Содиқи Сабо: «Би-би-сӣ қасдан аз пӯшиши ҳаводиси Бадахшон чашмпушӣ накардааст»

Расонаҳо 01.09.2012 12:47

Sodiqi_saboСодиқи Сабо, аз хабарнигорони маъруф ва раиси бахши форсии Би-би-сӣ, ки ба хотири ширкат дар ҷашнвораи филмҳои мустанади Би-би-сӣ ва муаррифии Би-би-сӣ ба Тоҷикистон омадааст, дар як нишаст бо ҳузури хабарнигорони дохилу хориҷи кишвари мо ҳадафи сафараш ба Тоҷикистонро дар миён гузошт. Ӯ гуфт, қарор аст аз 31 август то 2 сентябр дар Душанбе фестиволи филмҳои мустанади Би-би-сӣ баргузор шавад, ки ин баҳонаи хубе барои дидорбинӣ бо мухотабони Би-би-сӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар ин нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 27 август бо мусоидати Иттифоқи журналистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз Би-би-сӣ ба унвони яке аз муътабартарин расонаҳои хабарии ҷаҳон ном бурда шуд, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз он таваққуъоти зиёде дорад, вале рӯйдодҳо ва таҳаввулоте, ки дар кишвар иттифоқ меуфтад, дар Би-би-сӣ ба гунае, ки интизор меравад, бозтоб намеёбад.

Ба пурсиши хабарнигорон Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, Ҷеннӣ Нортон, сардабири Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ, Дено Таҳмосбӣ, масъули равобити умумии Би-би-сии форсӣ ва Суҳроби Зиё гузоришгари маҳаллии телевизиони форсии Би-би-сӣ посух гуфтанд.

Хабарнигори «Миллат» аз Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ пурсид, ки чаро телевизиони форсии Би-би-сӣ ба пӯшиши ҳаводиси Бадахшон, ки зиёда аз як моҳ боз ҷараён дорад ва теъдоди зиёде аз афрод низ кушта шудаанд, чандон таваҷҷуҳ надоштааст, дар ҳоле ки ба кушта шудани як нафар дар Ироқу дигар ҷойҳо зиёд мепардозад. Агарчи сайти форсии Би-би-сӣ ин ҳаводисро хеле пӯшиш дод ва бахши русӣ ҳам фаъол буд. Ва ин ҷараёни содае низ набуд, ки Би-би-сии форсӣ ба он таваҷҷуҳ накунад.

Содиқи Сабо, дар посух ба ин суол гуфт, ки Ирон ба хотири ин ки ҳар рӯз бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъво дорад ва дар Афғонистон як ҷанги дохилӣ ҳаст, таҳаввулоти ин кишварҳо дар Би-би-сӣ бештар мунъакис мешаванд, аммо бахши форсии Би-би-сӣ амдан ё қасдан аз масоили Тоҷикистон, ба вижа ҳаводиси Бадахшон дар як моҳи ахир, чампӯшӣ накардааст: "Дар мавриди Бадахшон, ман воқеъан мутаассифам, ки мо натавонистем он тур, ки диламон мехост, пӯшиш бидиҳем. Бадахшон масъалаи муҳиммест. Ба ҳар ҳол, баъд аз солҳо дар бахше аз Тоҷикистон даргирии низомӣ буд ва иддае кушта шуданд. Вале мушкили бузурги мо ин буд, ки давлати Тоҷикистон вуруд ба Бадахшонро мамнӯъ карда буд."

Раиси бахши форсии Би-би-сӣ афзуд, ки сайти форсии Би-би-сӣ дар пӯшиши ҳаводиси Бадахшон беҳтар амал карда, чун сайт ба тасвир ниёз надорад, вале барои телевизиюн агар тасвире вуҷуд надошта бошад, дасти хабарнигорон комилан баста аст."

Содиқи Сабо ҳамчунин гуфт, эродҳо ва дархостҳои ироашуда дар ин нишастро ба барасӣ хоҳад гирифт ва то ҷое имкон дорад, камбудҳо рафъ хоҳад шуд.

Ӯ дар поёни нишаст ҳозиринро ба ҷашнвораи филми Би-би-сӣ, ки дар Кохи синамои пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, дар рӯзи 31 август даъват кард.    

Зимнан, фаъолияти Бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон аз ҳудуди 20 сол пеш, дар замони ҷанги дохилии кишвар шурӯъ шудааст. Барномаи родиюии "Маҷаллаи Осиёи Миёна", ки Би-би-сӣ солиёни зиёде пахш мекард, дар соли 2008 мутаваққиф шуд. Аз чор сол ба ин сӯ телевизиёни форсии Би-би-сӣ фаъолият дорад.

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97