Русия аз Роғун даст кашид

Сиёсат 13.06.2008 23:20
«Свято место пусто не бывает»
(барои онҳое, ки ба тарҷумон ниёз доранд!)
Бори дигар баҳси Роғун доғ шуд. Ин навбат ба дунболи номаи Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон ба унвони раиси ҳукумати Русия, ки аз он кишвар даъват кардааст, ба Роғун "бозгардад". Ман чунин хостгории дубораеро намекардам. Аммо ҳоло, ки сарвазири кишвар чунин кардааст ва он ҳам бо эҳтимоли қавӣ бо мувофиқаи роҳбарияти сиёсӣ, биёед бубинем, ки чунин иқдоме дар кадом росто метавонад қобили арзёбӣ бошад.

Роғун камокон 20 сол боз ба объекти бозии минтақаӣ табдил шудааст. Ва ин ҳама сол Русия дар баҳси Роғун бозигари аслист.
Дар поёни даҳаи ҳаштоди асри гузашта низ хостгоҳи боди бозиҳо барои таваққуфи сохтмони Роғун Маскав буд. Агарчанд ин иддаъо умдатан бо забону даҳону дастони худи тоҷикон доман зада мешуд. Мақолаҳои О. Латифӣ ва суханрониҳои Г. Сафиева ба унвони вакили мардумӣ, хоста буд ё нохоста, ба нафъи тарҳи ҷилавгирӣ аз сохтмони Роғун кор мекард. Ин ки доираҳое мехостанд дар Маскав ва Тошканд аз идомаи сохтмони Роғун ҷилавгирӣ кунанд, аслан як ҳадафи умда дошт ва он ҳам ин ки ин доираҳо аз ояндаи шакл гирифтани равандҳои сиёсӣ огоҳ буданд ва аз ин ки Роғун бо ҳама иқтидор дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирифт, нигарон буданд. Ба ибораи дигар дар поёни солҳои 1980 пайомади бозсозӣ ва ногузир шудани фурӯпошии шӯравӣ ба чашми аҳли назар ва хоса доираҳои манфиатдор дар Маскав возеҳ шуда буд. Агар ҳатто бо зури бозу ҳам мехостанд шӯравиро нигаҳ доранд, ин нукта мусалам буд, ки ҷумҳуриҳо истиқлоли бештаре мехоҳанд ва талоши аввал миллӣ кардани сармояи дохилӣ буд. Яъне Маскави аз як сӯ даргири мушкилоти дохилии худ ва аз сӯи дигар бо иқтисоди дар ҳоли суқут манфиатдори идомаи сохтмони Роғун набуд. Ба ибораи боз ҳам рӯшантар, Маскав медонист, ки давоми умри шӯравӣ чанд соли дигар беш нест ва Роғуни сохташуда ва омода, моли Тоҷикистон хоҳад шуд. Ин асли ақибнишинии Русия аз сохтмони Роғун буд.
Дигар ин ки Н. Савченков, раиси собиқи сохтмони Роғун мегӯяд, як рӯз баъд аз он ки ман минтақаро тарк кардам, Роғунро бомбаборон карданд. Кӣ кард? Боз ҳам Русия ва Узбакистон. Ҳамин ду кишвар ҳавопаймо дошт, ки дар осмони мо мепариданд ва тоҷик ҳадаф мегирифтанд.
Ва бисёре аз соҳибназарон низ як иллати ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистонро ба далели ҷилавгирӣ аз идомаи сохтмони Роғун медонанд.
Дар соли 1992 Раиси ҷумҳури вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев, ки дубора ба қудрат даст ёфта буд, талоше барои пайдо кардани сармоягузорӣ ҷиҳати идомаи Роғун аз худ ба намоиш гузошт. Аммо ин талошҳо ба нокомӣ ва барканории ӯ аз қудрат анҷом шуд. Чун таҷрибаи роҳбарии замони нав ва шароити истиқлолро надошт ва аз сӯи дигар ҷави ҳоким ба нафъи ӯ кор намекард. Ин навбат низ Роғун ду мухолифи аслӣ дошт, яке ҳамон Русия ва дигаре боз ҳам Узбакистон.
Дар соли 2000-ум як ширкати русӣ бо номи "Балтийская строителная компания" даъвогари сохтмони Роғун шуд. Қарордоде низ ба имзо расид, вале коре анҷом нашуд. Дар ин миён наҳанги калонтаре пайдо шуд, ки "РусАл" ном дошт ва боз ҳам муддаӣ шуд, ки Роғунро месозад ва созишномае дар декабри соли 2004 ба имзо расонид. Дар ин миён ҳаводиси Андиҷони Узбакистон ба вуқуъ пайваст, ки боиси дубора ба оғуши Маскав панаҳ бурдани Тошканд шуд ва он гаҳ буд, О. Дерипаска, раиси "РусАл" ба Тошканд омад ва гуфт, бидуни мувофиқаи Узбакистон на ниругоҳро сармоягузорӣ мекунад ва на барномаи тавсеъаи "Корхонаи Алюминиюм"-ро. Аз соли 2006 нашрияи "Миллат" танҳо рӯзномае буд, ки аз аҳдшикании "РусАл" интиқод кард ва пешниҳоди лағви қарордод бо ин ширкатро намуд. Нашри матолиб дар ин маврид боиси эътироз ва иттиҳоми густарда алайҳи рӯзномаи "Миллат" ва муаллифони он шуд.
Дар соли 2006 Тоҳири Абдуҷаббор навишт; "Роғун бояд дар ихтиёри давлати Тоҷикистон боқӣ бимонад". Карим Абдуловро ин ҳарф писанд наомад ва гуфт, ин суханони Т. Абдуҷаббор бӯи иғво медиҳад.
Аммо билохира, дар соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон ба далел ба он ки "РусАл" ба аҳдаш амал накард, қарордоди сохмони Роғун тавассути ин ширкатро лағв кард. Мухолифон, аз ҷумлаи балегӯякон ба даҳон об гирифтаанд, аммо авомили нуфузии хориҷиҳо ва хоса Русия аз ҷумлаи матбуот, ба ҳимоят аз мавзеи Маскав бо киноя ҳамчунон идома медиҳанд.

Аммо даъвати сарвазири Тоҷикистон аз Русия барои ширкат дар Роғун чӣ маънӣ дорад?
Аввал ин ки ин иқдом як навъ риояи урфи сиёсӣ дар муносибатҳои ҳамшарикист. Чун Тоҷикистон Русияро шарики роҳбурдӣ ва ё стратегӣ медонад.
Дигар ҳам ин ки мешавад ин даъватро як даъвати холисона барои ширкат дар сохтмони Роғун таъбир кард, ки агар Русия моил аст, биояд ва ширкат кунад.
Ва ҳам ин ки Тоҷикистон ба ҷиддият иқдом барои сохтани Роғун карда ва чунин даъват аз Русия, ки муддаии сохтани Роғун будааст, охирин ҳушдор ба Маскав мебошад. Ба маънои он ки мо дигар наметавонем, интизор бинишинем ва агар майле дорад, Русия биояд, вагарна мо худамон ин корро хоҳем кард ва Русия бояд бидонад, ки сармоягузорони дигар пайдо хоҳанд шуд. Ба қавли худи русҳо "Свято место пусто не бывает". Ва бигузор Маскав инро бидонад бо сароҳат бидонад.
Ва ҷое барои эътирозҳои ба истилоҳ баъду пеш набояд боқӣ бимонад.
Нашрияҳои Маскав ин даъвати сарвазири Тоҷикистонро зуд ба таҳлил кашиданд ва рӯзномаи бонуфузи "Коммерсантъ" навишт:

"В МИД РФ "Ъ" подтвердили получение письма от таджикской стороны с приглашением войти в международный консорциум по строительству Рогуна. "В этом письме нам ничего не предлагают - там нет условий нашего участия. Между тем нам бы хотелось знать, на каких условиях российская сторона будет вкладывать в эту стройку деньги, чтобы не вышло так, что мы инвестируем средства, а потом десятилетиями будем ждать их возвращения,- сказал "Ъ" высокопоставленный источник в МИДе, курирующий таджикское направление".
Яъне хулосаи матлаб ин аст, ки зимни номаи даъват Тоҷикистон шароити ширкати Русия дар Роғунро мушаххас накардааст. Ва аҷаб ин "курируюший таджиксое направление в МИД РФ" намедонад, ки ҷониби Тоҷикистон 16 сол боз интизор нишастааст ва нози Маскавро таҳаммул кардааст?
Ҷои дигар ин рӯзнома менависад: "Какую долю в станции оно получит, (ЗАО "Интер РАО ЕЭС, тоесть Россия - "М") пока неизвестно, но, по неофициальной информации, Россия будет требовать контроля".

Ин хобро аввал бояд ба дарёи Вахш гуфт. Ростӣ, агар мақомоти Тоҷикистон дар қавли худ ва дар ҳимоят аз манофеи миллӣ содиқ бимонанд. Шарифхон Самиев, раиси ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, "он гуна ки дар Сангтӯдаи-шуд, намешавад, шаст дарсади Роғун бояд моли Тоҷикистон бошад. Консорсиюми байналмилалӣ мешавад, марҳамат ҳар касе, ки мехоҳад, биёяд, ширкат кунад, вале шаст дар сад дар ихтиёри Тоҷикистон бояд бошад".

Ба сурати табиӣ ин мавқеъи Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҷавобгӯи манофеи кишвар аст, боиси хушҳолии Русия ва тарафи дигаре нест. Ва мушкили аслӣ низ бар сари ҳамин масъала банд шудааст.

Чаро мо Роғунро бояд ба ихтиёри Русия бидиҳем?
Нашрияи "Ъ" ҷои дигар менависад: "иметь в проекте 25% неинтересно, поскольку никакого влияния на работу станции это не даст". Бале, ҳарфи аслӣ низ ҳамин аст, яъне ҳифзи нуфуз ва зери назар доштани бозори энержӣ.

Аммо суол ин аст, ки чаро Русия ба худаш ин иҷозаро медиҳад, ки бозорро дар ихтиёр дошта бошад, вале барои он моил нест Тоҷикистон ҳаққи табиии худро соҳибӣ кунад?
Суханоне аз ин қабил, ки Русия қудрати тавоно аст ва мо кишвари кучак ва метавонад барои мо мушкил халқ кунад ва муҳоҷирони мо дар Русия ҳастанд ва ба ин монанд, ин ҷо коргар нест. Ин гуна ҳарфҳо дар дунёи имрӯз хандадор низ ҳаст, хоса вақте ки Тоҷикистон субъекти ҳуқуқи байналмилал аст ва дар Қонуни асосӣ истиқлоли худро эълон карда аст. Аз ин хотир ҳар гуна ҳарф аз бузургӣ ва кучакӣ гуфтан, орӣ аз ҳикмати истиқлол аст. Дигар ин ки мо ба унвони кучак агар имрӯз таҳти фишор гузашт кунем, фардо кучактар ва нотавонтар хоҳем шуд. Ҳар тарафе, ки Роғунро дар ихтиёр дошта бошад, фардо дар танзими оби ҳавзаҳо ва бозори энержии обӣ ҳарфи аввалро хоҳад гуфт.
Роғун имрӯз ба масобаи як ғояи миллист. Ва ҳар гуна муомила бар асари он ба маънои бар рағми манофеи миллӣ амал кардан, унвон хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз роҳбарияти феълии Тоҷикистон чӣ бихоҳад ва чӣ хайр, паст омадан дар масъалаи Роғун нахоҳад тавонист.

Аммо дар воқеъ Русия омодаи саҳмгирӣ дар Роғун ҳаст ё не?
Тибқи охирин хабарҳо Русия аз ширкат дар сохтмони Роғун сарфи назар кардааст. Он ҳам ба ин далел, ки Тоҷикистон саҳмияи аслиро дар ихтиёри Русия нахоҳад гузошт. Дақиқан ҳамин гуна посухи Русияро мақомоти Тоҷикистон низ интизор доштанд. На бешу на кам. Аммо далели дигаре ҷониби Русия ироа кардааст, хеле бемантиқ аст. Ба иддаои ҷониби Русия дар тарҳи Роғун 4 миллиард доллар сармоягузорӣ мебояд кард ва аз лиҳози иқтисодӣ ин тарҳ фоидаовар нахоҳад буд. Ба ин далел "РАО ЕЭС" дар он саҳм нахоҳад гирифт.

Суол: Агар саҳмияи аслӣ дар дасти Русия мешуд, фоидаовар мебуд, бале? Бале!
Барои чунин посухи ҷониби Русия бояд аз он ҷанобони Кремлин ташаккур кард, ки билохир домани Роғунро раҳо карданд. Ҳукумати Тоҷикистон низ дигар сари ин масъала ва даъвати Русия набояд бар гардад. Балки бояд ин посухи Кремлро таблиғ кард ва ин посух метавонад оғозгари роҳи сармоягузорони дигар ба Роғун бошад. Аммо боз ҳам суол ин аст, ки Русия ба якборагӣ домани Роғунро раҳо кард?

Дар шароити феълӣ шояд аз масъалаи саҳмия ҳам муҳимтар ҳамшарикии Русия бо Узбакистон буд, ки Маскав ҳозир нашуд, дар Роғун саҳм бигирад. Русия пешниҳодеро ба Тоҷикистон дод, ки медонист, Тоҷикистон ба он розӣ намешавад. Ва Русия низ мехост, ки Тоҷикистон барои додани саҳмияи аслии Роғун мувофиқат накунад. Зеро дар сурати розӣ шудани Тоҷикистон Русия бояд дар Роғун саҳм мегирифт ва он гоҳ посух гуфтан ба суолҳои Узбакистон барои Русия мушкилтар меуфтод. Ба ҳамин тартиб Русия ба хотири наранҷидани Узбакистон аз Роғун даст кашид. Ва ин ғайри интизор ҳам набуд.
Ба дандон рахна дар фӯлод кардан,
Ба нохун роҳ дар хоро буридан,
Ба фарқи сар ниҳода сад шутур бор,
Зи Мағриб ҷониби Машриқ давидан,
Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд,
Ки бори миннати дуннон кашидан.


Маҳҷуби КИФТОН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97