Агар ман Митя бошам, пас Асп кист?

Расонаҳо 04.04.2011 09:21

Ozodii_SuKHanТибқи ақидаи олимони равоншинос дар радифи ниёзмандиҳои инсонӣ талабот ба шӯҳрат яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Гарчанде афзалияти он дар қиёс ба талаботҳои табиӣ (об, ҳаво, ғизо) кам бошад ҳам, ниёз ба номдор шудан доимо инсонро маҷбур мекунад, ки дар ҷустуҷӯи дарёфти роҳҳои мухталифи ба дигарон муаррифӣ кардани худ бошад. Маҳз ин ниёзмандӣ аксарияти каҳрамонони таърихиро маҷбур кардааст, ки дар талоши номвар шудан ба ин ё он амал даст зананд, корнамоӣ кунанд, то баҳои баланди атрофиёнро соҳиб шаванд………

Кашфиётҳои бузург, рекордҳои варзишӣ ва ғайриварзишӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, ҳатто корнамоиҳо дар набардҳо - ин аст дар бештар ҳолатҳо натиҷаи талоши инсон баҳри дарёфти эътибору обрӯ, ба кавле "имиҷ".

Чӣ хеле, ки маълум аст, имиҷ мусбат ва манфӣ мешавад. Барои касби имиҷи мусбат кори некеро ба анҷом расонидан зарур аст ва ё бо хислатҳои хуби инсонӣ сазовори бовар, эҳтиром ва эътибори дигарон шудан лозим. Барои соҳиби имиҷи манфӣ шудан - баръакс ба кори бад даст зада, таваҷҷӯҳи ҷомеъаро ба худ гардонидан басанда аст.

Вале ҳастанд бархе аз одамон, ки бе иҷрои ягон аъмоле мехоҳанд шӯҳрат пайдо кунанд. Барои мисол ширкат дар интихоботи вакилон дар сатҳҳои гуногун барои бархе аз номзадҳо, ки худашон сад дар сад итминони комёб нашуданро доранд, танҳо ба хотири имиҷи "арзон" ба даст овардан аст.

Вале мусаллам аст, ки чунин имиҷ бақо надорад ва дар муддати кӯтоҳ аз ёди одамон меравад. Агар имиҷ на бо роҳи сунъӣ, балки тавассути меҳнат ба даст ояд, умри дароз дорад. Барои касби имиҷи устувор дар ин ё он соҳа одамон шабу рӯз кор мекунанд, нишондиҳандаҳои назаррасро соҳиб мешаванд ва ба қавли худашон "агар дар аввал онҳо барои имиҷ кор кунанд, баъдан имиҷ барои онҳо кор мекунад".

Ва таззод чунин аст, ки ашхосе шабу рӯз, солиёни дароз дар талоши дарёфти имиҷанд, вале дар ин ҷода нокоманд. Афроди дигаре бошад, кори назаррасеро анҷом дода, ба қавле "субҳ ҳамчун шахси шӯҳратдор аз хоб мехезанд".

Хусусан дар соҳаи журналистика дарёфти имиҷ корест басо мушкил. Зеро дар қатори маҳорати баланди касбӣ доштан журналист бояд ҷасорати вижаро соҳиб бошад. Маҳз аз пасомади сангин наҳаросида рӯирост оид ба камбуди ҷомеъа ҳарф задан мавқеъи шаҳрвандии журналистро таҳким бахшида, обрӯ ва эътибори ӯро на танҳо дар байни хонандагон, балки дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ баланд мебардорад. Гарчанде дар ҷомеъае, ки озодии сухан бо қонунҳо маҳдуд шудаанд, имконоти дарёфти имиҷ хеле зиёд аст, на ҳама рӯзноманигорон ҷуръат мекунанд, овоз баланд кунанд. Танҳо онҳое метавонанд соҳибном шаванд ва имиҷи хосаро соҳиб шаванд, ки ҷасорати вижа доранд.

Вале мутаассифона на ҳама журналистон ва ашхосе, ки худро рӯзноманигор муаррифӣ мекунанд, ҳадро байни ҷасорат ва дағалӣ риоя мекунанд. Ба гуфти файласуф Жан Жак Руссо "Набояд ҷасоратро бо беҳаёӣ ва дағалӣ монанд кард; дигар чизе, ки на бо сарчашма ва на бо натиҷа аз якдигар ин қадар дур бошад, вуҷуд надорад".

Вақте ки хабарро дар бораи гӯё таъқиб ва фишор овардан ба журналист Баҳриддин Сангмадов дар сомонаи радиои "Озодӣ" ва баъдан дар сомонаи газетаи "Миллат" хондам, аз оне ки ба дуруст ё нодурустии ин амал бовар кунам, ба журналист будани Баҳриддин Сангмадов шубҳа пайдо шуд. То ҷое, ки ман дар соҳаи нақши ВАО дар ҷомеъа тадқиқот мебарам ва рисолаи илмӣ низ дифоъ намудаам, фикр мекунам аз авзои матбуот дар кишвар ва вижа дар минтақаи Кӯлоб каме огаҳӣ дорам, чунин журналистро намешиносам. Ин шубҳаи ман бо он асос ёфтааст, ки ин номро на дар сатҳи маҳаллӣ, на сатҳи ҷумҳурӣ ҳамчун рӯзноманигор то ҳол нахондаам ва нашунидаам. Даст ба рӯи сина монда бигузор Баҳриддин Сангмадов гӯяд, ки дар ҳаёти худ ягон мақола навиштааст, ин шубҳаи ман аз байн меравад.

Тибқи суханони ӯ, гӯё ҳангоми вазифаи хизматияш ӯро мавриди таҳқир ва фишор қарор дода бошанд, ой бародар, ба вазифаи хизматӣ, ки рафтӣ, чаро ҳуҷҷат надорӣ, ки худро муаррифӣ кунӣ? Чаро ба суоли воқеъан ба ҷои корманди муассисаи давлатӣ ту бо дағалии ба бачаҳои кӯчагӣ хос посух додӣ? "Оли баъд мефаҳмӣ, ман киям!"-гуфтани ту оё аз беодобии ту дарак намедиҳад? Ту агар бо ин роҳ мақсади ба даст овардани иттилоотро дошта бошӣ, ҷӯраҷон, ин кори ту хатое беш нест. Мисле, ки гӯё ту ба объекти сирри давлатӣ рафта хостӣ маълумоте ба даст биорӣ, ба ту монеъа шуданд, дар ҳоле ки он амале, ки ту мехостӣ аккосӣ кунӣ, куллан қонунӣ буд, ту чиро мехостӣ ба ҷомеъа пешниҳод кунӣ?

Ва шояд ту хостӣ дар як дақиқа тавассути иғво аз худ қаҳрамон сохта ба радиои "Озодӣ" ва газетаи "Миллат" худро журналист муаррифӣ карда имиҷи арзон ба даст орӣ? Ҷӯраҷон, барои худро журналист муаррифӣ кардан ва сазовори имиҷи касбӣ шудан танҳо ширкат дар якчанд тренинги созмонҳои байналмилалӣ басанда нест. Агар фаъолияти саҳифабандии худро, ки гӯё барои ин туро чанд муддатест таъқиб мекунанд, дар назар дошта бошӣ, ин ба ту ҳуқуқ намедиҳад, ки худро журналист номӣ.

Шояд ту мехостӣ дар як лаҳза мисли журналистони асили шӯҳратёр Сайёфи Мизроб, Аҳмади Иброҳим, Аслиддин Достиев, Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ ва дигар зодагони Хатлонзамин, ки аз ҷасорати онҳо мо - мардуми тоҷик ифтихор дорем, номдор шавӣ? Оё ту медонӣ, ки ҳатто барои наздик шудан ба радифи ин ва дигар журналистон ту чӣ қадар бояд пофишорӣ ва мӯшикофиҳо кунӣ? Ин роҳе, ки ту интихоб кардаӣ, мутмаъин бош, туро ба мурод намерасонад.

Шояд хонандаи закӣ аз "Шӯҳрат аз зери пои асп" унвон гирифтани ин навишта ҳайрон шуда бошад ва интизор аст, ки шарҳи онро дарёбад. Онҳое, ки бо адабиёти классикии рус ошноӣ доранд, фикр мекунам аллакай ҳикояи машҳури Антон Чехов "Шодӣ"-ро ба ёд овардаанд. Қаҳрамони ҳикоя Митя Кулдаров бо хурсандии беандоза ба хона омада ба наздикони худ газетаеро, ки дар он хабар дар бораи аз тарабхона маст баромада ба зери асп мондани ӯ омадааст, нишон дода бо ифтихор мегӯяд, ки "акнун ӯро тамоми Русия мешиносад" ва ӯ шӯҳрат пайдо хоҳад кард.

Агар ту низ фикр кунӣ, ки бо ду хабари беасос туро аллакай дар ҷумҳурӣ мешиносанд, иштибоҳ намекунӣ, вале, мутмаъин бош, шӯҳрати ту ҳатто ҳамчун иғвогар дар муддати кӯтоҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад.

Додарбек Сайдалиев,

ноиби ректор оид ба равобити байналмилалии

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ,

номзади илмҳои сиёсӣ

 

ҶАНОБИ САЙДАЛИЕВ, МАН ЖУРНАЛИСТАМ!

OrzuP.S: Наход Додарбек Сайдалиев низ ба хотири ниёзҳои гуфтааш, яъне дарёфти имиҷ ва пайдо шудан дар саҳифаи нашрияҳо бо дарёфти хурдтарин имконият хостааст бо журналисте бархӯрд кунад? Бо журналисте, ки ҳам аз лиҳози солмандӣ ва ҳам таҷриба ба қавле "ба дандон мувофиқ" аст. Вагарна Сайдалиев куҷову қазияи мазкур куҷо?

Чунки Сайдалиев дар раванди қазия умуман иштирок надоштааст. Ва агар Сайдалиев ба хотири имиҷ набошад, пас ноиби ректор оид ба равобити байналмилалӣ буданаш ба ҷавобнависӣ чӣ рабт дорад? Ё дар рӯзнома посух навиштанро робитаи байналмилалӣ медонад? Ва агар не, пас худро ширин карданист. Дар ин сурат кӣ ба ӯ ҳуқуқ додааст, аз канор истода, шояд бо ягон фармоише бошад, журналистро иғвогару дағал гуфта тӯҳмат занад? Ҳол он ки ман на танҳо "Оли баъд мефаҳмӣ, ман киям!"-ро нагуфтаам, балки бо вуҷуди оне, ки худро шинос кардам, дар зери фиғону таҳдидҳои бардавоми ноиби ректор имкони сухани дигар гуфтанро пайдо накардам. Гузашта аз ин, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муассисаи ҳарбӣ, ё объекти сирридавлатӣ буда нест, ки ректор барои расмгириаш иҷозаи махсус талаб кунаду ноиби ректор гиребони журналистро гирифта дар бинои маъмурии донишгоҳ боздошт кунад.

Агар шумо аз вазъият огоҳ бошед, чаро аз одобу муносибати ноиби ректор Ватан Сафаров чизе намегӯед? Магар ин маънои онро надорад, ки мақолаи Шумо ҷаноби Сайдалиев, (нафаре, ки маро хуб мешиносед) яктарафаву фармоишӣ аст?

Мегӯед, ки "Даст ба рӯи сина монда бигузор Баҳриддин Сангмадов гӯяд, ки дар ҳаёти худ ягон мақола навиштааст, ин шубҳаи ман аз байн меравад." Марҳамат: Ҳуҷуми Толибон ба Шӯроободи Тоҷикистон("Пажвок"), "Аждар" -и СИЛ Қарағочро ба коми хеш мекашад! ("Пажвок"), Ҳизбҳо дар Кӯлоб ба САҲА умед мебанданд ("Кулябская правда"), "Ҷаҳиши охирини бабр" муарифӣ шуд ("СССР"), Кашфи 18 қурбонии сели Кӯлоб ("Миллат") ва чандин мақолаву гузоришҳое, ки дар сурати зикри номашон ҷойи бештар аз матни вокуниши шумо ҷаноби тадқиқотчиро банд мекунанд.

Дар хулосаи навишторатон низ ба ҳайрат омадам. Агар дар ҳикояи аз Чехов иқтибос овардаи худ маро ба Митяе, ки зери пои асп мондааст монанд кунӣ, пас он асп кист? Аз гуфтаҳои Сайдалиев бармеояд, ки мавсуф ба панду ҳикматҳои бузургони гузашта таваҷҷӯҳи хоса дорад. Ба ин хотир аз ҳикмати ниёконамон, ки барои ҳалли босамари қазияҳо пешбинӣ гаштааст, ҳамин ду мисраро меорам, шояд ибрате бошад: 

Миёни ду тан ҷанг чун оташ аст, 

Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

Баҳриддин Сангмадов, журналист

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97