Рухнамоӣ: Аз Лола то Макнуна

Расонаҳо 16.04.2016 15:05

 

(Суҳбат бо Абдулфаттоҳ Шафиев ва Макнуна Ниёзова)

  Агар хотира фиребам надиҳад, барои аввалин бор аст, ки бо насли ҷавон дар пойи суҳбати ҷиддие менишинам. Шояд маҳз ҳамин бетафовутӣ ба насли ҷавон аз сӯи мо рӯзноманигорони расонаҳои сиёсӣ боис шуда, ки ҷавононро аз мутолиаи матбуот дур нигоҳ медорем. Ба гунаи содатар, чун ҷавонон дар ойина рухи хеш намебинанд, назар дӯхтан ба онро зарур намешуморанд. Аммо имрӯз суҳбат бо ду ҷавони огоҳ ва фаъоли ҷомеъа Абдулфаттоҳи рӯзноманигор ва Макнунаи устоди донишгоҳ ва тарроҳи либос бароям равзанаеро боз кард, ки дар пушти он ҷавонони диловари мо торихсозӣ мекунанд. Бо вуҷуди даҳҳо мушкили сангин дар пешорӯи онон, онҳо боз ҳам истод ҳастанд ва мехоҳанд дар рақам задани сарнавишти худ ва миллат саҳмгузор бошанд. Онҳоро касе, ё чизе ба ин кор раҳнамун насохтааст, онҳо ба садои виждони худ гӯш фаро додаву амал кардаанд. 

Пас аз чопи акси Макнуна, нахустин бонуи тоҷик дар як маҷаллаи хориҷӣ (итолиёӣ) чун анъана номи Макнуна расонаӣ шуд. Намехостам мо низ ба ин мавзуъ бипардозем. Чун дигарон дар ин бора моҳҳо, ва шояд ҳам солҳо боз бигӯянд. Аммо мавзуъи ин ки чаро тоҷикон натавонистаанд худро ба гунаи шоиста барои дунё муаррифӣ бикунанд, чаро Чингиз Айтматов, агарчӣ танҳо дар бораи авули худ менавишт, дар доираҳои адабӣ ва сиёсии Русия як чеҳраи матраҳ асту шахсияти Муъмин Қаноат, ки достони бузурги муқовимати инсоният аллайҳи фашизмро, ки нисфе аз курраи заминро таҳти тасарруф гирифтаву мошинҳои инсоннобудсозро ба кор дароварда буду чун Заҳҳок аз хуни инсоният маншаъ мебардошт, бо номи «Суруши Сталинград» офарид, барои ҷомеъаи ҳатто Русия ҳам чандон ошно нест? Зеро, ки тоҷик дастгоҳи иттилоърасоние дар ихтиёр надошт. Дар рӯнамоӣ аз шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳангу арбобони давлативу сиёсӣ дасткутоҳ будем. Вагарна кадом миллате дигар ба андозаи Давлат Худоназаров, ки ба курсии Раиси киноматографистони Шуравӣ такя зад, шахсияте матраҳ дар сатҳи Иттифоқ доштанд? Аммо дасти тоҷик дар ин росто кутоҳ буд, ки натавонист фарзандони шоистаи худро қадршиносӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Ҳоло ки Абдулфаттоҳ тавониста бо забондонии худ чанд чеҳраи тоҷикро барои ҷомеаи инглисизабон, ва аз он тариқ ба ҷомеае, ки тавассути инглисӣ иттилоъ дастрас мекунанд, муаррифӣ кунад, чаро боиси тақдир ва тақлид аз ӯ набошад?!

Аз ин рӯ тасмим гирифтам, то як суҳбати сеҷониба бо ин ду ҷавон анҷом бидиҳам, то битавонем аз таҷрибаи андӯхтаи ин ду ҷавон огоҳ бишавем ва ҳам барои таблиғи чеҳраҳои матраҳи ҷомеъа барои ҷаҳониён як дарсе бигирем. 

Инак муҳтавои суҳбатро инҷо барои хонандаи гиромӣ мекорам, то аз он баҳра бубаред:

 Макнуна, ки маънии номашро «ниҳон, махфӣ» маънидод мекунад, мегӯяд, аслан номаш ба шахсияти худи ӯ дар таззод аст. Зеро аслан як фарди кушодачеҳра ва иҷтимоӣ.

Зимнан, пас аз нашри матлаби Глобал Войсз (Global Voices), маҷаллаи итолиёвии Донна (Donna) тасмим гирифт, акси яке аз шашгонаи маликаҳои фейсбуки тоҷикро, ки Абдулфаттоҳ рӯнамоӣ карда буд, нашр кунад. Акси Макнуна Ниёзова рӯи ин маҷаллаи рангӣ чоп шуд. Валентина Равизза, дар ин маҷалла аз таърихи 26-уми март, Макнуна Ниёзоваро ҳамчун фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ кардааст.

Абдулфаттоҳ Шафиев, як рӯзноманигори тоҷик, ки барои якбора дар хориҷ аз кишвар маҳбубият пайдо кардани ин бонуи ҷавон бо як навиштаи хеш, саҳм гузоштааст, мегӯяд, ин нахустин мулоқоти рӯ дар рӯ бо ин бонуи ҳунар аст. Аммо ӯро ҳамонгуна, ки тасаввур мекард, дарёфт.

Абдулфаттоҳ мегӯяд, Макнуна, як ҳунарманди чирадаст, як бонуи доно, дар риштаи хеш мутахассис, сухангӯ, дар муқоиса ба бархе аз афрод, ки дар суҳбат бо рӯзноманигорон оҷиз ҳастанд, хеле тафовут дорад. Муҳимтар аз ҳама, ӯ медонад, ки бо ҳамсуҳбати хеш дар кадом мавзуъ суҳбат бикунад.

Макнуна, ки низ Абдулфаттоҳро бори нахуст аз наздик медид, гуфт:

– Фикр мекардам, ки Абдулфаттоҳ ҳанӯз як ҷавони навхат аст, ки шояд ҳоло донишҷӯ бошад. Зеро ӯ хеле боэҳтиром суҳбат мекард, чун ман муаллима ҳастам ва одатан ин гуна бархурдро бештар аз сӯи донишҷӯён эҳсос мекунам.

Суҳбати мо, бидуни муқаддима шуруъ шуд. Тавре, ки дар нисфе аз суҳбат Абдулфаттоҳ бо он ҳама таҷрибаи кори рӯзноманигорӣ яке садо дардод, ки «ин муҳтавои суҳбати расмӣ аст?» Гуфтам: – Оре! Суҳбати мо ҳамон лаҳзае шуруъ шуд, ки дар ҷойи мулоқот расидем.

 Аз Макнуна мепурсам, ки оё то замоне ки чеҳраи матраҳ дар як маҷаллаи итолиёӣ шуд, дар миёни ҷомеа чунин шинохта буд?

Бо ханда мегӯяд: – Бале, ман то чопи аксам дар ин маҷалла хеле шинохта будам. Худатон шоҳид шудед, ки дар ҳамин чандқадамии расидан то мавзеъи суҳбат бо даҳҳо тан ҳолпурсӣ кардам…

  Албатта сатҳи бархӯрдҳо фарқ мекунад, яке дар доираи одоб салом мефиристад, яке ҳам бо фарҳанги бархоста аз маданияти хоси худ «кӯчабозорӣ», аммо Макнуна бо ҳамаи онҳое, ки ӯро дуруд мефиристанд, алейк мегирад. Бидуни он ки ранҷише дар чеҳрааш ҳувайдо шавад. Аз ӯ суол мекунам, ки машҳур будан ва таҳаммули ҳамзамони бархӯрдҳои мутафовит ба шахсияте чун ӯ чи гуна аст?

 Вай мегӯяд: – Таҳаммули ин ҳама осон нест! Аммо ночор бояд онро қабул кард. Зеро ҷомеъа аз афроди гуногун таркиб ёфта ва сатҳи маданияти ҳама яксон нест. Вале ман хушбин ҳастам. Он рӯз дур нест, ки ҷомеъаи фарҳангии тоҷик он ақалиятҳоро ҳам пойбанд ба сатҳи ахлоқу фаросати олӣ хоҳад кард. Ин аз мо, аз онҳое, ки дар минбарҳо ҳастем, бисёр вобаста аст. Ба хусус расонаҳои хабарӣ, радио ва телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ барои баланд бурдани фарҳангу маданияти мардум бисёр таъсиргузор мебошанд. Бубинед, як матлаби Абдулфаттоҳ, ки ман ӯро ҳатто намешинохтам, дар Фейсбук ҳам бо ҳам дӯст нестем, сабаб шуд, ки якбора номи ман дар арсаи ҷаҳонӣ баланд шавад. Ин хушбахтиро ман аслан, дар доираи тасаввурам ҳам намеғунҷондам. Воқеан ин рухдод маро мутаассир кардааст. Инро албатта аз иқболи хеш, аз ситораи хуштолеъи худ мебинам, ки роҳи манро барои расидан ба зинаҳои шуҳрат ҳамвор кард. Навиштаи ин рӯзноманигори соҳибэҳтиром барои ман як машъал шуд, то ба қуллаҳо бидуни ҳарос раҳ биспарам. Агарчӣ Абдулфаттоҳ маро аз ҳама охир, шашум ва бо маълумоти андак муаррифӣ кардааст, аммо боз интихоби маҷаллаи итолиёӣ рӯйи ман қарор гирифтааст.

 Ҳоло як ширкати атриётии итолиёӣ аз ман дархости ширкат дар як тарҳи таблиғотиро кардааст ва ман аксҳои худро барои ширкат дар ин озмун, ки таблиғи шампун аст, фиристодаам. Ин ҳоло нахустин пешниҳод аст. Боз бубинем, ки ин кори Абдулфаттоҳ, ки аз сари сидқ ва касбият дар муаррифии банда анҷом дод, чӣ кулборе бо худ хоҳад дошт. Ман бисёр миннатдорам. Ташаккур Абдулфаттоҳ!

 Абдулфаттоҳ бо хоксории хос ба худи ӯ, дар баробари ин таърифот лабханд мезанад, намедонам, ки ин қаноатмандӣ аз самари кори анҷомдодааш аст ё болидарӯҳӣ аз сипосгузории як бонуи зебо ва шинохта. Аммо ба ҳар сурат, кунҷкобӣ намекунам ва ҳам барои Абдулфаттоҳ зиёд фурсат намедиҳам то ҳарф бизанад, зеро бисёр мехоҳам барои навиштани як мавзуъи дигар ба дасташ баҳона бидиҳам. Зеро Абдулфаттоҳ аз ҷумлаи хабарнигорони заршинос аст, аммо хеле кам менависад.

 Абдулфаттоҳ Шафиев дар бораи чопи матлаби худ дар Глобал Войсз мегӯяд, пас аз нашри матлаб яке дигар аз он шашгона Парӣ Саидова чеҳраи сафҳаи Снапчати Глобал Войсз гардида буд ва номи Шаҳноз Комилзода барои муддате дар сархати расонаҳои хабарии тоҷик қарор дошт. Албатта дар баробари ҳазорҳо вокуниши мусбат рашки бархеҳоро ин феҳристи шашгона ба бор овард, аммо ин матлаб, ки Global Voices нашр кардааст, дар бораи занони тоҷики бештар бонуфуз дар шабакаи Фейсбук аст, ки онҳо махсус барои саҳми арзанда ва босазо дар фазои Тоҷикистони муосир баргузида шудаанд.

 Посухҳои Макнуна ба суолоти хабарнигорон ғайримаъмулӣ аст. ӯ мисли дигарон аз хурдӣ дар орзуи интихоби ин касб набудааст. Балки ӯ мегӯяд:

 Аз хурдӣ орзу мекардам то ҳунарпешаи театр ё ҳуқуқшинос шавам. Аммо падари худобиомурзам ба ин иҷозат надоданд. Падар маро барои дизайнер-моделер шудан, ҳидоят фармуданд.

 Боз ҳам суол мекунам: Макнуна, шояд дар ҳусну ҷамол нисфе аз ҳусни модарро ба ирс бурдаӣ?

 Механдад ва мегӯяд: Модари ман ҳам мисли тамоми модарони дунё зебо ва ягона аст. Аммо ман бештар ба модарбузурги падариам монанд ҳастам. Шояд аз ин рӯ буд, ки падарам бо ман бештар унс доштанд ва рози дил мекарданд. Ман рози дил нигаҳдорандаи падар ҳам будам. Бидуни падарам, ки устоди донишгоҳ буданд ва дунёро хеле пеш тарк карданд, бароям бисёр гарон аст.

 Ҳунари дузандагиро пас аз модар омӯхтӣ?

 На, агарчӣ модарам дар коргоҳи дузандагии «Суман» кор мекарданд. Ман ҳанӯз хурдсол будам, ки дар ҳамсоягии мо як зани хатлонӣ дузандагӣ мекард. Ва ман зиёд ба кумакаш мерафтам ва кӯдаки хурдсолашро нигаҳбонӣ мекардам ва ӯ дарзҳояшро медӯхт. Кунҷкобӣ кори худро кард ва гоҳе ҳам ба ман дарз медод, ки медӯхтам. Мутаассифона ин ҳамсояи ҳунарманди мо аз бари мо кӯч кард ва ман дигар ӯро надидам. Шояд ӯ тариқи телевизион манро дидаву шинохтааст ва ҳатман хоҳад гуфт, ки ҳамроҳи ман ҳунар меомӯхт.

 Макнуна, мо тарроҳи либоси зиёд дорем, ва духтарони соҳибҷамол низ, сабаби маҳбубият касб кардани худро дар чӣ мебинӣ?

 Фикр мекунам, ки сабаби аслӣ ин бартарият додани ман ба либоси миллӣ ҳаст. Таваҷҷуҳи мардум ба ман ҳамчун духтари тоҷик бисёртар аз он аст, ки ман бар сар тоқӣ мегузораму ба бар пероҳани атлас мекунам. Агар ман ҳам танҳо пероҳани аврупоӣ ба бар кунам, касе ба ман таваҷҷуҳ нахоҳад кард. 

 Ҳоло ки машҳур ҳам шудӣ? Акнун чӣ тасмим дорӣ?

 Орзуи ман машҳур шудан нест. Ман, ки устоди ҳунар ҳастам ва мехоҳам ин касбро барои дигарон, ба хусус духтарон ва занони кишвар биомӯзонам. Мехоҳам соҳибмактаб бошам, то дар зиндагии якояки ҳамватанони хеш таъсиргузор бошам ва барои рушди иқтисоди кишвари азизамон хидмат намоям. Ҳоло ба номи Президенти муҳтарами кишвар номаи дархостӣ фиристодам, то барои таъсиси як омӯзишгоҳи тахассусӣ дар кишвар ба ман кумак намоянд. Мо даҳҳо ҳазор бонуи ҳунарманд дар саросари кишвар дорем, ки ниёз ба омӯзиши асосҳои тарроҳии либосро доранд. Мо ҳоло фабрикаи фаъол надорем, махсусан анна ҳамин бонувони ҳунарманд барои чанд миллион духтарону занони кишвар ҳар рӯз либос медӯзанд, бидуни гузаштан аз мактабе. Ва агар ин ҳама ба омӯзиш фаро гирифта шавад, олам гулистон мешавад ва Тоҷикистон гулгулшукуфон.

 Ҳоло дар моҳи май қарор аст Макнуна дар ҷашнвораи мӯди Осиё дар Куриёи Ҷанубӣ ширкат биварзад. Аз ӯ мепурсам: Тараддуди рафтан ба ин ҷашнвора чӣ гунна аст, сарпарасте ҳаст?

 Вай мегӯяд: Агарчӣ наметавонам, бигӯям, ки омодагии олӣ гирифтаам, ин пас аз озмун маълум мешавад. Ҳоло коллексияи навро омода дорам, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро дар Куриё муаррифӣ карда тавонад. Интизории зиёд дорам, ки дар ин озмун ғолиб меоям. Дар озмун аз ҷониби ман як қатор либосҳое пешниҳод мешавад, ки фарҳанги тоҷикро таҷассум мекунанд. Онҷо ҳам либоси мардона ва ҳам занона муаррифӣ мешавад. Сарпарасти ин сафар чун ҳамешагӣ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад. Раиси донишгоҳ омӯзгори сахтгир ва дастгир ҳастанд ва то ҳоло ҳеч яке дархостҳои моро маро рад накардаанд. Падари ман низ устоди донишгоҳ буданд ва донишгоҳ низ ба ман ҳамчун фарзанди муаллим кумак мерасонад. Аз аввал то имрӯз сарпарасти ман донишгоҳ аст.

 Зимнан, Макнуна Ниёзова Соли 2010 факултети технология ва дизайни Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси рассом-тарроҳ хатм кардааст, ҳоло сардори Маркази таълимӣ-тренингии театри “Муди тобон”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад.

 Қаблан, бо шодравон Лола Исмоилова, як зебосанами тоҷик, ки дар асри ХХ чоп шудани аксаш дар маҷаллаи Шуравии «Огонёк» барояш шуҳрат оварда буд, ҳамсуҳбат шуда будам. Миёни Лола ва Макнуна дар баробари чеҳраи зебо доштан, як софдилии кӯдакона мушоҳида кардам. Бо вуҷуди мушкилот ва садҳои зиёд, ки пас аз маъруф шудан бори дӯши шонаҳои ин ду зебосанам буда, аммо матиниродагӣ зебогии онҳоро пурра месохт. Ҳамчунин хушбинӣ, ширинзабонӣ ва муҳимтар аз ҳама ишқу алоқа ба муҳит ва одамон дар ниҳоди ин ду зебосанами расонаиро кашф кардам. Бо вуҷуди он ки Макнуна аз нохушие дар рӯзе қабл озурдахотир буд, аммо бо табассуми малеҳ онро аз мо рӯпӯш мекард. Зимни қадам задан дар хиёбони марказӣ, Макнуна бозистод ва ба як марди маъюб, ки бо аробача роҳ мерафт, кумак кард. Маро ин рафтори ӯ такон дод. Дарёфтам, албатта барои ба фаришта монанд будан, танҳо ҳусн кифоят намекунад…

Суҳбаторо А.Мирзо

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97