Салом, Қосим Раҳбарович!

Расонаҳо 26.03.2012 09:11

Хушхабар

Salom_Qosim_RahbarovichРаёсати Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва карори марҳилаи кассатсионии  додгоҳи шаҳриро алайҳи нашрияи "Миллат" бекор кард.

Ин додгоҳ рӯзи 14 март қарореро дар ин бора содир кард. Тибқи ин қарор, ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз 8 феврали соли 2011 ва ҳалномаи додгоҳи кассатсионии шаҳри Душанбе аз 21 апрели соли 2011 бекор карда шуда ва парванда барои аз нав баррасӣ шудан, бозпас фиристода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 09.02.2012 дар номае ба идораи нашрияи "Миллат" бо имзои муовини раиси Додгоҳи олӣ, бо изҳори бечоранолии фаровон, гуфтааст, ки бознигарии ин ҳалнома ва қарори марҳилаи кассатсионӣ имкон надорад ва ё ҳадди ақал мо ин ҳақро надорем. Аммо кори намешуданӣ нест.

Шумхабари як соли пеш

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар соли гузашта иддаъои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон алайҳи нашрияи "Миллат"-ро баррасӣ карда ва ба суди вазорат ҳал карда буд. Ин додгоҳ нашрияи "Миллат"-ро ба пардохти 1500 сомонӣ ҷарима ва чопи раддия вазифадор кард. Додгоҳи марҳилаи кассатсионии шаҳри Душанбе низ баъдан аз ин қарор пуштибонӣ кард. Мо ҳамзамон ҳалномаи додгоҳро ғайри қонунӣ ва ноодилона эълон кардем.

Қазияи 1 миллиону 1 сомонӣ

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар пайи чопи хабаре бо унвони "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод" дар нашрияи "Миллат" ба таърихи 10 декабри соли 2009 алайҳи нашрия ба додгоҳ шикоят бурда ва хостори пардохти як миллион сомонӣ ҷарима шуда буд.

Дар муқобил, нашрияи "Миллат" низ алайҳи вазорати кишоварзӣ ба додгоҳ шикоят бурда, бо назардошти вазъи буҳронии кишвар ва вазорати кишоварзӣ хостори пардохти як сомонӣ ҷарима шуд. Ин қазия тайи ду соли ахир идома дошт.

"Пайкон"-у "Миллат" дар қабзаи "шикор"

Нашрияи "Миллат" аз аввалинҳо, пас аз нашрияи "Пайкон" буд, ки мавриди "шикор"-и навбатӣ ё силсилавии матбуоти мустақил аз сӯйи баъзе масъулони баландмақоми давлатӣ қарор гирифт. Баъдан дар пайи ин се нашрияи дигар; "Фараж", "Озодагон" ва "Азия плюс" низ ба додгоҳ кашида шуданд. Тири "Пайкон" аз камон ҷаста буду аллакай додгоҳ нашрияро ҷаримаи ҳангуфте ҳам карда буд.

Аммо агарчӣ ба додгоҳ кашида шудани 4 нашрияи дигар бо як шева ва бо дархости ҷуброни ҳамсон;1 миллон сомонӣ барои бунёди Роғун аз сӯйи масъулони баландмақом сурат гирифта буд, аммо бофтаҳо, бархӯрдҳо ва ҳимоятҳо дар қиболи онон ҳамсон набуд. Ин амал, ба хусус мавқеъгирии номунсифона ва нохолисонаи мудаъиёни ҳомии озодии баён, ба хусус сафорати Амрико, САҲА ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон: НАНСМИТ, ШӮРОИ ВАО ва чанде дигар боис шуд, ки ин амали тарҳрезишуда ва суиқасд ба матбуоти мустақил то замоне баранда шавад. Агарчӣ бо мусоидати Сафорати Амрико ва САҲА "Азия плюс", "Фараж" ва "Озодагон" аз "банд" растанд ва таҳти фишор даъвогарон ақибнишинӣ карданд, аммо озодии баён ва расонаҳои мустақил, ки дар пайи пайкорҳо ва қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои садҳо ҳазор тоҷики шаҳид ба даст омадааст, аз банди мушкил раҳо нашуд. Балки мувоҷеҳ ба хатар шуд. Гирифтори як буҳрони амиқ шуд. Ин буҳрон буҳрони касбӣ ва ахлоқӣ буд. Чун масъала бо ақибнишинии даъвогарон бар аллайҳи се нашрияи мазкур поён ёфт ва ҳалли қонунӣ пайдо накард. Дастандаркорон ва мудофеъони озодии баён мушкилро кучак ва дар тангно диданд, кутоҳназарӣ ва қазовати нодурусти онҳо дар қиболи мушкили фарогир, таҳлилҳои манфиатҷӯёнаи ин ҳомиён, ғаризаҳо ва мавқеъгирии шахсии онҳо боис шуд, ки мушкил печидатар ва вазъ вахимтар шавад. Қазияи додгоҳии дигари пешомада бо "Азия плюс", ки боз ҳам ҷаримаи ҳангуфтеро пешбинӣ мекард, хуруҷи ҳамин фасод буд, мудово нашудани ин маризӣ ва ниҳоӣ нашудани ҳалли қазияи қаблӣ буд, ки ҳомиёни арҷманд фикр мекарданд, мушкил рафъ шудааст.

Аммо масъулони "Миллат" аз рӯзи нахуст бо таҳлили амиқ ва мушикофона дарёфтанд, ки ин амали душманона, тарҳрезишуда аз сӯйи як гурӯҳи муташаккили мансабдорони нокоромади ҳукумат аст, ки мехоҳанд ба даҳони матбуоти мустақил қуфл бизананд ва бо ин амалашон ба чашми раҳбарони давлат низ хок бипошанд ва мақсадҳои манфиатҷӯёнаи худро амалӣ бисозанд. Аз ин рӯ "Миллат" аз лаҳзаи аввал дар ҷустуҷӯйи роҳи қонунии ҳалли масъала  буд. Қувваҳо нобаробар буд. Аммо "Миллат" дар ҷониби ҳақ қарор дошт ва танҳо силоҳаш эътимод ба нафс буд. 

Баёнияи Қаршибоеву Усмонов оламро гӯл зад

Дар шурӯъи ин муборизот аввалин зарбае, ки зада шуд, бо гузаштани чанд рӯз аз эъломи Вазорати кишоварзӣ барои ба додгоҳ кашидани нашрияи "Миллат", пахши баёнияи чанд созмони журналистии иттифоқчӣ бо роҳбарии Қаршибоев буд, ки бо изҳори нигаронӣ аз ба додгоҳ кашида шудани се нашрияи "Азия плюс, "Озодагон ва "Фараж" ба ҷаҳониён муроҷиат карда буданд. Ва "Пайкон"-и моҳҳо боз гирифтори мушкилу буҳронро ҳамроҳ бо нашрияи "Миллат", ки қабл аз қазияи ин се нашрияи мазкур мувоҷеҳи даъвои додгоҳӣ шуда буданд, ҳамчун омили ёридиҳанда бар тақвияти фикрашон, ки озодии баён дар Тоҷикистон мувоҷеҳ ба хатар аст, оварданд.

Аз оқои Қаршибоев шарҳи ин амалашонро пурсидем, ки чаро бидуни хостаи мо қазияи "Миллат"-ро дар баёнияашон дарҷ кардаву дар дунё овоза кардаанд?! Зеро қазияи мо як қазияи сирф ҳуқуқӣ асту набояд ба он тобиши сиёсӣ медоданд ва ба хотири манфиати худ беҳтар аст, ки манофеъи дигаронро қурбон накунанд ва агар наметавонанд, ки ба рушди озодии баён дар кишвар мусоидат бикунанд, лоақал ба он халал нарасонанд. Ва агар воқеан онҳо ба хубии мо мендешанд, пас чаро дар чанд мавриди мушкил моро ҳамраҳӣ накарданд ва вақте ки хабарнигори мо Абдулмуъмини Шерхонд дар Восеъ аз сӯйи як мақоми ниҳодҳои вазорати дифоъ таҳдид шуд, ҳарчанд ба НАНСМИТ шахсан хабар додем, изҳороте ҳам пахш накарданд ва хабарнигорро дар рӯёрӯи хатару таҳдид танҳо гузоштанд. Ва боз ҳам чаро қазияи "Миллат" қаблтар аз ин қазияи се нашрия буду қабл аз он "Пайкон" печида дар мушкил буд, аслан ба ёди ин баёниянависон нарасид, ки баёния пахш кунанд? Чаро ин ду нашрия бояд омили ёридиҳанда ба қазияи мавриди назари баёниянависон бошад? Билохира, "Пайкон" қурбонии сиёсати дугона ва ғиромбозии фазои иттилоотии кишвари мо шуд, дар сарнавишти талхи "Пайкон" то дасти  душманони матбуоти мустақил ин ҷо дасти "дӯстон"-и ин матбуотро дарозтар мебинам." Пайкон" қурбон шуд, аммо "Миллат" ба ҳеч ваҷҳ шодихӯрдаи сиёсатбозии ин "дӯстон" нахоҳад шуд.

Баъд аз ин ҳам "Миллат" эълон дошт, ки ин қазия бояд бо роҳи қонунӣ ҳал шавад ва ба ин амалкарди мансабдорон дар баробари нашрияҳо посухи сазовор бояд дода шавад.

САҲА бехабар

Вақте ду моҳи пас аз ин қазияҳо дар Вена ва қароргоҳи сафири Тоҷикистон дар САҲА меҳмон шудем, Нуриддин Шамсов, сафири муҳтарами Тоҷикистон дар масъалаи қазияи додгоҳии се нашрияи "Азия плюс"-у "Фараж"-у "Озодагон" сухбат карду гуфт, ки дар САҲА аз мушкили ин се нашрия суолаш кардаанд. Баъд маълум шуд, ки стратегия бархурди САҲА ба қазия бар асоси баёнияи Шӯрои ВАО тарҳ шуда, ки он ҷо тавре гуфтем, номи "Миллат" гӯё буду гӯё не. Ба ин далел дар номаҳои аввалие, ки САҲА ба мақомоти Тоҷикистон дод, номи "Миллат" зикр нашудааст, ки дучори қазияи додгоҳӣ мебошад. Ва баъди рушан шудани масъала ба сурати ҷудогона ин масъала бо мақомоти ҶТ тарҳ шуд. Ин натиҷаи "хидмати хирсона"-и ҷанобони даъвогари устодӣ ва пуштибони расонаҳо дар Тоҷикистон аст, ки бо навиштани баёния гӯё оламро аз мушкили мо огаҳ карда буданд.

Ҳангомаву ҷаласаҳои бесуд

Bekor_kardani_halnomai_sudЧанд маҷлис ҳам созмонҳои грантдеҳу грантгир оид ба васоити ахбори умум баргузор карданд. Дар ин ҷаласот таъкиди мо рӯйи як масъала буд. Ин баҳсҳо баҳси ҳуқуқӣ ҳастанд ва ин ки доираҳои хоси ҳукуматӣ мехоҳанд чашми матбуотро на аз роҳи ғайриқонунӣ ва бо истифода аз зӯр, балки бо қонун битарсонанд, гоми бузурге ба сӯйи демократия ва озодии баён аст ва мо ҳам бояд аз ин зовия вориди қазия бишавем ва дар чаҳорчӯби қонун қазияро ҳал бикунем. Таъкиди мо бар ин буда, ки барои пирӯз шудан дар ин қазияҳо бояд танҳо аз роҳи қонун кор гирифта шавад ва кумаки ин созмонҳо мусоидат барои таъмини вакили мудофеъи корозмудаи соҳаи расонаӣ мебошад. Ҳар кадом аз масъулони ин созмонҳо хидмати ҳуқуқшиносони варзидаву новарзидаи хешро пешкаш мекарданд, ки метавонанд ба қазияи додгоҳии расонаҳо мусоидат кунанд. Ва ҳарфи охирини мо ҳам дар яке аз ин ҷаласот ҳамин буд, ки барои таваҷҷуҳи онҳо дар қазияи додгоҳӣ миннатдорем ва мо аллакай вакили мудофеъи худро дорем ва агар метавонанд, ки маоши вакили мудофеъи моро таъмин кунанд, хуб, агар не, беҳтар аст, бидуни машварати мо аз номи мо бо пахши баёнияҳояшон мушкилро печидатар насозанд.

Пешниҳод ва мавқеъи мо аз аввал ин буд, ки бо роҳи фишори САҲА ва Амрико масъала консерватсия мешавад, аммо ҳал намешавад. Мо аз созмонҳои даъвогари ҳуқуқи матбуот, САҲА, Сорос ва чанд созмони дигар хостем, ки ҳаёҳуи бисёр накунанд, фақат маоши адвокати моро таъмин кунанд, мо ба пирӯз шудани худамон аз роҳи қонунӣ дар ин баҳс бовар дорем. Ҳар чи бошад, баҳс ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ  марбут мешавад ва он дар сад дунё ҷониби мақоми даъвогарро дар ин баҳс намегирад. Аммо ин короро накарданд. Гуфтем, ки агар ин корро намекунед, ба баёнияҳои шумо ниёз надорем.

Кутоҳии "устод"-и журналистикаи тоҷик

Ин суханони мо шояд муҷиби озурдагии хотири дӯстон шуд, ки баъдтар онҳо вазифаи аслии оинномавии худро, ки мусоидат ба вазъи озодии баён аст ва аз рӯйи ҳамин вазифа нон мехӯранду бо номи журналистикаи тоҷик грант мегиранд, қариб аз ёд бурдаву рӯйи номи нашрияи "Миллат" аз зовияи ғаризаи шахсӣ, на вазифаи ҷамъиятӣ хат кашиданд. Бехабар аз он ки "Миллат" ҷузъи муҳимме аз пайкараи азими матбуоти тоҷик аст ва бо хат кашидан бар рӯйи ин нашрия дар дафтарчаи хотиравии кисагиашон наметавонанд, ин номро аз таърихи матбуот хат бизананд.

Пас аз баровардани ҳалномаи додгоҳ аллайҳи "Миллат" дар баробари Қосим Раҳбаровичу командааш, ин "дӯстон" ҳам хушҳол ба назар мерасиданд. Албатта ташаккур аз Акбари Саттор, раиси ИЖТ, ки ин ҳалномаро маҳкум карда буд. Аммо вақте хабарнигорон аз раиси НАНСМИТ назарашро роҷеъ ба ин масъала пурсидаанд, гуфтааст, ки сардабири "Миллат" бояд ба мо муроҷиъат кунад. Ба ин тартиб, қазияи "Миллат"-ро ниҳоӣ ва "Миллат"-ро мағлубшуда мешумурданд. Ин буд, ки дар яке аз ҷаласоти таҳти пӯшиши грантии созмонҳои журналистӣ  аз мушкили ба сари "Миллат" омада сухан меравад, профессор Иброҳим Усмонов, собиқ раиси Шӯрои ВАО  мисле, ки ҳалнома ба суди Қосим Раҳбарович  неву ба суди ӯ ҳал шуда бошад, бидуни ҳеч истиҳолае мегӯяд: (Гӯё ман) "Сардабири "Миллат" гуфт, ки мо худамон ҳуқуқшинос дорем, шавҳари Ойниҳол Бобоназарова ва номи моро нагиред".

Инсоф, устоди журналистони тоҷик! ( ба истилоҳи шогирдонатон.) Шумо профессор ҳастед, бояд мантиқӣ ҳарф бизанед ва бардошти ғалат аз баёни фикри дигарҳоро барои худ далел насозед. Нуқтаи оғози нороҳатӣ ва нофаҳмии мо аз он ҷо оғоз шуд, ки Шумо дар баёнияи худ, се нашрияро ҷо додед, ё ба таври дигар агар бигӯем, дар барои се нашрия баёния навиштед ва номи "Миллат"-ро ҳам "между прочем" барои тақвияти баёнияатон, ки таваҷҷуҳи Аврупо ва Амрикоро ҷалб намоед,  зикр кардед. Ман бо тоҷикӣ гуфтам, ки  номи "Миллат"-ро бояд дар баробари се нашрия меовардед, агар не, аслан ҳарфе намегуфтед, тамом. Аммо ... Иттифоқан, Ҷунайд Ибодов, аввалтар аз ҳама як  шахсият, ҳуқуқшиноси варзида, чира ва соҳибэҳтиром дар Тоҷикистон аст ва баъдтар ҳам шавҳари як бонуи боиззату фаъоли мост, ки аз эҳтироми вижае дар ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он бархӯрдор аст. Агар номи ҳуқуқшиноси варзидаро дуруст дар хотир нигаҳ доред ва аз ӯ боэҳтиром ном бубаред, ба эътибори профессории худатон ҳам афзуда хоҳад шуд. 

Муҳтарам профессор, хуб мебуд, ки вақте аз сиёсат дубора ба ҳарими журналистикаи тоҷик ва илм баргаштед, мавзеъгирии сиёсӣ, ғаризаҳо ва бардоштҳои ғалату нодурустро ҳамон ҷо гузошта меомадед. Ва дигар ин ки боре гуфтам, боз ҳам таъкид мекунам, ки шумо бо нардбони журналистика ба сиёсати бузург роҳ ёфтед, аммо бозгаштанатон бо ин нардбон дигар даст нахоҳад дод. Зеро пас аз худ онро ба болои бом бурдед. Иштибоҳи ҷомеаи журналистии Тоҷикистон дар замони бӯҳронзои ахир ҳам маҳз истиқбол аз шахси шумо ҳамчун як сиёсатмадори шикастхӯрда буд, ки дар нимароҳ будед ва хостед ин ҷо паноҳ биёбед. Кашонидани ғаризаҳои сиёсӣ ба журналистика ва ба Шӯрои ВАО-и таъсисдодаи Шумо ва Қаршибоев боиси тафтиши бемавриди матбуоти мустақил ва ҷаримаи ҳангуфт шудани ин расонаҳо дар соли гузашта шуд.

Ростӣ, мо аз Қосим Раҳбарович хафа ва нороҳат нестем. Ӯ кори хуб кард, ӯ ба ин ҳақ дошт. Аз ҳаққаш истифода кард, аммо пеш аз он як бор мебоист биандешад, ки  ин кораш ба судаш аст ё ба зиёнаш. Хуб, мисли ҳама тоҷикҳои дигар, аввал тасмим гирифт ва баъд шояд фикр кард. Мо ҳам пешниҳоди оштиро рад кардем. Вале ба ростӣ, ба ӯ ғараз надорем, агарчанд моро хеле сарсону саргардон кард. Вале он ҳарчӣ ҷои нороҳатӣ ва гилагузорӣ дорад, аз ба масъулияти худ амал накардани бархе аз устодон ва дӯстони ҳамқалам аст. Ин ҳам дарси зиндагӣ буд.

Салом, Қосим Раҳбарович!

Бо вуҷуди гапу хабари зиёд дар чомеаи журналистии тоҷик тайи ин муддат шуморо ҳам аз ёд набурдем. Фаъолияти ниҳоди зери назари шуморо ҳам агарчӣ мехостем ё не, таҳти назар доштем. Сабил, дар вақти харидории картошкаи Покистон, пиёзи Афғонистон, меваи Хитой, харбузаи Узбакистон ҳамеша фаъолияти идораи шумо ба ёди мо меомад. Бовар кунед, ба ин ҳамон савдогарони бозорҳои кишвар шояд гунаҳкоранд, ки барқасдона даст ба фурӯши ин ҳама масолеҳи кишоварзони кишварҳои бегона мезананд. Вале чаро шумо онҳоро ба догоҳ намекашед? Охир инҳо сиёсати кишоварзии кишвари аграриро зери суол мебаранд ку. Куҷост маъулияти ватандорӣ? Ин магар хиёнат ба ин ватану ин миллат нест? Дар бозорҳо саводогарон маҳсулоти Хитою Покистону Узбакистонро мефурӯшанду, шумо хап нишастед, ба суд додан даркор.

Боз гумон накунед, ки суолоти боло дар қиболи шумо гуфта шудаанд. Ҳаргиз, гумон набаред, ки бадкарда бадгумон аст, мегӯянд. Шумо, ки танҳо вазири кишоварзӣ ҳастед. Истеҳсолу рӯёнидани сабзавоту меваву ғаллаву тухму ширу дигар масолеҳи ғизоӣ марбути ниҳодҳои зертобеъи ин вазорат, ки ҳисобу китобашон ҷудост, мешавад, вазорати кишоварзӣ вазорати ифтихорист, ки дар дили пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҷой дорад. Не?! 

Аммо боз ҳам Иқболи бузургвор фармудааст:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш бо дасти хеш бинвишт,

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Дар муҳоҷирати ҳазорон деҳқон аз деҳоти кишвар ба Русия ба ҳеч ваҷҳ вазорати кишоварзӣ, ки сиёсати кишоварзии ҳукуматро ба назарам пиёда мекунад, айбдор нест. Айб дар тақсимоти нодурусти замину заминфурӯшист, ки ин ҳам марбути сиёсати кишоварзӣ намешавад. Аммо деҳқон, ки мегӯянд, чун синоними кишоварз аст ва ниҳоди зери назари шуморо ҳам маҳз ба хотири ҳамин вожа сохтаанд, шояд бархе гумон кунанд, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ маҳз ин мисраъҳоро дар ҳаққи кишоварзон, деҳқонони тоҷик гуфтааст. Саросема нашавед, ҷаноби вазир! Ба ҳарфи мушовирону ҳуқуқшиносонатон яке дода нашаведу Муҳаммад Иқболро ҳам ба додгоҳ бикашед, ки сахт иштибоҳ хоҳед кард. Бо сухани ҳақ муборизаи ноҳақ ҳосили хуб намедиҳад.

Сабз бошед, вазири ҳазорон деҳқони муҳоҷири Тоҷикистони аграрӣ! Ва ёдатон наравад, ки мо ҳам метавонем. Ба гуфтаи ҳампешаи гиромии мо Сайёфи Мизроб: Ещё как метавонем!

Сардабир

PS: "Миллат" аз ҳамаи дӯстон, ҳампешагон ва мухлисону бародароне, ки то кунун дар ин қазия моро ҳамроҳӣ карданд, аз ҳама мақомоти марбутае, ки номаҳои моро бе посух нагузоштанд, сидқан изҳори сипос мекунад. ҳамеша ҳамроҳи миллати пирӯз бошед ва Наврӯзатон муборак бод! 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97