Қариб ду сол аст, ки раҳбарияти ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ созмони ба ном «Паймони миллӣ»-ро (дар Тоҷикистон мамнуъ ва экстремистӣ эълон шудааст) таъсис дода, фаъолияти онро таблиғ менамояд. Аммо «паймон»-и мазкур дар асл ҳамон ташкилоти террористии наҳзатӣ буда, амали онҳо як лоиҳаи маккоронаашон аст, ки хушбахтона, то ҳанӯз натавонистаанд онро татбиқ кунанд. Роҳбарони наҳзатӣ умедворанд, ки бо истифода аз таҷриба ва усуле, ки соли 1992-97 неруҳои демократӣ ва миллиро ба бозиҳои касифи худ кашида, бадном карданд, бори дигар “паймон” бисозанд ва ин гуна афроду ашхосро ба манфиати худ истифода кунанд.
Аз таҳлили таърихи фаъолияти ташкилоти террористии ба ном ҳизби наҳзати исломӣ бармеояд, ки раҳбарону масъулони ин гурӯҳи ифротгаро барои ба раҳгумӣ бурдани мардум ва расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон, дар гузашта низ аз ин гуна усулҳо истифода кардаанд.
Аз касе пушида нест, ки њанўз дар солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ, бо сӯйистифода аз татбиқ гардидани сиёсати «бозсозӣ», дар ҷомеаи Тоҷикистон рўњониҳои иртиҷоӣ ва мутаассиб бо роҳи бурдани таблиғоти ифротгароёна таъсиру нуфузи худро афзоиш медоданд.
Наҳзатиҳо, ки пештар дар доираи ҳалқаҳои пинҳонкор фаъолият доштанд, баъди эълон гардидани сиёсати «бозсозӣ» ва тағйири вазъияти ҷамъиятӣ, тадриҷан ба фаъолияти ошкоро гузашта, таблиғоти ифротгароёнаю зиддимиллии худро дар байни аҳолӣ густариш доданд.
Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, дар як фурсати кӯтоҳ, бо дастгирии моддию маънавии доираҳои манфиатдори хориҷӣ гуруҳҳои мазҳабии фурсатталаб тавонистанд, ки тавассути таблиғоти ифротгароёнаи густурдаашон дар кишвар нооромию бесуботиро ба миён оранд.
Дар натиҷаи амалҳои ҳадафмандонаи онҳо, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ бад шуда, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардиданд, сохти конститутсионӣ осеб дид ва дар кишвар ҷанги дохилӣ роҳандозӣ гардид, ки оқибатҳои харобиовари он ба ҳама маълум аст. Наҳзатиҳо бо ин роҳ мехостанд қудрати сиёсиро ба даст оранд ва дар кишвар сохти теократиро барпо намоянд.
Аммо мақсадҳои аслии худро бо он рӯйпуш мекарданд, ки гуё барои арзишҳои миллӣ ва манфиати миллӣ мубориза мебурда бошанд. Айнан ҳамон амалҳое, ки айни замон анҷом медиҳанд.
Дар хотир дорем, ки замони татбиқ гардидани сиёсати «бозсозї» дар тамоми ќаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравї раванди ташаккулёбии андешањои миллї афзоиш ёфт. Дар натиҷа, гурўҳҳои мутаассиб ва муташаккили мазњабї ин фурсатро ба манфиати худ истифода бурданд. Онҳо ба баҳонаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳадафҳои худро барои мазҳабисозии ҷомеъа ва гирифтани ҳокимияти сиёсӣ амалӣ менамуданд.
Мутаассифона, дар он давра нуфузи таассуби динӣ-мазҳабӣ ва ихтилофҳо дар ҷомеъа зиёд гардида, аксари созмону иттиҳодияҳои дигари навташкил зери таъсири ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ қарор гирифтанд. Албатта, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ нисбат ба дигар созмонҳои дар он замон фаъолиятдошта иқтидори зиёд дошт, зеро аз хориҷа дастгирии моддию маънавӣ меёфт ва маблаѓгузорї мешуд.
Ҳамин тавр, роҳбарони иттиҳодияю созмонҳои миллӣ, сиёсӣ ва фарҳангии он замон, аз ҷумла Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳаракати«Растохез» ва дигарон ба доми макри наҳзатиҳо афтоданд ва тобеи роҳбарияти сиёсии онҳо гардида, стратегияву тактикаи онҳоро аз ноилоҷӣ пазируфтанд.
Роҳбарияти Ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ» бо дастури сармоягузорони хориҷияшон, тамоми қувваҳои миллию сиёсии он замонро таҳти парчами худ гирифта, бо ташкил додани майдони «Шаҳидон» ва Ҳукумати муросои миллӣ мехост қудратро пурра ба даст орад. Аммо мардуми огоҳи кишвар гуруҳҳои ифротии мазҳабиро қабул надошт ва ба муборизаи зидди онҳо бархост. Яъне чи тавре, ки дар боло қайд кардем, натиҷаи чунин амалҳои Ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ» ба сар задани ҷанги дохилӣ оварда расонд.
Баъд аз баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсис ёфтани Ҳукумати қонунӣ дар моҳи ноябри соли 1992, роҳбарият ва масъулони ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ» ба хориҷа фирор карданд ва боз ҳам бо дастури сарпарастонашон ИНОТ (Иттиҳоди Неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон) -ро таъсис доданд.
Яъне ташкил кардани созмони ба ном «паймон», ки соли 2018 дар Аврупо аз тарафи наҳзатиҳо таъсис ёфтааст, айнан такрори ҳамон амалҳои охири соли 1992 мебошад, ки ҳангоми дар Афғонистон фирорӣ будан, анҷом доданд.
Албатта шароит ба куллӣ фарқ дорад. Он замон наҳзатиҳо шумораи зиёди гурезаҳоро гумроҳ карда, дар Афғонистони ҳамсоя зери назорат қарор медоданд ва онҳоро ҳамчун гаравгон барои татбиқи мақсадҳои сиёсии худ истифода мебурданд. Дар ихтиёри худ аслиҳа ва гуруҳҳои ҷангӣ доштанд.
Аммо ҳоло онҳо аз як тӯдаи ниҳоят каму заиф иборатанд ва ғайр аз паҳн кардани хабару мақолаҳои дурӯғу иғвоангезона дар воситаҳои ахбори умум, ва тӯҳмат кардани Ҳукумату давлати Тоҷикистон, амалан кори дигаре аз дасташон намеояд.
Пас аз он ки Ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ» даст ба ҷиноятҳои мудҳиш, аз ҷумла табаддулоти низомӣ зад, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони террористию экстремистӣ эълом гардид. Роҳбарияти наҳзат аз ҷавобгарӣ дар назди қонун барои ҷиноятҳои содир намудааш фирор карда, дар Аврупо паноҳ бурд.
Акнун наҳзатиҳо тамоми фурсату имкониятро истифода бурда, худро ҳамчун нерӯи мухолифи сиёсӣ намоиш медиҳанд ва ба хотири раҳгум занондани мардум ҳамеша аз демократия, ҳуқуки инсон, озодӣ, манфиати миллат ва дигар арзишҳои воло гап мезананд. Аммо дар асл, онҳо ҳаргиз аз мақсади худ, яъне ғасби қудрати сиёсӣ ва барпо кардани давлати исломӣ даст накашидаанд.
Роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ» баъди шикаст хурдан дар интихоботи парлумонии соли 2015, дар моҳи сентябри ҳамон сол даст ба хиёнату ҷинояти мудҳиши дигар - табаддулоти низомӣ заданд ва хушбахтона, ноком шуданд.
М. Кабирӣ таҷрибаи соли 1992-и роҳбарони наҳзатро бори дигар такрор карданӣ шуда, созмони нав ташкил намуда, ба он «паймон» ном гузошт ва худаш раҳбарии ин эътилофи зиддимиллиро ба даст гирифт. Вай бо ба кор андохтани ҳиллаю найрангҳои зиёд ин «эътилоф»-ро таъсис додааст. Аммо фаромӯш набояд кард, ки ҳамаи созмонҳои шомили ин эътилофгардида, дар асл ҳамон наҳзатиҳоянд. Кабирӣ барои фиреби назар, аввал се созмонро бо номҳои гуногун (Ҷунбиши ислоҳот ва рушд бо роҳбарии Шарофиддин Гадоев, Анҷумани озодандешони тоҷик бо роҳбарии Алим Шерзамонов, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо бо роҳбарии Илҳомҷон Ёқубов) таъсис дод ва баъд гуё онҳоро муттаҳид карда, дар сентябри соли 2018 «паймон» сохт. Роҳбарони ҳар сеи ин созмонҳо, ки гӯё шомили эътилофи террористӣ-экстремистии тозабунёд шудаанд, аз Кабирӣ вобастагии молиявӣ доранд.
Аммо роҳбарони ду созмони дигари мухолиф (Анҷумани нерӯҳои созанда бо роҳбарии Додоҷон Атовуллоев ва созмони ифротии «Гурӯҳи 24»), ки шахсияти воќеии Кабириро дуруст мешинохтанд, аз пайвастан ба эътилофи террористӣ-экстремистии тозабунёд даст кашиданд. Ҳолати мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки ҳатто худи мухолифони дар Аврупо қарордошта ба наҳзатиҳо ва саркардаи он эътимод надоранд.
Албатта ин амали Кабирӣ, яъне таъсис додани эътилофи нави террористӣ-экстремистӣ ки “паймон” номгузорӣ шуд, муваффақ нагардид ва вақти сипаришуда нишон дод, ки дар атрофи вай ғайр аз чанд нафар манфиатҷӯю фурсатталаб, ки ягон обрӯю эътиборе надоранд, касе ҷамъ наомад.
Албатта ин созмон, ки аслан ҳамон наҳзат аст, бо пуштибонии маънавию молиявии неруҳои хориҷӣ таъсис ёфтааст ва мақсад аз он бо чеҳраи дигар ҷилва додани Ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ» будааст. М. Кабирї ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи муҳоҷирон, пеш аз ҳама намояндагони қишри зиёӣ, ки дар хориҷа қарор доранд, бо таъсис додани ин «паймонаш» гуё калимаи «ислом»-ро аз созмони сиёсии худ гирифтааст. Мехост бо чунин усули фиребгарона сафи худро аз ҳисоби муҳоҷирон афзоиш диҳад ва дар назари созмонҳои байналмилалӣ ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ» -ро ҳамчун нерӯи мардумию мухолифи сиёсӣ нишон диҳад.
Аммо муваффақ нагардид, зеро мардум зуд аз макру ҳилла будани ин амали Кабирӣ хабардор шуданд. Муҳоҷирони тоҷикистонии муқими Аврупо ба «паймон», ки дар асл ҳамон Ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ» аст, напайвастанд. Аврупоиҳо ва созмонҳои байналхалқӣ низ ба он таваҷҷуҳи зиёд накарданд. Баръакс, вақтҳои охир дар Аврупо, аз ҷумла, Олмону Лаҳистон аъзоёну пайравони Ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ» бо гуноҳи даст доштан дар терроризм дастгир карда шуданд. Ҳолати мазкур аврупоиҳоро водор менамояд, ки наҳзатиҳоро дурусттар шиносанд ва то кадом андоза нерӯи хавфнок будани онҳоро дарк кунанд.
Дигар ҳама огоҳанд ва аниқ медонанд, ки созмони террористӣ- экстремистии ба ном «паймон», аслан паймони наҳзатиҳост. Зеро Ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ» дар тамоми давраи фаъолияташ ҳамеша зидди манфиати миллат амал мекард.
Ин ташкилот аз бунёдаш ба арзишҳои миллӣ мухолифат дорад. Ақидаҳои раҳбарияту масъулони ин ташкилот, ки дар асоси исломи сиёсї ва ифротгароёна бунёд ёфта, ба ҳувияти миллї комилан бегона мебошад. Бо иваз кардани номи наҳзатиҳо ба «паймон», идеология ва мақсадҳои зиддимиллии онҳо, инчунин вобастаи неруи хориҷӣ буданашон тағйир нахоҳад ёфт.
Аз ҷониби доираҳои манфиатдори хориҷӣ дастгирӣ ёфтани наҳзатиҳо ва «паймон»-и онҳо низ аниқ аст. Агар пуштибонии молиявии хориҷӣ намебуд, наҳзатиҳо дар Аврупо чӣ гуна метавонистанд фаъолият дошта бошанд? Ин гуна ташкилотҳо, ки ҳувияти миллӣ надоранд ва барои дарёфти манфиат аз ягон амал худдорӣ намекунанд, ҳамеша мавриди пуштибонии ягон нерӯи хориҷӣ қарор мегиранд ва аз сӯйи он истифода мегарданд.
Ҷиҳати дигар он аст, ки созмони ба ном «паймон» сохтаю сунъӣ аст ва замина надорад. Ин созмон ифодагари рўҳияи миллӣ, манфиати миллӣ, арзишҳои миллӣ нест ва буда ҳам наметавонад.
Изҳорот ва муроҷиатномаҳои роҳбарияти ин созмони сохта, ки дар воситаҳои ахбори умум паҳн мегарданд, ҳамааш дурӯғ ва воҳимаанд. Ин тудаи зиддимардумӣ айни замон чунон заъифу нотавонанд, ки ғайр аз дуруғгӯӣ ва тӯҳмат кардани дигарон ягон коре аз дасташон намеояд. Тавре мегӯянд озмударо озмудан хатост ва мо набояд бори дигар гӯли тойифаи аҷир ва худфурӯхтаро бихӯрем.
Ҳикмати Ғайрат