Эътилофи бонувони журналист озмун эълом мекунад

Расонаҳо 14.08.2019 06:18

Эътилофи бонувони журналист барои дарёфти Ҷоизаи миллии солона барои хабарнигорони зан дар Рӯзи ҳамраъйии хабарнигорон озмун эълон мекунад.

 Ба озмун матолибе, дар мавзӯи мушкилоти иҷтимоӣ, ки дар расонаҳои хабарии сабтшуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2018 то 30 август соли 2019 мунташир шудаанд, пазируфта мешаванд.

Довталабон аз 24 июл то 30 августи соли равон имкони пешниҳоди матолиби худ ба озмунро доранд.

Ҷоизаи “Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон”-ро дар соли равон UNDP, UN WOMEN дастгирӣ мекунанд.

Ғолибонро ҷоизаҳои пулӣ интизоранд.

Маводи худро ба нишонаи зайл метавонед бифиристед: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Муқаррарот барои дарёфтиҶоизаи солонаи бонувони журналисти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Ҷоизаи мазкур аз ҷониби” Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон” таъсис ёфтааст.

1.2. Ҳадаф аз тақдими Ҷоиза, барои ҷомеа муаррифӣ намудани дастовардҳои бонувони рӯзноманигор, қадршиносӣ аз заҳмати касбии онҳо вамусоидат ба рушд ва ҳамгироии ВАО мебошад.

1.3. Ҷоиза ба он журналистони касбӣ (аз ҷумлаи бонувон), ки; дар ВАО Тоҷикистон фаъолият мекунанд, устодони макотиби олӣ, собиқадорони журналистикаи ватанӣ, ки дар рушди ВАО саҳм доранд, ва ё  тавассути фаъолияти касбии хеш дар равандҳои муҳимми ҷомеа таъсири созанда гузоштаанд, барои мақолаҳо ва суханрониҳое, ки вокуниши густардаеро дар миёни ҷомеа ба бор оварда ва ҳамчунин барои ҳифз ва ҳимояти манофеъи миллии кишвар ва ҷомеа, арзишҳои умумибашарӣ, ҳамгироии журналистон, тақвияти меъёрҳои ахлоқи касбӣ, барои талош ҷиҳати ривоҷ додани пешаи журналистӣ миёни духтарони ҷавон ва барои боло бурдани мавқеъ ва мартабаи журналист дар миёни ҷомеа ва давлат тақдим мешавад

2. Ҷоизаи мазкур дар 4 (чор) номгӯй пешниҳод мегардад:

- Ҷоизаи ба номи Буринисо Бердиева барои саҳмгузорӣ дар журналистикаи тоҷик

- Беҳтарин матлаби матбуоти чопӣ ва интернетӣ

- Беҳтарин гузориши радиоӣ

- Беҳтарин барномаи телевизионӣ

3. Пешниҳоди номзадҳо барои дарёфти Ҷоиза:

a) Номзад дар муҳлати муайяншуда бояд ба унвони “Эътилофи бонувони журналист ҶТ” дархости тасдиқшударо пешниҳод намояд.

b) Намунаи дархост дар торнамои Эътилоф мавҷуд аст ва низ метавонед тариқи пусти электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. талаби дархост намоед.

c) Муҳлати пешниҳоди дархост: аз 24 июл то 30 августи соли 2019.

4. Ҷамбаст

a. Қарори бо Ҷоиза қадрдонӣ кардани номзадҳо аз ҷониби 5 коршиноси интихобӣ аз сӯи Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон қабул карда мешавад.

b. Он хабарнигороне сазовори Ҷоиза мегарданд, ки раъйи бештари коршиносонро дарёфт мекунанд.

c. Маросими  тақдими Ҷоиза 7-уми сентябри соли 2019 дар Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон баргузор мегардад.

d. Номзадҳои сазовори Ҷоиза бо диплом ва ҳадяҳои арзанда қадрдонӣ мешаванд.

Тасмими ниҳоии коршиносон мавриди баҳсу баррасӣ қарор намегирад.

Барои ошноии бештар бо қоидаҳои ОЗМУН ба ин пайванд ангушт бизанед: http://tcwj.tj/

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97