ХУ, РАФИҚИ ХУБИ МО, ХУШ ОМАД

Сиёсат 27.08.2008 19:08

Омадани сарони кишварҳои дӯсту ҳамҷавор барои мо тоҷикон воқеъан бойиси хушиву сарфарозист. Инак як моҳ мешавад Тоҷикистони офтобӣ ва меҳмоннавоз барои дар сатҳи олӣ истиқбол намудани меҳмонони боиззат омодагӣ дорад. Гарму самимӣ пешвоз гирифтани меҳмон аз суннати аҷдоди ман аст.

Мо аз шоири маҳбубу гармрӯи хеш, устоди калом Мирзои Турсунзода, ки акнун яке аз Қаҳрамонони миллатамон ҳаст васияте дорем ва онро панди зиндагии худ қарор додаем:

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Вақте ин сатрҳо рӯи коғаз мерезанд давлатмардони кишвари ман дар фурудгоҳ омадани як бузургеро, раиси давлатеро, ки нуфуси кишвараш баробари аз чаҳор яки аҳолии сайёраи зебои Замин аст, сарвари кишвари соҳиби таърихи кӯҳан- Чинро мунтазиранд. Ташрифи раиси давлати Чин рафиқ Ху Дзинтао ба кишвари мо бароямон шараф аст. То ҷое ман медонам рафиқ Ху давлатмардест ХУБ. Чинро бо Тоҷикистони ман риштаҳои дӯстиву доду ситад, раву ойи дерин ва ҳусни ҳамҷавории қадим бо ҳам пайвастааст. Он кишварест дорои таърих ва тамаддуни бойю бостонӣ ва ҳамеша рашки ҷаҳониёнро овардааст. Чин имрӯз пурқудраттарин давлати дунё буда, дар паҳлӯи Тоҷикистони ман аст ва дар бонуфузтарин созмонҳои байнулмилалии олам баробари кишвари ман як овоз дорад, ҳарчанд таъсиру нуфузаш бештар ва ҳарфаш барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ қотеътару қабултар аст. Чини бузург имрӯзҳо дар пешбурди иқтисод ва тиҷорати кишвари мо хеле саҳим аст. Чиниҳо имрӯз барои мо роҳ месозанд, нирӯгоҳи барқи обӣ бунёд мекунанд. «Тангем»-ҳои чинӣ имрӯз мушкилкушои мардуми заҳматқарини тоҷик гаштаанд. Ман аз доштани чунин ҳамсояи бою зӯру тавонову қудратманде чун Чин ба ростӣ ифтихор дорам. Аз ҳама муҳим он аст, ки ин давлати ғӯл то кунун эҳсоси бузургманишӣ накарда ва аз манофеъи геополитикии хеш ҳарфе ошкор ироъа накардааст ва ҳар кореро дар кишвари мо анҷом дода, чӣ тавре мегӯянд «холисанлиллоҳ» кардааст. Кошкӣ ҳамин тавр бошад. Ва ҳич гоҳ надидаем, ки рафиқ Ху бо эҳсосу ғазаб сӯҳбат карда бошад, ӯ доимо бо тамкин ва ором, табассуми хос ба чиноиҳо бар лаб гап мезанад. Давлатмарди дурандеш ва оқил ҳамин гуна аст. Ғазаб ва ҷаҳлу қаҳр бар подшаҳон зебанда нест. Дӯсти азизи Тоҷикистон, рафиқи хуби мо Ху, Душанбеи озодаву гулбасар пойандозат, миллати сарбаланди тоҷик мизбони азизат, хуш омадӣ!

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин рафиқ Ху Дзинтао нахустин давлатмарди дунёст, ки қадамашро ба Қасри Миллати Тоҷик, ки ҳамин чанд рӯз қабл мавриди истифода қарор гирифт, мегузорад. Қадами марде, ки бо хиради волои хеш сарварии як кишвари бузурги беш аз як миллиарду қариб чаҳорсад миллион аҳолӣ доштаро бар дӯш дорад, иншааллоҳ хуҷаста ва фархунда хоҳад буд. Миллати шарифи тоҷик дар симои мардуми Чин ва пешвои он дӯсти хешро мебинад ва умед бар он дорад, ки бо ба кишвари азизи мо қадам ранҷа фармудани ҳамсояи бузург муносиботи дуҷонибаи мо рушду тавсеа хоҳад ёфт. Миллати тоҷик аз ҷиҳати шумор дар муқойиса бо миллати Чин хеле кам аст. Беихтиёр ин ҷо гуфтаҳои як дӯсти дигарамон, суханвари бузурги аварӣ, адиби оламшинохта Расул Ҳамзатов меояд, ки гуфта буд: Халқи хурдро дӯсти бузург мебояд.

Хуш омадӣ, дӯсти бузург, қадамат фархунда бод!

Мизбони Ху Дзинтао ва Чини Бузург

Толибшоҳи САЙИДЗОДА


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97