Толибшоҳи Сайидзода: «Эй мукофотбахшҳо, маъзур…»

Расонаҳо 14.03.2011 15:39

Tolibaka11 марти соли 2011, дар рӯзи Ҷашни матбуоти тоҷик банда ба дарёфти Ҷойизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шудам. Ба ҳангоми супурдани ин мукофоти арзишманд раиси мӯҳтарами Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов гуфт, ки яке аз маблағгузорони ин Ҷойиза, Вазорати кишоварзӣ (вазир Қосим Қосимов) мебошад.

Бо далели он ки Вазорати кишоварзӣ бо нашрияи «Милллат» даъвои бемантиқи судӣ дорад ва ин вазорат беасоси воқеъӣ аз болои нашрияи «Миллат», ки банда ба ҳайси муҳаррири он фаъолият дорам, як сол қабл ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат карда ва ба ин тариқ дар амал як ниҳоди бӯғикунандаи озодии матбуот ва сухан гардидаву 8 феврали соли равон додгоҳи номбурда зери раисии судя Дилором Абдурҳимова дар нисбати нашрияи «Миллат» ҳукми ноодилона- 1500 сомонӣ ҷарима барои зарари маънавӣ расонидан ба Вазорати кишоварзӣ ва чопи радия, ки гӯё далелҳои дар матлаби нашркардаи «Миллат» исбот нашудаанд, содир намуд, аз ин рӯ банда, Толибшоҳи Сайидзода аз гирифтани маблағи Ҷойизаи ба номи устод Лоҳутӣ расман, бо нишони эътироз даст мекашам. Саҳмгузории як ниҳоди давлатие, ки аз сӯи Оҷонси мубориза бо коррупсия ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар (соли 2009) ба доштани фасод муттаҳам шуда буд ва бо матбуот даъвои судӣ дорад, дар муҳимтарин Ҷоизаи журналистии Тоҷикистон барои ман қобили дарк нест. Аз ин рӯ, ман ба унвони  муҳаррири нашрияи «Миллат» гирифтани бахшишеро аз чунин ниҳод кори ғайри ахлоқӣ медонам.

Ба аъзои Раёсати мӯҳтарами Ҷойизаи ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои пуштибонӣ аз номзадии банда изҳори сипос гуфта, итминони комил дорам, ки ин тасмим хотири шарифи онҳоро озурда нахоҳад сохт.

 

Толибшоҳи Сайидзода,

муҳаррири нашрияи «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97