияти истеҳсолӣ гаштааст. Сабаби пинҳон ё саркашӣ кардани соҳибкорон аз андоз низ маҳз дандоншикан будани андози давлатӣ аст.

ТОҶИК БОЯД ОЗОД БИЗИЯД

Акнун тоҷик ҳама шароитҳоро дар мавриди осуда зистан барои худ муҳайё кардааст. Ҳамакнун барои пойдории сулҳу салоҳ ва амнияти мардум бояд ҳар як фарди солимақли ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳад. Мабод, ки боз кадом мамлакати муғриз ва ё нируҳои иртиҷоии дигар байни аҳолӣ тафриқа андохта, авзоъи ҷомеаро дигарбора ноором созад. Шукронаи сулҳу салоҳ ва ин ҳама пешрафтҳо бояд кард. Баъди ин ҳама заҳматҳо тоҷик ҳақ дорад шурӯъ аз соли нави 2009 осудаҳолона зиндагӣ ба сар барад.


Аҳмади ИБРОҲИМ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97