Умед аз виждони дузд аз ноилољї ё аз адами эътимод?

Расонаҳо 19.04.2017 12:05

Фазои иттилоотї ба гунае шуда, ки њар кї надонад гумон мекунад, дар кишвари мо ба ѓайри он ки мурѓе дар катаки мурѓхонае, масалан дар Мурѓоб имрўз тухм кардаву дигар њеч хабаре нест. Њатто њирфаитарин расонањои хабарии фаъол дар кишвар аз њодисањое хабарсозї мекунанд, ки ба ќавле «бузро бозї» мегирад.

Бархе бањона пеш меоваранд, ки имконоти ба љойи њодиса рафтану хабар тањия кардан мављуд нест, бархеи дигар њазор бањонаи дигар. Аммо агар дур наравем, танњо ба њамин сафњањои иљтимої саре бизанем, дањњо мавзуъи хабарсоз гирамон меояд.

Барои мисол, њамин чанд даќиќае пеш боздид аз «кишвари Фейсбукистон» сабаб шуду ин навишта рўи сафња рехт.

Ба њеч ваљње наметавон онро њамчун як «латифа» ќабул кард. Он воќеияти љомеаи мост, ки ба гунае рух кардааст.

Аз девори фейсбуки Абдуќодири Абдуќањњор, рўзноманигор ва њоло Директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоњутӣ ин навиштаро ёфтам:

«Муроҷиат ба дӯздони Душанбе

Се рӯз қабл дар бозори "Саховат" телефонамро рабуданд. Дилам ба телефон нею маводи дохилаш сахт танг шудааст. Даҳҳо китоб, бештар аз 1,500 шоҳбайт, иқтибос аз 100 сиёсатмадору ҳакимони шарқу ғарб, 700 нумури телефони азизон, сурату видеонаворҳои бароям сахт арзишманд...

Аз ҳамаи дӯздону дӯздбаччаҳо устодону пиронашон ва ҳатто "вор в законе"-ҳои Душанбе хоҳиш мекунам ба ҳар қиммате, ки худатон мехоҳед телефонамро баргардонед. Ба Худо ба ягон мақомот муроҷиат намекунам.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР»

Хуб, инро њар кас бо диди худ бањогузорї мекунад, яке нешханд мезанад, дигаре лабханд. Аммо ба назари мо, ин гуна изњори назар дар љомеањои пешрафта ва огоњ ба гунае дигар истиќбол мешуд. Ва дар айни замон раиси пулиси он мањал тамоми нируяшро барои пайдо кардани ин телефони мобил сарф мекард, то аз сўи љомеаи маданї танќид нашавад ва эътимод ба маќомотро њифз кунад.

Њоло мо чї кор мекунем, мунтазир мемонем, то як дузди боинсоф аз худ дарак бидињад, телефони Абдуќодирро баргардонад ва њамаи моро шармандаи ду дунё гардонад. Не?!

"Миллат"

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97