Писари Отамбоев мегӯяд, ширкаташ ғасби рейдерӣ мешавад

Сиёсат 01.11.2019 13:25

Сайидбек Отамбоев, писари президенти пешин ва боздоштшудаи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо навиштани як номаи боз ба унвони омбудсмени тиҷорати ин кишвар Робин Орд-Смит гуфт, кушиши ғасби рейдерии ширкати марбут ба ӯ ҷараён дорад.

Отамбоеви хурдӣ дар номааш гуфтааст, ки ширкати вай ҳечгоҳ ба муштариёни оддӣ - шаҳрвандон нерӯи барқ интиқол намедод ва танҳо ширкатҳои бузургро бо барқ таъмин мекард. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ширкат ҳечгоҳ дар тендерҳо иштирок ва дар умури давлат дахолат накардааст. Ҳамчунин ҳизб ё ҳаракати сиёсӣ ва ё номзадеро сармоягузорӣ нанамудааст.

Сайидбек Отамбоев афзудааст, ки президенти кунунии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков аз қудратиҳо хост, ки тафтиши тиҷоратро қатъ кунанд. "Вале давлат нисбат ба соҳибкорон сиёсати баръаксро пеш гирифтааст", - изҳор доштааст ӯ.

31 октябр коргоҳи ширкати "Автомаш-Энерго" бозҷӯӣ шуд. Маъмуроне, ки бозҷӯиро анҷом доданд, худро корманди Додситонии низомии Қирғизистон муаррифӣ карданд. Дар Додситонии кулли Қирғизистон ба мо гуфтанд, ки пас аз дақиқ кардани иттилоъ онро шарҳ медиҳанд.

Ба гуфтаи Сайидбек Отамбоев, ӯ аксари саҳмияҳои "Автомаш-Энерго"-ро соли 2003, ҳанӯз пеш аз президент шудани падараш соҳиб шудааст.

Алмосбек Отамбоев солҳои 2011-2017 президенти Қирғизистон буд. Порлумони Қирғизистон соли 2019 ӯро аз мақоми президенти пешин маҳрум кард. Дар ҳоли ҳозир вай дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев дар боздошт аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97