Эътои ҷоизаи бошукуҳи СММ ба хабарнигори тоҷик

Расонаҳо 20.06.2016 09:15

Боз аз як навиди муҳими чеҳраи хабарсози ҷомеаи журналистии Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Шафиев огоҳ намешудем, агар Шаҳнози ҳамадон аз куҷое, бо кадом роҳе ин хабарро аз Абдулфаттоҳи ҳамешахомӯш кашида намегирифту дар Фейсбук намегузошт. Суҳбати дӯстонаи мо бо Абдулфаттоҳ дар Фейсбук ҳам нохудогоҳ ба мусоҳиба табдил шуд. Ҳамчуноне ки қаблан Абдулфаттоҳ ҳамчунин гуфтугӯҳои фейсбукиашро барои хонандаи «Миллат» пешниҳод мекард, ин суҳбатро пешкаши шумо мегардонем:

 – Дуруд Абдулфаттоҳ! Фейсбук, дурусттараш Шаҳноз Комилзода яке аз «пиаршик»-ҳои муваффақи тоҷик хабар дода, ки ҷоизаи нодиреро сазовор гардидаӣ. Лутфан, дар бораи ин ҷоиза ва чӣ гуна ба он сазовор шуданат барои хонандаи «Миллат», ки аз хонандагони чакидаҳои хомаат низ ҳастанд, қисса бикун?!

– Дуруд ва сипос аз таваҷҷуҳатон. Ҷоиза нодир нест, аммо бошукуҳ аст, чун яке аз барномаҳои муҳимтарини Созмони Милал барои журналистони ҷаҳон ба ҷузъ Аврупост. Нудраташ низ шояд дар он бошад, ки тӯли таърихи беш аз нимасраи мавҷудияти ин ҷоиза аввалин намояндаи собиқ Иттиҳоди Шӯравиям, ки пирӯз шудам. Исмаш ҳам фелловшипи Бунёди Даг Хаммарскйолд аст. Ин ҷаноб дар собиқ дабири кулли СММ буд, ки баъдан дар як садамаи ҳавоӣ кушта мешавад ва ба исмаш ин барномаро мегузоранд. Солҳои нахустин танҳо ба 1-2 нафар ин ҷоиза эъто мешуд, чанд соли ахир ба чаҳор нафар онро тақдим мекунанд. Имсол дар қатори ман намояндагони Аргентина, Ирон, ва Индонезия онро бурд кардаанд.

– Хуб, шарти дарёфти ин ҷоиза кадом буд?

– Озмун дар ду марҳила мегузарад. Дар марҳилаи аввал санадҳоятонро тибқи талаботи онҳо пешниҳод мекунед. Дар марҳилаи дувум аз миёни ҳазорҳо санад танҳо то зери 10 нафар барои суҳбат даъват мешаванд ва тавассути Скайп ҳамроҳи баргузидаҳо мусоҳиба анҷом мешавад. Сипас, аз ин миён чаҳор нафарро интихоб мекунанд.

– Суҳбат бо кадом забон ва атрофи чӣ аст?

– Дар маҷмӯъ мехоҳанд бо худи номзад аз наздик бештар шинос шаванд ва бубинанд, ки то чӣ андоза ба талаботи барнома посухгӯст. Суҳбат бо англисист. Суҳбатро Шӯрои вижаи мудирияти барнома мегузаронад, ки аз рӯзноманигорони раоснаҳои бонуфузи ҷаҳон, ки пайваста дар Созмони Милал фаъолият мекнуанд, иборат аст.

– Худат чӣ гуна ба ин озмун роҳ пайдо кардӣ?

– Санад таҳия кардам. Супурдам. Интизор шудам. Нома гирифтам, ки ба марҳилаи дувум роҳ ёфтам. Суҳбат кардам. Сипас, табрикам карданд.

– Абдулфаттоҳ, модоме ки ҳирфаияти худатро созмони бонуфузе чун СММ эътироф кард, маълум мешавад, ки кадри нолоиқе набудаӣ. Сабаби аз радиои "Озодӣ" рафтанат чӣ буд? Яке бесарусадо рафтанат тааҷубовар аст. Чунки ин расона пешинаи доғдоре аз рафтани хабарнигоронаш дорад. Ва низ агар худат ҳам бо хоҳиши худат аз кор дар ин расона рафта бошӣ, чаро ин муваффақияти худат, ки солҳо дар «Озодӣ» кор кардаӣ, аз суи ҳампешагони собиқат нодида гирифта шудаанд. Дар ҳоле ки бисёр хабарҳои сатҳи махаллӣ аз зери заррабини ин расона хато намехӯрад?

 – Рӯзе, ки номаи истеъфоямро дар «Озодӣ» навишта будам, эҳсосоти баде дар дилам буд, шабе мушкил доштам ва шодам, ки Илҳоми ҳамкор ва дӯстам он шаб ба хона омадаву танҳоям нагузошта буд. «Озодӣ» бароям дарси хуби ҳам касбияту ҳам шинохти инсонҳо буд. Омӯхтаҳоям дар «Озодӣ» кумакам шуд, то баъдан ба муваффақиятҳои беҳтару бештар ноил гардам. Ҳамчунин, озодиҳои инфиродии бештар, манзурам аз нигоҳи вақт ва молӣ, пайдо кардам. Дар «Озодӣ» миёни ҳамкорони собиқҳанӯзам дӯстони хубе дорам ва бо онҳо робитаи дӯстона дорам. Барои ҳамаи он ҳамкорони собиқ барои ҳама ёриҳояшон дар замоне ки ҳамкор будем, сипос мегӯям.

– Хуб, ҷоиза муборак!

– Сипос.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97