Мавзӯъи ҳаракати босмачигарӣ ё чӣ тавре дар баъзе манобеъ ба номи ҷунбиши муқовимат ёд мешавад, тайи чанд соли ахир дар ВАО ва сӯҳбатҳои мардум мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.Иддае бар он андешаанд, ки иштирокдорони ҳаракати босмачигарӣ аз зумраи мардони огоҳ, муборизони роҳи ҳимояи Ватани хеш буданд. Ва ҳатто пешниҳодҳое ҳам садо доданд, ки мазори ширкатдорони муқовимати миллӣ обод ва агар берун аз Тоҷикистон шаҳодат ёфта бошанд, аҷсоди эшонро ба ватан оварда бо тамоми иззату қадрдонӣ бояд ба хок супурд. Бархе аз рӯҳониёни тоҷик босмачӣ номидани онҳоро таҳқир дониста, мегӯянд, ки аз эшон бояд чун муҷоҳид ва муборизони роҳи Ислом ном бурда шавад, зеро онҳо алайҳи таҷовузи лашкари ҷаррори Сурх, ки ғайри мусалмон буданд, мубориза бурдаанд.
Баъзе аз сарварони ҳаракати муқовимати миллии солҳои 20- уми қарни 20 ҳамеша ва то кунун миёни мардуми маҳаллоти хеш аз чунон муҳаббат ва эҳтирому эътирофе бархурдоранд, ки ҳеҷ як қаҳрамонро ин гуна қадрдонӣ насиб нест. Банда хуб дар хотир дорам, ки ҳанӯз солҳои бачагиам, замони авҷи сотсиализми мутараққӣ пирмардону пирзанҳои зодгоҳам дар Наврӯз ва дар идҳои Қурбону Рамазон аз ҳамдиёри муборизи хеш, сарвар ва қаҳрамони ҳаракати муқовимати миллии мардуми Дарвоз алайҳи урдуи русу мағнит шаҳид Диловаршоҳи Ғозӣ бо муҳаббат ёд карда барои ӯ мегиристанд. Худо раҳмат кунад бибии Роҳатро моро маҷбур мекард, ки дар қатори шеъри "Ленин бародар раҳнамо" марсияи пурсӯзеро, ки дар ҳаққи Диловаршоҳ буд, аз ёд бидонем:
Диловаршоҳ бало буд,
Шамшераш аз тилло буд,
Аҷали кофаро буд,
Сӯйи ҷаннат меравад.
Хулоса, назарҳо ва андешаҳо сари ин масъалаи пурчигил ва печидаи таърихӣ мухталиф буда, аз таърихдонон, зиёиёни донишвар ва уламои саршинос даъват мекунем то афкори хешро бо овардани далоили сареҳу возеҳ пешниҳоди мардум бисозанд.
Т.Б.САЙИДЗОДА
Авроқи таърихро мо инсонҳо бо кору пайкори худ гоҳе сафеду гоҳе сиёҳ мекунем, ки дар оянда мавриди баҳсу мунозира қарор мегирад. Воқеаҳои таърихиро танҳо муаррихи асил метавонад баҳои воқеӣ диҳад.
Агар ба майдони таърих ноогоҳона дигаре ворид шавад, моҳияти ҳодиса ва ё шахсияти таърихӣ дар ин маврид бо дигар шакл маънидод мешавад. Яъне баъзе сафедро сиёҳ ё баръакс мегӯянд, ки ин оқибат ба гуногунандешагӣ, ихтилофи назарҳо, аз эътимод ва аз боварӣ баромадани чандин асару мақолаҳо мегардад.
Пас аз пароканда шудани ИҶШС ва ба шароити соҳибистиқлолӣ расидани ҷамоҳири Иттифоқ, аз ҷумла Тоҷикистон чунин сафеду сиёҳкуниҳои таърихи Шӯравӣ авҷ гирифт. Аксарият ба эҳсосот чунон ғарқ шуданд, ки гуфтанд, ҳафтод сол ғулом будем. Дониста бошед, ки тоҷик дар ягон давру замон ғулом набуд. Гарчанде ки дар тӯли таърихи ҳазорсола зимоми давлатдории мо дар дасти бегонагон буд, идораи давлат, корҳои фарҳангу маориф дар дасти тоҷикон буд. Сабаби ба чунин мартаба расидан ин дар воло будани ақлу заковат ва хиради ин халқ аст. Махсусан тоҷикони кӯҳистон доиман соҳибистиқлол буданд. Ҳамин аст, ки аксар падидаҳои фарҳанги кӯҳани халқи тоҷик, номҳои миллии тоҷикӣ (ҳам номи одамон ва ҳам номи маҳаллаҳо) дар мо боқӣ мондааст.
Ҳақиқат ҳама вақт як аст. Ҳақиқатро наметавон ду ё се кард.
Яке аз ҳодисаҳое, ки гирифтори чунин вазъият аст, ин ҳаракати босмачигарии солҳои 20 - уми асри XX мебошад. Чӣ тавре ки маълум аст, босмачиҳо дар таърих ҳамчун ҳамлавар,ғоратгару дузд ва таҷовузкор ном гирифтаанд. Аммо айни замон аз ҷониби "таърихшиносон" - и навбаромад босмачиҳо муборизони роҳи озодӣ, ҳомиёни дину мазҳаб ё расму ойини миллӣ муаррифӣ мешаванд.
Ҷолибтар он аст, ки сафед намудани босмачиҳо бештар аз ҷониби шоиру нависандагон, адабиётшиносон, рӯзноманигорон, муллоҳо ва дигар ашхоси махсус мушоҳида мешавад. Аз ин бармеояд, ки дар назму насри тоҷик ва матбуоти мо гӯё дигар мавзӯъ барои баррасӣ намондааст, ки дар дидор бо раиси ҷумҳур зиёиён аз дарахту бутта сухан мекунанд ва пас аз он ҷо баргашта паи амалӣ кардани чунин иқдомҳои "наҷиб" мешаванд.
Боре аз тариқи радиои "Имрӯз" шунидем, ки дар деҳаи Чагани ноҳияи Ховалинг оромгоҳи босмачӣ Давлатмандбий ба зиёратгоҳ табдил дода шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин радио нависандаи тоҷик Диловари Мирзо босмачиҳоро муборизони роҳи озодӣ муаррифӣ намуд. Дар ҳоле ки аз нӯги шамшери Давлатмандбий ба қавли Наботов Назархӯҷа хуни садҳо одамон қатра - қатра чакидааст.
Олими маъруф Ҷӯрабек Назрӣ тахминан як сол пеш зимни як сӯҳбат дар радиои "Тоҷикистон" Фузайл Махсумро аз дигар босмачиҳо бегуноҳтар арзёбӣ намуд. Чунки ба ақидаи эшон кӯҳистониҳо аз моҳияти ҳукумати Шӯравӣ тамоман огоҳ набуда дар симои Артиши Сурх "кофирон" - ро медиданд. Дар рӯзномаи "Тоҷикистон" (№11, 15-03- 2007) аз ҷониби Назархоҷа Наботов таҳти унвони "Фузайл Махсум кӣ буд?" мақола чоп шудааст, ки дар он Фузайл Махсум яке аз чеҳраҳои мусбат дар водии Рашт қаламдод шудааст. Дар ҳоле ки Фузайл барои ҳокимият шуда, моҳи ноябри соли 1922 ба қатли Эшон Султон ва бародараш Эшони Сулаймон фармон дода буд. Ин амал яке садҳо дигар кирдорҳои манфии Фузайл мебошад.
Номзади илмҳои педагогӣ Таваралӣ Зиёев зимни як назарпурсии рӯзномаи "Озодагон" чунин гуфтааст: "…дар пеши онҳое, ки бо номи босмачӣ маҳкум шудаанд, тавба кунем" (Озодагон №19, 7-05- 2008с.) Ҳангоми баҳсе бо як домулло (бо хоҳиши худи ӯ аз овардани номаш худдорӣ менамоям - муаллиф) босмачиҳоро қаҳрамонӣ унвон дода, аз онҳо ҳомиёни дини Ислом сохт ва аксари чеҳраҳои намоёни миллати моро, ки дар замони шӯравӣ машҳур шуда буданд, маҳкум намуда, онҳоро ба бегонапарастию кофирпарастӣ маҳкум намуд.
Чунин далелҳо хеле зиёданд, ки аз тариқи ВАО мешунавем ё мехонем, лекин инҷо ба мисол овардан хотима мегузорем, чунки чизе ки айён аст, ҳоҷати баён нест.
Босмачиҳо кистанд?
"Босмач" калимаи туркӣ буда, маънояш ғоратгару ғаддор мебошад. Макони пайдоиши босамчиҳо водии Фарғона буда, яке аз аввалин босмачиҳо Мадаминбек мебошад.
Пайравони ӯ дар Фарғона ва шимоли Тоҷикистони имрӯз Эргаш, Эшмат, Холбута, Қозӣ Тӯра, Абдуқодирхон, дар марказ ва ҷануб Иброҳимбек, Давлатмандбий, Туғайсарӣ, Ашӯртӯқсабо, Ғаюрбек, Фузайл Махсум, Анварпошо, Салимпошо ва дигарон… буданд.
Баъди ворид шудани болшевикони рус ба хоки Осиёи Миёна баҳри барқарор намудани давлати Шӯравӣ низоъҳои маҳаллӣ авҷ гирифтанд, ки дар таърих бо номи ҷанги шаҳрвандӣ сабт шудаанд. Сиёсати ҳизби болшевикон ва давлати Шӯравӣ талаб мекард, ки тамоми навъи моликият умумӣ ва миллӣ эълон карда шавад. Барои амалӣ намудани ин сиёсат корҳои зиёде карда шуд, ки ба норозигии ҳокимону дороён ва рӯҳониён оварда расонид. Чун сарпаноҳи эшон амири бетолеъ сарнагун шуда буд, бенизомӣ ва парокандагӣ дар байни онҳо бо вуҷуд омад.
Мақому мансаб, молу сарват аз даст рафт, кину хусумат нисбат ба ҳокимияти нав дар қалби онҳо ба вуҷуд омад. Чунин вазъият маҷбур намуд, ки мансабдорони бемансабшуда, рӯҳониён ва дигар амалдорон барои ҳифзи мавқею мансаб ва сохтори пешина зидди ҳукуматдорони нав бархезанд. Онҳо барои пурқувват гардонидани дастаҳои худ дар байни аҳолии гумроҳ шуда ва зери хурофоти сахти динӣ қарор дошта, ташвиқот бурда Артиши Сурхро ба онҳо ҳамчун "кофир" муаррифӣ намуданд.
Ин нуктаро таърихшинос Нозим Ҳакимов чунин қайд мекунад: "Дар ташвиқоти зиддишӯравӣ рӯҳониён саҳми асосӣ доштанд. Онҳо мегуфтанд, ки агар ба ҳимояи худ ва дини худ нахезед, кофир мешавед. Ғазавотро фатво медоданд… Бештар ҳамин ақида гурӯҳи дигар - ҳимоятгарони имону динро ба миён овард. Ҳокимиятхоҳон бошанд, онро барои мақсади асосии худ - яъне ба даст овардани ҳокимият истифода карданд." (Ҳакимов Н. "Таърихи халқи тоҷик", саҳ.15)
Манзури банда он нест, ки ҳамаи он мардуми зидди лашкари сурхҳо бархостаро дузду ғоратгар номем. Не! Ҳаргиз чунин нест. Аммо сардорони онҳо, яъне он касоне, ки мардумро гумроҳ намуданд, дузду ғоратгар ва таҷовузкор буданд. Бо таъсири ҳамин босмачиҳо ҳазорон нафар аҳолии маҳаллӣ аз ватан беватан шуда ба хоки давлатҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Мувофиқи сарчашмаҳои бойгонӣ солҳои 1921 - 1922 наздики 50000 хоҷагӣ ё худ 200 - 250 ҳазор одам, ки аз чаҳор як қисми аҳолии Бухорои Шарқиро ташкил мекард, ба Афғонистон фирорӣ шуданд. Гуреза шудани мардуми вилоятҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва водии Ҳисор хусусияти оммавиро гирифта буд.
Дар мавриди ҳомии дину мазҳаб будани босмачиҳо ҳаминро қайд намуданӣ ҳастам, ки агар босмачиҳо ҳомии дин мешуданд, пас чаро ғарқи хурофот шуда, аз Исломи воқеӣ дур шуда буданд. Ҳар чизе ки бар хилофи шариат, аммо ба фоидаи рӯҳониён мебуд, қозӣ ҳатман онро бо фатвои дурӯғ ба шариати Ислом мувофиқ мекунонд. Ин гуна кирдорҳоро ҳангоми мутолиаи асарҳои устод Айнӣ дучор шудан мумкин аст.
Агар босмачиҳо ғалаба
мекарданд чӣ мешуд?
Он шахсоне, ки аз босмачӣ, аз хоинони миллат қаҳрамон сохтаед, боре андеша кардаед, ки пас аз ғалабаи босмачиҳо тақдири мо ва тақдири Тоҷикистон чӣ мешуд?
Боз зери юғи туркнажодон, боз хурофотпарастию исёну шӯриш. Албатта, русҳо низ монанди дигарон барои мо бегона буданд, аммо чӣ гуна нодида бигирем, ки халқи тоҷик аввалин маротиба (бо вуҷуди хиёнатҳое, ки дар аввали инқилоб содир шуд - муаллиф) бо ташаббуси Ҳукумати Шӯравӣ соҳиби давлате шуд, ки ифодагари номи тоҷик, яъне Тоҷикистон аст. Таърихшиносони варзида Рақиб Абдулҳаев ва Ҳасанбой Дӯстов дар ҳамин маврид дуруст нигоштаанд, ки баъзе "донишмандони" таърихи халқи тоҷик аз босмачиён муҷоҳид, ҳомии дини Ислом, "қаҳрамони миллӣ" ва ғайра сохта истодаанд… Лекин чаро ин "донишмадон" - и таърих, ин "ватанпарастон"- и "асил" боре ҳам фикр намекунанд, ки дар сурати ғолиб омадани онҳо бар артиши Сурхи коргару деҳқон босмачиён киро ба сари қудрати меоварданд? Албатта, боз ҳамон амири сарнагуншудаи манғитнажодро. Магар ҳазор сол таҳти султаи амирону хонҳои турку манғит қарор доштанамон кам буд, ки боз ҳам инони давлатро ба дасти туркнажодон медодем?! Оё ҳамин "кофирон" набуданд, ки баъди ҳазор сол давлатдории тоҷикиро аз нав эҳё намуда, моро бар тахти Тоҷикистони соҳибистиқлол шинонданд." ("Фидоии миллат", Душанбе 2001, саҳ.37 - 38). Ҳамчунин гуфтаҳои олими дигари соҳаи таърих Ғоибов Ғолибро меорем, ки гуфтаҳои болоро тақвият мебахшад: "Мо аз дастгирии ақидаҳое аз қабили қаҳрамони миллат номидани босмачиён дур ҳастем. Ва агар фарзан онҳо ғалаба ба даст меоварданд, оё ягон тағйироти мусбие дар ҳаёти халқи тоҷик пайдо мешуд? Ҳаргиз не!
Мардуми тоҷик боз чанд муддате аз нав дар ҳамон сохти кӯҳна ва ҷаҳолати асри миёнагӣ дар зери юғи асорати туркнажодон боқӣ мемонд, ки ин асло ба фоидаи тоҷик набуд…" (Ғоибов Ғ. "Таърихи Хатлон, аз оғоз то имрӯз", 2006, саҳ.605).
АЗ ДУ МАХСУМ ҚАҲРАМОН
КАДОМ АСТ, НУСРАТУЛЛО
Ё ФУЗАЙЛ, Ё ҲАР ДУ?
Шириншоҳ Шотемур ва Нусратулло Махсум ду нафар сарсупурдаи миллат баҳри барқарор намудани давлатдории тоҷикон ва фароҳам овардани ҳаёти осоиштаи мардум ҷонбозиҳои зиёде кардаанд. Онҳо ба маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ рафта бо мардум аз наздик сӯҳбатҳои манфиатовар мегузарониданд. Бештар мардумро аз хатари босмачиҳо огоҳ мекарданд.
Масалан, Шириншоҳ Шоҳтемур бо ҳамроҳии комиссари халқии корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдулло Ёрмуҳаммадов барои несту нобуд кардани босмачиён 270 рӯз дар Кӯлоб монда, чораҳои таъҷилӣ андешиданд .
Нусратулло Махсум низ ҳангоми дар вазифаи раиси кумитаи инқилобии Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон буданаш доим дар фикри торумори дастаҳои босмачиён буд. Ақидаҳое вуҷуд дорад, ки гӯё Маскав чунин амалҳоро маҷбурӣ аз ҳукуматдорони пойин талаб мекард.
Соли 1929 ҳангоме, ки Фузайл ба хоки Тоҷикистон дубора зада даромад, Нусратулло Махсум дар баробари сафарбаркунии артиш худ низ ҳамчун роҳбалад барои маҳв сохтани ин даста ба Қаротегин омад. Дар ҳоле ки ҳукумати боло, яъне Маскав иштироки шахсии сардори давлатро дар моҷароҳо манъ карда буд.
Ба он даъвогароне, ки аз Фузайлу Давлатмандбий қаҳрамон ва муборизи миллӣ сохтанианд ҳаминро гуфтаниам, ки қаҳрамонони миллати моро ҷараёни таърих муайян кард, инҳо бешубҳа Нусратулло Махсум ва Шириншоҳи Шоҳтемуранд.
Чӣ гуна шахсиятеро, ки барои миллаташ давлат сохтааст, яъне Нусратулло Махсум ва нафареро, ки мақсадаш ҳифзи манфиати хеш ва бедавлат кардани миллаташ буд, яъне Фузайл Махсумро баробар донем?! Шояд барои бархе Фузайл қаҳрамон бошад, вале барои мо ва барои таърихи тоҷик аз ин ду Махсум номи Нусратулло чун марди давлатсоз ва ҷони хешро дар ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷикаш бохта, ҳамеша азиз боқӣ хоҳанд монд.
Дар фарҷом ҳаминро қайд намуданӣ ҳастам, ки барои сафед кардани чанд нафар хоини миллат худро миллатдӯст нишон додан ҳеҷ маънӣ надорад. Ҳадаф агар танҳо шӯравибадбинӣ бошад, бояд камбудиро танқид кард. Агар саросар ба танқиди 70 соли ҳукмронии Шӯравӣ бипардозем, бешак дар баробари муваффақиятҳо иштибоҳҳои зиёд низ ошкор мегардад.
Беҳтараш қадри намаки аз дастархони фарохи давлати фақирпарвари Шӯравӣ хӯрдаамонро пос дорем, тавре Ҳилолии бузургу ширинсухан фармудаанд:
Чу нон хӯрдӣ, хонро
маяндоз,
Намак хӯрдӣ, намакдонро
маяндоз.
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ