Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Панарабизмро аз Ислом фарқ кунед!

Сиёсат 14.07.2008 20:20

Дар шумораи (№26 аз 26.06.08)- и ҳафтаномаи "Миллат" мақолае бо номи "Ифтихоре олуда бо таъну таҳқир" аз ҷониби шахсе бо номи Райҳони Раҳматзода чоп шудааст, ки он кас аз мақолаи банда, бо номи "Ҳушёр бошем, душмани тоҷик дар камин аст" ( "Миллат" (№25 аз 19.06.08) сахт гиламанд гашта, бо ашки "шашқатор" аз оне ки "эҳсоси худшиносии Варқа" хуруҷ кардааст, сахт нороҳат гаштааст.

Аз мақола аёнам шуд, ин бону аз "динситезиву араббадбинии Варқаи Зайниддин" дар канор истода натавониста хостааст, ки фикрҳои худашро нисбат ба ин мақола ва ду мақолаи дар соли 2006 - ум чоп гардида, бо номҳои "Тоҷикон аввалтар ориёианд" ва "Ориёӣ будам ва ҳастам" посух бигӯяд.
Ӯ аз он навиштаҳои пешинаи банда, ки нисбат ба қаҳрамонони миллии халқи тоҷик Абӯмуслими Хуросонӣ ва Муқаннаъ гуфтаам, сахт ба хашм омада, онҳоро ҷинояткор ва одамкӯш номида, эълом доштааст, ки чунин шахсонро аз тарафи шахсе, ки бар зидди ҷиноят ва ҷинояткорӣ мубориза мебарад, қаҳрамони миллӣ номидан зебанда нест.
Ӯ боз дар ҳолати шояд басо асабонӣ каминаро гӯшзад мекунад, ки шумо аз китобҳои "Таърихи КПСС" ва он навиштаҳои таърихнигорони шӯравӣ ва муаррихину таърихнигорони мусулмонбадбин иқтибос оварда, тоҷиконро ба худшиносиву ватандӯстӣ" ҳидоят мекунед.
Баъдан ба Зардушт ва олимони тоҷик Юсуфшоҳи Ёқуб, Карим Абдулов ва шоири ширинадо ва тавоно Салимшоҳи Ҳалимшоҳ дарафтода, камина ва ин ашхоси мӯътабари кишварро "насиҳат" менамояд, ки сода ва зудбоварем, касе парвои Зардушт ва авлоду аҷдоди ӯро надорад.
Ӯ боз аз он нороҳат гаштааст, ки ман даврони "идеологияи исломӣ" то соли 1920 -ро сахт зери танқид гирифтаам, лекин дар бораи рақси "идеологияи коммунистӣ" чизеро ба қалам надодаам, ба қавлаш "Чун ғараз омад ҳунар пӯшида шуд"…
Таҳлилу суханронии ин бону пеш аз ҳама ба назари камина хулосаеро пеш овард, ки ин мақолаи пурғараз ва нотавонбинона, ки ягон асосе надорад, мақолаи пурра фармоишӣ буда, аз тарафи қувваҳои зидди тоҷикӣ, ашхосе, ки хоҳони худшиносӣ ва худогоҳии миллати тоҷик нестанд, шояд бавосита ва бевосита, ба воситаи ин зани "мусулмон" рӯи чопро дида қувваҳои камингирифтаи зидди тоҷикӣ аз чопи чунин мақола, ки боиси ангезаи худшиносии миллӣ мегарданд ва ба таҳлука омадаанд. Бо ибораи дигар мӯҳтавои мақола ба ҳадаф расид ва боиси малоли хотири гурӯҳҳои ифротӣ ва ғайримиллӣ гашт. Аз ин рӯ сари чопи мақолаи мазкур бояд табли шодӣ зад!
Аввалан ба ин бонуи азиз расониданиям, ки Варқаи Зайниддин ҳамеша ба хотири ободӣ, озодӣ ва пешравии миллати кӯҳанбунёд ва азияткашидаи хеш кору пайкор мекунад ва хоҳони он ҳаст, ки ин миллати азияткашида, сода ва зудбовараш, ки аз қаъри асрҳо зери таҷовузи аҷнабиён - юнониҳо, арабҳо, туркҳо, муғулҳо, русҳо қарор гирифтааст, ба зудиҳои ба худшиносии ленинӣ зуд рафта расад. Аз ин рӯ дар давраи баъди чопи ду мақола оид ба ориёиҳо нашр намудаи хеш аз соли 2006 - ум то ин муддат мақолаҳои зиёдеро аз боби худшиносии миллӣ дар рӯзномаҳои даврии кишвар чоп намудааст, ки бархеашон инҳоянд: "Ҷуғрофия ва худшиносии миллӣ", "Мӯъмини Қаноат ва худшиносии миллӣ", "Забон ва худшиносии миллӣ", "Жюл Верн ва миллати тоҷик", "Ишқи Ватан", "Ишқи китоб", "Қаҳрамони навбатии кишвар кист", "Террори бузурги соли 1937 ва дуди сиёҳ", "Корруптсия ва сарнавишти миллат". Чунин ҳаст номгӯи нопурраи мақолаҳое, ки оид ба худшиносии миллати хеш, гом ниҳодан дар ин роҳ навиштаам ва аз тарафи хонандагони тоҷик низ ин навиштаҳо ва забони навишти онҳо хуб қабул шудааст, гарчанде ки дар бархе аз ҳолатҳо аз тарафи бархе аз рӯзномаҳо баъзе аз ҷумлаҳо бурида шуда, ба хатогиҳои зиёди забонӣ ва услубӣ чоп гашта бошанд ҳам, лекин фикр мекунам, ки хонанда мақсади муаллиф ва фикри он ҷо овардаро бо пуррагӣ фаҳмид ва дар шароити имрӯзаи чопи пур аз хатоҳои нашрияҳои даврии тоҷик, ки барои ҷомеа як дарди сар шудааст, бо ин мақола баҳс намудан маъное надорад. Сари ин масоил шояд дар оянда нависем.

Аз ин рӯ ба шумо расониданиям, ки Варқа ҳамчун фарзанди одии ин миллати ҷафокашида, ҳама вақт эҳсоси худшиносии миллияш болост.
Ба касе низ иҷозат намедиҳам, ки дар ватани худам ба хотири эҳсосоти динӣ - ифротияш ҳиссаи худшиносии миллии бандаро таъна занад!
Сари масоили баҳси ман ва рӯзноманигор Қ.Сатторӣ гуфтанием, ки ба иқрори дӯстам Қ.Сатторӣ он намунаи олии баҳсу мунозираи рӯзноманигорӣ - илмӣ буда, дар ин баҳс аз сарчашмаҳои зиёде истифода гашт ва чанд нафар муаллифон низ ба тарафдории банда мақолаҳо интишор намуда, мақолаҳои банда ва сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро сари масъалаи баргузории соли тамаддуни ориёиҳо ҷонибдорӣ намуданд, ки ин худ нишонаи болоравии худшиносии ин миллати ҷафокашидаро баъди давраи истиқлолият нишон медиҳад.
Ба маълумоти шумо бонуи азиз мерасонам, ки дӯсти ман Қ.Сатторӣ бостоншинос набуда, мутахассиси забон ва адабиёт ҳаст, аз ин рӯ ӯ низ чун мани ҳуқуқшинос "қассоб" нест.
Хоҳари мусулмони ман нигоштааст, ки "фикр кардам, ки шояд боз пайдо шаванд мардоне аз миёни миллатам, ки ҳиҷоб аз рӯи асл ва моҳияти афкори муаллифи мӯҳтарам дур андозанд ва динситезиву араббадбинии ӯро канор бубаранд".
"Ҳар мусулмони воқеъӣ, барои касе, ки Ислом ифтихор аст, баъди мутолиаи мақолаҳои дар боби "худшиносӣ ва ватанхоҳӣ" навиштаи ҳуқуқшинос Варқаи Зайниддин худро таҳқиршуда эҳсос мекунад. Ба ҳар ҳол ин ақидаи ман ҳаст".
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки мақолаҳои банда ба таҳқири касе ва чизе нигаронида нашуда, дар асоси воқеъӣ ва ақлгараёна навишта шудаанд. Аз ин рӯ мардони миллати тоҷик, ҳатто Қ.Сатторӣ низ мақолаҳои бандаро ба хушӣ қироат менамоянд.
Дар мақолаҳои худ, камина ягон динситезӣ накардаам ва касеро низ таҳқир накардаам ва ин амал ба хислати банда рост намеояд.

Боз ҳам ба маълумоти шумо хоҳари мусулмонам расониданиям, ки дар ин ҷанги иттилоотии кишварҳои ғарб бар зидди ҷаҳони Ислом, паёмбари Ислом ва дигар мақолаҳои пурмӯҳтавое аз қабили "Шикасти Ирон- шикасти Ислом ҳаст" ва "Куштори Садам - таҳқири Ислом ҳаст" - ро навишта аз дини мубини Ислом, паёмбарамон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), кишварҳои исломии Ирон, Афғонистон, Ироқ дифоъ намудаам. Шумо ду - се сол пеш куҷо будед? Шояд дар он рӯзҳое, ки нируҳои зиддиисломӣ ба по хеста буданд ва каминаи камтарин чун як фарди мусулмон қалампартоӣ мекард, шумо дар хоби гарон қарор доштед!
Ба шумо маъқул нест, ки дар хусуси ҷангу кушторҳо, лашкаркашиҳои арабу турку муғул, ки ахиран ва куллан боиси бадбахтии томи ин миллати бузург гаштаанд ва имрӯз бо касофати онҳо дар кӯҳпораҳо, бунбасти коммуникатсионӣ ҷой гирифтааст, нависем. Пас чӣ нависам? Сиёҳро сафед, ғамро шодӣ гуфта нависем? Ҷавоб ба ин арабу муғулу турктозиҳои беш аз ҳазорсола нисбат ба тоҷик чунин ҳаст: "Омаданду канданду сӯхтанду куштанду бурданду рафтанд!" (Аз "Таърихи ҷаҳонкушоӣ"). Таҳрифи таърих дуруст нест!
Бонуи азиз шумо менигоред, мо хешро мусалмон бигӯему бе ҳеч андеша бинависем: "Тоҷики сода ва зудбовар зери нақораи "идеологияи Ислом" сахт рақс мекард", магар таъна бар дини хеш задан ва безорӣ кардан аз оини хеш нест?
Ба самъи шумо мерасонам, ки аввалан мақолаи банда, ки бо номи "Тоҷик ва худшиносии миллӣ" ба "Миллат" равона карда шуда буд, ҳаҷман калон буда, ба ҳамаи ин масъалаҳо пурра ҷавоб гардонида шуда буд, лекин бо айби кормандони ин ҳафтанома ҷойҳои зиёди ин мақола бо сабабҳои номаълум бурида партофта шуда, бе иҷозати банда унвони "Ҳушёр бошем, душмани тоҷик дар камин" - ро гирифтааст, бо ибораи дигар ҳуқуқҳои муаллиф риоя нагаштанд ва чунин номи номувофиқ мондани нашрия бароям номаълум ҳаст.
Ба ҳар ҳол аз ин мақолаи ихтисоргашта шумо метавонистед, ки "рақси тоҷикро зери идеологияи Ислом" дар ибтидои асри ХХ, асри инқилобҳо, асри тақсимоти марзӣ - маъмурӣ ва худмуайянкунии миллатҳо фаҳмед ва хоҳари мусулмони ман худро ба нодонӣ бо он ғаразҳои таассуби динии доштаатон назанед!
Дар ҳамон давраи сарнавиштсози таърихӣ, пантуркистҳо, душманони молу ҷони тоҷик, зери инкор ва ниқоби панисломизм тоҷики сода ва зудбоварро фирефта, аз таассуби динӣ ва надоштани номуси миллии тоҷик истифода намуда, зимни тақсимоти замину шаҳрҳо ба ин миллати сода чор пора кӯҳро арзонӣ доштанд. Дар ин бора сухану мисоли зиёдеро овардан ҷоиз нест. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки пантуркистҳо зери шиори "панисломизм", яъне сохтани давлати исломии Осиёи Вусто баромад намуда, тоҷикро фиреб дода, эъломи шиори "мӯъмин бародари мӯъмин" - ро пеш гузошта, дар лаҳзаи мувофиқ ин "ҷомаи исломӣ" - и хешро аз китф партофта, паи манфиатҳои мисли хеш рафтанд! Ин ҳақиқате ҳаст, ки онро бо чизе пӯшонида намешавад!
Оё ин таъна бар дини хеш ҳаст? На! Ин таъна ба партуркистон ва он тоҷикони нохудшиносе ҳаст, ки онҳоро зери шиорҳои исломӣ фиребиданд. Ин худ нишонаи он ҳаст, ки барои миллати худогоҳ манфиатҳои миллат, модар ва забон аз ҳазор дину мазҳаб болотару волотар меистад. Наход ба ҳамин ҳақиқати таърихӣ то ҳанӯз сарфаҳм наравед?
Сари масъалаи Зардушт, танҳо ҳаминро мегӯям, ки шумо бо он ҷаҳонбинии танги диние, ки доред, ҳеч гоҳ ба маънои он сарфаҳм нахоҳед рафт!
Аввалан мардумро таъна назанед, таънаи дурӯғ задан ин нишонаи нотавонии шумост, баъдан касе ба рӯҳи Зардушт дуо нахондааст.
Дигар ин ки омӯзиши таъриху пайкори ин бузургмарди таърихӣ ва ифтихор аз он натанҳо ҷанбаи фарҳангӣ ва таърихӣ, балки ҷанбаи сиёсӣ низ дорад.
Имрӯз кишварҳои пешрафтае аз қабили Русия, Олмон, Украина, Узбакистон, Туркия сари зиндагӣ ва фаъолияти ӯ кор бурда, мехоҳанд ӯ ва китоби бузургаш "Авасто" - ро аз они худ намуда, бо ин амалашон таърихи 3,5 ҳазорсолаи зардуштӣ ва фарҳанги пешрафтаи онро ба моликияти худ табдил диҳанд ва даст кашидан аз ин фарҳанг як амали бехирадонае барои миллати мо хоҳад буд. Он гоҳ душманони ҷону моли тоҷик то адабиёти имрӯзаи мо талаби хешро пеш хоҳанд гузошт (Ҳамон бузургмарди таърихӣ ва динӣ, фарзанди шарофатманди халқи тоҷик Имом Ал- Бухорӣ (Саҳеҳ))-, ки ҳамаи мо ба номаш фахр мекунем, дар конфронси байналмилалии Қоҳира бо номи фарзанди бузурги халқи узбак шинохта шуд)! Сабаб, аз даст рафтани Бухоро бо сабаби нохудшиносии миллӣ дар соли 1924 аст.

Шумо эрод гирифтаед, ки камина чаро дар бораи рақсҳои кардаамон зери "гитори идеологияи коммунистӣ" дар солҳи 1919 - 1937, ивази алифбо, аз гаҳвораи тамаддуни хеш ҷудо кардани Самарқанду Бухоро нанавиштаам.
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки сари ин масъалаҳо мақолаҳои зиёди банда аз қабили "Асри ХХ, асри тоҷиккуш", "Авасто нахусткитоби тоҷикон", "Порсӣ гуфтан гуноҳ ҳаст", "Охирин абармарди дудаи Сомон", "Маҳалгароии тоҷикон", "Террори бузурги соли 37 ва дуди сиёҳ", "Қонуни забон", "Леваканд на Қурғонтеппа" ва ғайраҳо солҳои гуногун дар рӯзномаҳои "Нерӯи сухан", "Рӯзи нав", "Миллат", "Зиндагӣ", "Тоҷикистон", "Бомдод", "Хатлон" ва ғайраҳо чоп гаштаанд, истифода намоед.
Баъдан, шумо аз танқидҳои банда нисбат ба душмани миллати тоҷик Қутайба ибни Муслими ғосиб нороҳат гашта, оид ба куштори тоҷикон дар Русия масъала гузоштаед. Ба маълумоти шумо мерасонам, ки кушторҳои Қутайбаи ғосиб аз ҳалокати тоҷикон дар Русия фарқ дошта, ин араби бадавӣ бо аслиҳа ба ватани мо ҳуҷум карда, даст ба куштор, ғорат ва таҷовуз зад (ҳеч як ҷанг бе таҷовуз намешавад)!
Шумо овардаед, ки дар қарни 7 чӣ меҷӯӣ, киро бадгӯӣ мекунӣ, шояд панд диҳӣ, ки дар қарни 13, қарни Чингизхон, ки 6 миллион куштани тоҷикро ба ҷо гузошт ва таҳқиру куштори тоҷик, таҷовузи номуси занону духтарони тоҷик аз ҳад гузашта буд, давраи Темуриён, Аштархониён, Шайбониён давраи вазнинтарини ҳаёти мардуми тоҷики мусулмон низ чизеро нагӯем. Аз худгузарӣ, нодида гирифтани азобҳои миллат, фаромӯш кардани давраҳои хунин ва нангини миллат ба хотири кадом як ғосиби араб Қутайба ибни муслим, Наср ибни Саёр оё ин пастигарии миллат, манқуртӣ нест, магар? Дар ин асос ҳадиси паёмбарамон, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (дуруд ба ӯ) ӯъмин набояд худро хор кунад" чӣ мешавад? Чанд сол пештар дар шаҳри Утрори Қазоқистон хостанд ба шарофати аввалин кайҳоннаврди муғул кӯчаеро номгузорӣ намоянд, лекин медонед, мӯйсафедони қазоқ зид баромаданд, ҳисси миллияшон боло гирифт ва изҳор доштанд, ки кайҳоннаварду муғулҳоро ҳурмат мекунанд, лекин ин маънои онро надорад, ки онҳо воқеъаҳои хунини оташзании Утрорро дар соли 1219 - и масеҳӣ аз тарафи қувваҳои сархӯри Чингизхон фаромӯш кунанд! Бо ҳамин номгузории муғулӣ дар ин шаҳр ба фаромӯшхонаи таърихӣ ҷой гирифт! Аҳсан ба чунин миллат!
Мо низ бо ҳазорон ҳурмату эҳтироме, ки ба дини Ислом ва пайравонаш дорем, ба касе иҷозат намедиҳам, ки ба ҳисси худшиносии миллати мо нохун зада, аз Қутайба, Наср ибни Сайёр, Темурланг, Чингизхон, Насри Қарахонӣ, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва ғайраҳо қаҳрамону шамшери Ислом тарошад, зери хуни ҳазорон, миллионҳо тоҷик то охири қиёмат ба гардани онҳо бор ҳаст ва мо ба кишварҳои онҳо ҳуҷум накардаем, онҳо беасос ҳуҷум оварда миллати моро ба хун оғӯшта намудаанд.
Сари масоили проблемаҳои мардикорони тоҷик, кушторҳои онҳо, ҳалли ин масъалаҳо баҳои банда соли 2003 - юм дар рӯзномаҳои "Рӯзи нав" ва "Нерӯи сухан" чоп гаштаанд, метавонӣ аз онҳо баҳра бардорӣ. Сари масъалаи шарики стротегиямон Русия филмҳои таҳқирии онҳо дар Тоҷикистон, наворҳои телевизионии таҳқиромези онҳо мақолаҳои банда дар рӯзномаи "Нерӯи сухан" ва ғайраҳо чоп гаштаанд.
Дар хусуси Абӯмуслими Хуросонӣ ва Муқаннаъ бошад, ки чун қаҳрамонони миллӣ эътироф гаштаанд, метавонед аз китоби олимон Б.Ғафуров "Тоҷикон", Ҳ.Назаров "Авомили сууд ва сукути давлати Сомониён", устод С.Айнӣ "Исёни Муқаннаъ", асарҳои Бартолд, Бертелс, таҳсинномаҳои олимони иронӣ нисбат ба Абӯмуслим, олимони дигари тоҷик Ғ.Ғоибов, Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ осори муаррихони инглису олмонӣ ва фарон савӣ шинос шавед.
Ин ҷо ягон ҳоҷати ба дарозо кашидани сухан ва мисол овардан нест.
Фақат ба гӯши шумо мерасонам, ки таҳаввулоти тоҷикӣ ва иронӣ дар хилофати араб ба шарофати ғалабаҳои Абӯмуслим ба вуҷуд омад ва қабоили аъробро лозим омад, ки аз он пас ҳуқуқҳои ин миллатро пос дорад ва ба ӯ Шумо гуфта сухан кунанд.
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки ин шахси ҷавон, ки бисёр машҳур ҳаст, як нафар тоҷик буд ва тибқи гуфтаи шарқшиносони тоҷик, ки солҳои Шуравӣ дар Бағдод кор мекардаанд, арабҳо ба қабри Абӯмуслим бо таҳқир нигариста, онро қабри "тозик" (манзурашон қабри тоҷик) меномидаанд, назди қабри ин фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик шарқшиносони тоҷик ашк низ рехтаанд!
Аз он, ки ӯ хуни 600 ҳазор араби нохондаро резондааст, гуноҳи ӯ нест, ки фармудаю хости худи сулолаҳои Аббосӣ ва набардҳои озодихоҳии Осиёи Миёна ва Хуросон буд. Ягон ҳоҷҷати кӯч баста ба ин сарзамини пурсарват омадани қабилаи кӯчии арабҳо набуд. Ба хотири зиндагии "шакарин" омаданду худро қурбон карданд.
Аз ин рӯ Абӯмуслим барои миллати тоҷик ва кули форсизабонон бузургтарин қаҳрамон буд ва хоҳад монд.
Абӯмуслим тимсоли зебоӣ, ҷавонмардӣ, паҳлавонӣ, ватанпарастӣ, озодист, касе ӯро чун ҷинояткор ё душман метарошад ё тоҷик нест ё аз ин кишвар нест!
Ҳамин гуна суханҳо ба Муқаннаъ низ дахл доранд.
Миллати тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатӣ ва ғуломӣ, ки соли 1924 зери таъсири таассуби динӣ фиреб хӯрд ва ба ҳар ҳол соҳиби ҷумҳурии мухтор гашт, соли 1992 боз зери таъсири идеяҳои словянӣ - туркӣ ба ҷанги хандаовар ва мазҳакаи "Вовчик ва Юрчик" кашида шуда, зери навои он, ки бархе аз мардум ваҳҳобӣ гаштаанд, бештар аз 150 ҳазор фарзандашро аз даст дод ва ҳамаи ин омилҳо аз таассуби динӣ, нигоҳи аҷнабигароёна надоштан ба фалсафаи ҳаёт, дин нохудшиносии миллӣ, боло нагузоштани манфиатҳои миллат ва давлат аз манфиатҳои динӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ сар зада, миллатро ба куштор бурд!
Аз ин рӯ тоҷик дигар ҳаққи хато карданро надошта, бояд савияи дониши дунявӣ, фарҳангӣ, таърихии хешро боло бардорад. Аз захмҳои хӯрдаи беш аз ҳазор солааш хулоса барорад, дар ин замина худро пеш аз ҳама аз таассуби динӣ озод намуда, ба дин ҳамчун фарҳанг назари ақлгароёна дошта бошад. Бояд аз он адабиётҳои гуногуне, ки яке мӯъҷиза офарида кӯҳро талқон мекунаду дигаре мӯъҷиза офарида тобуташ ба само мехезаду шахси дигараш ба кабӯтар табдил меёбад, даст кашид. Аз он ашхосе, ки ба ғайр аз ғасби кишвар, қотилу куштори одамони бегуноҳ, чизеро ба бор наовардаанд, ба таври ақлгароёна дурӣбояд ҷӯст, зеро ғосибон на ба миллати хеш ва на ба Ислом, ба ғайр аз нафси хешро пур кардан хизмате накардаанд.
Сари ин масъала бояд хадамоти динии Вазорати фарҳанг, Фарҳангистони улуми ҶТ, пажӯҳишгоҳҳои шарқшиносӣ ва бостоншиносӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон пайваста кор карда, асарҳои лозимаи динӣ - адабиро ба мардуми тоҷик пешниҳод намоянд.
Вагарна адабиёти динии бепоя зиёд ҳастанд ва ҳар тоҷики гумроҳе, ки аз онҳо бархӯрдор мешавад, аз ҳар ғосиби миллати хеш ва таҷовузгари мулкаш қаҳрамон тарошида, нисбат ба он қаҳрамонҳои миллӣ, ки зери таъсири империяҳои ҳукмрони ғайритоҷик адабиёти бӯҳтономез нисбаташон пайдо гаштаанд, қаҳрамонҳои манфӣ хоҳанд тарошид.
Мисоли равшани чунин ҷоҳилӣ ва нохудшиносии миллӣ чун асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ, мафкураи ин хоҳари мусулмони тоҷик ҳаст, маҳз аз чунин қувваҳо ва чунин фикрҳои зиддимиллӣ хадамоти ҷосусӣ дар ҳолатҳои лозима истифода хоҳанд кард!
Ба ҳар ҳол фикр мекунам, ки миллати тоҷик дар ин давраи сарнавиштсози таърих, давраи ҷаҳоншавии тамаддунҳо ва ҷанги иттилоотӣ худро аз ҳар гуна барфу боронҳо, хасу хошок, таасуби динӣ канор гирифта, ба хондану тараққӣёти илмию техникӣ, равнак бахшидани андешаи ақлонӣ, ба сӯи худшиносӣ ва ватанпарастӣ хоҳад расид, ин авомил ҳам ба манфиати миллат, ҳам давлат ва ҳам ҷаҳони Ислом хоҳад буд, зеро миллате зуҳур хоҳад кард, ки орӣ аз таассуби бузургу корҳои бузурги ақлонӣ чун ҷопонҳо ва хитоиҳои хирадманд кашфиёту ихтироот кори ӯ хоҳад буд. Худшиносии миллӣ он замон гапе хоҳад буд ба сӯи ҳадисҳои Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммад (дуруд ба ӯ) "Илм агар дар Чин бошад, рафта биомӯз" ва "Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз"!
Ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ маҳз барои ҳамчун шумоҳо фармудааст:
"Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигараш кишт!"

Ҳама вақт дар паноҳи яздони пок бошед!

P.S.Хонандаи арҷманд!
Мо навиштаҳои Варқаи Зайниддинро бо исрори эшон бе таҳрир ба нашр додем ва ҳатто унвонеро, ки
ӯ барои мақолааш интихоб кардааст, бета?йир гузоштем. Ҳарчанд интихоби унвон ё сарлавҳа барои хабару мақолаҳои ба идораи нашрия воридшуда аз салоҳияти Сардабир аст, вале Варқаи Зайниддин аз мо бо лаҳни шадид интиқод кардааст, ки "бо айби кормандони ҳафтанома ҷойҳои зиёди мақола бо сабабҳои номаълум бурида партофта шуда, худсарона, бе иҷозати банда номи бемаънои "Ҳушёр бошем, душмани тоҷик дар камин аст"-ро гирифтааст ва ба ибораи дигар ҳуқуқҳои муаллиф риоя нагаштаанд ва чунин номи номувофиқро мондани кормандони "Миллат" бароям номаълум ҳаст.", гуфта изҳори нороҳатӣ кардаанд.



Варқаи ЗАЙНИДДИН
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97