МИЛЛАТ ва СУБОТ

Расонаҳо 23.12.2011 15:11

ё ин ду бе ҳам будан наметавонанд

Millat_va_SubotАз чопи нахустин шумораи рӯзномаи "Миллат" беш аз шаш сол сипарӣ гардид. Тайи ин фурсат аҳли эҷоди нашрия ба баррасӣ ва инъикоси тамоми масоили доғи ҷомеъаи кишвар ва мавзӯъоти муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ даст зада, барои хонандаи хеш мақолаҳо пешниҳод карданд. Албатта дар ин муддат "Миллат" рӯзҳои хуш ҳам дошту лаҳзаҳое ҳам буд, ки моро малолу хаста месохт. Иду хурсандиҳо ҳам доштему гирифториҳое бо намояндагони додгоҳу вазоратхонаҳо ва баҳсу кашмокашҳое бо кормандони мақомоту андозу Агентии мубориза бо фасоди молӣ ҳам доштем ва албатта ҳар куҷо, ки кор ҳаст, он ҷо хатову мушкилот низ ҳаст ва бегумон бархӯрдҳое ҳам бо мақомот бояд ҷо дошта бошад. Ва ба хусус агар журналист бошеду дар нашрияи озоду мустақили ҷамъиятиву сиёсие чун "Миллат" фаъолият дошта бошед, аз ин гуна бархӯрду ҷанҷолҳо бешак ҷои гурез нест. Ва мо аҳли эҷоди "Миллат" бо вуҷуди интиқоди зиёд кардан аз фаъолияти ҳукумат, вазирон, масъулини шаҳру навоҳӣ ва раҳбарони ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ҳамеша ба сулҳу оромӣ ва суботи кишвар арҷ гузоштаем ва ҳеч гоҳ фаромӯш накардаву нахоҳем кард, ки асбоби ин ҳама озод фаъолият кардану матраҳ сохтани мушкилоти ҷомеъа аз тариқи саҳифаҳои матбуот маҳз бо шарофати сулҳу оштӣ ва оромии кишвар ба мо даст додааст. Ва муроду ҳадафи мо ҳам аз гуфтани мушкилоти ҷомеъа ва интиқоди мансабдорон ном ҷӯстан набуд ва нест. Мо танҳо ин ниятро дорем, ки рисолати хешро ба ҳайси рӯзноманигор дар назди мардуми хеш, дар назди виҷдони худ бо ошкор кардану гуфтани мушкилоти ҷомеъа ба хотири пешрафти кишвар ва боло рафтани сатҳи зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон беғараз ва софдилона иҷро карда бошем. Агар то ҷое ба ин нияту ҳадафи хеш расида бошем, хешро сарфарозу хушбахт меҳисобем. Мо медонем, ки на ҳама танқидро хуш доранд ва на ҳама онро беғараз қабул мекунанд, вале ба хотири пешрафти кишвар ва бо истифода аз имконоту шароити бароямон Сарқонун фароҳам оварда, талош кардаем, ки ҳарфи хешро озоду боҷасорат гуфта бошем, то масъулини мо фориғбол набошанд ва пайи ислоҳи нуқсону камбудҳои ҷомеъа ҷаҳду кӯшиши бештар дошта бошанд. Албатта ҳар навиштаеро сабабест. Имрӯз ба гӯши мо аз ҳар куҷо садоҳое мерасад, ки нашрияҳои мустақили сиёсӣ мардумро ноором месозанд, вазъи осоиштаи ҷомеъаро мехоҳанд халалдор бикунанд, дар андешаи суботи кишвар нестанд ва ғайра. Вале мо бо тамоми масъулият изҳор медорем, ки арзише қиматтар ва коре муҳимтар барои мо аз нигоҳ доштану арҷ гузоштан ба оромии ҷомеъа нест. Ва ҳамеша тайи фаъолияти беш аз шашсолаи хеш ин нуктаи муҳимро дар меҳвари кори худ қарор додаем ва кӯшиш кардаем, ки камтарин халалро ба суботи ҷомеъа ва амнияти кишвар ворид накарда бошем, зеро хуб мефаҳмем, ки ин сулҳу созиш ва оштии миллӣ бо қимати ҷони беш аз 150 ҳазор ҳамватани мо ба даст омада ва мо ва ҳам ҳеч кас ҳаққи маънавӣ ва инсонии онро надорад, ки вазъи ороми ҷомеъаро ба ҳам бизанад ва рӯҳи куштагони ҷанги шармандавори моро ва осоиштагии мардуми кишварро дубора аз байн бубарад. Ҳар касеро бовараш он бошад, ки мо аз гуфтани сухани ҳақ, аз танқиду мазамати амалдорон бурде кардаему ба дастмузди заҳматамон як дираме дигар афзудааст, ё аз ҷое, аз мансабдоре, аз ҳизбе, ё аз ягон созмони дохиливу хориҷӣ, хуллас аз нафаре маблағе дарёфт кардаем, пас агар намедонад бидонад, ки сахт иштибоҳ кардааст. Мо аз гуфтани ҳарфи ҳақ, аз танқид карданҳо барои хеш танҳо дарди сар харидаем, вале чӣ кор кунем, ки тамаллуқ задану ҳамду ситоиш гуфтан аз дастамон наомад ва маддоҳиву ситоишро акнун ниёзе ба мо ҳам намонда, зеро минбарҳои вассофиву ситоиш хеле зиёд шудаву шабу рӯз фаъолу гардонанд.

"Миллат" як нашрияи сиёсиву ҷамъиятӣ ва минбари озоди баёни андеша барои ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон навобаста аз мансубияти қавмӣ, забонӣ, мазҳабӣ, ҳизбӣ ва ақидаву афкорашон мебошад. Ва озодии баёну мавҷудияти матбуоти озод як рукни муҳими ҷомеъаи демократӣ буда, Қонуни асосии кишвари мо низ ба ин нукта таъкид кардааст. Ва давлати мо ҳам ба ҷиҳати арҷ гузоштанаш ба озодии баён дар миёни кишварҳои дунё соҳибэҳтиром аст, яъне будани мо ва "Миллат" ба имиҷи байнулмилалии кишвар обрӯ афзудааст, ки ҳалол бод бар давлату давлатмардони мо ин шараф ва мо ҳаққе талаб ва гилае ҳам надорем, ба ҷуз он ки ҳаққи инсонӣ ва шаҳрвандии мо ва мардуми мо шойиста ҳифз шавад. Дар лаҳазоти муҳим ва барои давлати мо сарнавиштсоз маҳз ҳамин нашрияҳои мустақил, аз ҷумла "Миллат" буд, ки аз манофеъи миллӣ ва амнияту тамомии марзии Тоҷикистон, дар ҳоле ки матбуоти расмии ҳукуматӣ хомӯширо дар ин росто авло дониста буданд, ҷоннисоронатар ва сарсупурдатар дифоъ карда буданд ва дифоъ хоҳанд кард.

Чанд рӯз қабл миёни Шӯрои уламои кишвар дар шахси раиси он Сайидмукаррам Абдулқодирзода ва хонадони Тураҷонзодаҳо ихтилофе бархост, ки дар ҷомеъа сару садоҳои мухталиф ба бор овард. Барои ба сабабу ҷузъиёти ин муноқиша рӯшанӣ андохтан мехоҳем зикр намоем, ки баҳси бародарон Тураҷонзодаҳо ва Шӯрои уламои дини кишвар аз баёнияи интиқодии ин Шӯро оғоз шуд, ки дар он хонадони Тураҷонзодаҳо дар баргузории маросими Ошӯро ва ба пайравӣ аз мазҳаби шиа муттаҳам шуда буданд.

Аммо бародарон Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода пайравии худро аз мазҳаби шиа рад карда, изҳор доштанд, ки ёд кардан аз қатли Имом Ҳусайн набераи Паёмбари ислом ҳеч рабте ба маросими Ошӯрои шиаҳо надорад. Ва хонаводаи Тураҷонзодаҳо Шӯрои уламоро барои тӯҳмат ва ҳамчунин тақаллуб дар таҳияи баёния аз номи бархе аз рӯҳониён ва ба тафриқаандозӣ муттаҳам намуд. Дар робита ба ин баҳс Кумита оид ба корҳои дини кишвар баргузории намози ҷумъаро дар масҷиди "Муҳаммадия", ки мансуб ба бародарон Тураҷонзодаҳо мебошад, барои се моҳ манъ ва Эшони Нуриддин ва бародараш Маҳмудҷонро аз имоматӣ барканор кард. Баъдан, раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин, раиси Кумита оид ба корҳои дин Абдураҳим Холиқов ва сарвари Шӯрои уламои дини кишвар Сайидмукаррам Абдулқодирзода, ки ба идаъои ишон ҳангоми ташрифашон ба масҷиди "Муҳаммадия"- и шаҳри Ваҳдат нисбати онҳо беэҳтиромӣ зоҳир шудааст, ба прокуратураи ин шаҳр аз болои бародарон Тураҷонзодаҳо ариза пешниҳод карданд, ки бар ин асос Эшони Нуриддин ва бародараш Ҳоҷӣ Акбар пайи ҳам ба бозпурсӣ даъват шуданд. Ҳамзамон 9 тан аз намозгузорони ин масҷид барои 10 рӯз боздошт ва бархе дигар низ барои нақзи тартибот ҷарима шудаанд. Ин ихтилоф, ки миёни рӯҳониёни саршиноси кишвар иттифоқ уфтода, то ҷое ба суботи кишвар халал ворид кард, ҳатто нируҳои фурсатталаби беруна барномаҳоеро дар хориҷ аз кишвар рӯйи даст гирифтаву гӯё аз ҳаққи мардуми мо ҳимоят мекарда бошанд. Набояд фаромуш кард, ки дар ин дунёи пур аз моҷаро кишвари кучаки мо дӯстони зиёд надорад, аммо бадхоҳони зиёде дар атрофаш камин гирифтаву пайт меҷӯянд. Пайти паркандагиву нифоқи моро.

Аз ин рӯ ин ҳама кашмокашу муноқишаҳоро, ки дар сари он муллоҳои шинохта аз ду ҷониб қарор доранд, набояд кори саҳлу содае пиндошт. "Миллат" ҳанӯз ду моҳ қабл зери унвони "Муллоҷанг" матлаберо ба нашр расонида буд, ки дар он аз ҳассос будани ин мавзӯъ, хатар доштани баҳсҳои тунди мазҳабӣ, ҷилавгирӣ намудан ҷиҳати ба муноқиша ворид нашудани пешвоёни дин ва нигоҳ доштани ҳадди эътидол аз ҷониби масъулини ҳукумат ҳангоми бархӯрд бо рӯҳониёни саршинос ҳушдор дода буд. Таърих гувоҳ аст, ки яке аз сабабҳои суқути давлатдории Сомониён маҳз ҳамин бархӯрди ноҷо ва ба рофизиву қарматӣ мутаҳам донистани баъзе аз пешвоёни дин дар он аҳд будааст. Ва чун Қарахониён ба Бухоро ҳамла бурданд, амири Сомонӣ аз рӯҳониён хост то мардумро ба ғазо алайҳи эшон даъват бикунанд. Рӯҳониёни саршинос чун аз ҳокимон барои қармативу рофизӣ эълон шуданашон ранҷида буданд, аз даъвати мардум бар ҷиҳод алайҳи қарахониён худдорӣ карда гуфтанд, ки онҳо ҳам мусалмонанд ва ҷиҳод бар зидди бародари мусалмон ҷойиз нест. Ва бо ҳамин Қарахониён давлати Сомониёнро барҳам заданд. Аз ин ҳодисаи таърихӣ бояд сабақ гирифт. Дар ин қазия кӣ ҳақ асту кӣ гунаҳкор кори мо нест, инро бояд мақомоти марбута беғараз баррасӣ карда, ба он баҳои воқеъӣ бидиҳанд. Ва хуб мешуд агар ду ҷонибро ба мусолиҳа ва оштӣ бихонанд ва ба ихтилофоти рӯ зада нукта бигзоранд. Дар ин маврид бояд аз ҳарфи Фирдавсии бузурги ҳамватани оламшинохтаамон, ки аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад кор бигирем, ки фармуда:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

Ҷаҳон имрӯз ба марҳалаи бисёр нозуку сарнавиштсоз ворид шуда ва қудратҳои дунёӣ, ғулҳои зӯргӯ барои тақсимоти нави олам талош доранд. Абарқудратҳо, наҳангҳои дар сар ҳавои оламгирӣ дошта кишварҳои хурду заъифро мехоҳанд ба коми сиёҳи хеш фурӯкаш кунанд. Саросари олам ба хусус кишварҳои ҷаҳони Исломро мавҷи эътирозоту ноамнӣ ва кашмокашҳо фаро гирифта, ки бешак дар ин ҳама қудратҳои ҷаҳонӣ даст доранд ва манфиати хешро меҷӯянд. Касе агар андеша дорад, ки бедории ҷаҳон ва таҳаввулоти ҷомеъаҳои мусалмонӣ ба кишвари мо бетаъсир хоҳад буд, э кош чунин бошад(!), вале назари инҷониб он аст, ки аз хоби гарон бихезем, ки чунин нест. Ва ҳамеша дар ҳама ҳолат, дар бархӯрд бо ҳар ҳаводису иттифоқоти кишвари хеш аз ақли солим кор бигирем ва барои душманону бадхоҳони миллатамон имкон надиҳем, ки моро дубора бо ҳам бишӯронанд. Аз ин рӯ дар чунин вазъи ҳассос ва таърихиву сарнавиштсоз бояд ҳама табааи кишвар кину адоват, эҳсосоту ғаразҳои хешро канор бигзорем, аз сияҳ кардану ниқоргирии ҳам ба хотири амну осоиши миллату сарзамин дурӣ биҷӯем ва дар пайи ислоҳи нуқсону камбудиҳо ва беҳтар кардани рӯзу рӯзгори мардуми хеш бошем. Ин Ватан, ин хоку ин миллат барои мо сахт азиз аст, бо ҳама мушкилоту проблемаҳояш Тоҷикистон маъвои ягона ва зодгоҳу хокдони муқаддаси мост. Ва зинда бод Тоҷикистон!!!

"МИЛЛАТ"            

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97