МЕДВЕДЕВ ТОҶИКИСТОНРО БО ЧАШМОНИ ПУТИН МЕБИНАД Ё АЗ ПУШТИ АЙНАК?

Сиёсат 22.08.2008 17:06

Тавре аз гуфтаҳои масъулини тоҷик бармеояд, дар охирҳои ҳамин моҳ сарвари нави давлати Русия Анатолий Медведев ба хотири ба амал баровардани нахустин дидори расмии хеш аз Тоҷикистон ба Душанбе меояд. Ба куллӣ возеҳ аст, ки дар Тоҷикистон бар он манфиатдоранд, ки рӯйдоду равандҳои сиёсӣ дар Русия дар аҳди раиси ҷумҳури нави Русия ҷаноби Медведев ва сарвазири ин кишвар ҷаноби Путин тавре сурат гиранд, ки ба;

а) раванди ташаккулу рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ мустақилу соҳибихтиёр

б) вазъияти муҳочирони меҳнатии тоҷик дар Русия, ки маблағҳои ба ҷумҳурӣ ирсолдоштаашон дар таъмини суботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши зиёд доранд

в) имкониятҳои амалӣ гардондани тарҳҳои энергетикие, ки барои Тоҷикистон аз аҳамияти стратегӣ бархурдоранд, газанде нарасад.

Шояд аз ин ҳам бештар, дар ҷумҳурӣ бар он манфиатдоранд, ки мушкиливу душвориҳое, ки вобаста ба масоили зикршуда мавҷуданд, ҳали мусбати худро пайдо кунанду рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия аз пурҳаракатии (динамикаи) эҷобӣ бархурдор бошад.

Боястӣ таъкид намуд, ки гарчанде рущди муносибатҳоро байни ду кишвар дар тӯли ҳамаи солҳои торихи пасошӯравӣ умдатан эҷобӣ донистан мумкин аст, онҳо ҳеҷ гоҳ комилан мусаффо ва орӣ аз мушкилоту душвориҳо набуданд. Ёдовар шудан мумкин аст, ки дар оғози аҳди истиқлолияти ҷумҳурӣ (сентябри 1991-декабри 1992) нируҳои сиёсие, ки баъд аз рӯйдодҳои моҳи августи соли 1991 дар Маскав ба сари қудрат расида буданд, нисбат ба нахустин раиси ҷумҳури пасошӯравии тоҷик Раҳмон Набиев пеш ва пас аз интихоб гаштанаш ба ин мансаб, муносибати чандон хайрхоҳона надоштанд. Онҳо имконияти пирӯзии ногузири Раҳмон Набиевро дар ин интихобот шикасти нируҳои муттафиқу ҳаммаслаки хеш медонистанд. Биноан дастболо гаштани Раҳмон Набиевро дар интихобот ва идорадории минбаъдаи ӯро эшон ҳамчун пирӯзии нируҳои ғайридемократӣ ва мутаносибан собиқаи дар паҳнои пасошӯравӣ барояшон ғайримарғуб ва ҳатто хатарбор қабул карданд.

Дуруст аст, ки бад-ин минвол пазируфтани бозгашти дубораи Р. Набиев ба сари қудрат на дар сатҳи робитаҳои расмӣ, балки дар мавқеъгирии нируҳои ҳокими вақти Русия, ки ба демократ будани хеш даъво доштаанд, нисбат ба нахустин сарвари давлати пасошӯравии тоҷикон зоҳир мегашт. Чунин рафтору муносибат ба райъу қарори аксарияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ амалан тайиди онҳое буд, ки натиҷаҳои овоздиҳии мардумиро ба ҳеҷ ваҷҳ пазируфтан намехостанд ва дар ниҳояти амр яке аз омилҳое гашт, ки барои амиқтар гаштани бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар мусоидат кард. Бӯҳроне, ки баъд аз чанде шакли даргириҳои сиёсӣ ва сипас ҷанги шаҳрвандиро гирифт.

Моҳи ноябри соли 1992 дар ҷаласаи парлумони вақт дар Хуҷанд, ки дар он намояндагони мухолифин низ ҳузур доштанд, вакилони мардумӣ роҳбарияти нави кишварро бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб карданд. Муносибати либеролҳои тундрав, ки дар он вақт дар сари идораи Русия қарор доштанд, нисбат ба роҳбарияти нави ҷумҳурӣ аз муносибаташон ба роҳбарияти пешин беҳтар набуд. Вале вуҷуди чандин маркази ниру дар ҳокимияти вақти Русия мавқеъгирии либеролҳои тундравро мувозинат мекард. Аз ҷумла, онҳое, ки дар ҷомеъаи Русия ҳамчун давлатгароён шинохта мешуданд ва имконият доштанд ба сиёсати Русия дар нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир расонанд, роҳбарияти нави Тоҷикистонро тайид намуданд.

Баъд аз шикасти либеролҳои тундрав дар интихоботи соли 1993 ба Думаи давлатии Русия, пирӯзии давлатгароён дар интихоботи парлумонии соли 1995 ва вазири корҳои хориҷии Русия тайин шудани сиёсатмадори тавоно ва давлатгарои намоён Евгений Примаков мавқеъгирии соҳибқаророни ин кишвар нисбат ба роҳбарияти Тоҷикистон хеле беҳтар гашт. Бо ин ҳама, муносибатҳои ду кишварро мушкилотҳои муайян ноҳамвор месохтанду назаррастарини онҳо адами мувозинат байни унсурҳои низомӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ дар робитаҳои дутарафа буд.

То аҳди Владимир Путин дар рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Русия ду тамоюли гуногунсамт бараъло ба назар мерасид. Аз як тараф, робитаҳои низомиву сиёсии ду кишвар босуръат рушд ва таҳким меёфтанд. Аммо аз тарафи дигар муносибатҳои иқтисодӣ байни онҳо на танҳо рушд намекард, балки дар қиёс бо соли 1991 мунтазам коҳиш меёфтанд.

Рушди робитаҳои низомӣ-сиёсии Русияву Тоҷикистон, аз ҷумла ҳузури низомии Русия дар ҷумҳурӣ, танҳо дар ҳолате метавонист пурра ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн гардад, агар бо ҳамкории судманди иқтисодӣ, ба вижа дар ростои таъмини рушди билқувваи истеҳсолии Тоҷикистон, такмил меёфт. Вале маҳз ҳамин унсур дар аҳди раиси ҷумҳур Борис Елстин ба назар намерасид.

Адами рушди ҳамкории судманди иқтисодӣ дар аҳди Б.Елтсин падидаи тасодуфӣ набуд. Аз дидгоҳи нухбаҳое, ки ин кишварро дар он вақт идора мекарданд, давлати нави Русия метавонист танҳо дар асоси арзишҳои либеролии ғарбӣ бунёд ёбад. Ҳеч ҷои тааҷҷуб нест, ки эшон кадом як рағбати хоса барои рушди робитаҳои ҷиддиву мутанавеъ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки давлатдории навини худро дар асосҳои барояшон ба куллӣ бегонаи эҳёи миллӣ бунёд мекарданд, надоштанд. Фарқиятҳои ақидатӣ ва фарқиятҳо дар сохтори давлат ва самти давлатдорӣ раванди ҳамкориҳои судманди иқтисодии Русияро бо кишварҳои Осиёи Маказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон монеъ мешуданд.

Бо омадани Владимир Путин ба сари қудрат дар Русия вазъ дигаргун гашт. Тағйир ёфтани самти давлатдорӣ дар Русия муҳимтарин омиле буд, ки ин дигаргуншавиро боис гашт. Басо табиист, ки баробари шабеҳи ҳамдигар гаштани низоми сиёсӣ ва давладории Русияву кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мутаносибан пастар гаштани садҳои идеологиву сиёсие, ки рушди муносибатҳои байниҳамдигарии онҳоро мамониат мекарданд, заминаи ҷиддитару қавитари воқеъӣ барои рушди ин муносибатҳо фароҳам мегашт. Бо вуҷуди ин робитаҳои Тоҷикистону Русия дар аҳди Путин низ аз мушкилот озод набуданд.

Дар давоми якчанд сол вазъи муҳоҷириини меҳнатии тоҷик дар Русия омиле буд, ки муносибатҳои ду кишварро носоз мекард. Ин мушкила куҷое нопадид нагаштааст. Аммо азбаски ҷониби Русия ба дарки ҳақиқате расид, ки дар баробари Тоҷикистон меҳнати муҳоҷирони тоҷик барои худаш низ фоидаовар мебошад, он дигар робитаҳои тарафайнро буғранҷ намекунад, ба ҳар ҳоле , дар сатҳи сиёсӣ.

Дар вопасин соли давлати Русияро сарварӣ намудани В.Путин, робитаҳо байни сарварони ду кишвар андаке сардтару хушктар гаштанд. Яке аз нишонаи ин сардиву хушкӣ коҳиш ёфтани теъдоди вохӯриҳои шахсии онҳо буд. Худи ҳамин амр бо дарназардошти ҷойгоҳу мартабаи ниҳоди мақоми раёсати ҷумҳур дар Русияву Тоҷикистон, баёнгӯи печидатар гаштани муносибатҳо байни ду кишвар мебошад. Сабаби ин печидагиро, қабл аз ҳама дар дигаргун шудани вазъи умумии сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ дар ду се соли ахир бояд ҷуст. Мушкилот дар муносибатҳои Узбакистон бо кишварҳои Ғарб баъд аз рӯйдодҳои Андиҷон, даргузашти Туркманбошӣ Сафармурод Ниёзов ва ба сари қудрат омадани сарвари нави туркманҳо вазъиятро дар минтақа барои Русия, барои беҳбуд намудани мавқеъҳояш дар ин гӯшаи олам мусоидтар намуд.

Табиист, ки Русия наметавонист кӯшише накунад, то аз имконоти барояш фароҳамомадаи мусоид суде бардорад. Вазъу мавқеъи стратегии Узбакистон дар минтақа, билқувваи назарраси иқтисодӣ ва муносибатҳои муташанниҷи он бо Ғарб, сиёсати дарҳои кушода, ки баъд аз фавти С.Ниёзов сарвари нави туркманҳо пеш гирифт таваҷҷӯҳ ва эҳтимоми бештари Русияро ба ин ду давлати минтақа боис шуданд.

Вале ин таваҷҷӯҳу эҳтимоми зиёди Русия барои такон додани раванди рушди муносибатҳояш бо Узбакистону Туркманистон, бештар раддулфеъле буд, ба тасарруфоти номуваффақона ва хатто пурхатои рақибони ғарбитабораш ва даргузашти поягузори давлати пасошӯравии туркманҳо буд, на самараи кӯшишҳои пайваста ва расидагиҳои дуруст баррасишуда ва муназзаму контсептуалӣ ба давлатҳои пасошӯравии минтақа. Яъне боло рафтани эҳтимоми Русия ба вазъи нав дар Осиёи Марказӣ на аз расидагии муназзами фарогир (системавӣ), балки аз расидагие, ки раво аст, вазъиятӣ номид, яъне рағбати истифода бурдан аз вазъияте, ки ғайричамдошт ба вуҷуд омад, маншаъ мегирад.

Аммо расидагии вазъиятӣ тақрибан ҳамеша пасомадҳои манфиро барои муносибатҳои хеле пешрафта бо шарикону муттафиқини чандинсолаи сиёсӣ боис мегардад. Тахмин кардан мумкин аст, ки ин ҳолат барои сардтару хушктар гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва сарварони онҳо бетаъсир намонд.

(Идома дар шумораи оянда)


Рашид Ғанӣ АБДУЛЛО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97