Инъикоси мавзӯъи интихобот дар расонаҳо аз ҳар хабарнигор бидуни доштани маҳорати хуби касбӣ ҳамчунин донистани қонунҳо ва санаду низомномаҳои зиёдеро дар бораи ин маъракаи муҳими сиёсӣ талаб мекунад.
Омӯзиш ва таҳқиқи маводи интихоботҳои гузашта нишон дод -мегӯяд. Абдумалик Қодиров, ки қисми зиёди хабарнигорон дар инъикоси ин мавзӯъ ба камбудиҳои зиёд роҳ дода, маводро тавре таҳия мекунанд, ки сабабгори таҳрифи воқеият ва нодуруст инъикос намудани интихобот мешавад. Бинобар ин дафтари Созмони байналмиллалии Инситути ҷанг ва сулҳ дар Душанбе тасмим гирифт, ки дар осоишгоҳи «Сароб»-и ноҳияи Варзоб рӯзҳои 2-4 август дар мавзӯъи «Баланд бардоштани нақши расонаҳои Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013» тренинг баргузор намояд.
Дар ин тренинг 17 нафар рӯзноманигор аз расонаҳои мухталифи кишвар, ҳамчунин як нафар аз хабарнигори дар Тоҷикистон фаъолият доштаи радиои ВВС ва 2 нафар хабарнигори «Озодӣ» ширкат доштанд.
Дар ин давраи омӯзишӣ мавзуъи «Стандартҳои байналмиллалӣ ва миллии инъикоси интихобот дар расонаҳо; стандартҳои ҳуқуқӣ ва этникӣ барои расонаҳо ва хабарнигорон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот, ширкати расонаҳо дар рафти интихобот, ҳуқуқ ва вазифаи хабарнигорон ва расонаҳо дар инъикоснамоии интихобот ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар қисми амалии ин давраи омӯзишӣ маводи навиштаи рӯзноманигорон дар мавзӯи интихобот аз ҷониби тренерон таҳлилу таҳқиқ шуда, ҳамчунин дар муҳокима ва барасии ин матолиб худи рӯзноманигорон низ фаъолона ширкат мекарданд. Дар муддати омӯзиши чандрӯза ба ширкаткунандагони ин давра тарзи дуруст ва одилонаю воқеъбинона ва беғаразона инъикос намудани ин мавзӯъ вобаста ба стандартҳои байналмиллалӣ омӯзонида шуд.
Ҳамчунин дар рафти омӯзиш ишора шуд, ки дар вақти инъикоси мавзӯъи интихобот бештари рӯзноманигорон ба ҷои он ки онро воқеъбинона ва холисона ба мардум барои гирифтани тасмими дуруст ироъа намояд, аксар вақт нуқтаву назари худро оид ба рӯйдоди ин маърака бар мардум иҷборан талқин мекунанд.