SOS: МАТБУОТИ САРГАРАНГКУНАНДА ВА САНГАКУ РИЗВОНУ МУЛЛОҲО

Расонаҳо 25.01.2012 09:12

Nuktai_gazetfurushiҲанӯз аз замони мактабхонӣ ба хондани ҷаридаю маҷаллаҳо машғул мешудам. Замони мактабхонии мо асосан ба замони ҳукмронии Ҳукумати Шуравӣ  рост меомад ва он замон табиист, ки матбуоти озод вуҷуд надошт. Вале хушбахтона, замони хатми мактаби миёна ба пошхӯрии Шуравӣ рост омад. Ва баъди сукуту хомушии чандсолаҳо акнун мардум метавонистанд фикру андешаҳои хешро озод баён созанд. Ин ки дар замони озодии баён ва сухан матбуот дар чи вазъе қарор дорад, ҳамчун як хонандаи нашрияҳо ин ҳақро бар худ раво донистам, то чанд сухане перомуни нуқсу қубҳ ва бартарияти ҷаридаҳо иброз намоям. Бештар сари мавзӯъ ва муҳтавои ҳафтаномаҳои ахири кишвар чанд нуқтаеро ишора бояд кард.

Матбуот - ойинаи ғуборолуда

Аслан имрӯз чаҳор ё панҷ ҳафтаномаи хусусие мавҷуданд, ки каму беш мақолоте нашр месозанд, ки гӯё дархӯри ҷомеъа мебошанд. Суоле ин ҷо ба миён меояд, ки оё навиштаҳои ҳамин чанд ҳафтаномаи хусусӣ, ки бештар ба масоили сиёсию фарҳангӣ сару кор доранд, барои бароварда гардонидани хостаҳои хонандагонашон кореро ба сомон расонидаанд? Албатта то ҷое, ки талаботи мардум ва ҷомеа ба масоили рӯзгор зиёд аст, ин расонаҳо рисолати хешро чандон ба хубӣ ба кор нагирифтаанд. Зеро матбуот ойинаест ва ин ойина бояд софу пок бошад, то мардум битавонанд дар он нуқсонҳои хешро ба хубӣ бубинанд ва пайи ислоҳи он ҷадал намоянд. Аз мазмуну муҳтавои аксари ҳафтаномаҳо бар меояд, ки мақолаҳо ва навиштаҳояшон чандон дархӯри замон нестанд.
Кореро, ки бояд матбуот анҷом диҳад, дигар васоити ахбор анҷом дода наметавонад. Ҳатто ҳамин шабакаи интернетӣ ҳам кори матбуотро иҷро карда наметавонад. Бо вуҷуди пешрафти илму технология дар кишварҳои пешрафта ва дастрасӣ пайдо намудани қисми бештари аҳолии ин мамолик ба шабакаи интернетӣ, ҳанӯз ҳам матбуот ҷойгаҳи хешро гум накардааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки кореро, ки матбуот анҷом медиҳад, ҳатто шабакаи интернет карда наметавонад, агар метавонист, матбуот бояд кайҳо барҳам мезад. Аз ин рӯ ҳанӯз ҳам нақши рӯзномаҳо дар инъикоси воқеъиятҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеъа басо назаррас аст. Ба воситаи матбуот одамон ба ҷамъият ошно мешаванд ва албатта матбуот ба инсон ёрӣ мерасонад, то худро аз ҷомеъа дур надоранд ва худро ҷузъе аз ҷомеъа маҳсуб доранд. Дигар тафовути матбуот ин дастрасии он аст. Иттилоот дар матбуот дар ҳар замоне дастрас аст, яъне имконияти ҳама вақт муроҷиат кардан ба мақолоти зарурӣ ва хабарҳоро мавҷуд аст.

Матбуоти Сангаку Ризвону муллоҳо

Вале мақсади аслӣ аз баёни ин мавзӯъ он аст, ки матбуот бояд чи гуна бошад?!
Ҳанӯз пур сохтани рӯзномаву маҷаллаҳо аз матолиби интернетӣ ва чанд воқеъае баёнгари касбият дар ин соҳа нест. Гувоҳи ин гуфтаҳо матолиби такрор ба такрор ва пур сохтани сафҳаҳо дар бораи Сангаку Ризвон ва муллоҳост. Анқариб шуморае нест, ки сурати яке аз ин чеҳраҳои ҷанги шаҳрвандӣ набошад. Ё худ пур кардани саҳифаҳо дар бораи муллоҳо чи маънӣ дорад? Магар чизи муҳимтаре аз инҳо барои матбуот ва ҷомеъа нест? Яъне журналистони муҳтарами мо фақат чанд соли ахир дар бораи чанд ҷинояткор менависанду менависанд, ҳеч не ки худро аз ботлоқи ин мавзуъҳо бираҳонанд. Гӯё, ки ҳеч мавзӯъи муҳимтаре аз инҳо дар ҷомеа мавҷуд нест. Чандон хуб нест коҳи куҳнаро бод додан. Дар ҳоле ки дар ҷомеъаи имрӯза ҳазорон проблемаҳои ҳалношуда мавҷуданд, гаштаю баргашта ба ҳамон мавзӯи ҷанги шаҳрвандӣ ва қаҳрамонҳояшон пардохтан ҳеч маъние надорад. Дар ҳоле ки бояд меҳвар ва маҳаки асосии ин ҳафтаномаҳо баён сохтани мушкилоти мардум ва роҳҳои бурунрафт аз мушкилот бояд бошад ва набояд тамоми матбуотро ба нашрияҳои криминалӣ монанд сохт.
Дигар масъалае, ки боиси ташвиш аст, ин рӯз то рӯз зиёд шудани адади нашрияҳои бо ном фароғатӣ ва сканвордҳост. Он ҳам дар сатҳи хеле пойин ва фач. Фаромӯш набояд сохт, ки матбуоте, ки каму беш имрӯз ба масоили ниёзи мардум сару кор доранд, қариб ки хонандаи аслӣ надоранд. Чанд хонандае ҳам доранд, ба хотири ҳамон мақолоте, ки дар бораи қаҳрамонони ҷанги шаҳрвандӣ ва сурати муллоҳост.

Тиражи хеле кам

Пас суоле пайдо мешавад, ки айби аслӣ дар кӣ ва ё чист? Дар хонанда ё рӯзноманигорон? Аз тиражи ҳафтаномаҳо бармеояд, ки хонандаи андак доранд. Дар 20 соли пеш ҳафтаномаи мустақили "Чароғи рӯз" беш аз 25 ҳазор тираж дошт, аммо тиражи имрӯзии нашрияҳои мустақил 1000-4000 аст. Шояд иллати асосӣ бештар дар ҳамин рӯзноманигорӣ бошад. Шояд рӯзноманигорони муҳтарам дигар чизе барои навиштан надоранд ё завқ тағйир кардааст. Ончунон матбуотро дар тангнои сарбастае ҷо намудаанд, ки дигар ба ҷуз дар бораи ҳамин ҷанги шаҳрвандию қаҳрамононаш чизе навишта наметавонанд. Ба назар мерасад, ки агар ҳамин ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ намепайваст, шояд чизе барои навиштан дар ин матбуот намебуд.
Матбуот ба андозаи завқу салиқаи омма пойин фаромадааст, ҷойи он ки завқу салиқаи мардумро боло бубарад. 

Матбуоти саргарангкунанда ва фаҳш

Боиси таассуф аст, ки мардум ба хондани ҳафтаномаҳо ва маҷаллаҳое рӯ овадаанд, ки муҳтавояшонро чизҳои бемаънӣ ва то ҷое низ фаҳшу суханҳои беҷо дар бар мегирад. Ва теъдоди чунин ҳафтаномаҳо дар ҳоли зиёд шудан аст. Яъне аз ин бар меояд, ки соҳаи матбуот низ ба соҳаи тиҷорат табдил шудааст.
Фурсати он расидааст, ки Вазорати фарҳангро дар ин росто таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Рӯз то рӯз зиёд шудани миқдори сканвордҳои тоҷикӣ он ҳам дар сатҳи хеле пасту ғайриҳирфаӣ ба чӣ маънист? Боре аз ташкилкунандагони инчунин нашрияҳои ақлзудо низ суол бояд шавад. То мазмуну мундариҷаи онҳоро бомаъниву безарар созанд. Соҳаи матбуотро ба погашт набояд табдил дод, он бояд назорат шавад, то матолиби бемаъниву бемантиқ чоп нашавад. Аз сӯи дигар фикру андешаи хонандагонро бештар суи мураккабӣ савқ бояд дод, то андешаҳоро  водор ба фикри жарфтаре сохт. Аз маънию мазмуни суолу калимоте, ки дар ин сканвордҳо дарҷ  шудаанд, бармеояд, ки бисёр калимаҳои сода, ғайр ва такрорианд. Аз сатҳи пасти саводнокии мардум суъистифода намуда, то ба ин андоза маҷаллаю ҳафтаномаҳои дар сатҳи пасти илмӣ набояд чоп намуд. Зеро бо  чопу нашри чунин маҷаллоту матбуот наметавон сатҳи донишу илми мардумро боло бурд. Ва рӯз то рӯз зиёд шудани сафи чунин нашрияҳо чандон пайомаде хубе нест. Албатта чунин нашрияҳои фароғатию майишӣ барои ҷомеъа заруранд, вале ба сатҳи илмии онҳо низ бояд диққат кард. Бисёр содда, такрорӣ мебошанд, ки ҳатто барои каме андеша кардан ҳам фикри касро водор намесозанд. Дигар вақт аст, ки сари маънӣ андеша кард. Бо чопи чанд зани урёну луч ҷалб кардани диққати мардум ва харидор пайдо намудан чандон андешаи хубе нест. Мардуми ҷаҳон, ҳангоме ки дар сатҳи пасти фақр қарор доштанд, баракс бештар ба омӯзиши илму дониш мепардохтанд, то мардумро аз фақру тангдастӣ наҷот диҳанд. Аммо мутаассифона дар мо аз бекорию саргардонии мардум истифода карда, ҳар чизи бемаъниву безавқеро ба чоп мерасонанд ва мардумро ба гумони ғалат мебаранд, ки гӯё аз хондани чунин нашрияҳои бемаънӣ проблемаҳо ҳал хоҳанд шуд.
Агарчӣ инсони оқил набояд худро бо чунин чизҳои бемаънию сабук тасалло диҳад, зеро то худи мо мардум сатҳи фаҳмишу дарки хешро боло набарем ва дар пай ҳалли проблемаҳои худ нашавем, дигар ягон кас моро аз ин вартаи нобудӣ наҷот нахоҳад дод. Зарур аст, ки дар чунин шароит бештар ба омӯзиши мавзӯъҳои барои ҷомеа зарур пардохт. Ва вазифаи матбуот аст, ки барои рушди ҷомеа ва мардуми ин сарзамин хидмат намояд. Шояд бархе бар ин андеша бошанд, ки аз ин маҷаллаю рӯзномаҳои фароғатии мо дида, дар дигар мамолик бештар чоп хоҳанд шуд. Ин андеша дуруст аст, вале он мардум меҳнат карданд, заҳмат кашиданд, илму ҳунар омӯхтанду ватанашонро обод сохтанд. Дигар онҳо имрӯз бештар ба масоили фароғатӣ ниёз доранд. Хуб мебуд дар фазои иттилоотии кишвар лоақал як нашрияе оид ба навгониҳои илму техника ба нашр мерасониданд. Дар ҳоле ки асри бистро асри техналогия мегӯянд, худ тасаввур кунед, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки худро узви ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ҳатто як нашрия ва маҷаллае дар ин соҳа надорад. Айб нест?!

Фароғат танҳо аз фаҳшо иборат нест

Ва ин дар ҳолест, ки ҳар рӯз сафи матбуотро як нашрияи бо ном фароғатӣ пур сохта истодааст. Бисёр зараровар ҳам ҳаст, вақте бештари ин маҷаллаҳоро мутолиа мекунӣ, фақат дар бораи чи тавр фалонӣ фалон духтарро ба номусаш таҷовуз кард ва дар бораи деву аҷина ва фолу фолбинӣ. Мардумро набояд хурофотӣ ва васвосӣ сохт. Дар хотир бояд дошт, ки ба воситаи фолу фолбин ҳеҷ мушкилоте ҳал нахоҳад шуд. Инсонҳои нотавон ва сустмағзанд, ки мехоҳанд проблемаҳои хешро ба воситаи фолбин ҳал намоянд. Ҳар чизро аз дидаи ақл бояд нигарист. Ва ҳар чизе ки дар бораи хуфту хоби инсонҳоро набояд ба таври оммавӣ нашр сохт. Худ боре андеша кунед, вақте ки дар ин мавзӯъҳои шаҳвонию сиррии хусусан ҷавонон ба таври ошкор менависанд, дигар пардаи шарм дарида хоҳад шуд ва баъид нест, ки ин гуфтаҳоро ба таври амалӣ иҷро нашаванд. Нахуст мебояд проблемаҳои аввалиндараҷаи барои ҷомеа зарурро навишта кард ва роҳи ҳалли онҳоро нишон дод.
Ва ҳамчун як хонанда чунин пешниҳод дорам, ки ба ҷои чунин нашрияҳои сустмуҳтавою беранг, кам агар ҳам бошад, як ё ду нашрияе дар бораи техналогия ва иқтисодиёт ба чоп мерасонданд, то сатҳи фаҳмиши техникию иқтисодии мардум бештар мешуд. Ин ҳама зиллату хорие, ки мардуми мо дар хориҷи кишвар, хусусан дар Русия мекашанд, маҳз дар беҳунарист. Мо ихтироъ он тараф истад, ҳатто чизҳои ихтироъшударо истифода бурда наметавонем. Баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши технологии мардумро танҳо бо чанд китоби рангае наметавон баланд бардошт, дар ин росто маҷаллаю нашрия бояд ба табъ расонид. Зеро таъсири нашрияю маҷалла ҷойгаҳи худро дорад. Андешаи Суқроти ҳаким ин ҷо ниҳоят ба маврид аст; "ҷомеъа вақте фарзонагӣ ва саодат меёбад, ки мутолиъа кори рӯзонааш бошад".
Мардумро ба бероҳа набаред, рӯзноманигорони арҷманд!

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97