Тоҷинисо Маҳмадова: Фаъолияти нашрияҳоро мутаваққиф кунед!

Расонаҳо 03.09.2012 19:18

Tojiniso_MahmadovaТоҷинисо Маҳмадова, муовини вазири маорифи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз пахши хабару матолибе, ки вазъи амниятиро дар кишвар халалдор мекунанд, сайтҳои интернетӣ ва нашрияҳои мустақил таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шаванд.

Вай ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар сурати пайдо шудани матолибе, ки вазъиятро халалдор месозанд, чунин сайтҳои интернетӣ баста ва фаъолияти нашрияҳо мутаваққиф карда шавад.

Шаҳло Акобирова, раиси созмони ғайридавлатии "Хома", ки дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ширкат дошта, ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки асосан дар ин ҳамоиш мавзӯи тарбияти ватанпарастии ҷавонон матраҳ шуда ва дар ҷараёни мубоҳисот ба нақши ҷавонон дар ҳаводиси шаҳри Хоруғ низ ишораҳое шудааст. Аммо ба гуфтаи хонуми Акобирова, масоили марбут ба нооромиҳо дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон дар меҳвари мубоҳисоти ин ҳамоиш қарор надоштааст.

Даргириҳо миёни нируҳои давлатии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар Бадахшон рӯзи 24 июли соли ҷорӣ дар пайи кушта шудани генерал Абдулло Назаров, раиси бахши амнияти Бадахшон оғоз шуда буд.

Баъд аз ду ҳафтаи даргириҳо ва эъломи оташбас вазъият дар шаҳри Хоруғ ба эътидол омада буд.

Вале пас аз кушта шудани Имомназар Имомназаров, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар вилоят, ба эътиқоди бештари сокинони шаҳри Хоруғ, вазъи амниятӣ дар вилояти Бадахшон дубора муташанниҷ шуд.

Аммо гузоришҳои расида аз шаҳри Хоруғ ҳокист, ки дар пайи имзои созишнома миёни мақомоти давлатӣ ва муътаризон дар рӯзҳои ахир бархе аз нируҳои давлатӣ аз шаҳри Хоруғ хориҷ ва дар ин шаҳр оромии нисбӣ дубора ҳукмфармо шудааст.

Вазъият дар Бадахшон худо хоҳад, ором мешавад, аммо он чӣ мемонад, суханони бемасъулиятонаи бархе мақомот аст.

Тоҷинисо Маҳмадова, муовини вазири маорифи Тоҷикистон, ба худ иҷоза медиҳад мухолифи Қонуни асосии Тоҷикистон ҳарф бизанад. Ин ҷасоратро далел чист? Гумон намеравад, ки Маҳмадова ин банди Конститутсияро нахонда бошад:  

Моддаи 30. К О Н С Т И Т У Т С И Я И (С А Р қО Н У Н И) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад…

Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.

Аммо чаро муҳтарам муовини вазири тарбия ва парвариши як кишвар мехоҳад, идораи сензураро дар кишвар дубора ҷорӣ кунад ва онро ҳам бар алайҳи меъёрҳои Қонуни асосӣ?!

Мақомоти муҳтарам расонаҳоро дар интиқоди беҷо ва пахши ахбори ба гуфтаи онҳо иғворагона муттаҳам мекунанд, аммо як бор масалан ҳамин муовини вазири маориф ба худаш савол додааст, ки додани чунин изҳороте оё ба салоҳияти ӯ дохил мешавад ё не? Ин кор ба як калима бекифоятӣ ном дорад, некомпетентности. Пеш аз ҳама бояд вазифаи шумо ба шумо иҷоза надиҳад, ки бо чунин шева ва дар чунин маврид сӯҳбат кунед. Ҳоло агар муовини вазири фарҳанг ва ё муовини сарвазир дар умури расонаҳо ва фарҳангу иттилоот мебудед, шояд ҳарфатон қобили дарк буд. Аммо ҳоло на. Ҳарчанд, чунин суханонеро ҳич мақоме набояд ба забон биорад ва дар фикри ҷорӣ кардани сензура бошад.  

Чаро шумо мардумро аз гирифтани ахбори воқеӣ, ахбор аз чанд сарчашма, ахбор аз расонае, ки мардум интихоб мекунад, мехоҳед маҳрум кунед?! Санадҳои дигари ҳуқуқӣ ба ахбор таъмин намудани мардумро яке аз вазифаҳои муҳими давлат медонанд. Давлат ин вазифаро худаш ба далели мухталиф наметавонад сад дар сад иҷро кунад, аммо чаро мақомот мехоҳанд, ки ба ҷои кумак ба иҷро шудани вазифаи давлат дар назди мардум, сади роҳи он шаванд?

Тоҷинисо Маҳмадова, СССР 21 сол пеш дар ҳамин шабу рӯз барҳам хурда буд. Аммо қабл аз он ҳам, ки фурӯ пошад, идораи сензураи худро барҳам дода буд, вале мақомоте буданд, ки мисли шумо, мехостанд ҳамаро дар зери назорати худ дошта бошанд. Вале агар мехоҳед сензураро дубора барқарор кунед, ба ин ҳам ҳақ доред, аммо аввал бояд барои иваз кардани ҳамин банди 30 -юми Қонуни асосӣ талош кунед. Агар мардум ба ҷонибдориятон раъй дод, нӯши ҷонатон, сензура кунед. Аммо ҳоло бандҳои Қонуни асосӣ мустақиман амал мекунад ва бекифоятӣ зоҳир накунед ва мухолифи қонун ҳарф назанед. Балки коре, ки метавонед, бикунед, ин аст, ки агар ҳар ҳарфу ҳиҷое, ки аз матбуот ва нашрияҳои мустақил ба назаратон ихлолкунандаи субот ва бар зарари ҷомеъа бошад, ба додгоҳ муроҷиъат кунед, посухатонро хоҳед гирифт. Сензураи ҷомеъаи демократӣ қонун ва додгоҳ аст, муҳтарама МУАЛЛИМА!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97